Ба таваҷҷуҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа
Беморхонаи рақами 1-и шаҳраки Адрасмони Гулистони вилояти Суғд аз замони Истиқлолият ба даст овардани кишвар то инҷониб (27 сол!!!) рӯйи таъмирро надидааст.
Ба қавли яке аз беморон, 5 сол инҷониб дар беморхона барои таъмир аз ҳар як бемори бистаришуда 25-30 сомонӣ пул талаб карда мешавад. Вале шароити беморхона ба талаботи беморон тамоман ҷавобгӯ нест.
Як нафар бемори дигар аз ин вазъият изҳори нигаронӣ карда, чунин мегӯяд: “Ман соли гузашта дар фасли сармо дар ин беморхона бистарӣ будам, вале ба шароити ин ҷо ду рӯз тоб оварда натавонистам. Ҳатто ҳуҷраи беморон гармидиҳанда надорад. Ҳар кас ғами худашро худаш бояд хӯрад. Ҳоло фасли гармӣ оғоз шудаасту ҳадди ақал тоқат карда мешавад. Беморон ба ин беморхона омада, ба ҷойи шифо ёфтан, бадтар бемор мешаванд”.
Сардухтури беморхона Мирзовалиев вазъиятро чунин шарҳ медиҳад: “Мо коре, ки аз дастамон меояд, мекунем. Бо маблағҳое, ки аз беморон барои таъмири маркази саломатӣ мегирем, кам-кам бошад ҳам, обод карда истодаем. Бисёр беморон бо мо ҷанг мекунанд, ки “шумо барои таъмир аз беморон пул меситонед, аз буҷети беморхона таъмир кунед”. Соли ҷорӣ ба буҷети беморхона маблағ ҷудо нагардидааст. Инро ба беморон фаҳмонидан душвор аст”.
Дигаре аз табибони беморхона чунин илова намуд: «Ба беморхонаи мо кадр намерасад. Духтури асабшинос, ҷарроҳ… Табибони соҳибмаълумот дар худи шаҳрак нестанд. Назди мо маъюбон меоянд, бояд онҳоро ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаронем, вале мо надорем духтуроне, ки ба онҳо хизмат расонанд. Маҷбур мешавем ба беморхонаи вилоятӣ равон намоем. Дар он ҷо ба онҳо ройгон кӯмак кардан намехоҳанд ва ё намекунанд, чун бисёре аз воситаҳои табобат ва таҷҳизоти истифодашаванда шахсӣ ҳастанд ва барои ин бояд маблағи муайян пардохт намоӣ. Дар баъзе ҳолатҳои дигар ҳадди ақал “ҳаққи даст” талаб мекунанд. Беморон назди мо омада, шикоят мекунанд, вале мо ба ин ҷавобгар нестем. Он ҷо маркази вилоят аст, аз мо шаҳрак. Ҳоло дар беморхонаи мо эҳтимоли баста шудани шуъбаи ҷарроҳӣ ҳаст. Ин шуъба баста шавад, намедонем чӣ кор мекунем”.
Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, на сардори Раёсати тандурустии вилоят, ки дар бораи фаъолияти кориаш, роҳҳои пулкоркуниаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гуфтаанду мегӯянд ва на муовинони ӯ боре ҳам аз вазъи ин “харобазор” дидан накардаанд. Ё шояд аз вазъият хабар доранду аз нигоҳ кардан ба чашми табибон ва сокинони маҳаллӣ шарм мекунанд ё «шикамсер чӣ парвои гурусна» дорад ва ё онҳо масъулияти хешро танҳо дар таъин ва аз вазифа холӣ кардани сардухтурон, бо ин ё он баҳона ҷамъ кардани маблағро аз эшон медонанд?
Дар ин бора посухи вазири муҳтарами тандурустӣ Олимзода Насим Хоҷаро интизорем ва дубора ба мавзуи вазъи гиряовари беморхонаву нуқтаҳои тиббии вилояти Суғд бармегардем.
Сабринаи ҒАФУРДУХТ, “ФАРАЖ”
Душанбе – Адрасмон – Душанбе