Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори илмҳои филологӣ, профессор, арбоби шоистаи илмии Тоҷикистон Сайидраҳмон Сулаймонов бароям осон ва дар айни замон душвор аст. Осон аз он нигоҳ, ки ӯро беш аз 50 сол мешиносам ва беш аз 15 сол дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло мусаммо ба “забонҳои Осиё ва Аврупо”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳамкор будам. Мо ҳар ду парвардаи ҳамин факултаем-эшон як курс пеш аз банда дар шӯъбаи арабӣ ва ман як курс пас дар шӯъбаи форсӣ таҳсил мекардем. Чун теъдоди донишҷӯ дар шӯъбаи шарқшиносии факултаи филология кам буд мо ҳама якдигарро мешинохтем. Махсусан, дар айёми пахтачинӣ шиносоӣ ва дӯстӣ қавитар мешуд. Аммо дар бораи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва педагогии ин дӯсти фозилу заҳматкашу хоксор дар ин мухтасар сухан гуфтан душвор аст, зеро фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ, педагогӣ ва мутарҷимии ӯ хело серпаҳлӯ ва густарда аст. Дар баробари педагоги мумтоз будан, забоншиноси нуктасанҷу борикбин ва мутарҷими забардасти забонҳои арабӣ-русӣ ва тоҷикӣ, муҳаққиқу мубаллиғи осори илмӣ ва фалсафии Шайхурраис Ибни Сино мебошад.
Аз ин рӯ, банда ба таври иҷмол танҳо ба ду ҷанбаи фаъолияти дӯстам, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов: таҳқиқу тарҷимаву тавзеҳи осори илмии Ибни Сино ва фаъолияти фарҳангнигориву забоншиносиаш таваққуф хоҳам кард.
Қабл аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки Сайидраҳмон Сулаймонов рисолаи номзадии хешро соли 1979 дар мавзӯи “Лингвистические основы топонимики в сочинении “Маджма-ал-булдан” Йакути Хамави (Асосҳои забоншинохтии топонимикаи асари “Маҷмаъ-ал-булдан”-и Ёқути Ҳамавӣ (асри Х111)” дар Шӯрои дифои рисолаҳои илмии Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москав бо муваффақият дифоъ карда, мавриди қабули арабшиносони маъруфи шӯравӣ қарор гирифта, рисолааш ҳамчун сухани тоза дар арабшиносӣ шинохта шудааст.
Соли 1985 дар фаъолияти илмӣ-педагогии Сулаймонов Сайидраҳмон чархиши куллие рух дод. Маҳорати забондонӣ (сафарҳои хидматии чандинсолааш дар Яману Ироқ), заковати фитрӣ ва илмӣ-таҳқиқотиашро ба назар гирифта раёсати Академияи илмҳои ҶТ ӯро ба ҳайси корманди калони илмӣ ба шӯъбаи навтаъсиси тарҷума ва нашри мероси фалсафии файласуфони асримиёнагии форсу тоҷик (шӯъба дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ доир шуда буд) даъват мекунанд. Кору фаъолият дар ин шӯъба маҳорати тарҷумонӣ ва муҳаққиқии Сайидраҳмон Сулаймоновро хело барҷаста бармало сохт. Фаъолияти ӯ дар ин шӯъба то соли 2005 давом кард, ки беш аз 13 сол (аз с. 1992 то 2005) сарварии онро ба ӯҳда дошт. (Аз соли 2005 то 2012 дар асоси озмун мудири кафедраи филологияи арабии ДМТ интихоб мешавад ва дар айни замон профессори кафедраи мазкур мебошад)
Ин давра барои Сайидраҳмон Сулаймонов пурмаҳсултарин даврони фаъолияти илмӣ ва тарҷумониаш маҳсуб мешавад ва ҳамчун муҳаққиқу мутарҷими осори Ибни Сино ва Умари Хайёму Носири Хусрав, Садриддини Шерозӣ ва амсоли он шинохта мешавад.
Танҳо феҳриствор номбар кардани таҳқиқоту тарҷумаҳои аз забони арабӣ ба тоҷикиву русӣ бо шарҳу тавзеҳоту дебоча ба нашр расондаи эшон чанд дафтар мешавад, ки бархе аз онҳоро поинтар зикр хоҳам кард.
Бо вуҷуди он ки доираи таҳқиқу тарҷумаи профессор Сулаймонов Сайидраҳмон густардаву гуногунпаҳлӯст, аммо ӯро метавон муҳаққиқ, мутарҷим ва мубаллиғи осори Ибни Сино номид. Зеро ағлаби таҳқиқоту тарҷумаҳои ин донишманди фурӯтану закӣ ба осори илмӣ, фалсафӣ ва табиатшиносии Шайхурраис иртибот дорад. Ӯ шефтаи осору шахсияти Синост. То ба имрӯз дӯсти гиромии ман ба танҳоӣ чунин асарҳои ин нобиғаи Шарқро аз арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо муқаддимаи муҳаққиқона, шарҳу тавзеҳи олимона барои хонандагону ҳаводорони Синои бузург тарҷума ва нашр кардааст: “Ҳикмати шарқия”, “ал-Ҳидоя”, “ал-Ибора”, “ал-Қиёс”, “ал-Муғолата”, “Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино” (20 рисола), рисолаҳои “Ҳудуд”, “Андар ахлоқ”, “Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон”, “Андар ишқ”, “Саломон ва Абсол”, “Ҳай ибни Яқзон”, “Рисолаи тайр”, “Илми Ладунӣ”, “Андар салот”, “Фирдавс дар моҳияти инсон”, “Андар ҳузн” ва амсоли он. Ба тайиди арабшиноси шинохта, муҳаққиқи осори арабии адибони классикии форсу тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Тоҷиддини Мардонӣ ин асарҳои дар боло номбурда “бори аввал аст, ки бевосита аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо шарҳу тавзеҳоти илмӣ аз тарафи Сайидраҳмон Сулаймонов тарҷума ва ба табъ расидаанд.”
Зимнан бояд, илова намуд, ки соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти 1040 солагии Ибни Сино ду асари калонҳаҷми Ибни Сино аз бахши “Табииёт”-и “Китоб-уш-шифо”-аш, яъне “Китоб-ун-набот” ба номи “Гиёҳнома” ва “Китоб-ул-ҳайвон” зери унвони “Ҷонварнома” ҳар яке бо муқаддимаи муфассал ва шарҳу тавзеҳи илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз тарафи профессор Сайидраҳмон Сулаймонов тарҷума гардида, бо пешсухани ректори ДМТ, дар нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп расонидааст.
Аҳамияти ин ду тарҷумаи ахирии муҳаққиқ дар он аст, ки то ба имрӯз на танҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии Шӯравии собиқ, ба вижа перомуни “Китоб-ул-ҳайвон”, ҳатто камтарин маълумоте ироа нашуда буд, чи расад ба тарҷумаи онҳо. Аз ин рӯ, профессор Сулаймонов Сайидраҳмон дар муқаддимаи муфасали хеш зимни шарҳу баёни вижагиҳои тарҷумаи матн, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти илмии ин асарро дар раванди таърихи илми табиатшиносӣ нишон додааст.
Ба андешаи банда, тарҷумаи равону дақиқи ин ду асари Шайхурраис Ибни Сино ба забони тоҷикӣ барои донишмандони табиатшиноси ҷумҳурӣ маводи хуби таҳқиқӣ маҳсуб мешавад. Худо кунад, ки муҳаққиқони осори улуми табии Ибни Сино дар Тоҷикистон ба камол расанд.
Дар шинохти комили чеҳраи илмии профессор Сайидраҳмон Сулаймонов ишора ба як нукта зарур аст. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, бо вуҷуди он ки С. Сулаймонов мудирии шӯъбаи тарҷума ва нашри осори фалсафӣ буду корҳои нақшавии зиёде ба дӯш дошт, як лаҳза аз таҳқиқу тафаҳҳус ва мутолиа фориғ набудааст. Ва натиҷаи ин заҳматҳои шабонрӯзиаш рисолаи докториаш дар мавзӯи “Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ (дар заминаи мероси фалсафии Ибни Сино” аст, ки онро соли 1997 бо муваффақият дифоъ мекунад. Ин таҳқиқоти бунёдӣ буда, ба масъалаи муҳимми истилоҳшиносии забони тоҷикӣ ихтисос дода шудааст ва дорои аҳамияти вижаи илмию амалист. Зеро дар ин пажӯҳиши хеш муҳаққиқ бо далоили қотеъи илмӣ собит намудааст, ки Ибни Сино на танҳо дар бунёди истилоҳоти фалсафӣ ба забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ нақши калидӣ бозидааст, балки дар ташаккули забони илмии форсии тоҷикӣ бо таълифи “Донишномаи Алоӣ”-аш саҳмгузор будааст.
Дигар аз фаъолияти муҳимми профессор Сайидраҳмон Сулаймонов, ки аз назари банда номи ӯро дар таърихи илми тоҷик мондагор месозад, фаъолияти фарҳангнигории эшон аст. Профессор зиёда аз сӣ сол аст, ки ба тадвини фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ ва арабӣ-тоҷикӣ-русӣ машғул аст. Ӯ аввалин фарҳангнигори тоҷик аст, ки бо назардошти таҷрубаву дастовардҳои фарҳангнигории муосир фарҳанги арабӣ-тоҷикии хешро соли 2005 зери унвони “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ” муштамил аз 70 000 калима мунташир кард, сипас бо такмилу тасҳеҳ соли 2010 ба номи “Фарҳанги шомили арабӣ-тоҷикӣ” (зиёда аз 100 000 калимаву ибора) ба чоп расонид. Нашри ин фарҳанг дар арабшиносии муосир, ба вижа дар кишварҳои арабӣ бо як таваҷҷӯҳи хосе истиқбол шуд. Соли 2012 донишмандони Донишгоҳи Қоҳира, Донишгоҳи Аҳзар ва Академияи забони арабии Миср барои тадвини чунон қомуси мунҳасир ба фард, профессор Сайидраҳмон Сулаймоновро ба узвияти вобастаи Академияи забони арабии Миср пазируфтанд. Ин иқдоми донишмандони Миср баёнгари қадрдонӣ ва эътирофи дастовардҳои илмии як муҳаққиқи тоҷик дар густариши арабшиносӣ маҳсуб мешавад, ки барои мо тоҷикон мояи ифтихор аст. (Аммо ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди он ки С. Сулаймонов аз соли 1985 то имрӯз бо АМИТ ҳамкорӣ дорад ва хадамоташ дар синошиносӣ хело назаррас аст, на узви вобастаи он, на бо ҷоизаи Сино муфтахар шудааст). Дар чанд соли ахир профессор Сайидраҳмон Сулаймонов фарҳанги алифбоии се забона: арабӣ-тоҷикӣ-русиро, ки беш аз 150 ҳазор калимаву ибораро дар бар мегирад тадвин кардааст, ки дар дасти чоп аст ва бояд мунташир шавад. Ин фарҳанг натанҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар шарқшиносии рус назир надорад. Ба қавли устоди ҳамаи фориғуттаҳсилони шӯъбаи арабии ДМТ, яке аз нахустин устодони забони арабии кафедраи филологияи араби он, донишманди хоксору устоди меҳрубону сахтгир, профессор Фия Абдулбариевна Исаева: “дар арабшиносии тоҷик Сулаймонов Сайидраҳмон бори нахуст фарҳанги арабӣ-тоҷикие, ки 100 ҳазор калима ва ибораро дарбар мегирад, таълиф кард. Танҳо бо ҳамин қомус номи худро дар арабшиносии тоҷик ҷовидон сохт.
Ман С. Сулаймоновро арабшиноси барҷастаи тоҷик меҳисобам, ки осораш дар бисёр кишварҳои арабӣ мавриди эътирофи воқеӣ қарор гирифтааст”. Ин баҳои устоди гаронқадр, профессор Ф.А.Исаева, ки ҳоло ҳам хастагинопазирона ба тадрису таҳқиқ машғуланд, хело арзиш дорад. Зеро эшон чунин суханони самимиро на ба ҳар шогирд гуфтаанд. Воқеан, дӯсти гиромиам, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов арзандаи чунин баҳост, зеро дар синни мубораки 75, шукри худо, бо нерӯи тоза ба қуллаҳои нави илм бидуни ҳеҷ худситоиву дағдаға гом бармедорад ва пайваста дар пажӯҳишу тадрису дар ҳалқаи шогирдон аст.
Дӯсти азиз, бароят саломативу саодат, оромии хотиру сафои ботин таманно дорам ва ба қавли Ҳофизи бузург:
Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод.
Олимҷон Хоҷамуродов,
профессор