Маъмурияти беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар дохили бемористон ва гирду атрофи он беш аз 3 ҳазор бех гулҳои рангорангу хушбӯй ва буттаҳои ороишӣ шинонанд. Бо ин мақсад кормандону табибон ва маъмурияти беморхона ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, аллакай садҳо бех гулу гулбуттаҳоро атрофи роҳравҳо ва майдончаҳои махсус шинонида истодаанд.

Умед Раҳимов, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент зимни суҳбат гуфт: “Ҳадаф аз ин гулшинониву кабудизор намудан танҳо зебову обод намудани бемористон нест. Мақсади мо духтурону кормандон фароғати хуби беморон ва сайругашти онҳо дар миёни ин олами зебоиву дилрабои гулҳои гуногуни ба тозагӣ шукуфта ва гулу гулбуттаҳост…”

Ба қавли ӯ, гулҳо дар баробари зебоиву ороиш бахшидан, ҳамзамон хусусияти шифобахшӣ низ доранд. Тамошои сабзаву гул нури чашмро қувват бахшида, асабро ором ва ба ҷисми натанҳо беморон, балки умуман инсонҳо нерӯву фараҳ ва энергияи мусбат мебахшад.

– Соли 2020 дар дохили беморхонаи марказӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии бемористон ба истифода дода шуд. Ин бинои иловагии беморхона замонавӣ буда, барои 200 кат дар масоҳати 11340 м2 ва худи бино 977 м2 иборат аз 4 ошёна ва таҳхона сохта шуд. Роҳравҳои саҳни бино сафолакпӯш карда шуда, аз ду тарафи он бо фаввораҳо ва ҷойи нишасти махсус айвонча барои фароғати беморону корафтодагон муҷаҳҳазонида шудааст. Дар навбати худ ин майдонҳо бо чароғакҳои ороишӣ, махсусан, шомгоҳон чароғон ва фаввораву гулу гулзорҳо зебу оро дода шудаанд. Ҳамаи ин ғамхориҳо танҳо барои табобати хубу фароғати беморон ва дамгириву сайругашти онҳо дар бемористон ба таври ройгон пешбинӣ шудаанд, – афзуд дар охир сартабиби беморхонаи марказӣ Умед Раҳимов.

Бунафша Ҳотамова, ҳамшираи кулли беморхонаи марказӣ иброз намуд, ки барои духтурону кормандони беморхонаи шаҳри Панҷакент баромадан ба ҳашар дар рӯзҳои шанбе чун анъанаи неки ниёкон як кори хайру савобе дониста мешавад. Аз ин рӯ, аз аввали рӯзҳои баҳорӣ ва оғози фасли тобистон мо ҳама дастаҷамъона аз 15 шуъбаҳои мавҷудаи беморхона ба майдончаҳову роҳраву гулгаштҳо баромада, кӯшиш мекунем, ки қитъаҳои мавҷудаи дохили беморхонаро ба гулистону боғистон табдил диҳем.

Як тан аз беморонро, ки худро Бобоҷон Бобозода муаррифӣ намуд, гулгашти бемористонро тамошо карда, иброз намуд, ки оилаи онҳо на танҳо гулдӯст, балки гулпарвар ҳам ҳастанд. “Дар хонаамон мо ҳама гулпарвариро, ки аз падари раҳматиам мерос аст, на танҳо дӯст медорем, балки ин шуғлро идома медиҳем. Аз ин рӯ, гулҳоро дӯст медораму ҳампалатаҳоямро даъват намудам, ки бегоҳиҳо аз чордевори палата ба гулзори зебо бароему аз тамошо ва бӯйи хуши ин гулҳо, бахусус, гулҳои садбарг роҳат кунем ва ҷисмамонро бо ғизои хушбӯиву хушдиливу хушрангӣ як навъ табобати рамзӣ диҳем.” – афзуд Бобоҷон.

Дар ҳамин ҳол духтури дараҷаи олӣ ва табобати рӯҳу узвҳои дарунӣ Аюбҷон Мухторов мегӯяд: “Ҳанӯз пеш аз милод ниёкони мо суғдиён аз гулбаргҳои «маликаи гулҳо» – садбарг равған мегирифтанд. Равғани садбарг пӯстро ҷавону ботароват нигоҳ дошта, давои бисёр бемориҳои пӯст ба шумор меравад. Зимни муолиҷа субҳу шом бо гулоб шустушӯ кардан арақкунии барзиёдро хотима мебахшад. Якчанд барги гули садбаргро ҳар рӯз 2-3 бор ним соат пеш аз ғизо хоида фурӯ бурдан қабзияти меъдаро рафъ месозад. Гули садбарг аз бармаҳал пайдошавии ожангҳо пешгирӣ мекунад. Агар барги гули садбаргро ҷӯшонида, гармогарм ба ҷойҳои варамкардаи бадан банданд, кӯмак мерасонад. Марҳам кардани гули садбарг ба захми кӯҳна сиҳатшавии онҳоро метезонад. Ба сар бастани гули тари он ва ё истеъмоли оби ҷӯшонидааш касро аз сардардӣ раҳоӣ мебахшад. Аз ин боис, сайругашт миёни гулистон барои беморон давоест беҳтарин. Онро ароматерапия низ мегӯянд, ки барои инсонҳо чӣ дар табобату оромиши рӯҳи инсон хеле муфид аст.” – мегӯяд ӯ.

Ба андешаи Фирдавс Юсуфов, мудири шуъбаи амрози қалбу рагҳои бемористони марказӣ “бӯидани гулҳо, бавижа навъҳои гуногуни гули садбарг ба майна ва дил қувват мебахшад. Истеъмоли гули садбарг чун чой ё тарзҳои дигар табобати дилро қавӣ, задани набзро муътадил ва кайфияти инсонро чоқ менамудааст. Бинобар ин, мо духтурун дар як ҷаласа бо сарвари сартабиб тасмим гирифтем, ки бемористонро гулистон ва ба ин восита дар истироҳату боло бурдани кайфияти табибон кори неке анҷом диҳем” – илова намуд ҷаноби Юсупов.

 Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь