“Азобу азияти мардуми Сӯх то кай давом мекарда бошад?”, “Оё замоне мерасад, ки мо бидуни мушкилот ба маркази вилоят равуо кунем?”, “Наход расму ойини ҳамсоядорӣ ҳамин бошад?”, “Магар ҳамсояқирғизҳои мо намедонанд, ки азият додани ҳамсоя ба Худованд низ хуш намеояд?”, “Чаро чунин вазъияти ногувор ин қадар дер давом мекунад?”, “Магар сокинони эксклавҳои вилояти Фарғона соҳиб надоранд?”…

Инҳо ҳама саволҳоеанд, ки ду даҳсола ба ин сӯ мардуми ноҳияи Сӯх, деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона, ҳамчунин, деҳаи Чунғараи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ба он посух пайдо намекунанд. Ҳамсояқирғизҳо бо баҳонаҳои гуногун чанд маротиба роҳи байни Сӯх-Фарғона ва Сӯх-Риштонро барои ин мардум бастанд.

Ҳоло танҳо як роҳи равуо боз аст, ки аз тариқи он мардуми ҳаштодҳазорнафараи ноҳияи Сӯх, ҳамзамон сокинони деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдон ба маркази вилоят равуо мекунанд.

Соли 2013 байни мардуми деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх ва қирғизҳои ҳамсоя муноқиша ба вуҷуд омад. Ҳамсояҳо бидуни мувофиқа бо мақомоти ҳокимияти ноҳияи Сӯх симчӯбҳои барқи худро дар ҳудуди деҳаи Ҳушёр насб карда, боиси норизоии мардуми он шуданд. Бо вуҷуди ҳушдор доданҳои мардум ва мақомоти ноҳияи Сӯх қирғизҳо ба насби симчӯбҳои худ идома доданд. Аҳолии деҳаи Ҳушёр ба ғазаб омада, симчӯбҳоро чапа карданд. Ин ҳол мунҷар ба он гардид ки марзбонони қирғиз ба сӯи мардуми бесилоҳ тир кушоянд.

Се нафар ҷавонмарди деҳаи Ҳушёр аз тири марзбонони қирғиз захм бардоштанд ва ин кори онҳо моҷароро беш аз пеш вусъат бахшид. Сокинони деҳ чанд мошини қирғизҳоро абгор карданд ва саворони онро ба гарав гирифтанд. Дар натиҷаи мудохилаи ҳокимияти вилояти Фарғона аз тавсеаи ин моҷаро ҷилавгирӣ шуд.

Маҷруҳони ин низоъ баъди муолиҷаҳои бардавом ба по хестанд. Агар ҷони яке аз ин ҷавонон ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ мешуд, он гоҳ ба миён омадани задухӯрди шадиди байни мардуми ду самти марз аз эҳтимол дур набуд.

Бо вуҷуди ин, моҷарои мазкур сабаб гардид, ки қирғизҳо роҳҳои равуоро барои мардуми ноҳияи Сӯх бастанд ва наздики се моҳ ноҳияи Сӯх ва мардуми онро ба муҳосираи иқтисодӣ рӯ ба рӯ карданд. Зарурат тақозо намуд, ки мардуми ноҳия бо сабурӣ ин муддатро сипарӣ кунанд.

Ҳамон вақт дар мағозаҳои маркази ноҳияи Сӯх ва деҳоти он маводи хӯрокворӣ намонд. Дар баробари ин, ҳамсояҳо пеши оби чашмаҳоеро низ бастанд, ки ин мардум беоб монанду киштзору боғистонҳо хушк шаванд. Оби чашмаи болои деҳаи Ҳушёрро ба чаҳор самт ҷорӣ карданд. Мақсади онҳо аз ҳамин иборат буд, ки мардум бе оби нӯшокӣ монад ва ба мушкилот мувоҷеҳ шавад. Аз ҳамон вақт то ҳанӯз пеши оби ин чашма барои мардуми деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх баста боқӣ мондааст.

Дар ин миён садҳо гектар боғҳои доманфарох, ки бо заҳмати зиёд бунёд ва сабз шуда буд  ва даҳҳо тонна ҳосил медод,  хушк шуданд. Садҳо гектар майдонҳои киштшавандаи доманфарох низ бидуни киштукор монданд. Ба иқтисодиёти ин мардум садҳо миллион сӯм зарари молӣ ворид гардид.

Вақте ки роҳ баста буд, афроде, ки ба ягон кор ба маркази вилоят ё шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон, ба муҳоҷирату тиҷорат сӯи Русия рафта буданд, баъди бозгашт овораву сармон монданд. Гуфта мешавад, ҳатто зане, ки тифли ширхораашро дар хона монда, аз рӯи зарурат ба шаҳри Фарғона рафта буд, бо синаи пур аз шир дар он тарафи марз ва тифли гуруснааш дар самти муқобил монданд.

– Ана расму ойини ҳамсоядорӣ! Боз мегӯянд, ки мо садҳо сол дар як марзу бум мутафиқона зистем ва дар маргу шодӣ низ бо ҳам будем. Як нукта мардуми Сӯхро ором намегузорад. Чаро марзи ин ноҳияро ҳамсояҳо бидуни  ягон мушкилот  убур мекунанд? Чаро касе мошини онҳоро намедорад, ба тарафашон санг намеандозад, шишаи мошинашонро намешиканад, таҳқир намекунад, вале сӯхиён зимни равуо дувоздаҳ моҳи сол азият мекашанд? – суол мекунад як сокини ин ноҳия.

– Барои одамоне, ки аз рӯи зарурат ба ин ё он самти марз равуо кардан мехостанд, баста будани роҳро дарди бахайр арзёбӣ кардан мумкин аст. Аммо вақте ки чанд бемор дар бемористон фавтиданд, вазъияти соҳибони майитҳоро дарк кардан мушкил набуд. Онҳо натавонистанд ҷасади пайвандони худро ба Сӯх интиқол диҳанд ва тибқи таомул ба хок супоранд. Ҳамсояҳо коре карданд, ки шояд ягон душман ба ҳамсояи худ раво нахоҳад дид. Онҳо дар ивази маблағи зиёд ҷасадро то марзи Сӯх интиқол доданд, аммо ба наздикони онҳо иҷозаи убури марз дода нашуд.

– Мо мардуми бесоҳиб наем, аммо роҳи ҳалли мушкилот пайдо намешавад. Шукр, мардуми Сӯх гушна наянд. Ҳама як пора нони худро ҳалол карда меёбанд, аммо ҳамин ки зарурати ба маркази вилоят рафтан пайдо шавад, ҷисму ҷони ҳар сокини ноҳияи моро ҳаяҷону ташвиш ва нигарониҳо фаро мегиранд, – навиштааст омӯзгори сӯхӣ Ғоибназар Ғоибов дар саҳифаи фейсбуки худ.

Вай афзудааст, ки азияти мардуми ноҳияи Сӯх як раванди давомдорро касб кардааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми ноҳия танҳо аз роҳи тронзит қаламрави ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткентро убур мекунанд.

– Бори охир вақте ки зарурат пеш омад, озими шаҳри Фарғона шудам. Тай кардани ин роҳ тақрибан на бештар аз як соатро ташкил мекунад, аммо ман ҳашт соати худро дар ин роҳ сарф кардам. Навбатпоиҳои зану мард дар гузаргоҳҳои ҷониби Қирғизистон, хосатан барои пирону солхӯрдагон ва занони кӯдакдор басо сангин буд.  Муомилаҳои дағалонаву дурушти марзбонҳои гумрукчиёни кишвари ҳамсоя ба болои сӯхта намак мепошид. Ҳатто баъзе шаҳрвандони кишвари мо мавриди камситоӣ ва таҳқир қарор мегирифтанд, вале кӯшиш мекарданд, ки сабру таҳаммулро аз даст надиҳанд ва боиси азияти бештар нашаванд. Магар ин аз рӯи адолат аст?!  Ҳар фарде, ки ҳамон рӯз дар ин сафар моро ҳамроҳӣ мекард, бо азияти зиёд худро ба маркази вилоят расонид, – қайд кардааст Ғоибназар Ғоибов.

– Аҷиб аст, ки комиссияҳои байниҳукуматии Ӯзбекистону Қирғизистон борҳо гирди мизи музокира мешинанд, масъалаҳои зиёдро баррасӣ мекунанд, вале ин гуфтушунидҳо дар равуои мардум ягон беҳбудӣ ба даст намеояд. Аксари мардуми ноҳияи Сӯх ба ҳолати танг омадаанд. Ба мақомоти болоӣ борҳо муроҷиат кардаанд, то ки ин масъалаи печ дар печ ҳаллу фасл гардад. Кушодани роҳи Сӯх-Риштон низ бо сабабҳои гуногун ҳафт сол ба ин сӯ ба таъвиқ меафтад, – мегӯяд як ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ дуруст аст, ки аввали соли равон бо тантана ва шукӯҳи зиёд ин роҳ кушода шуд. Тамоми расонаҳои мустақил ва хабаргузориҳои зиёд дар ин бора хабару репортажҳо нашр карданд. Садову симоҳои давлативу хусусӣ низ ин ҳодисаро басо хурсандибахш арзёбӣ карданд, аммо баъди ду соат ин роҳ баста шуд. Ин иқдоми бемаънӣ дубора рӯҳияи мардумро шикаст ва эътимоду бовариро аз мавдди назарҳо дур андохт.

– Аввал марзбонони ҳамсоя далел пеш оварданд, ки компютери онҳо хароб шудааст ва ҳамин ки онро тармим карданд, мусофирон метавонанд аз тариқи ин гузаргоҳ худро ба манзил расонанд. Ҳафтаҳову моҳҳо гузашту ин роҳ ҳанӯз боз нашудааст. Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон кушодани роҳи Сӯх-Риштон ғайриимкон аст,  зеро узвияти ин кишвар дар Созмони иқтисодии АвруОсиё ба боз намудани ин гузаргоҳ роҳ намедиҳад. Аниқтараш, ин роҳ ҳаргиз боз нахоҳад шуд, – мегӯяд Шерзод Ҳайдаров ном сокини ноҳияи Сӯх.

Як депутати парлумони Қирғизистон хост, ки дар робита ба кушода нашудани роҳи Сӯх-Риштон яку якбора мардуми ин ноҳияро хотирҷамъ кунад. Вай гуфт, ки солу моҳҳо гузарад ҳам, онҳо роҳи Сӯх-Риштонро ба рӯи мардуми ноҳияи Сӯх боз нахоҳанд кард.

Ба таъкиди баъзе ҳамсуҳбатони мо ҳукуматдорони қирғиз мардуми ин ноҳияи тоҷикнишини вилояти Фарғонаро гаштаву баргашта гӯл мезананд. Расму ойинҳои ҳамсоядорӣ кайҳо зери по шудааст, аммо ҷониби Ӯзбекистон бо риояи андеша ва ойинҳои ҳамсоядорӣ ҳамеша қирғизҳоро ба муросову мадоро даъват мекунад ва талош ба харҷ медиҳад, ки сулҳу субот барқарор гардад, аз азият додани ҳамдигар ҷилавгирӣ шавад ва мардуми ду самти марз дар фазои амну субот машғули кору зиндагии худ шаванд. Вале як мақоли ӯзбекӣ ҳаст, ки ба забони тоҷикӣ чунин маъно дорад: Баъзеҳо сабрро тарс мепиндоранд.

Ногуфта намонад, ки 31 майи соли равон қирғизҳои ҳамсоя як гурӯҳ сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхро сангборон карданд ва ду ҳавлии онҳоро оташ заданд. Дар ҷараёни ин даргирӣ 187 нафар сокини ноҳияи Сӯх захмҳои гуногун бардоштанд. Бо талоши мақомоти ҳарду ҷониб вазъияти ба миёномада ба эътидол оварда шуд, вале зимни равуо аз тариқи хоки Қирғизистон ҳанӯз сокинони Сӯхзамин  мавриди азият ва камситоиҳо қарор мегиранд.

– Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам? Ба ёд овардани ин мисраи лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ дар айни ҳол хеле бамавқеъ мебошад. Кишварҳои зиёд марзҳоро ба рӯи якдигар боз мекунанд ва ба истиқболи ҳамдигар мебароянд, аммо дар мо акси ин ҳол дида мешавад. Масъалаи сода кардани равуои мардуми Сӯх, деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона бояд аз ҷониби мақомоти баландпояи ҳарду кишвари ҳамсоя  қотеъона баррасӣ гардад ва дар ҳаллу фасли он иқдоми ҷиддӣ сурат гирад. Гузашта аз ин, вақти он расидааст, ки ба ҳамаи бесарусомониҳо низ бояд нуқта гузошт. Дар акси ҳол вазъият метавонад дубора рӯ ба ташаннуҷ оварад, – мегӯяд сокини деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх Камолиддин Азизов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь