Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 10 нафар зан ҳангоми таввалуд фавтиданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар доданд

Омилҳои фавти занони ҳомиларо масъулони Раёсати мазкур дер муроҷиат кардани онҳо ба табибон ва дигар бемориҳо арзёбӣ карданд.

Зикр шуд, ки фавти модарон  бештар дар шаҳру ноҳияҳои Вахш се ҳолат, Кӯшониёну  Левакант ду ҳолатӣ, Балҷувон, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ як нафарӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь