Ба таваҷҷӯҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Солҳои охир дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои беҳтар кардани ҳолати китобхонаҳои марказиву деҳот қариб ба гушаи фаромушӣ рафтааст.

Ба итттилоъи расида дар вилояти Хатлон 502 китобхонаи шаҳриву ноҳиявӣ мавҷуд буда, бештар аз 20 китобхона садамавӣ ва 50 китобхонаи дигар таъмирталаб мебошанд.            

Китобдори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Саодат Раҷабова гуфт, ки бештар китобҳонаҳои садамавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Темурмалиқ, Муъминобод, Панҷ ва ноҳияи Фархор мебошанд.

Ба иттилои масъулини китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун дар ноҳия  24 китобхона мавҷуд аст. 3 китобхона дар бинои алоҳида ҷойгир буда, боқимонда дар идораҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ ҷойгиранд. Дар ин баробар аз набудани бинои алоҳида дар бисёре аз китобхонаҳо толори хониш вуҷуд надорад. Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун  дорои толори хониш аст, аммо ин бино аз соли 1952 сохта шуда, имруз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз боми толори хониш дар вақтҳои боронӣ об мечакад. Ба иттилоъ масъулин аз садамавӣ будани китобхонаи марказӣ аз мақомоти маҳаллӣ то Вазорати фарҳанги кишвар огоҳанд,  вале то ҳол чорае наандешидаанд.

Мушовири китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Басгул Ҳафизова бо изҳори нигарони гуфт, ки китобхона дар ҳолати пурра садамави қарор дорад. Ӯ гуфт зимистон фаро расидааст, аз болои бино об мечакад, инчунин дохили китобхона хеле сард аст.

Дар баробари садамавӣ будани китобхонаи марказии ноҳия мушкилии дигар ин кам будани китобҳо бо забони тољикї мебошад. Аз  118 ҳазору 561 китоб бештар аз 39 ҳазор нусхаро китоби тоҷикї ташкил мекунад ва боқимонда китобҳо бо забони русӣ буда, аз замони Шӯравӣ боқї мондаанд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ мушкилӣ дар соҳаи фарҳанг кам нест. Роҳбари китобхонаи марказии ноҳияро пайдо накардем ва хостем бо яке аз кормандони ин китобхона суҳбат кунем, вале бо баҳонаи «гап шунидан» аз суҳбат худдорӣ карданд.

Дар китобхонаҳои ин ноҳия низ хазинаи асосиро китобҳо бо забони русӣ ташкил медиҳанд. Дар китобхонаи бачагонаи ноҳия ҳам чунин мушкилӣ бараъло эҳсос мешавад.

Ба талаботи имрӯза ҷавобгу набудани китобхонаҳоро дар чанде аз  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон њис кардан мумкин аст.

Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дорои шароити хуб буда, ба талаботи рӯз ҷавобгу аст. Ин китобхона бо компютер ва шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад. Ба хотири дорои шароити хуб будан, ҳамарӯза хонадагони зиёдро дар ин китобхона вохурдан мумкин аст.

Ба иттилои Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ аз буҷети мақомоти маҳал 40 ҳазору 484 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ 54 ҳазору 300 сомонӣ барои таъмири бинои китобхонаҳо ҷудо гардидааст, ки ин маблағ нокифоя мебошад.

Коршиносон бар он назаранд, ки мақомоти маҳаллӣ барои беҳтар кардани ҳолати китобхонаҳо бояд маблағи заруриро ҷудо намоянд. Дар ин баробар, масъулин барои сохтмонӣ биноҳои замонавӣ бояд соҳибкорони ватаниро бештар ҷалб кунанд, то насли оянда дар руҳияи китобхониву китобдӯстӣ ба воя бирасанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь