Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2020 пайваста тадбирҳои судманд анҷом доданд.

 Ворисони арзандаи Синову Розӣ

Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода Шарофиддин Рустамов иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар шаҳри Турсунзода корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии шаҳр низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”,- зикр намуд Ш. Рустамов ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода суханони роҳбари давлат – “табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори худ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Ҷавобан ба эътирофи Сарвари давлат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми август, дар рӯзи Иди касбии табибон ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд: “Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд. Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷои кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд”.

– Ин эътирофи Пешвои миллат барои кормандони тандурустӣ чароғи роҳнамо дар самти рушди соҳа гардида, ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем,- бо итминон мегӯяд Шарофиддин Рустамов ва меафзояд: “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ робитаи нахустини шаҳрвандон бо мутахассисони соҳаи тиб оид ба хизматрасонии тиббӣ буда, ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд. Дар муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳрвандон метавонанд хизматрасонии бисёрҷонибаи тиббӣ гиранд”.

Мусаллам аст, ки мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули рушди тиби оилавӣ ба фаъолияти муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ роҳбарӣ менамоянд. Дурнамои ҳифзи саломатии оиларо таҳия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сифатнокӣ ва самарабахшии кумакрасонии аввалияи тиббию санитариро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тандурустӣ таъмин намуда, рушд ва вазъи тиби оилавиро назорат мекунанд.

Имрӯз шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, нақшаи кории шабака барои соли 2020, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст ва дигар асноди дахлдор фаъолиятро ба роҳ мондааст. Шабакаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар заминаи 1 маркази саломатии шаҳр бо 9 шуъбаи тиббию дармонгоҳӣ, 10 маркази вертикалии тиббӣ, 28 маркази саломатии деҳот ва 50 адад хонаи тиббӣ ба 316900 нафар аҳолии шаҳри Турсунзода хизмати тиббӣ мерасонад.

Феълан дар муасисаҳои тиббии шаҳр 978 нафар машғули кор мебошанд. Тахассуснокии кормандон самти афзалиятноки соҳа буда, фаъолияти кормандон таҳти назорати қатъии маъмурият қарор дорад. Ҳамчунин, ҷиҳати муроҷиати шаҳрвандон сараввал ба табибони оилавӣ дар машваратҳои муаассиса ва муроҷиати беморон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози барномаҳо

Бешак, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаҳои миллӣ дар таҳкими саломатии аҳолӣ нақши муҳим мебозанд. Баҳри татбиқи қарорҳои барномавии соҳа ва назорати ҷараёни он бо қарорҳои раиси шаҳр Шӯрои ҳамоҳангсози барномаҳо таъсис дода шудааст ва дар ҳамкорӣ бо бахшҳои ҷомеа зина ба зина корҳои муайянеро дар асоси нақшаҳои барномаҳо таъмин намуда истодааст. Ҷиҳати таъмини амалишавии босифату саривақтӣ аз тарафи маъмурият ба ҳар як барномаҳои амаликунандаи давлатӣ табибони масъул вобаста карда шуда, оид ба иҷрои онҳо давоми ҳар се моҳ ба маъмурияти шабака маълумот пешниҳод менамоянд.

Дар ин замина бо мақсади татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №465 аз 28-уми октябри соли 2016 тасдиқ шудааст, ба фароҳам овардани шароити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла тавонбахшии тиббию иҷтимоии ба маъюбон нигаронидашуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми аҳолӣ, махсусан шахсони маъюб таҳия карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ шумораи маъюбоне, ки дар қайди расмӣ истодаанд, дар соли 2020-ум 5004 нафар, аз онҳо 956 нафар кӯдакони то 18-сола мебошанд. Дар давоми соли гузашта ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ ҳамагӣ 793 нафар бемор фиристода шудааст. Дар ин давра бошандагони Муассисаи давлатии «Хонаинтернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» 1 маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, 5 нафар бемор ба табобати амбулаторию осоишгоҳӣ тавсия карда шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон санаи 8-уми июн шахсони маъюб бо 32 адад аробачаи маъюбӣ, 2 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (ходунок), 1 адад асо, 2 ҷуфт асобағал таъмин гардида, инчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар шахсони маъюб бо пойафзолҳои ортопедӣ таъмин шудаанд. Ба 217 нафар маъюбони гуруҳи I ва II аз тарафи духтури дандонпизишк ба маблағи 11,512 сомонӣ ба таври ройгон хизмат расонида шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра бо сабаби солим гардонидани маъюбон 18 нафар калонсолон аз қайд бароварда шудаанд.

Дар баробари ин, баҳри саривақт иҷро намудани Барномаи миллии “Пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” аз тарафи шахси масъул мунтазам ҷаласа ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон дар шаҳри Турсунзода 1261 нафар беморони гирифтори фарбеҳӣ таҳти назорати духтурони оилавӣ ва духтурони ғадудшинос қарор доранд. Баҳри пешгирӣ ва дарёфт намудани бемории фарбеҳӣ дар Маркази саломатии шаҳр ҳуҷраи биокимиёвӣ фаъолият менамояд, ки дар он таҳлилҳои холестерин ва қанди хун муайян карда мешавад. Илова бар ин, бо мақсади дарёфти саривақтии беморони гирифтори фарбеҳӣ дар тамоми муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳр дар ҳуҷраҳои тодухтурӣ вазни бемор муайян ва сипас барои маслиҳату табобат ба табибон роҳхат дода мешавад. Вобаста ба истеъмоли меъёри ғизои солим бошад, аз тарафи табибони оилавӣ ва маҳдудихтисос ҳангоми қабул ва ташриф ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад. То имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар бораи зиёни фарбеҳӣ ва истифодаи ғизои солим дар байни 7751 нафар хонандагон ва омӯзгорон 41 маротиба суҳбату машваратҳо гузаронида шудааст.

Ҳамчунин, аз тарафи маъмурияти шабакаи КАТС-и шахри Турсунзода оид ба иҷрои Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи ВНМО барои солҳои 2017-2020 ба Маркази ВНМО ба таври ройгон аз таҳлилҳо гузаронидани занони ҳомиладор, шахсони никоҳшаванда ва кӯдакон барои хатна 15026 адад тестҳои оҷилӣ дастрас карда шудааст. Дар давоми соли сипаригардида бо мақсади пешгирии сирояти ВНМО тавассути телевизиони маҳаллии “ТВ Регар” 2 баромад паҳш гардида, дар нашрияи “Диёри Турсунзода” 3 мақола ба чоп расидааст.

Иҷрои барномаи кафолатҳои давлатӣ

Соли 2020 дар шабакаи КАТС шумораи муроҷиаткунандагон мутобиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамагӣ 31035 ташхису таҳлилҳо, аз ҷумла бо роҳи ҳампардохт 15843 ташхису таҳлил ба маблағи 110585,60  сомонӣ, бо роҳи ройгон 15192 ташхису таҳлил (ба маблағи 98679 сомонӣ) гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол нақшаи тасдиқшуда 110000 сомонӣ буда, иҷроиш (воридоти маблағ) 110585, 60 сомонӣ мебошад, ки 101%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода соли 2020-ум 22258 нафар аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббии пулакӣ гузаштаанд, ки ба хазинаи муассиса 927367,0 сомонӣ ворид гардида, инчунин 297 нафар (ба маблағи 11473,0 сомонӣ) ба таври ройгон аз муоинаи давравии тиббӣ гузаштаанд.

Баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда» дар шаҳри Турсунзода маркази иммунопрофилактика фаъолият менамояд. Дар шаҳр иммунизатсия дар чорчӯбаи барномаи васеи эмкунӣ гузаронида мешавад.

Пӯшида нест, ки дар ҷаҳон айни ҳол ба муқобили 30 намуди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ваксина пешниҳод шудааст ва имрӯз дар кишвари мо бар зидди 9 намуди бемориҳо эм гузаронида мешавад, ки бо ин усул хатари авҷгирии бемориҳо пешгирӣ мешавад. Эмкунӣ зидди бемориҳои фалаҷ, зардпарвини вирусии намуди -В, сил, сурхакон, кузоз, сурхча, гулафшон, гемофиллияи типи В, гулизиндонак 98,0% иҷро гардидааст.

Мубориза бо COVID-19

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 2020, №188 “Дар бораи муқаррар намудани реҷаи омодагии баланд дар фаъолияти кории муассисаҳои тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тибқи супориши протоколӣ аз маҷлиси назди раиси шаҳри Турсунзода дар шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси фармоиши роҳбар аз 20-уми марти соли 2020, №39 ситоди фаврии доимоамалкунанда оид ба пешгирии интиқоли сирояти нави коронавирус COVID-19 ташкил карда шудааст. Бо мақсади  андешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ нисбати сирояти нави коронавирус тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо воситаҳои ҳимояи фардӣ, ниқоб, дастпӯшак, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шудаанд. Тамоми муассисаҳо  ҳамарӯза бо маводҳои безараргардонӣ коркард мешаванд.

Аз моҳи майи соли ҷорӣ барои дарёфти саривақтии бемории сирояти нави коронавирус COVID-19 ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 70,000 – 75,000 нафар аҳолии шаҳру деҳот аз тарафи кормандони тибби КАТС аз назар гузаронида шуда, дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба пешгирии интиқоли коронавирус идома дорад. Ҳамарӯза оид ба корҳои ба анҷом расонида ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади пешгирӣ, дарёфт ва табобати беморони COVID-19 ва илтиҳоби шуш аз тарафи Ҳукумати шаҳри Турсунзода, ВТ ва ҲИА ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии Ҳамадонӣ, Фонди ёрии байналминалӣ, Институти тропикии Швейтсари ва тандурустии ҷамъиятӣ дар ҶТ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Ахмар либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, антисептик, маводҳои доруворӣ, маводҳои хӯрока ва ғайра, дар умум 179 номгӯй ба маблағи 244845 сомонӣ ёрӣ расонида шудааст.

Дар ҳамаи муассисаҳои табобатии профилактикии шаҳр ҳамарӯза корҳои таблиғотӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 гузаронида мешавад.

Корвонҳои саломатӣ

Дар асоси нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода “Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои мақомот дар ҷамоатҳои деҳот аз 07.02.2020 таҳти №2” аз 04.01. то 20.03.2020 рӯзҳои мақомот дар шаҳри Турсунзода, дар ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмон, ҷамоати деҳоти Т. Туйчиев, ҷамоати деҳоти Сешанбе, ҷамоати деҳоти Работ, ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷамоати деҳоти Регар ва майданоҳияҳои шаҳр баргузор гардида, бо иштироки табибон иборат аз 3 гуруҳи корӣ “Корвони саломатӣ” гузаронида шудааст. Дар ҳайати гуруҳи корӣ мутахассисони асабшинос, табиби бемориҳои дарунӣ, табиби бемориҳои занона, табиби кӯдакона, ҷарроҳ, дандонпизишк, табиби ГГБ ва табиби чашм шомил мешаванд. Дар ин маърака шахсони барҷомонда, маъюбон, занҳои қобили таваллуд ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз муоина ва ташхис ба таври ройгон гузаронида шудаанд. Илова бар ин, дар муассисаҳои тиббӣ ташхис ва муоинаи пурраи маъюбон ва занони ҳомила ба анҷом расонида шудааст. Ҳамагӣ 21645 нафар аз муоина ва ташхис гузаронида ва дар ҳолати зарурӣ ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст.

Самти парвоз ҳам мушаххас аст

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Турсунзода Шарофиддин Рустамов дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оид ба пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

Ш. Рустамов бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббиву санитарии шаҳри Турсунзода ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС-и шаҳри Турсунзода низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади тараққиёти ин соҳа ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

– Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор кардаву фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Саломатии миллат бошад, ганҷи ноёби давлат аст,- иброз дошт мавсуф дар хотимаи суҳбат.

М. МАҚСАДУЛЛОҲ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь