Ҳафтаи гузашта яке аз ҷашнҳои муҳим дар тамоми фазои пасошӯравӣ – 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил карда шуд. Чаро ин рӯйдод бо гузашти чандин даҳсолаҳо дар таърихи халқҳои мо, ки баъд аз ин ғалаба бисёр ҷангҳо, табаддулотҳо ва ошӯбҳои дигарро аз cap гузаронидаанд, аҳамияти худро гум накардааст?

Дар давраи ҷанг ба муқобили қушунҳои советӣ аз чор се ҳиссаи шумори умумии дивизияҳои блоки фашистӣ меҷангиданд, ки дар натиҷа қушунҳои советӣ зиёда аз 75 фоизи тамоми яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбии душманро несту нобуд карданд.

Саҳми бебаҳо

Рӯзи Ғалаба – иди ғалабаи Артиши Советӣ ва халқи шӯравӣ бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Ҷанг 22-уми июни соли 1941, вақте ки Олмони фашистӣ ба Иттифоқи Советӣ ҳуҷум кард, оғоз ёфт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9-уми май бо имзои Акти таслимшавии Олмон дар музофоти Берлин анҷом ёфт — дар худи Олмон ва як қатор мамлакатҳои Аврупо фашизм барҳам дода шуд. Тамоми кишварҳое, ки ба муқобили таҷовузкорони фашистӣ мубориза мебурданд, дар ин ғалаба саҳми худро гузоштаанд. Иттифоқчиёни ғарбӣ 176 дивизияро торумор карда, аскарони немисро асир гирифтанд, вале тамоми вазнинии ҷанг маҳз ба дӯши халқи советӣ фаромад, ки дар ниҳояти кор  тавонист  фашизмро торумор кунад.

Иттифоқи Советӣ ин ғалабаро ба осонӣ ба даст наовардааст. Талафоти умумии Иттифоқи Советӣ дар солҳои ҷанг 26,6 миллион нафарро ташкил дод. Дар байни онҳо аскарон ва партизанҳое, ки дар муҳорибаҳо ё  аз захмдорӣ, гуруснагӣ ва беморӣ ҳалок шуданд, мардуми советӣ, ки дар натиҷаи бомбаборонкунӣ ва тирпарронӣ фавтиданд, инчунин, асирону фаъолони партиявӣ, комсомолӣ ва советӣ, ки дар конслагерҳо аз азобу шиканҷа ҷон бохтанд, буданд. Истилогарон 1710 шаҳру ноҳияҳо, зиёда аз 70 ҳазор деҳаю қишлоқҳоро пурра ё қисман хароб карданд. Маблағи хисороте, ки бар асари ин ҷанг ба Иттифоқи Советӣ расонида шуд, 679 миллиард рублро ташкил дод.

Танҳо бо мисол овардани ин рақамҳо тамоми саволҳо, ки чаро Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сарфи назар аз он ки ҷангҳо ва низоъҳои зиёди васеъмиқёс ба амал омада буданд, дар тӯли даҳсолаҳои зиёд дар фазои пасошӯравӣ ҳанӯзам ҷашни асосӣ маҳсуб меёбад.

Муаррихи низомии тоҷик Ғафур Шерматов мегӯяд: “Ин ҷанг хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият буд ва ягон халқи ҷаҳон чунин талафоти азим надидааст. Тамоми қувваи Ғарб, яъне Олмони фашистӣ ва ҳамроҳони он, ба нобуд кардани на танҳо Иттифоқи Советӣ, балки пеш аз ҳама ба нобудкунии Ҷумҳурии Федеративии Русия равона шуда буд. Ин, чуноне ки Гитлер гуфта буд, «drang nach Osten», яъне ҳуҷум ба Шарқ ҳисобида мешуд. Агар мо он замон фашизмро мағлуб намекардем, дасти қувваҳои фашистӣ бар сари тамоми ҷаҳон дароз мешуд, зеро душмани асосии онҳо Иттифоқи Советӣ буд”.

Омили асосии Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанг муттаҳидии мардум ва дӯстии халқҳои советӣ мебошад. Дар солҳои ҷанг ҷанговарону партизанҳо ҷасорату каҳрамонии бузург нишон доданд. Меҳнаткашон ва деҳқонон низ дар ақибгоҳ фидокорона фаъолият бурда, мамлакатро бо тамоми ашёи зарурӣ таъмин менамуданд ва пас аз  ба охир расидани ҷанг дар муддати кӯтоҳ давлатро барқарор карданд. Зиёда аз 7 миллион шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ барои корнамоиҳо дар фронт ва зиёда аз 16 миллион нафар меҳнаткашон бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945” мукофотонида шуданд.

Таърихи ҷашн

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар тоҷикон ҷангидаанд, аз он 92 ҳазор нафарашон ҳалок ё бедарак гардиданд. Қариб 45 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ ба корхонаҳои дигар манотиқи Иттифоқи Советӣ фиристода шуданд ва бисёрашон аз он ҷо ба фронт сафарбар гардиданд. 65 нафар иштирокчиён бо  унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” сарфароз гардонида шуданд, 15 нафар бо орденҳои “Шӯҳрат” дараҷа III ва 55 ҳазор нафар бо дигар ордену медалҳои ҳарбӣ мукофотонида шуданд.

Роҳи Ғалаба ниҳоят душвор ва дурудароз буд — 1418 шабонарӯз. Шаби 9-уми май, соати 02–и 10 дақиқа барандаи (диктори) радиои умумииттифоқӣ Юрий Левитан чунин хабар дод: «Москва хабар медиҳад! Тамоми радиостансияҳои Иттифоқи Советӣ кор карда истодаанд! Ҷанг ба охир расид! Олмони фашистӣ пурра торумор карда шуд!”. Он шаб ҳама бедор буданд — мардум дар кӯчаҳо суруд мехонданд, мерақсиданд, гиря мекарданд ва якдигарро бо ин ғалабаи деринтизор табрик мекарданд. 9-уми май соли 1945 тамоми мардуми Иттифоқи Советӣ бо шодиву хурсандӣ ғалабаро ҷашн мегирифтанд ва ин рӯз бо оташфишонии (салюти) бошукӯҳ анҷом ёфт. 24-уми июни соли 1945 дар Майдони сурх паради Ғалаба барпо гардид. Парад 122 дақиқа давом карда, дар он 35325 нафар иштирок доштанд. 9-уми май ба рӯзи ғайрикорӣ эълон карда шуд, вале соли 1948 бо қарори Иосиф Сталин, бо мақсади равона кардани тамоми кӯшишҳои мардум ба барқарорсозии давлат, ҷашни Ғалаба лағв (бекор) карда шуд. Бо вуҷуди ин чорабиниҳои идона ва тантанавӣ гузаронида мешуданд.

Таърихшинос Ғафур Шерматов он замонро чунин шарҳ медиҳад: “Баъд аз ҷанг давлатро обод кардан лозим буд, аз ин рӯ, барои ҷашну идҳо вақт намеёфтанд. Он замон ветеранҳо ҷавону пурқувват буданд, вале то соли 1965 вазъият тағйир ёфт — замони иззату эҳтиром ва ёдоварии корнамоиҳои ветеранҳо фаро расид».

Тибқи маълумотҳои дар соли 2024 ба даст омада, тақрибан 18 ҳазор  нафар ҷанговарон зинда мондаанд, аз ҷумла  дар Тоҷикистон – 24 нафар.

Соли 1965 бахшида ба 20-умин солгарди ҷашни Ғалаба Брежнев ду ислоҳи муҳим ворид кард: 9-уми май боз рӯзи ғайрикорӣ эълон карда шуд ва бори дувум дар таърих дар Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид. Аз он давра то инҷониб миқёси ҷашнҳо торафт тавсеа гардида, аз солҳои 60-ум сар карда санаи 9-уми май қариб дар ҳамаи шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ паради ҳарбӣ баргузор мегардид. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Русия иди Ғалаба тӯли якчанд сол мақоми тантанавии худро гум кард, вале аз соли 1995 инҷониб ҳамасола санаи 9-уми май дар Майдони сурх гузаронидани паради ҳарбӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Рӯзи Ғалаба дар замони Путин

Тӯли солҳои ҳукуматдории Владимир Путин Рӯзи Ғалаба ба як ҷашни хоса ва гиромӣ табдил ёфтааст, бахусус дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ. Дар рӯзи Ид собиқадоронро табрику сипосгузорӣ мекунанд, чорабиниҳои тарбиявӣ ва консертҳо баргузор гардида, дар бисёр шаҳрҳои кишварҳои пасошӯравӣ парадҳо бо роҳпаймоии хизматчиёни ҳарбӣ ва намоиши техникаи ҳарбӣ баргузор карда мешаванд. Чун анъана сарвари давлат суханронӣ карда, якҷо бо меҳмонони фахрӣ, роҳбарони кишварҳои дигар ва собиқадорон дар боғи “Александрӣ” дар назди Кремл ба сари қабри аскарони номаълум гулдастаҳо мегузоранд. Аз моҳи апрели соли 2005 ҳамасола маъракаи “Лентаи Георгий” гузаронида мешавад, ки дар доираи он волонтёрон ин рамзи ғалабаро дар беш аз 30 кишвари ҷаҳон тақсим мекунанд. Аз соли 2012 боз як маъракаи ҷолиб бо номи “Полки ҷовидонӣ” гузаронида мешавад. Дар доираи он тамоми шаҳрвандони ҳаводор дар Русия ва дигар кишварҳо бо аксҳои падару модарон, бобою бобокалонашон ба кӯчаҳо баромада, дар роҳпаймоиҳо иштирок мекунанд.

Ба муносибати 60-солагии Ғалаба дар бисёре аз шаҳрҳо ҳайкалу меъмориҳо ва муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод гардиданд. Барои собиқадорони ҷанг ҳар моҳ иловапулӣ муқаррар карда шуд. Соли 2015 ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба ба корҳои маърифатӣ ва абадигардонии хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар Русия ҳамасола маъракаи “Боғи хотира” баргузор карда мешавад, ки ҳадафи он – шинондани 27 миллион дарахт ба хотираи ҳар нафаре, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳалок  гардидааст. Дар доираи он соли 2023 дар назди мактаби нави русию тоҷикии ба номи Менделееви шаҳри Турсунзода гулгашти сафедор шинонида шуд.

Соли 2025 аз ин Ғалабаи бузург 80 сол пур мешавад. Моҳи сентябри соли 2023 Владимир Путин даъват карда буд, ки омодагиро ба чорабиниҳои идона шурӯъ кунанд. “Мо бояд ин санаро рангорангу ботантана ҷашн гирем. Вазифаи асосӣ – бо ин чорабиниҳо фаро гирифтани (нишон додани) мазмуни амиқи ин сана аст”. Соли 2023 бо фармони Владимир Путин Маркази миллии хотираи таърихӣ таъсис дода шуд.

Муносибати ҷиддии президенти Русия ба ин ҷашн аз ҷониби нерӯҳои бадхоҳ таҳриф карда мешавад. Онҳо Путинро дар таҳриф намудани таърих ва истифода бурдани Рӯзи Ғалаба ҳамчун абзори таблиғотӣ муттаҳам мекунанд. Дар ин бора муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов хеле дуруст мегӯяд: “Онҳое, ки чунин мегӯянд, худ душмани таърих ҳастанд. Ба тарозу ҳаёти 27 миллион одам гузошта шудааст ва мо бояд ҳамеша онҳоро дар хотир дошта бошем – чӣ ҳоҷати таҳриф аст! Ман фикр мекунам, ки мо ҳанӯзам ин воқеаро на онқадар возеҳ тавзеҳ медиҳем, бояд дар бораи Ғалабаи худ бо садои баланд сухан ронем, то ки пас аз асрҳо низ ин санаро дар хотир дошта бошем”.

Маънии асосии рӯзи 9-уми май – ин ғалаба бар фашизм аст. Ва Владимир Путин дар шароити имрӯза инро яке аз вазифаҳои асосӣ медонад. Аз соли 2005 инҷониб Русия мунтазам қатъномаеро дар бораи мубориза бо ситоиши натсизм ба раъйдиҳии Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод мекунад, вале то ҳол ин қатънома якдилона дастгирӣ наёфтааст. Дар охири соли 2023 ҳангоми раъйдиҳии охирин ин санадро 118 кишвар дастгирӣ намуда, 49 кишвар мухолиф ва 14 кишвари дигар бетараф монданд. Дар байни мухолифон ИМА, Канада, Британияи Кабир, тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (ва як қатор кишварҳои дигари Аврупо), Украина, Австралия, Ҷопон ва инчунин, як қатор давлатҳои ҷазиравии аз Вашингтон вобастаро ном бурдан мумкин аст. Қатъномаи қабулшуда тараннуми режими натсистиро маҳкум карда, ба ҳифзи ҳақиқати таърихӣ даъват менамояд.

Тоҷикон ба хотир доранд

Дар Тоҷикистон муаррих Ғафур Шерматов бо ҳифзи хотираи таърихӣ машғул аст. Тайи чанд соли охир ин муаррих якчанд китоб дар мавзӯъҳои ҳарбӣ навишта, роҳбарии гурӯҳи ҷустуҷӯии “Хотира-201”-ро, ки ба он ихтиёриёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия шомиланд, ба ӯҳда дорад. Онҳо дар қабристони Душанбе қабрҳои аскарони сурхро ҷустуҷӯ, барқарор ва нигоҳубин мекунанд.

Нигоҳ доштани хотира як қисми муҳимми ҳаёти ман аст. Бояд бо воқеаҳо ҳамдардӣ кунем, гузаштаро ба ёд орем, дар бораи зиндагии ҳозира фикр кунем ва ояндаро тасаввур намоем– муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов.

Тоҷикон, шурӯъ аз шаҳрвандони одӣ то роҳбарияти кишвар, хотираи каҳрамонони худро пос медоранд. Новобаста аз он, ки имсол дар Тоҷикистон санаи 9-уми май паради анъанавии ҳарбӣ баргузор нагардид, вале наметавон гуфт, ки Рӯзи Ғалаба дар кишвар беаҳамият монд (номаълум гузашт). Барномаи махсус омода карда шуд, инчунин, ба хотираи қаҳрамонон маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардида, дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маҷмааи ёдгорӣ кушода шуд.

Муҷассамаи бошукӯҳро, ки рамзи бародарии мардуми русу тоҷик дар солҳои ҷанг аст (танки ИС-2) шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуд. Барои ман ин як воқеаи хеле муҳим буд, дар он ҷо мардуми зиёд, аз ҷумла иштирокчиёни раҳпаймоии “Полки ҷовидонӣ” бо аксҳои хешовандонашон ҷамъ омаданд” – қайд мекунад Ғафур Шерматов.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон якҷоя бо дигар раҳбарони кишварҳои ИДМ дар паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх дар шаҳри Маскав ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ иштирок  намуд.

Иди Ғалаба барои мардуми кишварҳои мо ҳам хурсандиовар ва ҳам ғамангез буда, ягонагии халқҳои бародарро ифода мекунад. Барои роҳ надодан ба такрорёбии чунин фоҷиа ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои оянда, муқовимат ба кӯшишҳои эҳё кардани натсизм аз ҷониби кишварҳои ҳукмрони ҷаҳон, ки мехоҳанд ҳадафҳои геополитикии худро пеш баранд, мо бояд  ҳамеша аҳамияти ин Ғалабаро дар хотир дошта бошем.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь