Имрӯз аз даргузашти меъмор ва созандаи давлати муосири Озарбойҷон, сиёсатмадори маъруфи ҷаҳон, пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев 18 сол сипарӣ шуд. На ба ҳамаи инсонҳо муяссар мешавад, ки нақши худро дар хотираи мардум то абад боқӣ гузоранд, зеро танҳо шахсеро, ки дар воқеъ дӯсташ медоранд, дар ёдхо маҳфуз мемонад. Ба шарофати хидматҳои беҳамтои худ, пешвои муаззами миллати Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ҳамеша барои халқу Ватани худ азиз хоҳад буд, зеро ин нобиғаи замон, шахсияти аҷибе буд, ки бо истеъдоди нотакрори ходими сиёсиву давлатӣ, ва бо аъмоли наҷиби худ, ҳатто дар тӯли хаёташ ба як афсонаи зиндае табдил ёфт ва дар хотираи таърихи миллат ҷовид монд.

Солҳои 1969-1982 — замоне, ки Пешвои Миллӣ Ҳайдар Алиев сари қудрат буд, саҳифаҳои пурмазмун дар солномаи офариниши Озарбойҷон буданд. Ин солҳо ба таърихи Озарбойҷон ҳамчун давраи пешрафт ва болоравии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дохил шуданд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ эҳёи бесобиқа ба амал омад, дар як муддати кӯтоҳ кишвар роҳи рушдро, ки ба садсолахо баробар буд, тай кард. Маҳз тӯли ҳамин солҳо дурахшонтарин сафҳаҳои ғоявии Озарбойҷон навишта шуданд. Пешвои умумимиллӣ замони роҳбарии худ дар Озарбойҷон ва дар мавриди мудохилаи сиёсати калон буданаш, дар тақдири халқ нақши бориз дошт. Дар ҳар минтақаи Озарбойҷон осори фаъолияти созандаи ӯ боқӣ мондааст.

Барои Пешвои миллат бузургтарин шодмонӣ – истиқлолият, озодӣ ва соҳибихтиёрии Озарбойҷон буд. Бо нишон додани ҷуръати баланд дар замони раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мухтори Нахчувон буданаш, Ҳайдар Алиев барқарор кардани суруди миллӣ, парчам ва нишонро, ки аломатҳои давлатдории Озарбойҷон буданд, вазифаи шаҳрвандӣ номида, аз ҷумла қайд кард, ки омода аст ҳаёти худро ба хотири Озарбойҷон қурбон кунад.

Тавре, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон «Дар бораи 90-умин солгарди пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев» қайд карда шудааст, Ҳайдар Алиев дар таърихи давлатдории Озарбойҷон ҷойи махсусеро дорост. Ӯ ҳамчун пешвои барҷастаи ғояхои озарбойҷонӣ бо истифодаи сиёсати оқилонаи худ, эътиқоди устувор ва дурбинии таърихияш ба татбиқи ғояи давлатдории миллӣ, бунёдгузории давлати муосири Озарбойҷон ва амалӣ шудани орзуҳои деринаи халки Озарбойҷон дар роҳи истиқлолият мусоидат намуд.

Маҳз натиҷаи фаъолияти Ҳайдар Алиев буд, ки Озарбойҷон бо истифода аз имкониятхои геостратегӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ нақши пули боэътимоди Шарқ ва Ғарбро бозида, ба яке аз кишварҳои рушдёбандаи ҷаҳон табдил ёфт.

Ин шахсияти намоени Озарбойҷон артиши тавоно офарид, дар хати ҷабҳа оташбасро ба даст овард, иқтисодиётро эҳё намуд, ва корнамоиҳои бузурги ӯ ба таърихи муосири Озарбойҷон ворид шуданд. Давраи Ҳайдар Алиев асри тиллоии таърих, фарҳанг, илм ва маорифи Озарбойҷон гардид. Агар яке аз хизматҳои баҳснопазири ин фарзанди фарзонаи ҷаҳони турк эҷоди Озарбойҷони пурқувват ва устувор буд, пас дигараш тарбияи вориси арзандаи сиёсӣ буд. У Президентеро ба воя расонд, ки тавонист ғояхои ӯ, роҳи пешгрифтаи ӯро идома дихад.

Бузургтарин орзуи пешвои ҷовид озод кардани заминҳои таърихии ватани худ аз истилои бегонагон, барқарор намудани тамомияти арзии зодгоҳаш -Озарбойҷон буд, ки ӯ тамоми умр ба он содиқона хидмат мекард. Пешвои миллӣ солҳои пеш бо дурандешии азим гуфта буд: «Мо масъалаи Қарабоғро ҳал хоҳем кард. Вақт лозим аст. Ҳеҷ кас заминҳои Озарбойҷонро гирифта наметавонад. Заминҳои ишғолкардаи мо ҳатман баргардонида мешаванд. Дар ҳар сурат «.

Чунин ҳам шуд, яъне ин суханҳои ӯ пас аз 18 сол дар амал татбиқ гардиданд. Ин орзу, ин васияти худро Ҳайдар Алиев бо ёрии артиши шуҷои Озарбойҷон, ки онро Пешвои миллӣ таҳти роҳбарии вориси сазовори сиёсии худ, Президенти Озарбойҷон, Фармондеҳи оливу пирӯзманди Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон, Илҳом Алиев созмон дода буд, ба даст овард. Озарбойҷон сол то сол қувват мегирифт, Артиши диловари он душманро аз заминҳои аҷдодияш ронд ва парчами сегона боз дар болои зодгоҳаш, дар таппиши қалби Қарабоғ — Шуша ифтихорона парафшон шуд.

Душмане, ки шикасташ доданд, бо сари хам, маҷбур шуд, ки ҳуҷҷати таслимро имзо кунад, ва тамомияти арзӣ таъмин карда шуд. Ба раҳбари худ, ба Сарфармондеҳи Олии худ боварӣ ва эътимоди комил нишон дода, Артиши Озарбойҷон ва ҳар як сарбози он бар ивази ҷони худ, ба истилои 30-сола  хотима бахшиданд.

Бояд таъкид кард, ки таърихи инсоният, пеш аз ҳама, бо он шахсоне алоқаманд аст, ки дар масири як халқ, кишвар, мансубияти этники ва ё дар маҷмӯъ, тамоми инсоният ҷойи намоёнеро ишғол мекунанд. Ҳайдар Алиев бешубҳа чунин шахс аст! Ҳаёти дурахшони ӯ, ки пур аз гардишҳои ғайричашмдошт ва даъватҳои баланд буд, нишони беназире, ки ӯ дар рӯи замин гузошт, мероси тамоми ҷаҳон аст. Вақте ки номи Ҳайдар Алиев садо медиҳад, ҳар як ҳамватани ӯ ифтихори бепоёнро аз шахсе, ки тамоми ҳаёти худро ба ободии ватанаш бахшидааст, эҳсос мекунад. Вай бо корнамоиҳои бузург ва софдилонаи худ ба муҳаббати бепоёни халқ сазовор гашт ва дар хотираи он яке аз бузургтарин созандагони Озарбойҷони озод ва шукуфон боқӣ монд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here