Маҳаллаи Зарафшон воқеъ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ. Роҳи пурсарусадои 275-метрае, ки Тоҷикистон ба Кирғизистон барои 49 сол ба иҷора дода аст, аз маркази махалла гузашта онро ду тақсим мекунад. Мавзеи чорроҳа низ дар ҳамин маҳалла аст.

29-уми апрел. Соат тақрибан 11. Ду ҳамсояам, ки яке Даврон ва дигаре Хушрӯз ном доранд, дар назди ҷуйбори маҳалла нишаста бо ҳам суҳбат мекарданд. Нохост аз тарафи хонаи кирғиз, ки рӯ ба рӯи хонаҳои мо воқеъ аст, аз яроқи шикорӣ тир мекушоянд. Хушбахтона, тирашон ба хадаф намерасад.

Онҳо зуд аз девор парида ба ҳавлии ман медароянду маро огоҳ мекунанд, ки кирғиз ба сӯяшон тир кушодааст, чӣ кор кунем? Гуфтам, зуд ба нозири минтақавӣ занг занед. Нозири минтақавӣ ба мо гуфт, ки аз қазия огоҳ ҳаст ва мо зуд ба суи чорроҳа равем.

Ин дам аз сӯи чорроҳа садои ҳуштак ва доду войи қирғизҳо баланд шуд. Мо, ки чор нафар будем, зуд ба суи чорроҳа давидем. Он ҷо тақрибан 150 ё 200 нафар кирғиз бо либоси мулкӣ буданд, ки аллакай сангзанон  қариб 50 метр сарҳади моро убур карда гузашта буданд. Мо низ ба суи онҳо санг партофтем, ҳарчӣ мехостем онҳоро аз сарҳади худ дур созем, аммо қувва нобаробар буд. Ба худ қавл додем, то қатраи охирони хун меҷангем ва намегузорем, ки касе пойи номуборакашро ба хоки поки Тоҷикистони азизамон гузорад. Онхо аллакай аз силоҳи шикорӣ низ истифода мебурданд. Мо, ки силох надоштем, бо як овоз мегуфтем, лозим ояд бо дандон ҷанг ва Ватани азизамонро ҳифз хоҳем кард.

Соат 11-у 20 дақиқа. Аввалин ёрӣ ба мо омада расид. Кормандони ШКД 1 шаҳри Исфара бо сардории подполковник Шоҳимбек Фозилбеков ва майори милиса Мустақим Эгамзод. Қирғизҳо аз дидани ин шермардон, ки ҳамагӣ 18 нафар буданд, мисли харгӯш гурехтанд.

Шоҳимбек, ки бисёр марди ҷасур, чолок ва донишманде аст, гуфт, ки ба ин ҳиллаи душман бовар накунед. Онхо шояд қувваи иловагӣ ҷамъ кунанд ва дубора хуҷум кардани онхо аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.

Соат тақрибан 13. Аввалин тир аз суи Хоҷаи Аъло аз мавзеи “Головной” ба гӯши мо мерасад. Аввалин тири қирғиз синаи чанд ҷавонмарди чоркуҳиро сурох мекунад.

Мардуми мулкии қирғиз, ки дар чорроҳа буданду бо мо сангзанӣ мекарданд яку якбора гайб заданд. Чойи онҳоро низомиёнашон гирифтанд ва ба суйи мо аз силоҳи оташфишон тир кушоданд ва ба хоки поки Тоҷикистон ҳуҷум карданд.

Шоҳимбек мисли шер садо баланд кард: “Омода бош!”.

Аз дигар су садои Мустақим шунида мешуд, ки мегуфт:

– Ба муҳофизати Ватани азиз бархезед, беҳуда тир назанед, ҳар тири шумо бояд ҳадафмандона бошад.

Бо як зарба задан ин ҳомиёни ватан душманро аз хоки Тоҷикистон дур сохтанд.

Соат тақрибан 15. Аввалин ёрии таъҷилӣ аз тарафи Хоҷаи Аъло меояд. Ин бешарафон, ин номардхо ба суйи ёрии таъҷилӣ тир мекушоянд. Тир чархи мошинро корношоям мекунад. Ба ин нигоҳ накарда мошин бо суръати баланд меояд. Ба тарафи мошини ёрии таъҷилӣ тири душман мисли борон мерехт.

Подполковник Шоҳимбек Фозилбеков фармон дод, ҳама бархезанд, ба суи душман оташ кушоянд. Ҳама ба суйи душман тир заданд. Чунон мезаданд, ки душман мисли кӯрмуше, ки ба об афтода бошад, ба хандакҳои худ пинҳон шуда сар боло кардан наметавонист.

Ҳамин гуна чанд ёрии таъҷилии дигарро ин шермардон аз суйи Хоҷаи Аъло ба тарафи Чоркуҳ интикол доданд.

Душман аз се тараф ба мо зарба мезад – аз тарафи рост, аз тарафи боло ва аз тарафи пушт низ, аммо наметавонист сафи ин шермардонро рахна кунад.

Ногоҳ, дар вакти амалиёт, аз пушти девори хонае, ки тақрибан 10 ё 12 метр дуртар аз мо буд, кампири 80-солае намудор мешавад. Ду даст суйи осмон мекунад ва нидо мекунад: «Ай Худованди бузург, ай Парвардгори оламиён, ту ин душманро, ки дар ин моҳи муборакат ба сари мо силоҳ кашидааст ва пойи номуборакашро ба хоки поку мубораки Тоҷикистони азизам ниҳодааст, хору залил гардон, омин!».

Як корманди милиса, ки дуртар аз кампир хузур дошт гуфт:

– Оча, ба хона дароед, ин ҷо ноамн аст.

Кампир бо лаҳни ширини масчоҳӣ гуфт:

– Да пеши поҳотун мрам, қурбонтун швам. Чуба шмо да инҷа чанг мекардиеду ман да хуна мешиштиям. Яке бри шмо нун даркор мешад, яке обтун мебот, ман мебарамтун, да пеши похотун мрам.

– Оча, раҳмати калон, мо ҳама рӯзадор ҳастем.

– Унту боша бачам, то ифтора шмо Худо агар хоҳад галаба мекнед, ман бри шмо да ифтор як мастоваи турушак мепзам, ба дроеду да хуни ман ифтор кунед.

– Раҳмат оча, акнун шумо дароеду аз паи ифтор шавед, мо Худо агар хоҳад, душманро саркӯб хохем кард.

Соат тақрибан 16. Аз тарафи рости мо, ки мавзеи говсавор мавҷуд аст ва тайи сӣ соли ахир қирғизҳо он ҷоро тасарруф карда, ин минтақаро Куктерек номгузорӣ кардаанд, садоҳои тоҷикӣ шунида шуд.

Аввалин ёриҳои иловагӣ ба суи мо омаданд. Дар пахҳлӯи ман як марди тахминан 40 ё 45-солаи чоркуҳӣ буд, ки бо як овози фараҳмандона мегуфт: – Бинед, он ҷо парчами моро заданд!

Ва ман низ дидам, дар мавзее, ки 30 сол аз ин пеш қирғиз ғасб карда буд, парчами мо – парчами Тоҷикистон, бо ҳафт ситорааш, бо тоҷи зарринаш парафшонӣ мекард.

Ва ман зери лаб ин шеърамро замзама мекардам:

Тоҷикистон парчамат афрохта бод,

Парпарафшон то абад поянда бод.

Ранги сурхат ин нишони катраи хуни ман аст,

Ранги сабзат хуррами аз пешвои миллат аст.

Роҳи ту бошад сафеду ҳафт ситора пуштибон,

Тоҷи зарринат диёрам, ифтихори миллат аст.

Салоҳиддини Аъзам

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь