Инак, ба фарорасии Рӯзи ханда рӯзҳои башумор монд. Дар мавриди ин рӯз ҳамасола аз забони хурду калон хушгӯиҳои зиёд мешунавем. Дар арафаи Рӯзи ханда ҳафтаномаи «Фараж» тасмим гирифт бо чунин суол ба чанд нафар муроҷиат намояд:

 

Ромиш ҚУРБОНОВ:

– Ба дӯстдухтарам рӯзи 21-уми март занг задам ва хостам донам, ки дар куҷост. Намехостам, ки бе ман ба тамошои иди Наврӯз барояд. Хуллас, занг задаму гуфтам:

– Салом, ишқам! Куҷоӣ?

Ӯ гуфт:

– Нав ҷиянамро ба боғча бурдам ва ҳоло хона рафта истодаам.

 

Раҷаб МИРЗО:

– Назарбоев истеъфо дод!

 

Муродулло РАҲИМОВ:

– Ҳама он хушгӯйиҳое, ки дар «Фейсбук» бо устод Асозода дорем, ба хотири фараҳ бахшидан ба соири дӯстони азиз, дурӯғҳои хандадоранд. Масалан, тахминан рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ буд:

Хоби бемаънӣ

(Аз силсилаи ҳазлҳои солинавӣ)

Баробари дамидани саббоҳи пок модари Аминҷон (Аминҷон – ҷигарбанди устод) аз устод Сабзалӣ Асозода шодиёна гирифтанӣ мешавад:

– Дадаҷонаш, медонед чӣ хоб дидам?

– Чӣ?

– Шумо дар соли нави 2019 дар зодрӯзам ба ман Galaxy туҳфа намудед…

– Ҳой бефаҳм, чанд бор ба ту гуфтам, одам хоби бемаънии дидаашро ба кас не, ба об мегӯяд.

 

Наимҷон ҚОСИМОВ:

– Субҳи 1-уми апрел буд. То ҳол аз хоб нахеста будам ва тамоман дар хаёлам ин рӯз набуд. Ногаҳон занги телефон шуд. Хеста бинам, ки дӯстам занг зада истодааст. Гӯширо бардоштам, ки дӯстам гуфт:

– Ало, э бача, ман тӯй дорам, ҳоло ба назди арӯс меравем, ту ҳоло ҳам хобӣ!?

Ман дар ҷавоб гуфтам:

– Чӣ хел? О ту ҳеҷ чизе нагуфта будӣ!

– Ҳа, нагуфта будам, узр! Хостам сюрприз кунам. Зуд ба хона биё, ҳама туро мунтазиранд. Меравем, зуд бош!

Гӯширо гузоштаму шитобон дасту рӯйямро шуста, шиму костюм пӯшида, роҳи хонаи дӯстамро пеш гирифтам. Ба хонаи дӯстам наздик шуда, бинам, ҳеҷ гапе нест. Ҳайрон шудам. Ба назди дарвозаашон норасида, ки дӯстам аз хонаи ҳамсоя баромад:

– Чихел рӯзи хуб аст, 1-уми апрел! Ана ин белу каландро гиру аз қафои ман биё!

 

Икром ИКРОМОВ:

– Рӯзе муаллим Ҳукмидин Сафаров ба синфи мо ворид шуду гуфт:

– Ба ман як донишҷӯйи боваринок лозим аст, то як ҳуҷҷатро аз донишгоҳ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дастрас намояд.

Дастрас кардани ҳуҷҷатро ба ман вобаста намуд. Рӯзи боронӣ буд. Баъдан муаллимро занг задаму гуфтам:

– Устод, ҳуҷҷат дар борон тар шуда, фарсуда гаштааст, қабулаш накарданд. Чӣ кор кунам акнун?

Устод дар ғазаб шуда, гуфт:

– Ман ба ту бовар карда, ҳуҷҷатро додам! Мефаҳмидам, ки ин хел мекунӣ, ҳаргиз намедодам ҳуҷҷатро!

Ростӣ, хандаам омад аз асабонӣ шудани устод ва гуфтам:

– Устод, ором бошед, имрӯз 1-уми апрел аст.

 

Ҳаётҷон ЮСУПОВ:

– Субҳи баҳор буд. Телефонам занг зад. Гӯширо бардоштам ва ҷӯраам Баҳром бо овози ғамгин гуфт:

– Муҳаммад вафот кардааст. Ҷӯраи наздикамон. Наход дар ҳамин рӯзи ҷаноза хоб кунӣ? Тез биё!

Дарҳол аз ҷоям хеста, ба рафтан омода шуда, рафтам ва расида бинам, наздикии хонаи дӯстам ҳеҷ кас нест. Одатан, дар ҷаноза гиряву нола мешавад, одамони зиёд ҷамъ меоянд. Ҳайрон шудам. Баъд дарро кӯфтам, ки худи дӯстам дарро кушод ва дар ҳайрат мондам. Гуфтам:

– О, ту зиндаӣ-ку!

Муҳаммад хандиду гуфт:

– Бояд мемурдам?

Дар ғазаб шуда, ба Баҳром занг задам. Ӯ хандиду гуфт:

– Имрӯз 1-уми апрел аст.

 

Таҳияи Таҳмина ЮСУПОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь