Ба журналистони ҷавон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шаҳодат Соҳибназарова дар чорчӯбаи гранти инфиродии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, тренинги серӯза доир ба “Далелсанҷӣ барои ВАО” гузаронида шуд.

Тренинги мазкур аз 27 то 29 октябр баргузор гардид. Ҳадафи аслии ташкилкунандагони тренинг омӯзондани журналистон ва таҳти санҷиш қарор додани хабарҳои медиазахираҳо тавассути манбаҳои расмии иттилоот арзёбӣ гардид.

Ба ҳайси тренерон Иззатманд Саломиён ва Ҷамшед Маруфов ҷалб карда шуданд.   Онҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ аз далелсанҷӣ (Fact-Checking), ки дар журналистикаи тоҷик падидаи нав ҳисобида мешавад ва яке аз шохаҳои тадқиқотҳои журналистӣ маҳсуб меёбад, нозукиҳои ин равандро омӯзониданд.

Давоми се рӯз тренерон ба иштирокчиён тарзи коркард бо барномаҳо барои гузаронидани далелсанҷӣ ва умуман тамоми паҳлуҳои ин раванди нав дар журналистикаро омӯхтанд. 

 

Яке аз мақсадҳои муҳими тренинги мазкур, таҳияи тарзу усули нав барои фаъолияти пурсамари журналистон дар чорчӯбаи рушди далелсанҷӣ дар “ВАО”-и Тоҷикистон аст.  

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь