Сарфи назар аз баъзе камбудиҳои ҷузъӣ, соҳаи тандурустии кишвар сол то сол рушд карда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ барои шаҳрвандон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонии саломатии аҳолии мамлакат як қатор нақша-чорабиниҳо ва ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намудааст, ки бешак дар таъмини бештари солимии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” аз чунин иқдомотест, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар моҳи марти соли 2017-ум ба тасвиб расонида ва тамоми сохторҳои соҳаро муваззаф ба иҷрои бечуну чарои он намудааст. Дастури мазкур аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2010-2020 маншаъ мегирад, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат 2-юми августи соли 2010 ба тасвиб расидааст.

Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ низом, муносибат ва усули ягонаи фаъолиятро дар сатҳи ҷомеа доир ба саломатӣ дар асоси принсипҳои шарикӣ байни системаи тандурустӣ ва ҷомеа дар навоҳии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Он ба васеъ сохтани имконият ва ҷалби ҷомеа ба масъалаҳои саломатӣ нигаронида шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар амалисозии чунин барнома авлавиятро ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим (МТТҲС)-и шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ додааст, ки муассисаҳои асосии кор бо ҷомеа мебошанд. Гуфта мешавад, ин муассисаҳо “ба эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ, вусъат додани муносибатҳо, ҳамчунин бо иштирок ва мусоидати ҳама шарикон бештар мувофиқ мебошанд”.

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов, ки 41 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тандурустӣ дорад, мегӯяд, айни ҳол дар ноҳияи Файзобод 60 дастаи ҷомеавӣ дар назди 16 маркази саломатии деҳот фаъолият доранд: «Ин дастаҳо дар асоси дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст, ташкил гардидаанд. Дастаҳои ҷомеавӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ дар деҳот метавонанд як-ду ё зиёдтар бошанд. Шумораи аъзои дастаҳо аз 9 то 13 нафарро дар бар мегирад. Гуруҳҳо ихтиёрӣ аз ҳисоби нафарони фаъоли касбу кори гуногун ва ё занҳои хонашин (ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ), ки суханашон миёни сокинон таъсир дорад, ташкил мешаванд ва онҳо аз байни худ як нафарро роҳбар интихоб мекунанд».

Ба гуфтаи номбурда, чунин гуруҳҳо аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Файзобод аз соли 2014 инҷониб фаъолият карда истодаанд, вале он замон ягон фармоиш ё дастур набуд: “Пас аз он, ки ҳуҷҷати нормативӣ, яъне дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ пайдо шуд, фаъолиятамонро дар асоси тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби вазорат ба роҳ мондем”.

Рустам Аҳмадов мегӯяд, вазифаи дастаҳои ҷомеавӣ аз он иборат аст, ки аъзо дар бораи бемориҳо ва роҳҳои пешгирии он бо мардуми маҳалашон суҳбат мекунанд, инчунин, зимни дарёфти гумонбарони бемориҳои гуногуни сироятӣ барои роҳнамоии онҳо ба марказҳои саломатӣ мусоидат менамоянд ва бояд дар баргузории чорабиниҳо вобаста ба масъалаҳои саломатӣ фаъол бошанд: “Чунин дастаҳо ихтиёрӣ ташкил карда мешаванд ва касе ба онҳо ҳуқуқи додани фармон ё супоришро надорад. Онҳо бе гирифтани ягон маблағ, ройгон фаъолият мекунанд”.

– Бо роҳбарони дастаҳои ҷомеавӣ бевосита фасилитатор кор мебарад. Ба сифати фасилитатор яке аз кормандони маркази саломатии деҳот, коргари миёнаи тиб амал мекунад. Ин нафар бо аъзои дастаҳои ихтиёрии ҷомеавӣ омӯзишҳо гузаронида, онҳоро бо намудҳои бемориҳои сироятӣ ва аломату нишонаҳои он шинос месозад. Дастаҳои ҷомеавӣ дар деҳаҳои худ бо мардум сарукор гирифта, ба таври оддӣ ва мухтасар дар бораи бемориҳо, аломату нишонаҳо, роҳҳои гузаришу пешгирии беморӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба масъалаҳои саломатӣ суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Аъзои дастаҳо дар бораи ягон бемории пайдошуда миёни занҳое, ки ба ягон муносибат дар хонае ҷамъ мешаванд ва ё миёни духтароне, ки лаби ҷӯй барои об гирди ҳам меоянд, на ба таври лексия, балки кӯтоҳу мухтасар фаҳмондадиҳӣ карда, тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо гардидани аломат ва нишонаи ягон беморӣ дар онҳо, сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Шиори дастаҳои ҷомеавӣ “Аз одамон, барои одамон, бо одамон!” аст, яъне аз одамон – аз ҳисоби аҳолии деҳа интихоб карда мешаванд, барои одамон – ихтиёрӣ ба хотири беҳтарсозии саломатии аҳолии деҳа кор мекунанд, бо одамон – барои фаъолияти дастаи ҷомеавӣ бояд дигар аъзои ҷомеаро ҷалб намоянд. Аз корманди соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ даҳ дарсади солимии мардум вобаста аст, вале 90 фоизи дигараш ба худи мардум бастагӣ дорад. Мардум оддитарин тарзи зисту пешгирии бемориҳоро бояд донанду ёд гиранд,- гуфт Аҳмадов.

Яке аз мисолҳои оддие, ки масъули бахши ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод дар муқоиса ба солҳои қаблӣ вобаста ба фаъолияти дастаҳои ҷомеавӣ матраҳ кард, ин буд, ки чанд соли фаъолияти дастаҳо нишон дод, сатҳи таваллуди занҳо дар таваллудхонаҳо ба 97 дарсад расидааст. Ин дар ҳолест, ки замони шӯравӣ ин раванд 50-60 фоизро дар тамоми ноҳия ташкил медодааст.

– Ин самараи шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ мебошад. Дар масъалаи эмкунии кӯдакон низ мушкилӣ вуҷуд надорад. Қариб 97-98 фоизи онҳо бемамоният ва дар муҳлати муайян ройгон эмунизатсия карда мешаванд. Ин хизмати холисонаи сохтори тандурустӣ ва ҷомеа мебошад,- гуфт дар хулосаи суҳбат Рустам Аҳмадов.

Мудири бунгоҳи тиббии деҳаи ҳамноми ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод Зарафшон Нозимова, ки ҳамчун фасилитатор ду сол боз фаъолият дорад, мегӯяд, бо ташкили дастаҳои ҷомеавӣ корашон хеле осону судманд гардидааст. Ба гуфтаи номбурда, дар деҳаашон 6 дастаи иборат аз 9-11 нафар фаъолият дорад, ки ҳудуди 60-65 нафар зану мард, аз қабили муаллиму муаллимаҳои мактаб, муллои деҳа ва аксаран занони хонашинро дар бар мегирад.

– Пештар аз ҳомиладории занҳои деҳа замоне огоҳ мегардидем, ки аллакай 19-20 ҳафтаи ҳомиладориро пушти сар кардаанд, вале айни замон хеле хуб шудааст. Аъзои дастаҳо дар суҳбатҳое, ки бо аҳолӣ ҳар рӯз доранд, аз ин ҳолатҳо огоҳ мешаванд ва ба зани ҳомиладор маслиҳат медиҳанд, ки сари вақт ба маркази саломатӣ муроҷиат кунад ва ё омада моро огоҳ месозанд. Феълан занҳои маҳаллаи мо хеле фаъол шудаанд. Дар вохӯриҳо ба ҳар як оила брошураҳо оид ба ҳама намуди бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО, гепатитҳо тақсим кардем. Натиҷаи ҳамин гуна суҳбату вохӯриҳои мо бо гуруҳҳои ҷомеавӣ аст, ки занҳо дар рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ аллакай ба бунгоҳи тиббӣ муроҷиат мекунанд ва сари вақт ба қайд гирифта мешаванд. Дар деҳаи Қалъаи Дашт нуқтаи ширфурӯшӣ вуҷуд дорад. Ҳар саҳар аксари занҳои деҳа баъди ҷӯшидани гов, то омадани мошини ширхар ҷамъ мешаванд ва ҳама хабарҳои деҳаро ба ҳам мерасонанд ва мо аз онҳо мефаҳмем, ки келини кӣ ҳомила асту кӣ ба кадом беморӣ гирифтор шудааст,- гуфт Зарафшон Нозимова.

Рӯзихол Давлатова бо таҷрибаи 31-солаи омӯзгории фанни биология ва забони русӣ дар мактаби рақами 41-и деҳаи Қалъаи Дашт, ҳамчун зани фаъол 3 сол боз роҳбари дастаи ҷомеавии “Дурахшон” аст. Ӯ мегӯяд, гуруҳаш аз 9 нафар – ду мард ва 7 зан иборат буда, оид ба бемориҳо миёни аҳолии деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

– Дар ягон маъракаву маросимҳо ҷамъ шавем, ҳатман ба занҳо таъкид мекунем, ки дар сурати бемор шудани худ ва ё кӯдакони хурдсолашон ҳеҷ гоҳ ба худмуолиҷакунӣ даст назананд ва ҳатман ба духтурони бунгоҳи саломатии деҳа муроҷиат кунанд. Муллои деҳа Сафаралӣ Давлатов низ бо мо ҳамкорӣ мекунад ва дар намозҳо ба сокинони деҳа дар масъалаи саломатӣ сухан мегӯяд,- гуфт Р. Давлатова.

Ба гуфтаи ин зани фаъол, ӯ аз рӯи масъулият чунин суҳбатҳоро бо мардум на танҳо дар деҳаи худ, балки деҳаҳои дурдасти навоҳии дигар низ гузаронидааст: «Соли гузашта ба қишлоқи дурдасти “Деҳманоро”-и ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба тӯйи яке аз хешовандон рафтам. Он ҷо ҳам миёни занҳо дар масъалаҳои иҷтимоии хушдомандорию келиндорӣ ва саломатии онҳо, бемориҳо, роҳҳои пешгирӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба табибон суҳбат кардам, ки хеле хуб қабул карданд. Яке аз мушкилоти занҳо дар ин минтақа суст будани фаъолияташон назар ба мардҳо аст. Онҳо ҳама корро ба мардҳо ҳавола мекунанд ва дар байни омма баромада гап зада наметавонанд. Дар суҳбат бо хушдоманҳо гуфтам, ки бояд ба келинҳо фишор наоранд, то онҳо пушаймон нашаванд, ки дар чунин оила афтодаанд. Ҳамчунин гуфтам, ки занҳо бояд фаъол бошанд, дар сурати бемор шудани тифлон ба худмуолиҷа машғул нашуда, бояд худ ба ҳамшираҳои тиббӣ муроҷиат кунанд. Дар ин ҷо аксари оилаҳо ба ваксинаҳое, ки ба тифлон бояд ҳатман гузаронида шавад, бепарвоӣ карда, онро сарфи назар мекардаанд. Умуман, дар бораи бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он ҳар чизе, ки медонистем, ба мардум фаҳмондем».

Директори маркази саломатии деҳаи Сафедорон, ҷамоати деҳоти “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ Умрон Ятимов дар суҳбат гуфт, дастаи ҷомеавӣ аз ҳисоби сокинони фаъол дар деҳаи онҳо низ чанд сол боз фаъолият карда истодааст. Ба гуфтаи номбурда, ба ин даста дар қатори сокинон чанд нафар омӯзгор, кормандони боғчаи бачагонаи деҳа низ шомиланд: «Онҳо миёни аҳолӣ, хонандагони мактаб, кӯдакони боғча дар масъалаи беҳдошт, тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, шустани дастҳо қабл аз тановули хӯрок, истифодаи кадом навъи маҳсулоти фоидабахши маҳсулоти хӯрокворӣ суҳбатҳо доир мекунанд. Фаъолияти даста барои пайдову роҳнамоӣ кардани бемориҳои сироятӣ низ назаррас аст».

Лозим ба ёдоварист, ки Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар баробари доштани фаъолияти назаррас миёни ҷомеа, баргузории тренингу омӯзишҳоро миёни рӯзноманигорон бар роҳ мондааст. Зимни чунин чорабиниҳо масъулин донишу малакаи рӯзноманигоронро дар масъалаҳои саломатӣ беҳтар сохта, барои инъикоси ҳарчи хубтару беҳтари он дар расонаҳо мусоидат мекунанд. Ин аст, ки тӯли солҳои 2017-2018 масъулини ин марказ чандин тренингҳои омӯзишӣ баргузор карда, барои ҳавасмандсозӣ миёни рӯзноманигорон озмунҳо эълон карданд ва ғолибону ширкаткунандагонро бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз намуданд.

 

Шаҳлои СОДИҚЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь