Суҳбати хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Холиқи Муҳаммадназар бо Раиси Бунёди «Рудакӣ», Узви Раёсат ва садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба ифтихори 32-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Устоди азиз! Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки Истиқлол барои мо ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ буд. Ба он маънӣ, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ пош намехӯрд, гумон аст, ки он насиби мо мегашт. Зеро дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, тавре ки шумо медонед, шаҳрвандони Тоҷикистон дар як ҳамапурсӣ барои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ мондан дар ҳудуди 90% райъ дода буданд. Назари шумо чист?

Афзун бар он чӣ шумо гуфтед, дар вопасин рӯзҳои Империяи Шӯравӣ Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар он ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Шӯравии нав медид ва бовар дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқии миллатҳои Шӯравӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии навшуда ба инкишофи ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад». Бо дарназардошти ин андешаи он ки Истиқлол барои мо ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ, ба қавли дигар “туҳфаи ғайбӣ” буд, чандон беасос ҳам нест.

Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки тоҷикон на дар даврони гузашта ва на дар замони муосир Истиқлолро намехостанд, орзу намекарданд ва барои расидан ба он ҳеҷ муборизае набурдаанд. Чунин бардошти сирф барғалат аз ноогоҳӣ аз гузаштаи дур ва наздики таърихи халқи худ манша мегирад.

Ҳақ ба ҷониби Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Асосгузори сулҳ ва ваҳдат – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад”. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар ҳамаи давру замон ба муқобили истилогарони хориҷӣ муборизаҳои шадид бурда, қаҳрамониҳо намудаанд. Аз он ҷумла бар зидди ҳамлаи юнониён, туркони бодиянишин, арабҳо, муғулон, русҳо ва ғайраҳо. Ба ёд оред муборизаи аҳли Суғду Бохтар бо сардории Спитамен бо лашкари юнонию макдунӣ, сокинони Балх, Шуғнон, Хатлон, Вашгирд, Тирмиз, Омул, Зам ва Бухоро бо сардории Ҳофизи Абрӯй бар зидди Хоқони турк, муқовимати сахти суғдиён, тахористиониҳо, хатлониён ва хоразмиён бар зидди истилогарони араб бо роҳбарии Ғӯрак, Деваштич ва Хурзод, Абӯмуслим, Сумбоди Муғ ва дигарон, сокинони Хуҷанд, Самарқанду Бухоро бо сарварии Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ ва сарбадорон, шӯриши аҳолии Балҷувон бо сарварии Восеъ (1870). Бухоро ва атрофи он (1978)  ба муқобили амирони манғит, ҷунбишҳои мардумӣ дар Балҷувон (1870), Хуҷанд (1872), Ӯротеппа (1873), Ҳисор (1880), Қаратоғ (1886), Ромит (1887), Мӯминобод (1889), шӯриши сокинони Хуҷанд (1916) бар зидди истилои рус ва ғайра.

Зикри ба тафсил ва ҳадафмандонаи намунаҳои мубориза ва муқовимати гузаштагон ва муосирони тоҷикон бар зидди истилогарон барои ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлоли кишвар ва давлати худ, мероси адабӣ ва фарҳангии хеш барои он аст, ки дигар нагӯем, ки Истиқлол барои мо ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ буд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло як нуктаи бисёр муҳимро низ бояд равшан намоем.  Чаро ин муборизаву муқовиматҳои шадид ва пайвастаи истиқлолталабии  гузаштагони мо бар зидди истилогарони хориҷӣ дар замонҳои гузаштаи дуру наздик дар аксари ҳолатҳо самари матлуб надодаанд ва тоҷикон истиқлоли сиёсии худро баъд аз Сомониён (864-999) барои садсолаҳо аз даст додаанд.

Баррасии ҳадафмандона ва амиқи ин падидаи номатлуб нишон медиҳад, ки сабаб ва омилҳои асосии он дар тӯли таърих инҳо будаанд:

Парокандагиҳои сиёсии хонадонҳои ҳукмрон;

Низоъҳои байнихудии ҳокимон;

Муборизаҳои дохили салтанатӣ барои қудрат;

Ҷудоихоҳиҳои табақаи ҳукмрон;

Ҷангҳои пайдарпай бо истилогарони хориҷӣ;

Хиёнати саркардаҳои ҷудогона, табақаҳои муайяни ҷомеа ва ғайра.

Раванди истиқрори он дар кишвари мо, тавре ки медонед, мутаассифона, ҳамвор набуд. Ҳамагӣ пас аз 8 моҳи дарёфти Истиқлоли давлатӣ (9 сентябри 1991) дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ (2 майи 1992) сар шуд. Сабабаш дар чӣ буд?

Шумо гуфтаниед, ки тоҷикон ба ҷойи он ки ба ормони чандинсадсолаашон Истиқлол расиданд, хурсандӣ бикунанд ва аз пайи ҳифзи истиқлоли деринтизори худ шаванд, ба ҷони ҳам афтоданд, ҷанги бародаркуширо оғоз карданд ва бо ҳамин истиқлоли худро зери хатар гузоштанд. Дар асл ин тавр нест.

Ин ҷанг, тавре ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, таҳмилӣ буд. Онро қудратҳои сиёсии минтақа ва беруна ба хотири ҳифзи манфиатҳои геополитикии худ дар минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон ба сари мардуми мо бор карданд. Онҳо аз пайдоиш ва қувват гирифтани ҳаракатҳои мардумӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба таҳлука афтода, бо истифода аз ҳамдигарнофаҳмии дохилӣ, низоъҳои минтақаӣ ва маҳаллӣ ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд. Ба тарафҳои даргири тоҷикӣ яроқ доданд ва бевосита дар ин задухӯрдҳои дохилӣ иштирок карданд. Ба сухани дигар, дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши омили хориҷӣ асосӣ буд. Камбудии тарафҳои даргири тоҷикӣ дар он буд, ки ба доми кишварҳои бегона афтоданд.

Хушбахтона,  бо сипарӣ шудани се соли задухӯрдҳо тарафҳои даргири тоҷик дарк намуданд, ки идомаи ҷанг ба манфиати онҳо нест, аз пайи дарёфти сулҳу ваҳдат шуданд ва ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшиданд ва аз пайи истиқрори Истиқлоли давлатии хеш шуданд.

Мо дар арафаи 32солагии Истиқлоли давлатиамон қарор дорем. Ба назари шумо касе, ки шоҳиди бевоситаи ин солҳо будед, муҳимтарин дастовардҳое, ки дар тӯли даврони Истиқлол Тоҷикистон ба даст овард, кадомҳоянд?

Камина чанд сол пеш дар як навиштаам, ки баъдан дар китоби “Арзишҳои Ваҳдати миллӣ” (2017) низ ба табъ расид, таъкид карда будам, ки Тоҷикистон дар даврони Истиқлол “дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо  ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст”.

То имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” (27 июни 1997), бидуни муҳобот, мо ва кишвари азизамон – Тоҷикистон бар асари ҷанги таҳмилии дохилӣ дар вартаи ҳалокат қарор доштем. Масъала чунин буд, ки мо, тоҷикон ё ба ҳам меоем аз роҳи сулҳу оштӣ ва ё нобуд хоҳем шуд бо идомаи ҷангу низои байнихудӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дарёфти сулҳ ва ваҳдат дар тӯли 32 соли охир дар тамоми соҳаҳо: сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, иҷтимоъ, мактабу маориф, илму фарҳанг, бидуни муҳобот, дастовардҳои назаррас зиёд дорад. Ва бовар дорам, ки бо иҷрои 4 ҳадафи стратегӣ – истиқлоли энергетикӣ, нақлиётӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатӣ кардани мамлакат ин дастовардҳо ба шарофати даврони Истиқлол боз бештар хоҳанд гардид.

Бо ин ҳама, зиндагӣ рушд мекунад, замона ва ҷомеа тақозоҳои нав ба нав ба миён мегузорад. Барои пешрафт ва қонеъ гардонидани онҳо бояд масъала ва мушкилоте, ки имрӯз вуҷуд доранд, ҳал карда шаванд. Замона ва ҷомеаи тоҷик имрӯз хоҳони мудирияти беҳтари сохторҳои расмӣ, тақсими баробари боигариҳои моддӣ ва маънавии кишвар, такмили сиёсати таъиноти кадрӣ аз рӯйи шоистасолорӣ, ба таври ҷиддӣ дигар намудани низоми маҷудаи мактабу маориф ва хидмати тиббӣ, боло бардоштани сатҳи илм ва самари он, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб ва ғ. ва ҳ.к. мебошад.

Як омили бисёр муҳим барои пешрафти ҳамагуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи тоҷик, ки дар марҳалаи бунёди  миллати ягонаи тоҷик қарор дорад, даст кашидан аз тафаккури музофотию таассуби маҳаллӣ ва ҳизбию гурӯҳӣ ва ташаккули тафаккури умумимиллӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Иҷрои ин рисолати муқаддас ҳаргиз бо шиор додан ва даъватҳои безамина, ки, мутаассифона, бештар баназар мерасад, амалӣ нахоҳад гашт. Барои ин зарурати бисёр ҷиддӣ ба таҳия ва қабули барномаи давлатии миллатсозӣ мавҷуд аст.  Таҳия ва қабули барномаи давлатии миллатсозӣ ба ҳеч ваҷҳ маънои онро надорад, ки мо, тоҷикон феълан миллат нестему бояд миллат шавем. На. Мо миллат ҳастем, вале ҳанӯз миллати комил нестем. Ёдам меояд, солҳои 90-уми асри гузашта вазире аз тариқи телевизон эълон мекард, мо миллати Ғарм, Кӯлоб, Ҳисор,  Хуҷанд, Бадахшон ва Зарафшон ҳастем. Як маъмури давлатӣ, сардори идораи расмӣ, раиси кумита ва ё вазир бо чунин тафаккури музофотӣ ҳеч гоҳ мафкураи умумимиллӣ нахоҳад дошт ва ба манфиатҳои миллии кишвар хидмат нахоҳад кард.

Татбиқи барномаи давлатии миллатсозиро аз кӯдакистон ва  боғчаи бачагон сар карда, дар мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо идома бояд дод. Ин кор барои як солу ду сол, панҷ солу ҳафт сол нест, барои даҳсолаҳост. Ҳанӯз ҳам саривақт аст, дер нашудааст.

 Шумо адабиётшиноси номӣ ва мунаққиди адабии фаъол ҳастед, солҳои зиёде дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс гуфтед ва 11 соли охир симати мудирии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ-ро ба ӯҳда доштед. Бигӯед, ки илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар даврони Истиқлол  чӣ  дастовардҳое доштанд?

Бидуни шак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ дар тӯли 32 соли Истиқлол дастовардҳои илмӣ доранд. Аз баракати дарёфти Истиқлол ва дар кишвар барқарор гардидани фазои муносиби сиёсӣ ва иҷтимоӣ адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ ба ҷараёни ҳамвори инкишофи худ баргашт. Давраи авҷи камолоти насли адабиётшиносон ва мунаққидоне, ки солҳо 60-70 ва 80-90-уми асри гузашта ба майдони таҳқиқ ва нақд даромада буданд, маҳз ба замони Истиқлол рост омад. Онҳо дар баробари устодони бузургвори худ, аз қабили академик Муҳаммалҷон Шакурии Бухороӣ, профессорон Расулхон Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Атахон Сайфуллоев ва дигарон як силсила асарҳои арзишманде офариданд. Муҳимтарини онҳо инҳоянд: М.Шакурӣ “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист” (2006), А.Насруддин “Матншиносии осори адабӣ” (2009, 2011), С.Амирқулов “Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19) (2010),С.Саъдиев “Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих” (2012) ва “Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми а.ХУ11” (2018),  Х.Шарифзода “Назарияи наср дар адаби форсӣ” (2011) ва “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ” (2014, 2016), М.Муллоаҳмад «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), А.Набавӣ “Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷик” (2004) ва “Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср” (2009), Аскар Ҳаким “Вижагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (Дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикӣ дар нимаи дуюми садаи ХХ” (2018),  Х.Асозода “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ” (2005), Н.Салимӣ “Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик” (2002), Н.Зоҳидӣ “Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар а.У111-1Х” (2004) ва “Адабиёти форсу тоҷик дар а. VIII-IХ (давраи арабизабонӣ) (2014), С.Абдуллоҳ “Рушноии сухан” (2015), Ш.Исрофилниё  “Мероси адабии Носири Бухороӣ ва такомули ғазали ошиқонаи орифона дар адабиёти форсии тоҷикӣ дар а.Х1У” (2012, 2014, 2016) ва “Адабиёти бостон” (2019), Б.Мақсудзода “Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ” (2009) ва “Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ” (2020), М.Нарзиқул “Эъҷози хусравӣ” –и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии  тоҷикӣ (а.Х-ХУ) (2010), Матлубаи Мирзоюнус “Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (2015), “Сабкшиносии насри муосир” (2018), Ҳ.Қаландариён “Рӯдакӣ ва исмоилия” (2012,2017), Ш.Солеҳов “Роман дар адабиёти тоҷикии қарни ХХ” (2011), Ш.Сӯфизода “Соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикии қ. ХУ1-ХУ11” (2012), Ш.Муҳаммадиев “Адабиёти форсии тоҷикӣ дар а. VIII-IX” (2019), А.Маликзод «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ» (2010) ва «Шаҳиди Балхӣ – шоири бузурги замони Сомониён» (2016, 2018), Бобобек Раҳимӣ “Зиндагиномаи Бедил” (2017) ва дигарон.

Дар солҳои Истиқлол як гурӯҳ ҷавонони донишманд ва болаёқати адабиётшинос ва мунаққид ба воя расиданд, аз қабили У.Юсуфӣ, Н.Нурзод, С.Аъзамзод, М.Акбарзод, Р.Ваҳҳоб, Б.Раҳматзод, С. Ҳакимова, М.Сабурӣ ва чанде дигар, ки дурнамои рушди адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ ба фаъолияти онҳо бастагӣ хоҳад дошт.

Аз ҳама ёд намудед, вале аз худатон не. Чаро?

Аз рӯйи одоб нест. Дигарон бояд бигӯянд ё нависанд. Чун савол додед, метавонам аз асарҳои солҳои охирам ёд оварам, монанди  “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (Дар заминаҳои навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)” (2011), “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013),  “Шеъри нағз (Баёзи шеъри форсии тоҷикӣ дар 70 соли охир)” (Теҳрон, 2019) ва “Баргузидаи навиштаҳо” дар 7 бахш (2021-2023).

Маро моҳи майи соли 2012 роҳбари вақти ИЗА ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ академик Акбар Турсун ба кор даъват намуд. Ман корро аз амалӣ гардонидани супориши Президенти муҳтарами ҶТ Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардам. Он кас дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри 2010 ба Вазорати маориф ва АИ ҶТ супориш дода буданд, ки “китоби таърихи адабиёти тоҷик таҳия ва нашр карда шавад”. Агарчи аз вақти супориши раҳбар ду сол сипарӣ шуда буд, на аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва на АМИТ иқдоме нашуда буд. Бино бар ин камина ба сифати мудири шуъбаи таърихи адабиёт бо дарки зарурати фавқулодаи навиштани таърихи мукаммали илмӣ ва усулии адабиёти форсии тоҷикӣ аз Даврони бостон то замони Истиқлол  ва бо мақсади амалӣ гардондани супориши Сардори давлат ва Ҳукумати кишвар Лоиҳаи  таълифи “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз Давраи бостон то иб. а.ХХ)”-ро дар 6 ҷ. барои с. 2016-2020 таҳия намудам. То имрӯз аз 6 ҷ. танҳо  ҷ.1 бо номи “Адабиёти давраҳои бостон, арабизабон ва а.У111-1Х” (Д.:”Дониш”, 2019. -629с.)  нашр гардида, ҷ.2, 5 ва 6 омодаи чоп мебошанд.

Ба таъхир афтодани раванди таълиф ва нашри“Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз Давраи бостон то иб. а.ХХ)” вобаста ба мушкили асосиест, ки то ҳол на танҳо шуъбаи таърихи адабиёт, балки тамоми сохторҳои ИЗА ба он сахт гирифтор мебошад. Ин мушкил набудани мутахассисони зарурӣ бо дониш ва малакаи кофии таҳқиқ ва таҳлил мебошад. Мо маҷбур шудем, ки аз баҳри ходимони тасодуфӣ бароем ва барои иҷрои Лоиҳаи мазкур донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷиро, аз он ҷумла д.и.ф., проф.,узви пайвастаи АМИТ Н. Салимӣ, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ М.Муллоаҳмад, д.и.ф., проф., узви вобастаи АМИТ Н.Зоҳидӣ, д.и.ф., проф. Ш.Исрофилниё, д.и.ф., проф. Б.Мақсудов, д.и.ф., проф. С. Амирзода, д.и.ф., проф. С. Саъдиев (Самарқанд) , д.и.ф., проф. М. Мирзоюнус, д.и.ф. Т. Султонӣ, дотсент Б.Шарифзода ва дигаронро ҷалб намоем.

Феълан ходимони шуъбаи таърихи адабиёт машғули таҳияи маводи илмию адабӣ ва таълифи модаҳои ҷудогонаи Лоиҳаи “Донишномаи адаби форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то а.ХУ”)  дар 5 ҷ. барои с. 2021-2025 мебошанд.

-Ташаккур барои суҳбат.

-Ҷашни 32-солагии Истиқлолияти кишварро ба кулли ҳамватанон табрик мегӯям. Ба шумо, ҳайати ходимон ва хонандагонатони рӯзномаатон барор мехоҳам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь