Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии охирини гуруҳии Лигаи чемпионои Осиё аз дастаи ОКМК-и Ӯзбекистон шикаст хӯрд, аммо ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозӣ бо натиҷаи 1:2 бар нафъи футболбозони Олмалиқ ба анҷом расид. Дар вохӯрии дигари гурӯҳӣ «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) бар «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 2: 0 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” 10-имтиёзӣ ба даст оварданд, аммо дастаи чемпиони Тоҷикистон ба далели бартарӣ дар вохӯриҳо бо ин даста (1: 3, 4: 1) дар ҷадвали мусобиқа аз клуби намояндаи Арабистони Саудӣ пеш ҷой гирифт. “Ал-Ҳилол” ҷойи дуюмро гирифт ва ба мисли “Истиқлол”, ба марҳилаи навбатии Лигаи чепионҳои AFC-2021 баромад.

Ҳоло, дар марҳилаи 1/8-финал “Истиқлол” бо ғолиби гурӯҳи “E” дастаи «Персеполис»-и Эрон, ки соли гузашта ба финали мусобиқа роҳ ёфта буд, бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ бояд 13 ё 14 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ҷуфтҳои дигари 1/8-финал дар Минтақаи ғарбӣ рӯзҳои 13-14 сентябр, “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Ваҳда” (АМА), “Истиқлол” (Эрон) – “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) ) – “Трактор” (Эрон) бозӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь