Чанд намоянда аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардидаанд.

Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дода, гуфт, ки ордену ифтихорномаҳоро имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони мардумӣ тақдим кардааст.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ордени «Содружество», муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва раиси кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода бо медали «Мустаҳакамгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардонида шудаанд.

Инчунин, намояндагон мардумӣ Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва чанд нафари дигар бо «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь