Тиб – ин муҳаббат аст, набошад он ҳеҷ арзише надорад.

Пол де Крюе

КТ ДДТХ муддати 34 сол мешавад, ки мутахассисони миёнаи тиббиро барои кишвар омода мекунад. Агар ба таърихи муассиса назар намоем дар даврони собиқ Шӯравӣ фаъолияташро оғоз карда дар даврони бесарусомониҳо фаъолияти худро қадъ накарда сарбаландона пеш бурдааст. Муассиса фаъолияти худро дар деҳаи Армуғони ноҳияи Данғара соли 1990 оғоз карда, то соли 1994 дар он ҷо фаъолият намудааст. Аз соли 1994 дар бинои Коллеҷи политехникии ДДД (собиқ ПТУ) идома додааст. Муассиса дар ин бино тули 1-сол фаъолият намуда, баъдан соли 1995 ба бинои Интернати ноҳияи Данғара гузашта, дар бинои Интернат то соли 2005 фаъолият намуда, баъдан фаъолияти худро то соли 2009 дар кӯдакистони №6-и ноҳияи Данғара идома додааст. Солҳои 2009-2011 муассиса дар як қисми бинои МТМУ №1-и ноҳияи Данғара фаъолият карда, аз соли 2011, то соли 2023 массиса дар як қисми бинои МТМУ №2-и ноҳияи Данғара фаъолият намудааст. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2023 инҷониб муассиса фаъолияти худро дар бинои асосии худ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, идома дода истодааст.

Муассисаи давлатии таълимии КТ ДДТХ дар ноҳияи Данғара супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар соли хониши 2024-2025 таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, баҳри ҳиссагузорӣ дар ободии кишвар мебошанд. Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст.

Дар Коллеҷи тиббии ДДТХ 240 нафар кормандон кор ва фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 163 нафарашонро омӯзгорон ташкил мекунанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бошад 101 нафарашон омӯзгорони асосӣ, 62 нафарашонро омӯзгорони шартномавӣ ташкил медиҳанд. Аз шумораи 101 нафар омӯзгорони асосӣ 92 нафарашон маълумоти олӣ ва 9 нафарашон маълумоти миёнаи касбӣ доранд. Аълочиёни маориф 9 нафар, Аълочиёни тандурустӣ 6 нафар ва шумораи омӯзгороне, ки дараҷаи илмӣ доранд (н.ф.тиб) 1 нафар мебошанд.

Кафедраҳо ва омӯзгорони муассиса

Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара 3 кафедра (Кафедраи фанҳои “Тахассусӣ”, кафедраи фанҳои “Табиӣ-риёзӣ”, кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ”) тибқи Қонуну Низомнома ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ба роҳ монда, фаъолият менамоянд, ки дар умум 164 омӯзгорон ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Дар кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ” 35-нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 32-нафарашон омӯзгорони доимӣ мебошанд. Аз шумораи 32-нафар омӯзгорони доимӣ 6-нафарашон саромӯзгор, 21-нафарашон ассистент ва 5-нафари дигар коромӯз мебошанд. Аз шумораи 32-нафар омӯзгорони доимӣ 20-нафарашон мард ва 12 –нафари дигарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар кафедраи фанҳои “Табии-риёзӣ” 39-нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 31-нафарашон омӯзгорони доимӣ мебошанд. Аз шумораи 31-нафар омӯзгорони доимӣ, 6-нафар саромӯзгор, 13-нафар асистент ва 12-нафари дигарашон коромӯз мебошанд. Дар кафедраи фанҳои “Тахассусӣ” 90-нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 38-нафарашон омӯзгорони доимӣ мебошанд. Аз шумораи 38-нафар омӯзгорони доимӣ 32-нафарашон дорои маълумоти олии тахассусӣ ва 6-нафари дигарашон дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Аз шумораи кормандони доимӣ дар кафедра 6-нафарашон саромӯзгор, 6-нафарашон ассистент ва 26-нафарашон коромӯз мебошанд.

Теъдоди умумии донишҷӯён дар муассиса 1561 нафар мебошанд. Аз ин шумора теъдоди донишҷӯёни ба тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда 342 нафар, теъдоди донишҷӯёни шартномавӣ 1219 нафар, теъдоди донишҷӯ писарон 124 нафар, теъдоди донишҷӯ духтарон 1437 нафар, теъдоди умумии ятимон 11 нафар, теъдоди умумии маъюбон 15 нафарро ташкил мекунад. Теъдоди донишҷӯёни гирандаи идрорпулҳои буҷавӣ 205 нафар мебошанд. Коллеҷи тиббӣ дорои 83 гурӯҳ буда, ҳама гурӯҳҳо тоҷикианд. Дар муассиса техникаву технологияи компютерӣ ба шӯъбаи “Технологияи компютерӣ” вобаста буда, мутахассисони шӯъбаи “Технологияи компютерӣ” мунтазам аз болои сатҳи коршоямии онҳо назорат мебаранд. Муассиса барои бо техникаву технологияи навин шинос шудани донишҷӯён тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳад. Шумораи умумии компютерҳо дар коллеҷ 232 адад, теъдоди ноутбук 17 адад, теъдоди проекторҳои мултимедӣ 44 адад, теъдоди принтерҳо 55 адад, теъдоди тахтаҳои электронӣ бошад 36 адад ва пардаҳои намоишдиҳӣ бошад 7 ададро такшил мекунад. Коллеҷ фаъолияти худро дар ду бинои асосии таълимӣ, 3 бинои ёрирасони таълимӣ-амалӣ ва як хобгоҳ ба роҳ мондааст. Миқдори умумии синфхонаҳо 46 (66) ададро ташкил медиҳанд.

Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара як шуъба (Шуъбаи “Кори ҳамширагӣ”) фаъолият мекунад, ки донишҷӯён аз рӯи 3 ихтиссос (ихтисоси “Кори ҳамширагӣ”, ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” ва “Кори момодоягӣ”) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Тибқи нақшаи дурнамои муассиса дар назар аст, ки бо меъёри муқараршуда баробар шудани донишҷӯён (тибқи меъёр ҳангоми аз рӯи ихтисос 300-нафар дар таҳсилоти рӯзона ва 200-нафар дар таҳсилоти шабона факултет ташкил карда мешавад).

Маркази тестӣ ва шафофият дар раванди имтиҳонсупорӣ

Маркази тестӣ ва оффиси бақайдгирии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2019 ин ҷониб тибқи “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот” фаъолият менамояд. Дар маркази тестӣ ва оффиси бақайдгирии муассиса имтиҳонҳо дар 3 шакл (тестӣ, хаттӣ ва шифоҳӣ) қабул карда мешаванд. Имтиҳонҳои сессияи тобистона дар шакли тестӣ дар муассиса тариқи компютерӣ қабул карда шуд. Натиҷаи он дар сервери ягона, ки бо барномаи махсус муҷҷаҳаз гардонида шудааст сабт шуда, ҳангоми ба охир расидани саволномаи имтиҳонӣ натиҷа дар равзанаи донишҷӯ пайдо мешавад. Ин раванд дахолати шахсони алоҳидаро дар раванди имтиҳонсупории донишҷӯён маҳдуд менамояд, ки таъмини шафофият дар раванди имтиҳонсупорӣ мешавад.

Имтиҳонҳо дар шакли хаттӣ дар муассиса тибқи саволномаҳои пешниҳоднамудаи кафедраҳо иборат аз 5-савол гирифта мешавад, ки донишҷӯ ба саволҳои додашуда ба таври хаттӣ ҷавоб менависад. Таъмини шафофияти натиҷаи санҷиш дар ин шакли имтиҳонсупорӣ низ пешбинӣ шудааст. Варақаи имтиҳонсупории донишҷӯ аз ду қисм иборат буда, қисми аввалаи он маълумот дар бораи донишҷӯ ва катаки калидӣ ва қисми дуюми он аз саволномаи тестӣ ва катаки калидӣ иборат мебошад. Баъди ба анҷом расидани пурсиш, варақа ба марказ пешниҳод карда мешавад. Мутахассисони марказ калидҳои махсусро гузошта қисмати тестии онро ба омӯзгорон пешниҳод мекунанд. Бо ҳамин тариқ омӯзгор намедонад, ки саволномаи кадоме аз донишҷӯёнро санҷида истодааст ва шафофият дар санҷишҳо таъмин мегардад. Имтиҳонҳо дар шакли шифоҳӣ бошад, бо пешниҳоди 3 савол дар варақа овардашуда, аз ҷониби омӯзгорон қабул карда мешавад, ки ин қобилияти суханварӣ ва мустақилона фикр кардани донишҷӯёнро фаъол мегардонад.

Дар муассиса имтиҳонҳои сессияи тобистона дар соли таҳсили 2023-2024 тибқи нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Имтиҳонҳои сессияи тобистона тибқи нақша аз 25.05. соли 2024 оғоз гардида, то 28.06. 2024 давом ёфт. Кори ҳамширагӣ (дар заминаи синфи 11), Кори ҳамширагӣ (дар заминаи синфи 9), Кори ҳамширагӣ (таҳсилоти шабона), Кори Момодоягӣ (дар заминаи синфи 11), Кори Фармасевтӣ (дар заминаи синфи 9), ҳамагӣ курсҳои 1,2,3,4, теъдоди донишҷӯён 1391, ба имтиҳон роҳ ёфтанд 1391, баҳои панҷ – 18, баҳои 4-5 – 127, баҳои 3,4,5 – 285, баҳои 4 – 168, баҳои 3 –689, баҳои 2 – 99 нафар, сифат – 47,87%, дарсазхудкунӣ – 92,52%

Имтиҳонҳои хатми соли таҳсили 2024 аз 15. 06. соли 2024 оғоз гардида, то 5.07. 2024 ба итмом расид. Теъдоди умумии хатмкунандагон дар Коллеҷи тиббии ДДТХ 355 нафар, рӯзона ҳамагӣ 304 нафар, аз ин буҷавӣ 93 нафар, шартномавӣ 211 нафар, шабона 51 нафар, шартномавӣ 51 нафар.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва фаъолияти илмӣ- методӣ

Дар нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2023-2024 донишҷӯёни бахши 3-юм бо маълумоти миёнаи асосии шӯъбаи “Кори ҳамширагӣ” гурӯҳҳои 301 то 311, ки шумораи умумиашон 163 – нафар мебошад ва гурӯҳҳои 301-303 шӯъбаи (шабона), намуди таҳсил кредитӣ, шумораи умумии донишҷӯён 51-нафар, пас аз супоридани санҷишу имтиҳонҳои охири нимсола, мувофиқи нақшаи таълимӣ таҳти фармони №47,№47,/1 аз тарафи роҳбари муассиса тасдиқ шуда буд, ба таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолии (пеш аз дипломӣ) мувофиқи манзилҳои зисташон аз санаи 27.04.2024 то 17.06.2024, ки 42-рӯзи тақвимӣ ва 288-соати таҷрибаомӯзиро дар бар мегиранд, ин ҳам бошад аз фанни “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия, “Кори ҳамширагӣ дар момоӣ” ва “Кори ҳамширагӣ дар бемориҳои кӯдакона” равона карда шуданд. Аз ин шумораи 163-нафар 96-нафараш ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, 30-нафар ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, боқимон+да ба маркази саломатии ҷамоати деҳотҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона карда шудаанд. Гурӯҳҳои бахши 4-уми шӯъбаи “Кори ҳамширагӣ” намуди таҳсил кредитӣ пас аз супоридани санҷишу имтиҳонҳои боқимонда аз гурӯҳҳои 41 то 51А мувофиқи нақшаи таълимӣ ва фармоиши роҳбари муассиса таҳти №47/2 аз санаи 27.04.2024 то 17.06.2024 ба таҷрибаомӯзии (пеш аз дипломӣ) равона карда шуданд. Шумораи умумии донишҷӯён 141 нафар буда, ҳар як донишҷӯй пас аз гирифтани роҳхат ва гузаштан аз муоинаи духтур мувофиқи манзилҳои зисташон ба таҷрибаомӯзӣ равона карда шуданд. Дар охири нимсолаи дуюм, аз таърихи рӯзи 29.06.2024.то 21.07.2024 пас аз супоридани ҳамаи санҷишу имтиҳонҳо донишҷӯёни бахши 3 бо маълумоти миёнаи асосӣ, донишҷӯёни бахши 2 бо маълумоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни бахши 2- юми шӯъбаи Кори ҳамширагӣ бо маълумоти миёнаи умумӣ, гурӯҳҳои шабона ба муҳлати 21 рӯз ба таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ равона карда шудаанд. Пас аз анҷоми таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён аз тарафи беморхонаҳо ва шахсони масъул мувофиқи донишу малакаи худ дар рӯзномаҳо ва хислатномаҳои худ муҳри муассисаҳои табобатӣ ва баҳогузорӣ карда мешаванд. Дар моҳи августи соли 2023 яъне дар аввали соли таҳсил аз тарафи маъмурияти Коллеҷи тибби Д.Д Т.Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дастгирии маъмурияти Б.М.Н Данғара 9-синфхонаи иловагӣ дар Беморхонаи бемориҳои сироятии клиникӣ дар ноҳияи Данғара барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои тахассусӣ таъмин карда шуд, ки ҳар як синфхона дорои 16-ҷои нишаст ва муҷҷаҳаз бо дигар ашёҳои айёнӣ гардонида шуданд. Ҳамарӯза дарсҳои амалии фанҳои тахассусӣ, ки мувофиқи ҷадвали дарси таҳиянамудаи мудири қисми таълим дар соли хониши 2023-2024 дар пойгоои беморхонаҳо берун аз бинои асосӣ коллеҷи тиббӣ мегузарад. Аз тарафи кафедраи фанои тахассусӣ ва муовини директор оиди таълими амалии мудири бахши таҷрибаомӯзӣ назорат карда шуда, дар ҷамъомадҳои назди коллеҷӣ муҳокима карда мешавад.

Дастоварадҳои коллеҷ

Рӯзҳои 15-16 май дар МТМУ №2 маркази ноҳия даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуда гузашт. Дар озмун 22 нафар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса истеъдоди худро нишон доданд. 4 нафар омӯзгорон ва 4 нафар донишҷӯёни КТ ДДТХ ғолиби даври дуюми озмун эълон гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Рӯзҳои 17-18 моҳи август дар шаҳри бостонии Кӯлоб даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни мо, ки ғолиби даври вилоятӣ буданд, иштирок намуданд. Турсунбоев Ҳ, Абдуллоев А – омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ ғолиби даври вилоятӣ гардида, соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ шуданд.

Омӯзгорони кафедраи фанҳои “Табиӣ- риёзӣ” дар асоси нақша- чорабиниҳо корҳоро ба роҳ монда, баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи мақсадноки давлатии омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ҳама чораҳои заруриро андешида баромада истодаанд. Дар давоми соли таҳсили 2023-2024 аз тарафи онҳо ду конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо омӯзгорону донишҷӯёни муассиса бо маърӯзаю баромадҳои ҷолиб диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии хеш дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ – назариявӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ дар мавзӯи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баромад карданд. 5 нафар донишҷӯёни муассиса дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои миёнаи касбӣ аз фанҳои тахассусӣ, ки дар шаҳри Душанбе шуда гузашт, иштирок намуда, 2-нафарашон Ҳикматуллозода Ф. сазовори ҷойи сеюм ва З. Холматова соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Рӯзи 19 май – “Дави миллӣ”, ки дар маркази ноҳия баргузор гардид, омӯзгорону донишҷӯёни КТ ДДТХ низ ширкат варзида, қисме аз онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Яке аз дастовардҳои дигари муассиса ин иштироки фаъолона дар мусобиқаи футболи хурд миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақа, бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мебошад, ки муассиса дар ин мусобиқа ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Дар ин мусобиқа 3 нафар бозингарони муассиса бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Дастовардҳои дигари муассиса, ки аз аввали сол ба даст омадаанд инҳо мебошанд. Аз аввали соли таҳсили 2023-2024 гузаштан ба бинои нави таълимӣ воқеъ дар кӯчаи Кирови ноҳияи Данғара ва ташкили 2 ихтисоси нав (кори фарматсевтӣ ва кори момодоягӣ) дар муассиса мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани малакаҳои амалии донишҷӯён ташкили Маркази омӯзиши симулиятсоинӣ ва бо мақсади пурзур кардани робита бо ҷомеа, тақвият ва тамдиди ҳуҷҷатнигорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассиса ташкил намудани шӯъбаи “Таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа” мебошад. – мегӯяд, Баротзода Амирхон, Директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара.

Китобхона, корҳои тарбиявӣ ва рӯзномаи муассиса

Китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар пойгоҳи бинои асосии муассиса фаъолият намуда, аз 3-толор (толори китобдорӣ, толори хониш бо 60-ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ) иборат аст. Фонди китобхона ба 14975-нусха китоб мерасад, ки аз инҳо 7963-нусха китобҳои тахассусӣ, 5115-нусха китобҳои умумитаълимӣ, 1632-нусха китобҳои бадеӣ ва 261-нусха китобҳои сиёсӣ мебошанд. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи фарҳангию сиёсии донишҷӯён ва бедор кардани завқи онҳо ба китобхонӣ дар назди китобхонаи муассиса 2-маҳфил “Дурахши адаб” ва “Дустдорони китоб” фаъолият мекунанд, ки маҳфилҳо мунтазам бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон гузаронида мешаванд. Аз шумораи умумии 84-нафар омӯзгорони доимӣ 82-нафарашон ва аз шумораи умумии 1453-донишҷӯ 1280-нафарашон аъзои китобхонаи муассиса мебошанд.

Санаи 22.02.2024 дар толори кохи фарҳангии бинои асосии таълимии Коллеҷ чорабинии идонаи фарҳангӣ бахшида ба 32-умин солгарди рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва гурӯҳи донишҷӯён бо маърӯзаҳо, баромаду саҳначаҳои тарбиявӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро шод намуданд. Аз тарафи омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ мусобиқаҳои волейбол (мардона ва занона) ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар санаи 27- уми феврали соли 2024 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи таълимӣ конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Кашофи илми ризоиёт” гузаронида шуд.

Бо расидани фасли баҳор маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса гирду атрофи биноҳои таълимиро бо дарахтони сояафкан ва гулҳои мавсимӣ ороиш дода, дар шанбегиҳо саҳми кормандони муассиса ва коргарони ёрирасон хеле назаррас аст. Бахшида ба Рӯзи Модар 8-уми март дар таърихи 7.03.2024 дар толори фарҳангии муассиса бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад омӯзгорону донишҷӯён дар васфи модар маърӯзаҳо карда, шеърҳо қироат намуданд. Дар охири ҷамъомад сурудҳо дар васфи модар садо доданд. Инчунин дар рӯзи 7- уми март омӯзгорон ва донишҷӯён дар чорабинии рӯзи Модарон, ки дар Қасри Фарҳангии ноҳия шуда гузашт, иштирок намуданд.

Рӯзи 20 -уми март дар муассиса ҷашни Наврӯз бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса бо тайёрии хуб иштирок намуданд. Дар ин чорабини дар саҳни бинои мактаб намоиши ҳунарҳои миллӣ: дастовардҳои донишҷӯён аз ҷумла гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, (қадима, ҳозира), қуроқдӯзӣ, тоқидӯзии занона ва мардона намоиш дода шуданд. Инчунин намоиши ҳафтсин ҳафтшин ва ҳунарҳои кадбонугӣ: суманаки кулчагӣ, кулчаҳои калону майда, таҳмол, орзуқ, шакароб, оши бурида, ойлова, далда, қурутоб, фатирмаска, чанголӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар намоиш гузошта шуданд. Инчунин дар асоси нақша озмуни “Маликаи Наврӯзӣ” ва “Гулбазми Наврӯзӣ” дар байни донишҷӯён гузаронида шуд. Ғайр аз ин омӯзгорону донишҷӯён дар чорабинии Наврӯзии ноҳиявӣ, ки рӯзи 25-уми март дар боғи истироҳатии маркази ноҳия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Пеш аз саршавии соли таҳсил бинои асосии коллеҷ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар гирду атроф ва роҳравҳо гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд. Омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ рӯзи 1- сентябр тариқи намоиши мустақими телевизионӣ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷамъона тамошо намуда, суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро гӯш намуданд. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33- солгагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассиса дар асоси нақша- чорабинӣ 6- сентябр ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд, ки дар он роҳбари муассиса Баротзода А.Х ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда 33- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, қадрдониҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, раиси ноҳияро нисбати омӯзгорон баррасӣ намуд. Дар чорабинии сиёсии ноҳия бахшида ба ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 460 нафар донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷ иштироки фаъолона доштанд.

Моҳи майи соли 2020 рӯзномаи муассиса бо номи “Суфраи Сино” таъсис дода шуд. Ҳарчанд рӯзнома навтаъсис бошад ҳам, аммо то имрӯз бо муҳаририи Ризоев Мирзоқул 4-шумора ба нашр расонида шудааст. Минбаъд тибқи нақшаи дурнамои муассиса дар назар аст, ки фаъолияти рӯзномаро мунтазам ба роҳ монда, дар он мақолаву маърӯзаҳои омӯзгорону донишҷӯён дар ҳар 2-моҳ як маротиба ба табъ расад. Маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара минбаъд низ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳама чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар омодасозии мутахассисони миёнаи тиб ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй кӯшиш менамоянд.

Билоли ШАМС

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь