Ташрифи  меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ таҳти раёсати раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Ботканд Омурбек Сувоналиев дар вилояти Фарғона имрӯз давом дорад. Ёдовар мешавем, ҳузури ҳайатҳои ду вилояти ҳамҷавор барои ширкат дар Бизнес-форуми Фарғона роҳандозӣ шудааст, ки 22 апрел таҳти унвони “Ҳамоиши минтақаҳои наздимарзӣ-гарави рушд” баргузор шуд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баъди пазироии меҳмонон, ки дирӯз ба вуқӯъ пайваст, гуфт,  иродаи роҳбарони се давлати ҳамҷавор дар бобати барқарор намудани риштаҳои дӯстиву рафоқати ӯзбекон, тоҷикон ва қирғизҳо хеле мусоидат кард. Ба гуфтаи ҳокими ин вилоят дӯстиву рафоқат ба одамон фақат бахту шодкомӣ меорад.

Маълум шуд, ки дар минтақаи наздисарҳадии “Андархон”-и ноҳияи Бешариқи ин вилоят, воқеъ дар шафати ноҳияи Исфара ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, “Минтақаи озоди иқтисодӣ” ташкил карда мешавад ва маҳз дар ин ҷо барои ба роҳ мондани тиҷорати мардуми ду кишвар бозори умумӣ ташкил хоҳад шуд.

-Гузашта аз ин, дар вилояти Фарғона хонаҳои савдои Суғд ва Боткент, ҳамчунин дар ин ду вилоят хонаи савдои Фарғона ташкил карда хоҳад шуд. Ҳамчунин роҳандозии рӯзҳои фарҳанг, дар минтақаҳои наздимарзӣ ташкили кооператсияи тавлиди маҳсулоти гуногун, истифода аз донишу малакаи профессор-устодон  дар донишгоҳҳои ҳамдигар манфиати зиёд хоҳанд овард,-изҳор кард Хайрулло Бозоров.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд, дар ин форум иброз дошт, ки Тоҷикистон низ оҳиста содири ашёи хоми пахтаро ба кишварҳои хориҷӣ ҳусни иктифо мебахшад.

– Барои ҳамин агар соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона дар бобати аз нав коркарди ин ашёи хом ҳамкориҳоро ба роҳ монанд, ҳарду ҷониб манфиат хоҳад дид. Дар баробари ин мо ангишти фаровон дорем ва метавонем мардуми вилояти Фарғонаро бо ангишти хушсифат низ таъмин намоем, – гуфт Аҳмадзода.

Баъди ба узвияти Иттифоқи иқтисодии Авруосиё пазируфта шудани Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди ҳалли баъзе масъалаҳо, аз ҷумла кушодани роҳи байни ноҳияи эксклави Сӯх бо Риштон, ки соли 2013 баста буданд, мушкилоти зиёд дар миён омада буд. Як идда депутатҳои парлумони Қирғизистон иддаъо мекарданд, ки ин роҳ дубора ҳиргиз кушода нахоҳад шуд.

Аммо ташрифи раисиҷумҳури нави Қирғизистон Садир Ҷабборов ба Тошканд ва дидору гуфтугӯи вай бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин масъаларо ҳаллу фасл намуд. 1 апрели соли равон роҳи Сӯх-Риштони вилояти Фарғона бо тантанаву дафу доира ва карнаю сурнай кушода шуд.

– Узвияти Қирғизистон дар созмони иқтисодии АвруОсиё мусоидат менамояд, ки соҳибкорони вилоятҳои Фарғона ва Суғд низ бизнес ва тиҷорати худро ба роҳ монанд. Ин се вилояти ҳамҷавор дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштаанд ва мо метавонем дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳоямонро рушду ривоҷ бахшем,-гуфт ҳокими вилояти Ботканд Омурбек Сувоналиев.

Вай ҳатто ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик ибораҳои “вилоятҳои ҳамсарҳад” ва “минтақаҳои наздисарҳадӣ” барои мардуми ин вилоятҳои ҳамҷавор аз байн хоҳанд рафт.

Рӯзи 22 апрел меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилояти Фарғонаро тамошо карданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти бофандагӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, чарму атриёт, сохтмон, ҷиҳози тиббӣ ба намоиш гузошта шуд.

Баъд дар Кохи мӯҳташами театр-консерти ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона роҳбарони се вилоят бо аъзои ҳайатҳои худ дар мавзӯи “Ҳамойиши минтақаҳои наздимарзӣ-гарави рушд” биснес-форум баргузор карданд.

Ба гуфтаи ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ин ҳамоиши нахустини муштарки се вилояти ҳамҷавор мебошад, ки минбаъд бояд ба ҳукми анъана дарояд.  Ҳамчунин вай пешниҳод намуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми табодули мол ярмаркаҳои муштараки савдо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноат, кишоварзӣ, бофандагӣ, сохтумонӣ ба мақсад мувофиқанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Сувоналиев низ роҷеъ ба он ҳарф заданд, ки вилоятҳои онҳо дорои кадом салоҳиятҳои иқтисодӣ мебошанд ва барои тавсеаи ҳамкориҳо ба кадом нукот бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуд.

Хайрулло Бозоров ва Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати ривоҷ додани робитаҳои иқтисодӣ ба “Харитаи роҳ” имзо гузоштанд. Бар асоси ин харитаи роҳ минбаъд ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни вилоятҳои Фарғона ва Суғд беш аз пеш доман фарох хоҳад кард.

Дар ин заминаи бизнес-форум миёни ноҳияи Бешариқ ва шаҳри Конибодом, ноҳияи Бувайда ва шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Данғара ва Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Исфара, ноҳияи Учкӯприк ва шаҳри Бӯстони ду кишвар  меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Соҳибкорони ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона ва ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент низ меморандумҳои ҳамкорӣ имзо карданд.

Нимаи дуюми рӯзи 22 апрел аз боздиди якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ҷараёни фаъолияти оноғоз гардид. Ба таври мисол, меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ корхонаи муштараки калобаресии “Fergana Glоbal textile”-и шаҳри Фарғона,  ширкати истеҳсоли технологияҳои обёрии қатраии “Netafim”, ҷамъияти саҳҳомии шишабарории “Кварс”-и шаҳри Қувасой, корхонаи “Экокерамика”-и ноҳияи Фарғонаро диданд ва бо раванди кори он ошно шуданд. Дар айни ҳол  маҳсулоти корхонаи “Экокерамика” ба Тоҷикистон ва Қирғизистон содир мешавад.

Интизор меравад, ки 23 апрел меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯқанди вилояти Фарғона ташриф меоваранд. Яке аз ин ташрифҳо дар шаҳри куҳани Риштон анҷом хоҳад пазируфт.

Дар ноҳия “Шаҳраки кулолон” барпо шудааст, ки бо таровати худ ҳусни шаҳрро афзудааст. Ин шаҳрак аз маҷмӯае иборат аст, ки мувофиқи анъанаҳои меъмории миллӣ ва бо тарҳу ранги замонавӣ сохта шудааст. Масоҳати он бештар аз як гектарро ишғол намудааст. Ин бино аз ду ошёна иборат мебошад.

Дар ошёнаи аввали он бист нафар кулолон-ҳунармандони маъруф машғул ба кор хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар ин ошёна онҳо метавонанд маҳсулоти худро ба фурӯш расонанд.

Дар як тарафи ин маҷмӯа осорхона ҷой гирифтааст. Он зиёда аз дусад ашёи кулолгариро ба намоиш мегузорад. Ин ашёи намоишӣ аз давраҳои гуногун боқӣ мондаанд. Дар мавриди гирдоварии он як гурӯҳ кулолони номии Риштон саҳми калон гузоштанд.

Ин маҷмӯаи зебо бо маблағи умумии 19 миллиард сӯм ё тақрибан муодули 1 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст.

Яке аз афзалиятҳои маҷмӯаи ҳунармандӣ аз он иборат аст, ки ошёнаи дуввуми он барои зисти ҳунармандон мусоидат мекунад. Ҳунармандон баъди анҷоми кор ба ҷое нарафта, дар он ҷо шабҳоро бо фароғат рӯз карда метавонанд.

Дар “Шаҳраки ҳунармандон” анқариб 230 сокинони шаҳри Риштон ва атрофу акнофи он ба кор таъмин шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар оянда ин маркази ҳунар ба яке аз ҷойҳои содиротии маҳсулоти кулолгарӣ табдил хоҳад ёфт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь