Оё сардори нави РКВД ба мақоми пасттар таъйин шуд?
Таъйин шудани генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода ба сифати сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шояд барои бархе одамон як ротатсияи корист, аммо дар доираҳои таҳлилӣ ин хабарро ҷиддитар ҳам баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад ҳатто аз нигоҳи мақом (статус) масъулияти пешини ӯ ҳамчун сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ баландтар ба назар мерасид. Ба ҳар сурат, дар доираҳои касбӣ мегӯянд аз нисф зиёди кори ВКД маҳз аз ин ниҳод вобастагӣ дорад.
Ин иддао ҳам ҳаст, ки Саидзода дар мақоми қаблии худ ҳама рисолати ба зиммаш гузоштаро ба пуррагӣ иҷро кард. Дар натиҷа, ғайр аз масъулиятҳои амалии Раёсати кофтукови ҷиноӣ ҳамчунин баъзе иқдомоти барои ҳукумат муҳимро ҳам амалӣ намуд. Чун дар ин давра яке аз мушкилоти асосии ҳукумат бо “мухолифони хориҷӣ ва интернетиаш” – гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон буд, генерали ҷавон барои то андозае коҳиш додани вазъ дастболо шуд: бо роҳи созиш барои ба Тоҷикистон овардани як миқдори ин гуна одамон муваффақ гардид, барои дар хориҷа боздошт шудану ба Душанбе интиқол гардидани гурӯҳе, аз ҷумла саҳми Саидзодаро махсус зикр мекунанд, бо истифода аз “усулҳои дохилӣ” хеле хапу хомӯш кардани бархе мухолифони сарсахти дар кишварҳои аврупоӣ қарордоштаро ҳам кори дасти ӯ медонанд…
Воқеан, Шоҳрух Саидзода аз ҷумлаи камтарин мансабдорони муҳимест, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук бо ному насаби худаш вохӯрдан мумкин. Борҳо шоҳид шудаем, ки одамон ба ӯ барои ҳалли ин он мушкилашон муроҷиат мекунанд ва андактар мебинем, ки ин одамони корафтода менависанд: “Шоҳрух Саидзода арзамро хонд ва навишт, ки ба бачаҳо супориш додам, аз натиҷааш Шуморо огоҳ менамоем”.
Баъдан инро ҳам аз одамони сатҳу мақомашон гуногун шунидем, ки ба унвонии ин масъули Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намудаву гуфтанд: “Дар муддати кӯтоҳ ҷинояткорро пайдо намуданд. Аҳсан ба Шумо!”.
Ҳамин тавр, агарчӣ Шоҳрух Саидзода масъулияти худро иҷро мекунад, дар навбати худ бовару эътимоди мардумро ба қонун ва ниҳодҳои ҳукумат меафзояд. Ин масъулияти хеле муҳим аст дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон…
Пас “ба зинаи пасттар” – сардори РВКД, “фаровардани” генерал Саидзода, ки дар элитаи ҳукмрон ҷойгоҳи махсусеро соҳиб мебошад, маълум аст, ки дар худ ҳатман маъниҳои ошкору ниҳон дорад. Ин ба он маъно нест, ки кор дар Душанбе – дили Тоҷикистон, осон бошад. Ӯ метавонад аз падараш Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), ки солҳои 2004 -2009 сарварии РКВД дар пойтахтро ба зимма дошт, машваратҳои фаровон бигирад.
Дуруст, пойтахт дар тақрибан 20 соли охир мушкилоти ҷиддӣ, он тавре масалан то солҳои 2000 – ум дошт, ҳоло надорад. Барои ҳамин, бори ахир мешавад гуфт дар милитсияи шаҳри Душанбе таъиноти хос соли 2017 сурат гирифт. Пас аз шаҳрдори Душанбе гаштани Рустами Эмомалӣ, ба сардории Раёсати ВКД дар пойтахт генерал – лейтенант Шариф Назарзода оварда шуд ва боре дар яке аз мулоқотҳо, ҳамон тавре шоҳидон нақл мекунанд, Президент Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунад, ки барои дубора ба Душанбе овардани Назарзода маҳз худи ӯ ташаббус нишон додааст, на кадом шахси алоҳидаву сохторе. Ин маънои на танҳо боварии хос, балки пеши генерал гузоштани ҳадафҳои мушаххастарро дошт. Зимнан, Назарзода, ки услуби вижаи кориро дар РКВД вилояти Суғд роҳандозӣ карда буду ба Душанбе ҳам онро овард ва баъдан дар Бадахшону инак Хатлон идома медиҳад, иртиботи ҷомеаро ба милитсия қавӣ намуд. Дар замони раҳбарии Барот Ҳомидзода ҳам ин услуб идома ёфт.
Пас дар пеши генерал – майор Шоҳрух Саидзода, ки дар ҷомеа аз ӯ умеди хеле зиёд доранд, кадом “вазифаҳои хонагӣ” меистанд?
ВАҚТЕ ҶИНОЯТҲО “НАВ” МЕШАВАНД
Ин бисёр соддагӣ мебуд, агар фикр кунем, ки милитсия дар замони нав бо ҳамон шеваи кӯҳна метавонад кори муваффақ дошта бошад. Як бор, вақте аз Владимир Путин – Президенти Русия дар мавриде савол карданд, ӯ ҷавоби фикрзое дод: “Агар барои таҳияи як қонун сад нафар кор мекунад, барои вайрон кардани ин қонун миллионҳо нафар дар фикранд”.
Ин чунин маъно дорад, ки ҷинояткорӣ ҳам вобаста ба пешрафтҳои зиндагӣ “нав” мешавад. Танҳо кишвару сохторҳое ба ин ҷараёни номатлуб ғолиб омада метавонанд, ки дар ин замина аз ҷинояткорон пештару бештар фикр карда тавонанд. Дар Тоҷикистон низ чандин сол аст сохтори вижае фаъолият дорад, ки “Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия” ном дорад ва роҳбари он ҳам дар қатори Шоҳрух Саидзода ҳамин чанд рӯз пеш иваз шуд. Гуфта мешавад ин сохтор бо тақозои созмонҳои байналмилалӣ амал мекунад ва ҳадафаш иваз кардани на танҳо номи милитсия ба полис, балки тағйир додани шеваи корӣ ҳам ҳаст. Зеро милитсия дар Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ дар қатори иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла кофтукови ҷиноӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуҷҷатгузорӣ (дар мисоли додани шиноснома) ҳамчунин дар паи иҷрои вазифаҳои идеологист, ҳарчанд дар дунёи мутамаддин чунин нест. Пулис вазифаҳои мушаххас дорад ва аз ӯҳдаи онҳо ба хубӣ мебарояд. Аз ҳамин ҷост, ки дар кишварҳои пешрафта оид ба таври маҷбуриву бо зӯрӣ гирифтани нишондод, зӯроварӣ нисбати гумонбарон камтар ҳарфҳо ба гӯш мерасад. Интизор меравад бо иваз шудани ном ва шеваи корӣ дар фаъолияти милитсияи тоҷик масъалаҳои зиёде ҳалли худро ёбанд. Аммо дар мо ҳоло мисле, ки дар ин робита шитобро дӯст намедоранд. Ба ҳар сурат, аллакай чандумин роҳбари ин сохтори вазорат иваз мешаваду дар шеваи асосии кори милитсия тағйироти ҷиддӣ пеш намеояд…
АЗ ШОҲРУХ ФАҚАТ ДАР ДУШАНБЕ ИНТИЗОР НАДОРАНД…
Огоҳон мегӯянд яке аз ҳадафҳои Шоҳрух Саидзода дар мақоми нав ҳарчӣ қавитар кардани робита бо мардум аст ва дар ин замина назари одамонро ҷиддӣ мегирад. Зимнан, гурӯҳи “Ахбор барои афкор” баробари таъин шудани сардори нави РВКД дар шаҳри Душанбе, назарсанҷие анҷом дод, то маълум намояд, ки сокинони пойтахт аз милитсияи пойтахт чӣ интизориҳо доранд?
Саволи мушаххас ин гуна буд: “Муҳимтарин корҳое, ки Шоҳрух Саидзода дар Душанбе бояд анҷом диҳад, ба фикратон кадомҳоянд?”
https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3871568763088020/
Дар натиҷа андешаҳое гуфта шуданд, ки дар назари аввал ҷиддӣ наменамоянд, аммо дар асл масоили муҳимтарини рӯ ба рӯи одамонро фаро мегиранд. Бардошти умумӣ аз назарсанҷӣ ҳамин аст, ки сокинони Душанбе аз роҳбари нави РВКД умеди бештар аз он доранд, ки тасаввур мешавад. Муҳимтарин нукта ин аст, ки назорат аз болои худи кормандони милитсия ва аттестасияи кормандонро одамон дар мадди аввал мегузоранд, чун ба гуфтаи онҳо дағалгуфториву берун рафтан аз доираи салоҳияташон дар фаъолияти милитсия хеле зиёд шудааст. Воқеан, агар генерал Саидзода дар ин робита тасмими ҷиддӣ гирифтанӣ бошад, бояд дар навбати аввал ин корро аз даромадгоҳи РВКД сар кунад, чун кормандони ОМОН, ки он ҷо меистанд, хеле дағал буда, дар натиҷа ихлос ва робитаи мардумро коҳиш медиҳанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки дарбонҳои раёсат дар симои ҳар меҳмону корафтода гӯё ҷинояткорро мебинанд. Маълум аст, ки бо ин тартиб намешавад бовариро ҳосил кард…
Сокинони Душанбе ҳамчунин интизор доранд, ки Шоҳрух Саидзода гурӯҳҳои кории ҷамъиятӣ (аз ҳисоби ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ) ташкил медиҳад ва мустақилияти онҳоро таъмин менамояд. Чунин тартиби корӣ барои ҳарчӣ мардумӣ шудани милитсияи пойтахт метавонад мусоидат намояд ва ҳам масъулияти шаҳрвандии сокинонро афзояд. Вобаста ба ин, пешниҳоди мушаххас ҳам буд: ташкил намудани рӯзҳои қабули сайёр аз ҷониби худи генерал дар манотиқи гуногуни пойтахт, ки боис ба эътимоди бештари мардум ва дастрасии бевосита ба ӯ маънидод мегардад.
Мавзӯи хеле доманадор ва баҳсбарангез масъалаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва умуман қоидаҳои ҳаракати роҳ дар пойтахт аст. Дар ин мавзӯъ, агар аз як ҷиҳат бадрафтории ронандагону кондукторҳои нақлиёти мусофиркаш бошад (воқеан, доштани пулчинакҳоро ҳанӯз соли 2017 шаҳрдори Душанбе манъ карда буд, аммо ягон вақт ин қарор амалӣ нашуд. Аз ҷониби дигар, дар ин “вазифа” бештари вақт ноболиғон ҷалб мешаванд, ки қонунгузорӣ инро манъ кардааст), масъалаи асосӣ аз ҳад зиёд шудани ба истилоҳ нақлиёт дар пойтахт аст. Дар асл, ба назар мерасад, ки шаҳри Душанбе ба “бозори калони оҳанпора” табдил меёбад. Манзур теъдоди аз ҳад зиёди ҳамон мошинҳои кӯҳнаву шалақаву нодаркорест, ки ҳамчун “таксии 10 сомона” кор мекунанд. Шояд аксари онҳо аз навоҳии пойтахт ворид мешаванд. Душанбе онҳоро хеле “меҳмоннавозӣ” кард ва иҷозат ҳам дод, ки пул кор кунанд. Аммо суистифода аз ин меҳрубониву дилсӯзиҳо ба дараҷаи тоқатнашаванда расидааст. Аввалан, гумон аст аксарияти ин мошинҳо ба талаботу меъёри мусофиркашӣ мувофиқ бошанд ва онҳо дар қайди ягон ширкат ҳам нестанд, ки хавфи дигарро пеш меоранд. Дуюм, арзиши роҳкироро баҳудаву беҳуда боло мебардоранд, чун дар куҷое сабт нашудаанд ва назорат намешаванд. Сеюм, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт, ба вуҷуд овардани ҳолатҳои садамавӣ маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Воқеан, аксарияти ин навъи “хизматгорон” он қадар “нотарсида” мошин меронанд, ки мусофирону ронандаҳои дигарро талхакаф мекунанд ва дар натиҷа саволеро ба миён меоранд: магар ҳолати ин ронандаҳоро санҷидан зарурат надорад? Ба ҳар сурат, гумон аст одами ҳушёр ва саломат ба худаш чунин “ҷасорат” – ро иҷозат диҳад. Пас шояд ягон намуди машрубот ва ё маводи хос истифода мекунанд, ки ба онҳо чунин “нотарсӣ ва ҷуръат” мебахшад? Зимнан, соли 2017 ёдатон бошад, як мусофиркаши “таксии сесомона” дар қабулгоҳи шаҳрдорӣ худро ба корд задаву ҳолати душвореро пеш овард. Он замон гуфтанд, ки вазъи рӯҳии он мусофиркаш хуб набудааст. Ҳолатҳое ҳам сабт шуда буданд, ки ронандаҳои автобусро хоб бурд ва чанд мошину одамро зер кард. Сабабашро дар истифодаи барзиёди ҳабҳои (таблетка) махсус маънидод карданд. Хулоса, ин масъала, агар ҷиддӣ баррасӣ нашавад, метавонад мушкилоти ҳарчӣ ҷиддитарро ба бор орад.
Чанд рӯз пеш Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба ин гуна вазъияти нохуб муроҷиатномае ба ронандагон нашр кард, аммо гумон аст танҳо бо ин васила имкони коҳиш додани қонуншиканиҳо пайдо шавад. Аз 20 июн ҳамчунин радару камераҳои бештар дар кӯчаҳои Душанбе назоратро шадидтар кардаанд, вале ҳоло ҳам намешавад гуфт вазъ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар ин сурат, маълум аст, ки роҳҳои дигару ҷиддитар бояд истифода шаванд…
Мавзӯи дигари қобили таваҷҷӯҳ, ҳамон тавре аз назарсанҷӣ бармеояд, ҷангҳои байниҳамдигарии ноболиғон, хоса дар мактабҳост, ки вақтҳои охир авҷи бештар мегирад ва сокинони пойтахтро ба таҳлука меорад. Таҳлукаи мардум ҷо дорад, зеро дар симои ин кӯдакону ноболиғони қонуншикан раванди нави ҷинояткориро бояд интизор шуд, ки ояндаи хеле хавфнок дорад. Дуруст аст, ки ин раванд ҳоло хос тақрибан ба тамоми кишварҳои дунё шудаасту роҳи ҳал меҷӯянд. Аз ҷумла тариқи сӯҳбатҳои расмиву ғайрирасмӣ бо ин гурӯҳи осебпазир. Дар Душанбе метавонанд ин ноболиғонро, ки “хуни гарм” доранд, ба сексияҳои гуногуни варзишӣ ҷалб намоянд. Масалан, агар варзишгарони номӣ онҳоро ба тарбияи худ бигиранд ва машқ бидиҳанд, мо на танҳо метавонем аз ин мушкил раҳо шавем, балки эҳтимол аз ҳисоби ин ноболиғони ҳоло осебпазир дар оянда варзишгарони номиро ҳам соҳиб шавем.
Ҳамчунин бо навбат дар мактабҳо баргузор намудани мулоқотҳо бо варзишгарони машҳур, то ба хонандагон дуруст фаҳмонанд, ки нерӯи ҷисмонӣ чисту онро дар кадом ҳолат метавон дуруст истифода бурд, метавонад ба дигар шудани вазъ мусоидат намояд. Як нуктаи муҳим дар ҷангҳои байни ноболиғон истифода шудани “бачаҳои тиллоӣ” – фарзандони мансабдорон ва сарватмандон аст, ки назорати махсусро мехоҳад. Зеро дар сурати сарфи назар шудани ин омили муҳим, имкони бештар гаштани ҷинояткориву қонуншиканӣ вуҷуд дорад…
Дар идомаи мушкилоте, ки корбарони гурӯҳи “Ахбор барои афкор” навиштанд, ҳамчунин аз танзими марказҳои ба истилоҳ дилхушӣ, яъне “дискоклубҳо”, дӯконҳои барзиёди машруботфурӯшӣ дар маҳаллаҳои наздик ба ҷои зисти одамон, назорат аз болои сохтмонҳои барзиёд, ки шабона то дер кор мекунанду истироҳати одамонро халалдор менамоянд, зикр шудааст.
Зимнан, баъзан ҳалли масоилеро ҳам навиштаанд, ки онҳо ба зиммаи милитсия дохил намешаванд. Аз ҷумла назорати нарх дар бозорҳо. Яке аз корбарони навиштааст, ки ӯ медонад масоили мавриди назараш ба рисолати РКВД нест, аммо бовар дорад шахси Шоҳрух Саидзода дар ҳалли ин мушкилот нақши муассир хоҳад бозид. Нафари дигаре аз ноҳияи дурдаст навиштааст, ки аз генерал Саидзода онҳо ҳам умеди такягоҳӣ доранд.
Яъне бовар ба ин аст, ки агар фаъолияти милитсия дар пойтахт беҳтар шавад, албатта таъсираш ба шаҳру навоҳии дигар ҳатман мерасад…
ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ҲАМКОРИ МИЛИТСИЯ БУД, НА “БУЗ”?
Ҳоло ба назар мерасад масъалаи асосӣ дар милитсияи тоҷик ин пайдо кардани роҳҳои муносиби ҳамкорӣ бо мардум аст. Барои ин иваз кардани тафаккур муҳимтарин ҷузъ мебошад. Пеш аз ҳама тафаккури худи кормандони милитсия. Масалан дар замони шӯравӣ ин сохтори муҳим имиҷи худро аз рӯи шиори “Милитсияи ман – ҳимоятгари ман” сохта буд. Аммо маълум аст, ки инро бо гапи холӣ сохта намешавад. Насли он замон дар хотир дорад, ки милитсия на танҳо бо меҳрубонӣ ва хушсуханӣ ин имиҷро соҳиб шуд, ҳамчунин рафтору кирдор ва мардумӣ будани онҳо ба ин раванд таъсири мусбӣ расонд. Аксарияти милитсаҳо бо мотосикли сечарха, маъруф ба “рулка” мегаштанд. Ин пеш аз ҳама маънои бо мардум наздик будан, мардумӣ будан ва пинҳон нашудан аз одамонро дошт. Акнун инро бо мошинҳои воҳиманоке муқоиса намоед, ки дар бархе шӯъбаҳои милитсия мебинем.
Коршиносон барои беҳбуд бахшидани ҳолат усули кории “Патрулҳои вокуниши фаврӣ”-ро тавсия медиҳанд. Яъне ба ҷои институти нозирони минтақавӣ, ки мутаассифона корашон на ҳамеша муваффақ аст, бояд вобаста ба пешрафтҳои дунё ва ҳолате, ки дорем, ба шеваҳои дигари коргузорӣ гузашт. Гуфта мешавад ин ба маънои ташкил намудани сохтори нав нест, балки ислоҳи он чизест, ки ҳоло дорем. Дар натиҷа кормандон иваз намешаванд, шакли кориашон дигар мегардад. Аммо як қисми нозирони минтақавӣ ва ҳатто кормандони БДА метавонанд ихтисор шуда (бе ин ҳам онҳоро мисле, ки як миқдор ихтисор карданд), натиҷаи кор бамаротиб самаранок гардад.
Дар Ҷопон, ки аз ҷумлаи амнтарин кишварҳои дунёст, низоми ҷолиберо роҳандозӣ кардаанд (он ба истилоҳи “кобан” маъруф аст). Асоси ин низом ба он равона шудааст, ки дар кӯчаву ҷойҳои серодами шаҳрҳо идораҳои зиёди пулис кушодаанд, ки ба дӯконҳои савдои хурд монанданд. Хеле содда. Одамон ба саволҳои оддитарини худ ба милиса метавонанд муроҷиат кунанд, роҳгумзадаҳо роҳи худро пайдо намоянд, чизҳои ёфташуда аз он минтақаро ба пулис супоранд ва одамони гумкарда аз он ҷо ёбанд. Хулоса пулис як ниҳоди беҳад дастрас ва хушмуомила буда, мақоми “дӯсти наздики мо” -ро дорад. Дар “кобанҳо” ду – се пулис, мизи корӣ ва ду – се велосипед ҷо мегираду халос (воқеан, чаро милитсияи мо аз истифодаи велосипед ҳамчун нақлиёти корӣ “шарм” кунад? Он на танҳо арзону дастрас аст, балки ба ин ниҳоди муҳим чеҳраи мардумӣ медиҳад). Аммо таъсирнокии фавқулоддаашонро дар ҷаҳон меомӯзанд! Ҳамагӣ дар 3-5 дақиқа то ҷои ҳодиса мерасанд ва ошкор шудани ҷинояткорӣ низ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Зеро асоси ин шеваи корӣ ба соддагӣ ва ба мардум дастрасу қобили эътимод будани пулис равона шудааст. Фаромӯш намекунем, ки ба милитсия аслан одамонро мушкилот, ё кадом даҳшате меорад. Мутаассифона “милисаҳои ҷиддӣ ва қавақии” мо на ҳамеша имкон медиҳанд, ки мардум бо онҳо самимӣ бошанд. Шӯъбачаҳои классикии нозирони минтақавӣ, ё шӯъбаҳои корҳои дохилӣ на ҳамеша имиҷи мусбатро соҳибанд. Барои ҳамин ташкил намудани усули кории Ҷопон шояд ба дигар шудани тафаккур ва бардоштҳо мусоидат намояд. Масалан ин шеваи кориро дар Қазоқистони ба мо ҳамсоя аллакай роҳандозӣ кардаву натиҷаи мусбаташро эҳсос мекунанд.
Бо ҳамин, маълум мешавад, ки асоситарин ҷузъ барои барқарор намудани робитаи милитсия бо мардум, решаӣ ва системавӣ будани он аст. Инро таҷрибаи замони шӯравӣ ҳам нишон дода буд, дар таҷрибаи кишварҳои пешрафта низ ин ҷузъ эҳсос мешавад. Гап сари барқарор намудани робита бо милитсия ҳанӯз аз замони дар кӯдакистон ва мактаб будани тифл меравад. Баргузор намудани сӯҳбатҳои самимона вобаста ба синну сол дар тафаккури кӯдак эҳсоси ҳимоятгар, одами хубу наздик ва дӯсти онҳо будани милитсияро бедор мекунад. Ташкил намудани бозиву озмунҳои гуногун дар кӯдакистону мактабҳо ин равандро тақвият медиҳанд. Бовар дорам, масъулони милитсияи пойтахт, агар бо нависандаи кӯдаконаи тоҷик Азизи Азиз ҳамкориро ба роҳ монанд, даҳҳо сенарияҳои ҷолиб таҳия мешавад, ки барои кӯдакон хушоянд хоҳанд буд.
Зимни вохӯриҳое, ки баргузор мешавад, бояд ба кӯдакон хеле содда фаҳмонд, ки чаро бо одамоне, ки корҳои бад мекунанд, ҷиноят содир мекунанд, бояд мубориза бурд, чаро бо дидани чунин ҳолатҳо зарур аст фавран ба милитсия хабар диҳанд?
Ҳамин тавр, мавқеи шаҳрвандии одамон шакл мегирад, қавӣ мешавад. Он вақт ҳамкорӣ бо милитсияро на ҳамчун “бузӣ”, балки як ҷузъи муҳими ватандории худ мефаҳманд. Дар натиҷа институти волонтёрӣ, ки дар ҷомеаҳои мутамаддин ҷузъи хеле муҳиманд, дар мо ҳам ҷомаи воқеиятро мегирад. Дар Тоҷикистон институти волонтёриро хостанд аз тариқи гурӯҳи “Авангард” ташкил кунанд. Кӣ гуфта метавонад, ки ин иқдом бисёр мувафффақ буд? Зеро таъсису фаъолияти он бештар нақши идеологӣ – сиёсиро дошт. Барои ҳамин, мо танҳо як ҳолатеро дар хотир дорем, ки вақти боздошти ҷинояткоре фаъоли “Авангард” дар Гипрозем захмӣ шуд ва агар хато накунам шаҳид гардид. Дар дигар ҳолатҳо бачаҳои ҷавони ин созмон ба “корҳои фаҳмонидадиҳӣ” машғуланд, ки гумон аст натиҷаи мусбате дошт.
Дуруст, шояд назарҳое пайдо шавад, ки матлаби мо дар бораи танҳо милитсияи пойтахт буду ҳоло дар бораи масоили решаӣ ва системавӣ ҳарф мезанем. Аммо фаромӯш намекунем, ки сухан дар бораи пойтахти як кишвар меравад, ки метавонад афзалиятҳо дошта бошад. Аз ҷониби дигар, дар аксарияти маврид, барои амалӣ кардани масоили зикршуда ислоҳи қонун ҳам зарурат надорад. Ҳадди ақалл дар пойтахт метавонанд онҳоро ба таври намуна (пилотӣ) роҳандозӣ кунанд ва дар сурати ҳосил шудани натиҷаи хуб, ҳатто агар зарур бошад, дигар кардани қонун кори мушкил нест.
Шояд ин андеша ҳам пеш ояд, ки барои амалӣ кардани ин идеяҳо вақти бештар зарур аст. Фикр мекунам Шоҳрух Саидзода, ки ин матлаб дар робита ба фаъолияти ӯ пайдо шуд, низ аз ҳад шитоб надорад. Интизор меравад ин оғози масъулиятҳои муҳимтаре бошад, ки ба ӯ бовар мекунанд. Маълум аст, ки дар ин сурат ӯ самимона нишон додан мехоҳад, ки натиҷаҳои беҳтарро соҳиб шуданист ва барои ин ҳама талошашро хоҳад кард.
Ё чунин нест?
Раҷаб Мирзо