Як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иддао дорад, ки муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ӯро шадидан латукӯб кардааст. Ба қавли ҷабрдида аз сараш ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин, ба беморхонаи марказӣ расонида шудааст.
Ҷабрдида Ботурхон Надиров дар ҳоле, ки ҳарф задан барояш душвор буд, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, 55 сол дорад ва дар идораи роҳсозии ноҳияи Панҷ ба ҳайси ронанда фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, бегоҳи рӯзи 6-уми августи соли равон, замоне, ки аз кор ба хона бармегашт, ду писарбачаи дучархарон якбора аз пеши мошинаш гузаштаанд.
– Тормозро зер кардам. Хушбахтона, ба онҳо нарасидам. Дасту по гум кардам. Аз мошин фаромадаму онҳоро ба наздам даъват карда, насиҳат кардам, ки чаро дар роҳи мошингард боэҳтиёт нестанд ва ба ҷои мулоимашон оҳистакак яктогӣ задам. Ҳамин вақт дар наздам як мошини сабукрав истоду ронанда фаромад. Ӯ корманди шуъбаи милисаи ноҳия Беҳрӯз Носиров буд. Чизе напурсида, маро бо зурӣ ба мошинаш савор кард. Гуфт, маро ба шуъбаи милиса мебарад, вале ҷои дигар бурд. Латукӯбам кард, бештар ба қисмати сарам зад. Онҳо ду нафар буданд, аммо дуюмӣ ба ман даст нарасонд. Аз ҳуш рафтам, ӯ маро ба шуъбаи беморхонаи марказӣ оварда партофта рафтааст, – гуфт ҷабдида Б. Надиров.
Духтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Хайриддин Мирзоев дар тамоси телефонӣ ҳолати беморро, замони ворид шудан ба беморхона, вазнин арзёбӣ кард, вале дар ин бора шарҳи бештар надод.
– Бемор дар ҳолати вазнин ба шуъбаи эҳё бистарӣ гардида буд, алҳол вазъи саломатиаш беҳтар аст, – гуфт табиб ва телефонаш хомӯш гардид. Ӯ дигар ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб надод.
Ҳамсари ҷабрдида Мингдона Мингилярова мегӯяд, давоми 10 рӯз аст, ки дар беморхона аз шавҳараш парасторӣ мекунад.
– Шавҳарамро дарди сар ва сарчархзанию дилбеҳузурӣ азият медиҳад. Барои табобаташ хароҷоти зиёд кардем. Аз дорухона қарз гирифтем. Як рӯз модари милиса Беҳрӯз Носиров омада, хабар гирифт ва каме хароҷоти дорухонаро дод ва дигар ягон нафар пайдо нашуд. Духтурон тавсия доданд, ки майнаи сари шавҳарамро ташхис кунем. Чанд бор ба рақами телефони модари Беҳрӯз занг задам, аммо касе ҷавоб надод. Рӯзи дигари ҳодиса (7-уми август) ба прокуратураи ноҳия рафтам ва шахсан ба назди прокурор даромада, дар бораи латукӯби шавҳарам ариза навиштам. Худи ҳамон рӯз прокурор ба беморхона омада, баёноти ману шавҳарамро гирифт, вале аз байн 12 рӯз гузашту то ҳануз ягон чора андешида нашудааст, – гуфт ҳамсари ҷабрдида М. Мингилярова.
Муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Беҳрӯз Носиров, ки ҷабрдида Надиров Б. ӯро дар латукӯбаш гунаҳгор медонад, дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, “ин нодуруст аст”.
– Дар ҳақиқат нисбат мо ҳамин хел шикоят карданд, вале ин ҳолат санҷида баромада шуд, дар бадани ин одам ягон ҷароҳат ошкор нагардид. Аз ин сабаб прокуратура қарор қабул кард, – гуфт Б. Носиров.
Ин корманди милиса дар хусуси пардохти як қисмати маблағҳои дорухона аз ҷониби модараш, ки барои табобати бемор масраф гардида буд, изҳори бехабарӣ кард.
Прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, дар масъалаи мазкур ба прокуратура ариза ворид нашудааст.