Баъди 15 сол 700 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мешаванд, аммо набудани мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишии се мушкили дигари аҳолии ин деҳа боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён 15 сол пеш як деҳа бо номи Янгиюл-2 таъсис ёфта, ба гуфти масъулони ноҳия дар ин деҳа каму беш 700 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.
Сокинони ин деҳа солҳост, ки аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо дасгирии Ҳукумати мамлакат, МИҲД-и вилоят, ноҳия ва шарикони рушд мушкилоти 15-солаи сокинони деҳа моҳои наздик ҳал мегардад. Кашидани лӯлаҳои обгузар дар ин маҳалла бо маром идома доранд.
Блоки рекламавӣ