Пас аз ҳукм дар бораи ҳабси абад ҳаёт чӣ маъно дорад?

Дар рӯзҳое, ки Иди Ғалаба таҷлил мешуд, аввалин фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерали собиқ Ғаффор Мирзоев (машҳур бо лақаби “Седой”) пас аз 20 соли маҳбас,  зимни пешниҳоди номае ба Рустами Эмомалӣ дархост намудааст, то ҳукми ӯро бозбинӣ кунанд. Зимнан, “Ғаффор седой” бори аввал ҳам нест, ки нома менависад ва афв, ё бахшиши гуноҳ мехоҳад. Пештар ба Президенти Тоҷикистон номаҳо дошт, ин бор зарур донистааст, ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ нависад. Як вақтҳо писари ӯ Абдусалом Мирзоев гуфта буд, номаву дархостҳои зиёдашон метавонад аз ҷониби мақомоти ҳукумат нодида гирифта шавад, ё ба он аҳамият надиҳанд: 

– Вале ҳадаф ёдоварӣ аз ҳуқуқи инсон аст ва падари ман танҳо яке аз намунаҳо аст, – изҳор дошт ӯ.

Ғаффор Мирзоев ҳамеша дар номаҳои худ хизматҳои анҷомдодааш дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро зикр мекард ва мехост гуноҳҳояш афв шаванд. Ин бор муҳтавои нома як қадар оҳанги ноумедӣ дорад, чун дар меҳвари мактуб синну сол ва бемориҳои ин шахсияти дар гузашта машҳур оварда мешавад.

Бо арзёбии ҳамин мактуби генерали собиқ мешавад ба ин мавзуъ баргашт, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ муҳокима нашудааст. Яъне, ҷазо дар шакли ҳабси абад, ки ба ҷои ҷазои қатл қабул шуд, чӣ маъно дорад? Ин ба он маъност, ки нисбат ба ҳар касе дар Тоҷикистон ин ҳукм раво дониста шуд, ӯ бояд тамоми умрашро дар маҳбас гузаронад? Дар кишварҳои дигари дунё ҳабси абад чӣ гуна татбиқ мешавад?

Онҳо феълан тақрибан 100 нафаранд…

Вақте ин мавзуъро пайгирӣ мекунем, бояд дар назар дошт, ки сухан дар бораи ҳудуди 100 нафаре меравад, ки тайи 20 соли ахир шояд барои ҳамеша ба зиндон фиристода шудаанд.  Дар миёни онҳо аксаран шахсони шинохташуда, аз ҷумла, Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи пешини Горди Миллӣ, Сӯҳроб Лангариев – бародари фармондеҳи таъсиргузори Фронти Халқӣ, Лангарӣ Лангариев, Нурмуҳаммад Сафаров – писари роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров, Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит – муовинони раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва чандин нафари дигар ҳастанд…

Маълумоти дақиқ дар бораи теъдоди зиндониёне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, вуҷуд надорад. Бори аввал октябри соли 2013 вазири вақти адлия Рустами Шоҳмурод зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон теъдоди маҳбусони маҳкум ба ҳабси абадро 50 нафар гуфта буд. Июли соли 2017 маълумоте нашр шуд, ки дар маҳбасҳои кишвар 80 нафар бо ин ҷазо зиндонианд. Тибқи ахбори ахир соли 2022 ба ин теъдод 14 нафари дигар зам шуд, ки 10 нафари онҳо ба ҳаводиси ВМКБ иртибот доштанд. Дар маҷмуъ, омор бозгӯӣ аз он дорад, ки теъдоди чунин маҳбусон дар ҳоли афзоиш аст.

Мавқеи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба чунин қазияҳо ин аст, ки парвандаҳо дар доираи қонун баррасӣ шуда, хулосаи созмонҳои байналмилалиро ба назар гирифтаанд. Вагарна, ба гуфтаи масъулони ҳукумат, 20 сол пеш онҳо ҳақ доштанд ба ҷиноятҳое, ки масалан Ғаффор Мирзоеву одамоне мисли ӯ гумонбар мешаванд,  ҷазои қатл содир кунанд. Аммо, агар фақат парвандаи генерали собиқро бигирем, созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба он назари дигар доранд. Ду сол пеш Гуруҳи кории Созмони Милали муттаҳид, ҳатто аз Ҳукумати Тоҷикистон хост,  ӯро аз зиндон раҳо кунанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, таҳқиқашон нишон додааст, ки  “ҷараёни боздошту ҳабс, эълони ҳукм ва муҳлати нигаҳдории Ғаффор Мирзоев бо нақзи фаровони қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст”.

Ба таъкиди радиои “Озодӣ” яке аз танқидҳои асосии гуруҳи кории СММ ба муҳлати ҳабси Мирзоев ва мутобиқ набудани он ба қонунҳои кишвар рабт мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки замони ҳабсу эълони ҳукми Мирзоев ба ҳукми қатл мораторий эълон шуд, аммо ҳабси абад, ки то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекард, пойбарҷо буд. Бар асоси ин ҳисобҳо ва маҷмуи иттиҳомоти мақомот, ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ ба хулосае омадаанд, ки додгоҳ бояд ӯро ба 15 сол зиндон ҳабс мекард ва ӯ 6-уми августи (рӯзи боздошташ дар соли 2004) соли 2019 озод мешуд. Гуфта мешавад, дар сурати татбиқ шудани меъёри 25 сол зиндон ҳамчун муродифи ҳукми абад санаи озод шудани ӯ соли 2029 фаро мерасад.

Аммо ин ягона муаммои вобаста ба ҳабси абад дар Тоҷикистон нест. Ҳарчанд дар посухи ҳукумат ба СММ дуруст будани ҳисобу китобҳои мӯҳлати ҳабси Ғаффор Мирзоев таъкид шудааст.

Тақрибан дар ҳамон давра, ки ин генерал маҳкум ба ҳабси абад шуд, нафари дигаре, ки метавонист ба ҷазои қатл ҳукм шавад, Ёқуб Салимов – аввалин вазири корҳои дохилии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия ва сардори Хадамоти гумрук буд, ки тобистони соли 2003 дар Русия боздошт ва баъдан ба Тоҷикистон оварда шуд. Ниҳоят 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ, суистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин миён нисбат ба ӯ ду бор қонуни афв татбиқ  ва муҳлати ҷазояш кам гардид. Дар натиҷа Ёқуб Салимов баъди 13 соли зиндон, 21-уми июни соли 2016, ба озодӣ баромад. Ҳоло ба корҳои мулкӣ машғул буда, ҳатто чанд бор худро ба сифати як фарди фаъоли ҷомеа аз паҳлӯи мусбат муаррифӣ намуд.  Дар назардошт бо ин, таҳлилгарон мегӯянд, ҳабси абад метавонад дар Тоҷикистон бозбинӣ шавад, чун одамоне, ки беш аз 10 – 15 сол дар маҳбас буданд, аллакай барои худ хулосаҳои зарурӣ ҳосил кардаанд…

“Зиндаи мурда дар зиндон”?

Воқеан, бо гузашти 20 сол, ки дар кишвар ҷазои қатл нест ва ҳукми олитарин ҳабси абад аст, ҳодисаи фавқулоддае пеш наомад: кадоме аз маҳбусин афву бахшиш нашуд, ё дар зиндон нафавтид, аммо ин маъноеро надорад, ки суолу баррасиҳо дар ин мавзуъ пайдо нашудаанд.

Суоли аввал ҳамин аст, оё ин тақрибан сад нафар акнун то охири умр дар маҳбас боқӣ мемонанд? Агар чунин аст, ҳабси абад аз ҷазои қатл чӣ тафовут ва бартарӣ дорад?

Дар посух ба ин суол ҷавобҳои гуногун ҳосил шудааст. Ҷонибдорони ҳабси абад мегӯянд ин намуди ҷазо аз лиҳози ҳуқуқи инсон нисбат ба ҷазои қатл бештар инсондӯстона аст.

Бархе дигар ин навъи ҷазоро “зиндаи мурда дар зиндон” ном бурдаанд. Баъзеи дигар ин намуди ҳабсро ба рӯзҳои вазнини пандемияи соли 2020 монанд мекунанд, ки одамон ҳарчанд дар озодӣ буданд, аммо маҳдудияташон аз маҳбас ягон фарқ надошт. Ин ҳолатро акнун ба онҳое муқосиа намоед, ки боқимондаи умри худро бояд танҳо дар маҳбас паси сар кунанд. Онҳо ба чӣ умед мебанданд ва руҳияашон чӣ гуна мешавад?

Дуруст аст, ки маҳбасҳоро аслан муассисаҳои ислоҳӣ меноманд, яъне, одам дар зиндон бояд ислоҳ шуда, зиндагии минбаъдаи худро дигаргуна ба роҳ монад, аммо нафаре, ки боқимондаи умрашро бояд дар зиндон гузаронад, чӣ гуна ва барои кӣ ислоҳ мешавад?

Ин ҳама саволу баррасиҳо посухи якхела надоранд. Ҳатто созмонҳои байналмилалӣ, ки солҳои пеш аз истифодаи ҳабси абад ба ҷои ҷазои қатл изҳори хушҳолӣ мекарданд, ҳоло онро ҷазои бисёр сахт ва ба ҳуқуқҳои инсон нораво меҳисобанд.  Масалан, соли 2019 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳабси абадро дар шакле, ки муҳлаташро кам кардан имкон надорад, поймолсозии ошкори ҳуқуқи инсон эълон кард. Намояндагони ин созмон изҳор намуданд, ки “ваколатҳои президентӣ барои бахшиши гуноҳ аз замони подшоҳӣ фарқ надорад” ва ҳукуматҳо бояд барои бознигарии ҳабси абад дар ҳолатҳои муайян тадбир андешанд, қонунгузориашонро тағйир диҳанд.

Суди конститутсионии Олмон, ҳабси абадеро, ки имкони озодшавиро таъмин намекунад, мухолифи принсипи шарафи инсонӣ донист. Ба иддаои ин созмони аврупоӣ “ин маъноеро надорад, ки ҳама маҳбусон бояд озод шаванд, аммо ҳар зиндонӣ бояд имкон дошта бошад, ки ба озодӣ барояд, агар маълум шавад, ки барои ҷомеа хавфнок нест”. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки изҳори пушаймонӣ аз содир кардани ҷиноят, ё дархости бахшиши гуноҳ, ки дар баъзе кишварҳо ҳоло асосӣ дониста мешавад, набояд шарти озодшавӣ бошад.

Ҷонибдорони ҳабси абад ба ҷои ҷазои қатл, пеш аз ҳама инро асос медонанд, ки агар дар ҳукм иштибоҳе пеш омада бошад, баъдтар метавонад ислоҳ гардад, ё агар маҳкумшуда бо гуноҳи сиёсӣ паси панҷара рафтааст, бо иваз шудани ҳукумат, ё тағйири ҳолат имкон дорад аз маҳбас раҳо шавад. “Ин беҳтар аз ҳазорон ҳолатест, ки одамон ҳангоми мавҷудияти ҷазои қатл ҷони худро барои ҳамеша аз даст додаанд, ҳарчанд баъдан сафед ҳам шуда бошанд”, -мегӯянд онҳо .

Агар “Ғаффор-седой” дар зиндони Покистон “Қуръон”-ро ҳифз мекард…

Дар ҳамин ҳол, ҳабси абад дар бархе кишварҳо ба маъное ҳам нест, ки маҳбусон тамоми умри боқимондаи худро пушти панҷара паси сар мекунанд. Дар ин кишварҳо қонунгузорӣ метавонад муҳлати муайянеро мушаххас кунад, ё шарту ҳолатҳоеро пеш гузорад, ки бо риоя шуданашон зиндонӣ тавонад пеш аз муҳлат раҳо гардад. Дар бархе кишварҳо ин муҳлат 10 солро ташкил медиҳад (масалан дар Австралия), дар баъзе 15 сол (масалан Австрия, аммо агар маълум карда тавонанд, ки маҳбус дигар ҷиноят содир намекунад), дар Озарбойҷон пас аз 25 соли ҳукм. Ғайр аз ин, президенти ин кишвар ҳақ дорад маҳбуси якумраро дар ҳар замон бахшад. Дар Арманистон пас аз 20 соли зиндон ва ҳатто онҳое, ки бо гуноҳи терроризм маҳкум шудаанд, пас аз 30 сол ба озодӣ бароянд.

Дар Ҳиндустон зери мафҳуми ҳабси абад муҳлати аз 14 то 100 сол фаҳмида мешавад. Дар Индонезия ин муҳлат метавонад 5 сол бошад, аммо он то 20 сол ҳам дарозо доштанаш мумкин аст. Пас аз 10 сол (ё 8 сол бо рафтори хуб) ба маҳбуси итолиёӣ иҷозат медиҳанд, ки берун аз маҳбас кор кунад, ё 45 рӯзи як солро дар хонааш сипарӣ намояд. Ҳамвора, пас аз 26 соли зиндон (ё пас аз 21 соли рафтори хуб), маҳбуси итолиёвӣ метавонад озод шавад. Ҳатто дар Чин, бо вуҷуди сахтгириҳо, маҳбус имкон дорад пас аз 10 сол ба озодӣ барояд. Дар Покистон – пас аз 25 сол. Ғайр аз ин, дар ин кишвар ҳукм метавонад сабук шавад, агар ҷинояткор аз 4 се ҳиссаи Қуръонро ҳифз кунад. Дар Ӯзбекистони ҳамсояи мо низ пас аз 25 сол зиндонии ба ҳабси абад маҳкум метавонад ба озодӣ барояд. Дар Фаронса бошад, ин намуди маҳбус, ҳатто бо сабаби беморӣ метавонад пеш аз муҳлат раҳо шавад.

Аммо дар Тоҷикистон барои чунин маҳбусон озодӣ муқаррар нашудааст. Коршиносони наздик ба ҳукумат зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки таҷрибаи кишварҳо дар самти татбиқи ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ фарқ мекунад. “Зеро, бояд маҷмуи ҷиноятҳо муқоиса карда шавад, ки шахс барои кадом ҷиноят ҷазо гирифтааст” мегӯянд онҳо.

Зимнан, тибқи талаботи банди 2-и моддаи 58(1) -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолагӣ расидаанд, таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86)”.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ҳарчанд дар қонун ин зикр нашудааст, аммо аз нигоҳи назариявӣ маҳбуси маҳкумшуда ба ҳабси абад танҳо дар ҳолати бахшиши гуноҳ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон озод шуда метавонад.  Он чи ки то имрӯз иттифоқ наафтодааст. Айни ҳамин кор дар Туркманистони ҳамсоя мебошад.

Ҳабси абад? Не! Аммо аз 20 то 110 соли зиндон!

Ғайр аз ин, кишварҳое ҳастанд, ки дар қонунгузориашон ҳабси абад умуман нест, вале дар онҳо ҳабс бо солҳои муайяни тӯлонӣ муқаррар шудааст. Аз ҷумла:

20 сол – Исландия

21 сол – Норвегия

25 сол – Андорра,  Португалия

30 сол – Боливия, Бразилия, Венесуэла, Доминакан, Конго, Макао, Мозамбик, Никарагуа, Уругвай

35 сол – Ватикан

40 сол – Гондурас, Сербия, Хорватия, Черногория

50 сол –  Гватамела, Панама

60 сол – Колумбия

70 сол – Мексика

75 сол – Салвадор

95 – 110 сол –  Эквадор

Соли 2025 соҳиби маҳбаси алоҳида мешаванд. Баъд чӣ?

Тоҷикистон дар ин бист сол танҳо як бор ба баррасии мавзуи ҳабси абад баргашт ва он ҳам 11 сол пеш – 10 октябри соли 2013.  Он замон Маҷлиси намояндагон ба Кодекси иҷрои ҷазо ислоҳот ворид намуд ва эълон гардид, ки аз ҷумла ба маҳбусони ҳабси якумра акнун бархе сабукиҳо медиҳанд. Яъне, акнун ин гуруҳи маҳбусон дар як сол ҳуқуқ доранд чор баста-дастовез, чор фириста гиранд ва бо хешу ақрабо ду маротиба мулоқот (он ҳам аз пушти шиша) намоянд. Пештар онҳо дар давоми сол танҳо ба гирифтани ду баста ё дастовез,  ду фириста ва як мулоқоти кӯтоҳмуддат ҳуқуқ доштанд.

Ин тағйирот ба қонунгузорӣ эҳтимол дар паи эродҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, ки мегуфтанд ҳарчанд теъдоди маҳбусони якумрӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст, аммо барои онҳо шароити мувофиқ фароҳам нашудааст. Аз ҷумла, дар кишвар зиндони махсуси баробар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Зимнан, ҳукумат чанд сол боз дар гузоришҳояш ба СММ аз тасмим дар бораи сохтмони маҳбаси алоҳида барои маҳбусони якумрӣ хабар медиҳад. Интизор меравад сохтмони ин зиндон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ соли пешорӯи 2025 анҷом ёбад.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони нафароне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ҳамеша аз шароити номаълуми онҳо, ё мушкилоти хосашон изҳори нигаронӣ кардаанд. Масалан, Ғаффор Мирзоев соли 2020 шикоят карда будааст, ки ӯро бо рақибони собиқаш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар як ҷой нигоҳ медоранд:

– Бо онҳо баҳс мекунад. Таънааш мекунанд, ки дар ҷанг аз тарафи ҳукуматро гирифтанат чӣ фоида дидӣ? Ғаффор хомӯш намеистад ва ҳанӯз дар ҳамон ақидаи пешинааш ҳаст, вале гуфт, ки аз таънаҳо хаста шудааст. Мехоҳад парвандаашро аз сар баррасӣ кунанд ва ӯро то баррасии парвандааш аз боздоштгоҳ “СИЗО” ба дигар ҷой баранд,- гуфт буд хоҳари ӯ Оиша Мирзоева ба хабарнигори “Озодӣ” чор сол пеш.

Ҳоло бошад, ба гуфтаи хоҳараш аз шароити зиндон розӣ аст, аммо мехоҳад ҳукмашро бозбинӣ намоянд:

– Агар пештар дар ним сол як дафъа хӯрок мебурдем, ҳоло ҳар се моҳ мебарем. Қаблан дар як сол ду маротиба мулоқот мекардем, ҳоло се маротиба мебинем.

Дар ҳамин ҳол, наздикони муовини собиқи раиси ҲНИТ (ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъ) Маҳмадалӣ Ҳайит, ки 9 сол пеш ба ҳабси абад маҳкум шудааст, борҳо ба хабарнигорон аз вазъи сиҳативу шароити нигаҳдории ӯ шикоят кардаанд. Ҳамон тавре писараш Фирӯзи Маҳмадалӣ гуфтааст, маҳбусони якумрӣ бар иловаи сахт будани низоми нигоҳдорӣ боз ҷазоҳое мегиранд, ки ба сабаби пӯшида будани зиндонҳо маълумот дар бораашон бисёр кам аст:

  • – Вазъи нигаҳдории падарам ва шахсоне, ки ба монанди ӯ ҳукм гирифтаанд, аз зиндониёни дигар ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, дар як утоқ шумораи муайяни зиндониён, ки камтар аз 3-4 нафар аст, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар 6 моҳ як дафъа наздикон падарро аз пушти шиша дида метавонанд, ки вақти он ҳам бисёр маҳдуд аст, – гуфтааст ӯ ба “Озодӣ”.

Ин сару садо дар ҳолест, ки моддаи 134.1.-и Кодекси иҷрои ҷазо талаботи дигар дорад:

“Маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст, дар камераҳо, аз рӯи қоида, на зиёда аз дунафарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи хоҳиши маҳкумшудагон ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти шахсии маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо дар камераҳои якнафара мумкин аст”.

Ҳамчунин тибқи банди дуюми ҳамин модда маҳкумшудагон ба сайру гашти ҳаррӯзаи давомнокиаш то якуним соат ҳуқуқ дошта, ҳангоми нишон додани рафтори хуб бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ мумкин аст давомнокии сайру гашти онҳо то ду соат дароз карда шавад.

Қонунгузорӣ сабукиҳои дигарро ҳам пешбинӣ кардааст. Масалан, дар сурати рафтори хубу намунавӣ метавонанд маҳбусро ба шароити андак беҳтар, ё он тавре дар қонунгузорӣ ишора шудааст – “беҳбудигардонидашудаи адои ҷазо”, гузаронад. Аммо дар сурати дубора вайрон кардани тартибот, ба шароити муқаррарии адои ҷазо гузаронида шуда, танҳо баъди панҷ соли ҷазо такроран ба шароити беҳбудгардонидашуда имкони баргаштан доранд.

Хулоса, ҳоло ба назар мерасад, ки тақдири маҳкумшудагон ба ҳабси абад дар ҳамон даврае ях кардааст, ки ҳукми онҳо содир шуд. Акнун онҳо гӯё танҳо ҷисми зиндаи ҳаёти пешинаи худанд. Аммо дар ҷаҳонбинӣ ва бардоштҳои онҳо аз ҳаёт ва марг, оё чизе тағйир ёфт?

Ин аст суоли асосие, ки ҳам худи маҳбусон ва ҳам дигарон бояд посух ёбанд, хоса, вақте мавқеи худро дар робита ба боқӣ мондан ё намондани ҳабси абад дар шакли мавҷуда маълум карданӣ мешаванд…

Раҷаб Мирзо

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь