«Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар роҳ вақти ба самти ноҳияи Муъминобод сафар кардан бо чанд нафар мусофирон ҳамсафар будам ва барои кӯтоҳшавии роҳ бо ҳам суҳбат доштем. Эшон аз хизмати шоиста ва муносибати хуб доштани табибони КАТС-и шаҳри Кӯлоб лаб кушоданд. Сабаб пурсон шудам, ки барои чӣ шумо ба маркази ноҳияи худатон неву ба КАТС-и шаҳри Кӯлоб ба деҳаи Зарқалъа меравед. Посухи онҳо ҳамон муносбиати хуб ва хизмати шоистаи эшон буд. Вақти ташриф овардан ба КАТС-и деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб аз нафарони корафтода фаҳмидем, ки ҳоҷатмандон аз ноҳияи Ховалинг ҳам будаанд.

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки саломатии мардум боигарии давлат аст. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и шаҳри Кӯлоб доимо талош бар он доранд, ки солимии мардум доимо таъмин бошад.

Дар шаҳр зиёда аз 16129 хоҷагӣ ва 116861 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 113269 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ин миқдор 59691 нафарашон мард ва 57170 нафарашон занҳо мебошанд. Занони қобилияти таваллуддошта 31580 нафар, кӯдакони синни то 1-сола 3376 нафар, синни то 5-сола 15926 нафар, синни то 18-сола 50344 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин миқдор аҳолӣ 1 адад маркази саломатии шаҳр, 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 40 адад бунгоҳҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои табобатии шаҳр 29 нафар табибон ва 522 кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Таъминоти аҳолӣ бо табибон 2,6 ва кормандони миёнаи тиббӣ 46 нафар ба 10000 аҳолӣ рост меояд. Дар ҳаштмоҳаи соли 2020 ҳам 31 табиб ва 533 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд, ки таъминот бо табибон 2,7 ва кормандони миёнаи тиббӣ 47 нафарро ба 10000 аҳолӣ ташкил медод. Нишондоди таъминоти аҳолӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ аз нишондодҳои вилоят ва ҷумҳурӣ паст мебошад. Дар давоми 30 соли Истиқлолият зиёда аз 36 бунгоҳҳои саломатӣ ва 9 маркази саломатии деҳотӣ бо дастгирии соҳибкорон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимиятҳои маҳаллии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашинаи ёрии таъҷилӣ, аппарати фавқулсадо (УЗИ), ЭКГ, микроскопи электронӣ, сентрофуга дастрас гардид. Зиёда аз 36 нафар табибони дорои маълумоти олӣ ва 328 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси бозомӯзии тибби оилавӣ гузаронида шуда, қисми онҳо бо борхалтаҳо таъмин карда шуданд.

Самти асосии фаъолияти кормандони соҳаи тиббии шаҳр дар ҳаштмоҳаи аввали соли 2021-ум – ин ҳифзи саломатии насли наврас ва занону модарон мебошад. Давоми ҳашт моҳи соли 2021 дар шаҳр 1515 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз ин миқдор 1490 нафарашон дар таваллудхона ё 98 фоизашон ва 25 нафарашон дар шароити хона, ки 2 фоизро ташкил мекунад.

– Раҳмоналӣ Талбов – табиби ҷарроҳ, Исматзода Розиямоҳ – табиби бемориҳои занона, Амирҷон Расулов – табиби гӯшу бинӣ ва гулӯ, Кароматулло Қурбонов – табиби ҷарроҳии кӯдакона, Эмомалӣ Саидов – сардухтури маркази тибби оилавии Ҳакимобод, Азиз Ҳалимов – табиби оилавии маркази саломатии Лағмон, Холмурод Ганҷалов – собиқадор, табиби силшинос, Фазилаи Ҷалил – сарпарасти маркази саломатии шаҳр, Савлатбӣ Расулова – сарпарасти маркази саломатии Сарёзии боло, Мағфират Сафарова – табиби оилавӣ, сардухтури маркази саломатии Чорбоғ устодони касби худ буда, дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони КАТС-и шаҳри Кӯлоб дар масъалаи кабудизор кардани роҳраву атрофи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ зиёда аз 2000 ниҳолҳои нав шинонида шуданд. Дар рӯзи кормандони тиб ва рӯзҳои иди соҳибистиқлолии кишвар, ҷашни Наврӯз аз ҷониби иттифоқҳои касабаи муассиса собиқадорони соҳа ҳар сол даъват шуда, ҳавасманд гардонида мешаванд,- мегӯяд С. Ҷалолов – роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Кӯлоб.

С. ХАЛИЛИЁН,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь