Тайи солҳои охир иддае дар шабакаҳои интернетӣ санъати мусиқиро ҳаром мешуморанд ва фатво медиҳанд, ки навозандагону сарояндагон осӣ шудаанд ва ҳатто роғибони мусиқиро низ гунаҳкор мешуморанд. Дар олам офаридае нест, ки аз назари муҳтаво, гуногунрангӣ ва таъсир ба санъати мусиқӣ баробар шавад. Мусиқӣ саъатест, ки забони гӯё ва барои ҳама мардуми дунё фаҳмо дорад. Дар ҳақиқат мусиқии ба дил мақбул баёнгари мазмунҳои болоист ва дар қалби дилхоҳ одами соҳибзавқ ҷойгоҳеро дорост, ки пур аз меҳр аст.
Мусиқӣ ҳазорсолаҳо боз ба мардум хидмат карда ба қалбҳои ранҷуру дардманд малҳам мебахшад ва дар ниҳоди инсонӣ эҳсоси меҳру муҳаббат, садоқату рафоқат, ватандорӣ, ишқ, ҳамбастагӣ, ифтихор ва ҳувияти миллиро бедор мекунад. Мусиқӣ гузаштаро ба имрӯза ва имрӯзаро ба фардо васл месозад. Ба гуфти санъашинос ва оҳангсози фаронсавӣ Ижен де Иден: “Мусиқӣ санъатест, ки на танҳо як мардум, балки тамоми мардумони оламро ба ҳам муттаҳид месозад…”
Бале, мусиқӣ байни одамон манзалати баландеро дорост, вале мутаассифона иддае аз ҷоҳилону ифротиёни дину мазҳаб ин падидаи бузургро дар шариат ҳаром мешуморанд. Назари бад ба мусиқӣ доштан, аз тарафи қисме аз мусулмонони Тоҷикистон ҳанӯз дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, зимни даъватҳои манъи таронаву рақс дар арӯсиҳо ва иваз кардани онҳо бо вазъу наът ё суҳбатҳо аз “Қуръон”- у “Ҳадис” садо додаанд. Баъд аз нобасомониҳои солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон чунин даъватҳо коҳиш ёфтанд, вале солҳои охир насли ҷавони исломгароёни тоҷик, ки ба интернет дастрасӣ доранд, дар паёмҳои худ мусиқиро ҳаром мешуморанд ва ҳунармандонро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Агар ин мазмунро аз падидаҳои мухталифи адабию ирфонӣ ба таври фарохтар таҳлил намоем, дар тафаккури мо мазмуне пайдо мешавад, ки ҳаром эълон кардани мусиқӣ аз ҷониби иддае аз риёпарастон хатои маҳз аст. Биёед, сари ин масъала меандешем, агар мусиқӣ ҳарому манфур бошад, пас чаро ҳазорсолаҳо байни мардумони мазҳабу динҳои гуногундошта, то имрӯз хизмат карда истодааст?
Магар мардумони қарнҳои гузашта ҳаром будани мусиқиро дар ислом намедонистанд? Агар мусиқӣ ҳаром мебуд, пас ромишгари мумтози тоҷик Борбади Марвазӣ ба “кори ношояме” машғул будааст ва Шайх Абдураҳмони Ҷомӣ бо навиштани “Рисолаи мусиқӣ” даст ба “кори баде” задааст, осори Абӯалии Сино, Имом Ғаззолӣ, Форобӣ, Урмавӣ, Хоҷа Абдулқодир ва ҳатто Аҳмади Дониш ҳамагӣ “касиф” будаанд. (?)
Бузургии санъати мусиқиро борҳо дар эҷодиёти дигар суханварони гузаштаамон ба монандӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон хондаем. Яке аз муғанниёни машҳури аҳди Ҳорунаррашид, ки аз муқаррабони Халифа буд, муғаннӣ, оҳангсоз Иброҳими Мавсилӣ тавонист дар замони худ садҳо суруду оҳанг эҷод намояд ва ба риштаи адвор кашад. Ин ҷо андешае дар тафаккурамон давр мезанад, ки чаро дар гузашта дар боби ҳаром будани мусиқӣ касе чизе нагуфтаву имрӯз нимчамуллоҳои камсаводу бехирад ин қадар ҷор мезананд.
Ривояте ҳаст, ки ҳангоме офаридгор қолаби инсонро сохт, ҳарчанд кӯшиш намуд, ҷон вориди он нашуд. Танҳо вақте садои мусиқии най баланд шуд, ҷон ба тан даромад. Ё вақте ки паёмбари ислом ба Макка омад, ҳама ӯро дафзанон пешвоз гирифтанд.
Албатта атрофи андешаҳои иброзгардида аз ҷониби иддае аз мутаассибон шояд андешаҳои дигаре низ баён гарданд, аммо дар маҷмӯъ бояд гӯем, ки мусиқӣ дар оятҳои “Қуръон” ба таври ғайримустақим ва ҳамроҳи шуғлу падидаҳои гуногун зикр ёфтааст.
Дар ҷои дигар ҳадиси саҳеҳе аз Оиша (р) омадааст, “вақте, Абубакри сиддиқ (р) ба хонаи Расул (с) даромаданд, канизакон бо асбобҳои мусиқӣ сурудеро замзама мекарданд. Абубакр (с) ба Оиша (р) нигоҳ карда гуфт:
-Ин нағмаҳои шайтонӣ дар хонаи паёмбари Худо! Ин чӣ беадабӣ?!
Оиша (р) ба канизакон ишора кард, то онҳо хориҷ шаванд. Аммо паёмбар (с) гуфт:
– Бимон онҳоро Абубакр, ки имрӯз ид аст. (Саҳеҳи Ал – Бухорӣ)”
Аз ин ҳадис бармеояд, ки агар мусиқӣ моро аз ибодати Худованд машғул надорад, шунидани он ҷоиз аст, зеро худи паёмбар(с) онро манъ накардаанд.
Аммо мутаассифона дар баъзе аз давлатҳои исломӣ таълимоти мусиқиро мамнуъ дониста, онро ҳамчун падидаи ба ислом зараровар эълон доштаанд. Масалан, вазорати омӯзишу парвариши Эрон таълими мусиқиро дар мактабҳои хусусӣ мамнуъ эълон кард ва раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ гуфт: “Мусиқӣ набояд дар Эрон иҷро ва омӯхта шавад, зеро ба арзишҳои муқаддаси ислом созгор нест”.
Исфандиёри Мунфаридзода, мусиқидон ва оҳангсози эронӣ дар Теҳрон мегӯяд: “Тасмимҳои нав дар ҳоле гирифта шудаанд, ки бе ин ҳам мусиқӣ зери назорати шадид қарор дошт. Ин монеа пештар ҳам буд, аммо ин рӯзҳо бадтар шуд ва ҳисси ман ин аст, ки ҳукумати динӣ ҳадаф дорад, бо фишор ё бо сухани хуш аз ҳунармандони мусиқӣ талабгор аст, ки кишварро тарк кунанд”.
Макс Фишер дар маҷаллаи “Атлантик” менависад:
“Сарони Ҷумҳурии исломӣ бо ин сахтгирии тоза дар бораи мусиқӣ мехоҳанд, таваҷҷуҳи эрониён ва махсусан насли ҷавонро аз масъалаҳои муҳимтар ва умдатари сиёсию нигарониҳои иқтисодӣ дар Эрон ба канор бикашанд”.
Аммо ҷолибтар аз ҳама он аст, собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон (1981- 1989) Саид Алӣ Хоманаӣ бархилофи як қатор сарварони мазҳабӣ, мусиқиро ҳаром эълон накардааст. Вай гуфтааст, ки “мусиқӣ танҳо ба арзишҳои исломӣ ҳамсоз нест”.
Назари худи пешвои инқилоби исломӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ ба мусиқӣ хуб буда, дар навохтани сетор маҳорати махсус дошт.
Тарафдорони мусиқӣ низ мегӯянд, дар ҳеҷ ҷои “Қуръон” мусиқӣ ҳаром дониста нашудааст, вале як рӯҳонии тоҷик, домулло Баҳрулло бар ин ақида аст, ки чунин ишора дар сураи “Луқмон” ҷой дорад ва дар он гуфта мешавад, ки мусиқӣ худоро аз ёди мардум дур мекунад. Аммо ба ин гуфта розӣ шуда наметавонем, зеро даъвати мусулмонон ба ибодат ба воситаи “Азон” сурат мегирад, ки оҳанг ва кашиши махсуси
овозӣ дорад, нармият ва пасту баландшавии садои муаззин мусиқиро мемонад. Дар ҷои дигар суфиёни мамлакатҳои гуногуни мусулмонӣ бо овоз ва баъзан бо сози махсуси мусиқӣ зикри худо мекунанд. Манъ кардани бархе аз анвои мусиқӣ ё таронаҳои муайян дар кившарҳои ғарбӣ ҳам борҳо рӯй додааст.
Соли 1954 яке аз сенаторони Амрико тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки қарор буд, пеши роҳи мусиқии фаҳшомезро бигирад. Ё дар соли 1968 баптистҳо талаб карданд, телевизиони мусиқии МТВ аз номгӯи шабакаҳои бепули давлатии Иёлоти Вирҷиния ихроҷ гардад. Ҳамин тариқ таронаҳое, ки таблиғи бехудоӣ, маводи мухаддир, зӯроварӣ, нажодпарастӣ ва монандӣ инҳоро мекарданд, баста шуданд. Аммо ягон бор бар зидди куллан аз мусиқӣ даст кашидан садое баланд нашудааст.
Бояд гуфт, ки санъати мусиқӣ дар динҳои хрестянӣ ва католикӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Дар калисоҳо гурӯҳҳои махсуси ҳамсароён, (хорсароён) ба хондани сурудҳои диннӣ машғуланд ва ҳангоми ибодат намудани мардум навои форами сози арғунун ба гӯш мерасад. Масеҳиён ақида доранд, ки арғунун созест, ки аз олами улвӣ ба онҳо фиристода шудааст.
Бояд гуфт, ки мусиқии асил бахше аз ҳаёти рӯҳи инсон аст. Ғолибан мусиқӣ аз нигоҳи таъсираш ба инсон ҷойгоҳе болотар аз сухан дорад. Ҳазорсолаҳо санъати мусиқӣ дар дилу дидаи мардум маскан гирифтааст ва он офаридаест тафаккур надорад, вале моро водор месозад, ки фикр кунем.
Мардуми мо овози хуш ё ҳунари нодири ромишгариро “худодод” меноманд. Пас чӣ гуна Худо ба бандагонаш чизи ҳароме медодааст? Аслан, чаро ҳунар бояд ҳаром бошад? Он гоҳ хеле чизи зиёдеро бояд аз зиндагӣ берун кард. Агар чунин шавад, пас зиндагии мо маънӣ надорад ва он чӣ зиндагие хоҳад буд?
Тағоймуроди ОРИФӢ
АЗ РЕДАКСИЯ: Аҳли гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бинобар даргузашти Тағоймурод Орифӣ изҳори ҳамдарди намуда, ба пайвандону наздикони эшон сабри ҷамил мехоҳад.