Бозорҳои вилояти Хатлон дар арафаи Иди Қурбон нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҷотро боло бурдаанд, ки ин амал сокинони минтақаро нигарон кардааст.

Фарорасии Иди Қурбон агар аз як сӯ боиси шодмонии сокинони Хатлонзамин шуда бошад, болоравии нархи наво дар бозору фурӯшгоҳҳо онҳоро озурда кардааст. Дар ин ид низ афзоиши нархи маводи ғизоӣ, нӯшобаҳо, сабзавот ва шириниҳо ба мушоҳида мерасад. Алишер, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, соҳибкорон аз фарорасии ид истифода карда, нархи наворо боло мекунанд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои шаҳри Бохтар гарон шудааст. Як дона харбуза аз 30 то 50 сомонӣ, тарбуз аз 25 то 40 сомонӣ, шафтолу аз 10 то 15 сомонӣ, ангур аз 4 то 8 сомонӣ боло рафта, арзиши помидор, бодиринг ва ҳатто шириниҳо низ гарон шудааст.

Нархи баланди бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳоло нигарониҳои аксар аз сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. “Агар қабл аз Иди Курбон як кило гӯшт 35-36 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он 38-40 сомонӣ фурӯхта мешавад”, – мегӯяд Ашӯр Қурбонов як сокини Бохтар. Ӯ гуфт, баъзе соҳибкорон медонанд, ки сокинон маҷбуранд, дар ид харид кунанд, ба таври сунъӣ нархро баланд мебардоранд. Гулнора Исмоилова, сокини шаҳри Бохтарро гаронии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозор нороҳат карда, зеро бо фарорасии Иди Қурбон тавони хонаводаи ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст. Ӯ мегӯяд: “Агар дар тамоми дунё нархи бозор ба хотири Иди Қурбон арзон шавад, дар мо, баракс, гарон мешавад. Фурӯшандаҳои бозор ҳар хел баҳона мекунанд, ки бор аз Америка ё аз Хитой, гарон омадаааст. Мехоҳем арзонӣ шавад, фурӯшандаҳо ҳам савоби мардумро гиранд, ба одамон ҳам ин қадар зулм нашавад. Президенти мамлакатамон, кормандони ҳукумат, домуллоҳо ҳар рӯз дар телевизион  гап мезананд, ки бозор арзонӣ шавад, халқ азоб накашад, вале инҳо баракс нархро баланд мебардоранд”. 

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки бо фаро расидани ҳар иду ҷашн соҳибкорон бо беқарорӣ интизори баланд бардоштани нарху наво мешаванд. Тоҷирону фурӯшандаҳои бозор мегӯянд, ки имкони амалии кам кардани нархро надоранд. Соҳибкорон дар шарҳи ин ҳол мегӯянд, гаронии сӯзишворӣ ва қиммати роҳкиро, ҳамчунин афзоиши хароҷоти парваришу истеҳсоли маводи ғизоӣ сабаби афзоиши нархи наво дар бозор шудааст. Тоҷири дигари бозори Бохтар, ки нахост номаш зикр шавад, иқрор шуд, ки гуруҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар Иди Қурбон, ки одатан бозори маводи озуқа ҷӯш мезанад, қиммати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Ба иддаои ӯ, азбаски маъмулан маводи фурӯшии бозор моли дасту дуюму сеюм аст, назорат кардан, ё ба таври иҷборӣ поин бурдани қиммати он имконнопазир аст. 

– Ин нархҳоро мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қиммате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем. Агар маҳсулот, ки сифати хуб дошта бошад, қимматаш ҳам боло меравад. Албатта, фарорасии Иди Қурбон ҳам сабаби болоравии нархҳо аст, чунки бозор гарм мешавад, соҳибкорон аз ин истифода мекунанд, – афзуд соҳибкор.

Сокини дигари ноҳияи Кӯшониён Муҳаммад Алиев чунин мегуяд: “Дар аксар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон ва ҳатто давлати Русия ва дигар давлатҳое, ки ғайримусалмонист, дар Иди Қурбон нархи ҳама намуди хӯроквориро ба хотири оне, ки мусулмонон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, арзон мекунанд, вале дар бозорҳои мо ба ҷойи поён бурдани нархи маҳсулоти ниёзи марудм, баракс, аз тарафи баъзе соҳибкорон боло бардошта мешавад. Худи ман дар Русия борҳо шоҳиди он шудам, ки дар Иди Рамазон ва Қурбон дар фурӯшгоҳҳо нархҳо 15 -20 дарсад арзон карда мешаванд”.

Ба ин суол мо ба масъулони бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар муроҷат кардем, ки “Оё аз ҷониби шумо назорат аз болои нархи наво ҳаст, ё ин ки аз тарифи масъулини бозор ягон мағозаи хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон барои харидорон кушода шудааст?”. Масъулони ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди бозори “Фаровон” гуфтанд, ки ҳамарӯза назоратро аз болои соҳибкорон пурзӯр намуда, намегузоранд, ки нархҳоро дар арафаи ин ид худсарона баланд бардоранд.

Аз нигоҳи дини ислом, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, бар ивази он сазовори аҷри азим аз ҷониби Худованд хоҳанд шуд. Маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир, устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Аммо мутаассифона, ин дар бозору фурӯшгоҳҳои мо баракс аст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь