Ришод Зоҳир, писари хунёгари нотакрор, булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир, бо писараш Ёсин Зоҳир, рӯзи нуҳуми июн ба Душанбе меоянд. Дар ин маврид гуруҳи фесбукии “Аҳмад Зоҳир”, ки аз сербинандатарин гуруҳ дар байни корбарони фейсбук аст (беш аз 140 000 нафар аъзо дорад) хабар додааст.

Сафари Ришод Зоҳир ва Ёсин рӯзи 9-уми июн сурат гирифта, то 24-уми июн идома мекунад. Эҳтимол дорад, ки ӯ дар зодрӯз ва рӯзи марги Аҳмад Зоҳир (14 июн), ки ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, ширкат кунад.

Ришод Зоҳир соли 1970 дар шаҳри Сиэтли Амрико, ҳангоми дар сафар будани падараш, таваллуд шудааст. Падари ӯ Аҳмад Зоҳир он замон акнун вориди саҳнаи ҳунари мусиқии Афғонистон гардида буд. Ӯ писари Аҳмад Зоҳир ва завҷааш Ноҷия аст, аммо, онҳо дар панҷсолагии Ришонд аз ҳам ҷудо шуда буданд. Тарбияи Ришод ба уҳдаи модараш, ки баъди ҷудоӣ ба Амрико кӯч баста буд, монд.

Ришод аз наврасӣ мисли падараш шавқи овозхониро дар дил мепарварад ва дар аввал таронаҳои падарашро мехонд. Соли 1987 дар 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони «Гули интизор» нашр кард.

Ришод Зоҳир оиладор буда, ду фарзанд дорад. Пписараш Ёсин, ки мисли бобояш ба овозхонӣ шуғл дорад ва духтараш Майна ном доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь