Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар заминаи се муассиса – Омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Ёвони вилояти Қӯрғонтеппа, базаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон (соли 1988) таъсис дода шуда, сипас дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Омӯзишгоҳ ба Коллеҷ табдил дода шудааст. Коллеҷ тибқи Стандарти давлатии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2015-2016-ум ба тобеияти Коллеҷи мазкур фаъолияти гуруҳи мақсадноки дар шаҳри Норак буда вобаста карда шудааст.
Заминаҳои моддию техникӣ
Мутобиқи фармони раиси ноҳияи Ёвон аз 10.08.2009, №928 «Дар бораи кӯчонидани Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия ба яке аз биноҳои Омӯзишгоҳи касбии техникии №48», коллеҷ аз 01.09.2010 таҳсилро баъди таъмир дар ин бино оғоз намуд. Бинои таълимӣ, ки аз се ошёна иборат аст, бо қувваи омӯзгорон ва донишҷӯён таъмир карда шуд.
Тибқи шартнома, дар беморхонаи марказии ноҳия дар шуъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ, вогиршиносӣ, дармонгоҳ ва умуман ҳамагӣ 13 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд.
Айни ҳол дар бинои таълимӣ дар 23 синфхона дарсҳо гузаронида мешаванд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 5 синфи «Кори ҳамширагӣ», омодагии ҳарбӣ, риёзӣ ва физика, химия ва биология, биохимия, 2 синфи ҷомеашиносӣ, 2 синфхонаи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ ва супоридани имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагон, забони хориҷӣ ва забони русӣ.
Дар сохтори коллеҷ шуъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори лабораторӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» мавҷуд мебошанд. Айни замон дар Коллеҷ 4 кафедра фаъолият дорад: Кафедраи «Кори ҳамширагӣ», кафедраи «Умумитиббӣ», кафедраи «Гуманитарӣ» ва кафедраи «Тибби-риёзӣ».
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин, дарсҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои базавӣ, яъне утоқҳои дарсии шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия гузаронида мешаванд.
Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шудааст. Инчунин, фаршҳои синфхонаҳо бо линолиум пӯшида шудаанд, ноқилҳои барқӣ ва трансформатор аз нав таъмир карда шудаанд. То ин ҷониб 22 адад компютер дар синфхонаи «Асосҳои информатика» мавҷуд буд. Билохира боз 1 синфхонаи иловагӣ аз фанни «Асосҳои информатика» ташкил ва бо 21 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳоло ин синфхонаҳо бо 26 адад тахтаи электронӣ, 24 адад видеопроектор, 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 124 адад компютер, 10 адад принтер, 10 адад дастгоҳи нусхабардорӣ ва 260 адад курсӣ мавриди истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон қарор доранд.
Китобхона
Қироатхонаи китобхонаи Коллеҷи тиббӣ дорои 54 ҷойи нишаcт буда, бо интернет пайваст мебошад. Дар китобхони коллеҷ шӯрои китобхона дар ҳайати 6 нафар ташкил карда шудааст, ки пайваста барои ҷобаҷогузорӣ ва таъмиру тармими китобҳо кӯмак мерасонанд. Ҳамзамон, қироатхонаи китобхона бо 17 адад компютери ҳозиразамон (Pеntiуm-4) таъмин аст, ки донишҷӯён метавонанд аз китобхонаи электронӣ (173 адад китоб) ва шабакаи интернетӣ истифода намоянд. Маъмурияти Коллеҷи тиббӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи китобҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дастрас бошанд. Аз ҳамин лиҳоз, дар китобхона қариб аз ҳамаи фанҳои тиббие, ки донишҷӯён меомӯзанд, китобҳо муҳайё карда шудаанд.
Айни ҳол теъдоди умумии китобҳо ба 15534 адад расидааст. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз китобҳои тахассусӣ ва китобҳои дарсӣ намерасанд. Ҷиҳати иҷрои Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2013, №19/1-1 дар бораи ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхона, ҳар моҳ мувофиқи реҷаи муқарраргашта, ҳамаи гуруҳҳои амалкунандаи Коллеҷи тиббӣ ба китобхона ҷалб карда шудаанд. Донишҷӯён аз аввали сентябр то 26-уми ноябр 6239 адад китобро барои мутолиа гирифтаанд.
Маъмурият ва китобдори китобхона минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, барои шароити хуб фароҳам овардан ба донишҷӯён тадбирҳои заруриро андешанд.
Кадрҳои омӯзгорӣ
Дар коллеҷ тибқи ҷадвали штатӣ ва тарификатсияи кадрҳо дар соли таҳсили 2018-2019-ум 185 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Аз он ҷумла, омӯзгорони асосӣ – 75 нафар, соатбайъ – 67 нафар, омӯзгорони соатбайъ дар гуруҳи мақсадноки ш. Норак – 43 нафарро ташкил медиҳанд, ки 156 нафарашон дорои маълумоти олиянд. Аз моҳи январи соли ҷорӣ то имрӯз 34 нафар омӯзгор ба кори асосӣ фаро гирифта шудаанд.
Шумораи донишҷӯён
Ҳоло дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 1411 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1072 нафарро духтарон ва 339 нафари боқимондаро писарон ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ донишҷӯён таҳсил менамоянд, чӣ аз Душанбеву навоҳии тобеи марказ ва чӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон.
Раванди таълим
Раванди таълим дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон аз рӯи 4 нақшаи таълими модулӣ: ихтисоси 2-790106 «Кори ҳамширагӣ», 2-790102 «Кори момодоягӣ» дар заминаи таҳсилоти асосӣ, муҳлати таҳсил 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муҳлати таҳсил 3 сол ва 2-790104 «Кори лабораторӣ» ва 2-790108 «Кори фармасевтӣ» ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимӣ дар заминаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳия гардида, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Дар соли хониши 2018-2019 дар Коллеҷи тиббӣ 2 маротиба машварати Шӯрои омӯзгорӣ гузаронида шуда ва кори таълимӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Шӯро фаъолият кардааст.
Комиссияи қабул
Имсол Коллеҷи тиббии н. Ёвон 434 нафар донишҷӯёнро қабул намуд, ки аз он 242 нафар аз хатмкунандагони мактабҳои миёнаи асосӣ бо тариқи анъанавӣ ва 192 нафари он аз хатмкунандагони мактабҳои миёна бо тариқи Маркази миллии тестӣ, ки дар маҷмуъ аз ҳисоби донишҷӯён дар заминаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 332 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҷамъомадҳои комиссияи қабул бо танзим гузашта, пайнавиштҳои он тартиб дода шудааст ва дар ҷузвдони махсус ба миқдори 18 адад навишта шудаанд. Дар ҳар як пайнавишт масъалаҳои доир ба кори комиссияи қабул дида баромада шуда, бо назардошти ин масъалаҳо қарорҳои мушаххас қабул карда шудаанд. Аз болои рафти қабул, батартибандозӣ ва нигоҳдории парвандҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари раиси комиссия ва котиби масъул назорат мебурданд.
Натиҷаи кори комиссияи қабул нишон дод, ки дар баробари нишондодҳои беҳтарин дар кори комиссияи қабул камбудиҳо низ ҷой доштанд. Дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон, махсусан аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ дар пур кардани номаи камол бо қисмати забони русӣ ба хатоҳо роҳ дода шуда буд.
Пешниҳод
1. Камбудиҳое, ки дар вақти пур намудани номаи камол (аттестат), ки довталабон дар вақти ҳуҷҷатсупорӣ пешниҳод кардаанд, бахусус мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия, ки ӯзбекзабонанд, ошкор гардид, хуб мебуд масъулини соҳаи маориф ҳангоми пур намудани номаи камол корҳои фаҳмондадиҳиро бо масъулин анҷом медоданд.
2. Бо котибони масъули комиссияи қабул, то оғози кори комиссияи қабул хуб мебуд аз ҷониби масъулини вазоратҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ (семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ) гузаронида шавад.
3. Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ягонаи супоридани ҳисоботҳои комиссияҳои қабул таҳия ва барои корбарӣ ба истифода дода мешуд.
Сифати таълим
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои баланд бардоштани назорати сифати таълим дар Коллеҷ гуруҳи назорати сифати таълим аз тарафи директор таҳти рақами 15 аз 02.02.2015 сол тартиб дода шудааст, ки он пайваста амал мекунад. Инчунин, ҳар семоҳа дар Коллеҷ мониторингҳои фаннӣ гузаронида шуда, дар ҷаласаҳои кафедраҳои умумитиббӣ ва гуманитарӣ ва шӯрои омӯзгорӣ дида баромада мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи нақша машғулиятҳои иловагӣ, дарсҳои кушоду намунавӣ, конференсияҳо сари вақт гузаронида шуда, байни омӯзгорон нақшаи аёдати дарсҳои байни ҳамдигарӣ ба роҳ мононда шудааст. Барои ҷалби донишҷӯён ба қироати китоб аз тарафи мудири китобхона тартиби гирифтани китоб аз тарафи донишҷӯён дар китобхонаи коллеҷ тартиб дода шудааст. Маъмурият дар оянда барои баланд бардоштани сифати таълим кӯшиши ҳаматарафа карда истодааст.
Тибқи накшаи гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот ва ҷадвали тасдиқшудаи маъмурияти Коллеҷи тиббӣ аз моҳи феврал то имрӯз дарсҳои омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ зери назорат қарор дода шудааст. Аз ҷониби ҳайати гуруҳ дарси омӯзгорони ҷавон, ки нав ба таълим фарогир шудаанд, мавриди санҷиш карор гирифт. Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки омӯзгор соҳиби малакаи хуби омӯзгорӣ аст.
Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки ҳар як омӯзгор барнома, нақша ва модулҳои дарсии худро дорад. Дарсҳои зери санҷиш қароргирифтаи омӯзгорон дар дафтари махус қайд мешаванд.
Гузаронидани дарсҳои кушоду намунавӣ низ қобили қабул аст, зеро аксари омӯзгорон ин дарсҳои худро тибқи технологияҳои инноватсионӣ гузаронида истодаанд.
Фаъолияти методӣ
Мувофиқи нақшаи кории методии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ” дар нимсолаи дуюми соли хониши 2018-ум оид ба иҷрои бандҳои дар нақшаи корӣ ҷойдошта барои дар сатҳи баланд ва беҳтарсозии сифати таълими донишҷӯён кору фаъолият намуда истодааст.
Ҳамкорӣ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ мунтазам идома дошта, ҳар замон аз барномаҳои таълимӣ истифода бурда мешавад. Тибқи нақша ва ҷадвали тасдиқгардидаи нимсолаи дуюми соли хониши 2018-ум аёдати байниҳамдигарии омӯзгорони коллеҷ низ дар доираи нақша иҷро шуда, машғулиятҳои яксоатаи якдигарии омӯзгорон таҳлилу баррасӣ гашта истодааст.
Донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Чунончи, дар олимпиадае, ки санаи 18-19-уми майи соли 2018 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ баргузор гардид, донишҷӯёни Коллеҷи тибии ноҳияи Ёвон аз рӯйи фанҳои забони тоҷикӣ (иншо), забони русӣ (нақли хаттӣ), забони англисӣ (диктант, шифоҳӣ), математика (тест), биология (тест), химия (тест), таърихи халқи тоҷик иштирок намуда, аз фанҳои математика, химия, биология ва забони русӣ натиҷаи хуб нишон доданд: Донишҷӯйи гуруҳи 205-и бахши дуюми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Назаров Суҳайлӣ Алиевич аз фанни “математика” ҷои якум, донишҷӯйи гуруҳи 408-и бахши чоруми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Шамсиев Файзалӣ Қурбоналиевич аз фанни “химия” ҷои дуюм, донишҷӯйи гуруҳи 402-и бахши чоруми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Азизов Орифҷон аз фанни ”биология” ҷои ифтихорӣ, донишҷӯйи гуруҳи 128-и бахши якуми шуъбаи “Кори ташхиси тиббӣ” Боева Фирӯза аз фанни забони русӣ ҷои ифтихориро сазовор шуданд.
Ҳамчунин, Назаров Суҳайлӣ гирандаи стипендияи Президентӣ ва Самадова Сумая, Файзуллоева Марҳабо гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар маҷмуъ, дар байни 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мақоми сеюмро ишғол намуд. Албатта, кор дар доираи нақшаи муайян баҳри омода намудани донишҷӯёни Коллеҷ барои боз ҳам ба натиҷаҳои хуб сазовор шуданд.
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон барои соли 2018-ум дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи директори Коллеҷ Раҳмиддин Шарифзода ба роҳ монда шуда, тибқи он амалӣ мешавад. Дар коллеҷ рӯйдодҳои сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ пайваста таҷлил мегарданд. Баргузории чорабиниҳои хотирмоне, чун “Аз паём то паём”, Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи Аҷам, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Дарси Сулҳ, Рӯзи забони модарӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам ва ғайраҳо гувоҳи дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон аст. Дар ин доира баҳри ба ҳаёти мустақилона омода намудан, инчунин солимии донишҷӯёни коллеҷ озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва касбӣ гузаронида мешаванд.
Иҷроиши барномаҳо
Баҳри амалӣ гаштани Барномаи “Тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” маъмурияти Коллеҷи тиббии н. Ёвон мунтазам тадбирҳои судманд андешида, онро зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Коллеҷро соли ҷорӣ 315 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки аз он 234 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамаи хатмкардагон бо қарори комиссияи таъинотӣ ба ҷойҳои кори доимӣ сафарбар карда шуданд. Тайёр намудани кадрҳои ихтисосманд дар Коллеҷи тиббӣ доимо таҳти назорати маъмурият мебошад. Барои ба ҷои кор таъмин шудани хатмкунандагони коллеҷ ҳамасола комиссияи таъинотӣ дар ҳайати директори коллеҷ, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва КАТС дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои мазкур таъсис дода мешавад. Инчунин тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ маниторингҳои фаннӣ гузаронида мешавад ва натиҷаи он мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар Коллеҷи тиббӣ бо омӯзгорони ҷавон семинарҳо гузаронида шуда ва ба омӯзгорони ботаҷриба омӯзгорони ҷавон вобаста карда мешаванд. Таъмини базаи модию техникӣ дар соли хониши 2018-2019 беҳтар гардидааст. Толори варзишӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти варзишии муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд. Теъдоди компютерҳо ба 123 адад ва тахтаҳои электронӣ ба 26 адад расонида шуд. Соли ҷорӣ 260 курсӣ бо маблағи 44200 сомонӣ, гемоанализатор ба маблағи 96000 сомонӣ харидорӣ гардид.
– Албатта дар шароити созгори кунунӣ, ки Ҳукумати кишвар барои аҳли ҷомеа, бахусус, омӯзгорон фароҳам овардааст, дарки масъулияти ҳар фарди масъулиятшиносро бештар мегардонад. Ҳоло чӣ омӯзгорон ва чӣ донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ба воситаҳои таълим таъмин буда, аз технологияи муосир ва усулҳои фаъол самаранок истифода менамоянд ва барои ба шогирдон беҳтар пешниҳод кардани доираи маълумот ҳамаи имконоти заруриро доранд. Чуноне Президенти мамлакатамон – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, “танҳо ташаббус, интихоби дурусти усули таълим, истифода аз аёният, озмоишгоҳҳои фанниву тахассусӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ боиси беҳтар шудани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ мегарданд. Чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад. Танҳо серталабӣ, донишҳои замонавӣ ва гуфтору рафтори шоиста омӯзгорро ба ин дараҷа мерасонад. Ва мо аҳли Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон пайи расидан ба ин ҳадафи созанда пайваста талош хоҳем намуд”,- иброз дошт дар фароварди суҳбат директори коллеҷ Раҳмиддин Шарифзода.
“ФАРАЖ”