Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, таҳти № АП-1677 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ» мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои кишвар уҳдадоранд,  ки дар як сол ду маротиба  нишасти матбуотӣ доир кунанд.  Сол то сол ин нишастҳо камранг мегузаранд ва шумораи сохторҳо низ  кам мешаванд.

Журналистонро гоҳе “туби футбол” мекунанд

Ман  дар нишасти шашмоҳаи соли 2022 ва соли 2023 ду бор   аз  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш кардам, ки сохторҳое, ки ин Амри президентро нодида мегиранд ва нишаст доир намекунанд водор кунад, ки дар ҷамъбасти солона нишасти матбутӣ гузаронанд. Аз ҷумла, сохторҳои калидӣ – РВКД ҶТ,  Суди вилояти Суғд, шабакаҳои барқ ва ғайра…

Аммо ҳолат дар Суғд тамоюли бадшавӣ дораду беҳбудӣ нест. Бо фарқ аз солҳои қаблӣ имсол дар нишасти матбуотии нимсола ҳатто Хадамоти муҳоҷират, ки  тибқи нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ  28.07.2023 соати 11:00 (дар як соат бо нишасти матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд) буд, дар аввал “имрӯзу пагоҳ” карданду билохир нагузашт.

Мушкили дигари нишастҳо  дар як вақт чанд сохтори муҳимро дар нақша мондан аст. Дар як соат ду-се шаҳру навоҳиро дар ҷадвал ҷо мекунанд, ки ҳар кадоме муҳимтар аз якдигаранд. Баъзе редаксияҳо шумораи зиёди корманд доранд, ки тақсим шуда ба нишастҳо мераванд, аммо аксари расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва бурунмарзӣ дар вилоят яктоӣ намоянда доранд, ки наметавонад ба ҳамаи нишастҳои лозим иштирок кунад. Ман ҳамчун намояндаи расонаи ҷумҳуриявӣ фикр мекунам ин гуна нақшабандӣ низ як намуди маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ аст.

Пешниҳод ҳамин, ки дар вақти ҷадвали нишастҳоро тартиб додан мушкилоти зикршударо ба инобат гиранд. Журналистонро “тӯби футболӣ” накунанд.

Дигар мушкили баргузории нишастҳои матбуотӣ  дар як ҷову як соат  гузаронидани чанд сохтор аст.  Масалан, дар Суғд идораҳои об, кишоварзӣ, экология ва Кумитаи идораи замин дар як  соат нишаст мегузаронанд. Ҳар роҳбар 10-дақиқаг баромад мекунад. Тасаввур кунед, 80 дарсади вақт ба маъруза сарф мешавад ва онҳо чизи нав не, балки ҳамон варақи хабариро мехонанд. Ба 20 дақиқаи боқимонда 25-30 журналист чӣ кор мекунад?  Не саволи комилу  на ҷавоби дақиқ. Боз ин чор сохтор фаъолияти бисёр густурда доранд.

Гӯиё нишаст танҳо ба худи намояндагони ВАО лозим аст…

Алишер Охунов, роҳбари оҷонсии иттилотии “Суғднюс”:

– Имсол ҳам нишастҳои хабарӣ, ки дар ҳар шаш моҳ баргузор мешаванд, дар шаҳру навоҳӣ ва идораву ташкилотӣ давлатӣ ба мисли солҳои пешин баргузор шуданд. Нишастҳо бо хондани ҳисоботи корҳои анҷомдода оғоз шуда, вақти зиёд барои хонданаш сипарӣ мешавад. Буданд нишастҳое, ки бидуни хондани варақаи иттилоотӣ баргузор мегаштанд ва хабарнигорон бемушкил ба суолҳои худ ҷавоб мегирифтанд.

Албатта, сол аз сол миқдори нишастҳо ҳам  нисбат ба солҳои пешин кам шуда, сифати баргузории он низ коҳиш меёбад. Ҳам шахсони мансабдор ва ҳам хабарнигорон дар бархе ҳолат ба нишастҳо бидуни тайёрии ҳамаҷониба ҳозир мешаванд.

Хабарнигор саволи мушаххас диҳад, агар роҳбар омода набошад, ҷавоби умумиро мегирад ва ё таъкид менамояд, пас аз нишаст ҷавоби алоҳида пешниҳод менамояд. Вале ҳолатҳои зиёди нотайёрии хабарнигоронро ҳам мушоҳида менамоем. Саволҳои умумӣ, номушаххас ва берабт ба ниҳоди мавриди назар. Аз посух ба суолҳои мушаххас гурехтани роҳбарони сохтору идораҳо қаблан ҳам вуҷуд доштанд ва посух ба онҳо нопурраву номушаххас мемонданд ва он ҳоло ҳам идома дорад.

Дар баъзе маврид тасаввуре ҳосил мешавад, ки гӯиё нишаст танҳо ба худи намояндагони ВАО лозиманд, шахсони масъули ниҳодҳо аз хабарнигорон барои кори анҷомдодаашон дуруст истифода карда наметавонанд, Раёсатҳое ҳастанд, ки хеле кори зиёде анҷом медиҳанд, вале барои нишон додани корашон тавассути рӯзноманигорон иқдоме намекунанд. Нишастҳоро барои иҷрои нақша баргузор намуда, аз қувваи бузург самаранок истифода намекунанд. Тарз ва шакли гузаронидани нишастҳоро намедонанд, дар варақаҳои иттилоотӣ маълумоте, ки корашонро ба таври бояду шояд бозгӯ кунад, ҷой намедиҳанд ва дар натиҷа тасаввури нопурра ҳосил мешавад.

Агар нишастҳоро самаранок ва баманфиат истифода намоянд, ҳам кори анҷомдодаашон барои ҷомеа манфиатовар мешаваду фазои иттилоотӣ низ пурра мегардад.

Пешниҳоди банда ҳам ин аст, ки бояд дар нишастҳо ҳам роҳбарон ва ҳам хабарнигирон бо тайёрии пешакӣ ҳозир шаванд ва ҷонибҳо аз ҳамдигар манфиате бардоранд. Ҳам хабарнигорон  суолҳои мушаххасу пухта ва ҳам роҳбарон ҷавобҳои боварибахшу боэътимод ироа намоянд.

Иинтиқод натиҷаи баръакс дод

Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ:

Нишастҳои хабарии ҷамъбасти шашмоҳаи имсол назар ба ҳолатҳои қаблӣ боз ҳам камрангтар гузашт. Камранг ба он маъност, ки аз нишасти қаблӣ то ба ин нишаст боз ҳам шумори идораю мақомоти ҳисоботдиҳанда кам шуд. Мо дар аввали ҳамин сол аз каммасъулиятӣ ва пурра ба саволҳо посух надодани сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Саид Камолзода гузориш таҳия карда будем, ба умеде, ки дар нишастҳои оянда, ин камбудиҳо ислоҳ шавад, аммо, баръакс, ин идора ба рӯзноманигорон аз ҷамъбасти шашмоҳа ҳисобот надод. Ҳамчунин, чандин  сол аст, ки мақомоти додгоҳи вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагии Додситони ҳарбӣ, Идораи барқи вилоят аз баргузории пресконференсия даст кашидаанд.

Ин нукта дар нишасти хабарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҳамин нишаст низ баррасӣ гардид ва ӯ баргузор накардани нишастҳои хабариро танқид кард. Аҳмадзода ба масъулини идораву корхонаҳо гуфт, ки вилояти Суғд хеле калон аст ва фаҳмидани мушкилоти ҷомеа тавассути рӯзноманигорон ба манфиати кор хоҳад буд. Дар инҷо бояд зикр кунам, ки худи Раҷаббой Аҳмадзода ҳар нишасти хабариро бо масъулияти баланд доир мекунад ва ба ҳама саволи рӯзноманигорон бе маҳдудияти вақт ҷавоб медиҳад.

Албатта, дар ин нишастҳои хабарӣ ҳолатҳое буданд, ки баъзе мансабдорон аз савол фирор мекарданд. Бахусус, вақте дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзноманигорон мепурсиданд, ҷавоби масъулин ё кутоҳ буд ва ё ошкоро мегуфтанд, ки дар ин бора чизе намедонем. Ҳарчанд, дафъаҳои гузашта андешаву мавқеи худро баён мекарданд.

Вазирону раисон саволҳоро инкор мекунанд

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори  оҷонсии “Азия-плюс”:

– Сол аз сол роҳбарони вазорату идораҳо барои гурехтан аз посухи журналистон  роҳу равишҳои навро мекобанд.

Масалан, агар солҳои пеш роҳбарони аввал дар нишастҳо ҳозир намешуданду танҳо муовинони хешро равон мекарданд ва ё аз додани баъзе омори шубҳанок худдорӣ мекарданд, имсол вазъ комилан ранги дигар гирифтааст.

Акнун вазирону раисон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои рӯзноманигоронро инкор мекунанд, аҳамият намедиҳанд ва ҳатто дар аксари ҳолатҳо муовинонашонро намегузоранд, ки ба суолҳо посух диҳанд.

Чунин ҳолат дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм рух дод ва Раҳим Саидзода на танҳо саволи ботакрори журналистонро дар бораи норасоии кадрӣ инкор кард, балки ба яке аз муовинонаш имкон надод, ки ба суоли рӯзноманигорон посух гӯяд.

Булаҷабҳои дигари нишастҳои имсола ин аст, ки масъулин оморҳое, ки солҳои охир дастрас буд ва ҳатто дар варақаҳои матбуотӣ навишта мешуд, имсол аз варақаҳо “руфтаанд”..

Аз ҷумла, дар нишатси матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омори муҳоҷирони тоҷик дар Русия пешниҳод нашуд ва вазири нав ҳам ба суоли ботакрори журналистон дар ин бора иттилоъ надод. Дар ҳоле, ки чунин омор солҳои пеш ҳатто дар варақҳои матбуотӣ дастрас буд.

Ҳамчунин, омори ҳаҷм ва нархи фурӯши барқ ба Афғонистон ҳам солҳои пеш дастрас буд, имсол он барои рӯзноманигрон “дастнорас” шуд. Омори сармоягузорони асосии Тоҷикистон ҳам дар варақаи матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ “ғайб” зад.

Махсусияти дигари мансабдорон дар нишастҳои матбуотии имсола ин ба души якдигар партофтани салоҳиятҳо буд. Масалан, вақте журналистон аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи шумораи зиндониёни тоҷик дар маҳбасҳои Русия пурсиданд, онҳо гуфтанд чунин омор надоранд ва он дар Вазорати корҳои дохилӣ мешавад. Вале аз ВКД гуфтанд, чунин оморро надоранд ва ин дар салоҳияти онҳо нест. Прокуратура ҳам гуфт чунин оморро надоранд ва дар салоҳияти онҳо нест. Дар охир Вазорати адлия, ки масъули нигоҳубини зиндонҳо дар кишвар аст, дар посух ба ин суол гуфт, чунин оморро надоранд, дар салоҳияти онҳо нест ва аз Прокуратураи генералӣ пурсем. Ҳамин тариқ, омори расмии зиндониёни тоҷик дар Русия барои рӯзноманигорон дастрас нест ва ҷомеа намедонад, ки дар зиндонҳои ин кишвар чӣ қадар шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунад.

Журналистон ҳам “мусичаи бегуноҳ” нестанд

Дар баробари роҳбарон журналистон ҳам “мусичаи бегуноҳ” нестанд. Дар нишастҳои матбуотӣ баъзе саволҳои то ҷое дуввумдараҷа ва сеюмдараҷаро медиҳанд, баъзе дигар саволҳои сирф шахсӣ. Баъзе аз рӯзноманигорон савол намедоданд, барои “вақт” ҷудо кардани роҳбар миннатдорӣ баён менамуданд. Ҳатто мушоҳида мешуд, баъзе аз ҳамкасбони мо (албатта манфиатдор) барои вақтро кашол додану фурсати саволи ҷавобро танг карданд тамоми кушиши худро ба роҳ мемонданд.  Албатта, вақте як журналист вақти дигар ҳамкасби худро маҳдуд мекунад дар толори нишаст нофаҳмӣ ва эътирозҳо ба миён меояд.

Тибқи талаботи моддаи 30 Конститутсияи ҶТ, мод. 5, 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, мод. 23 ва 28 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”  масъули сохторҳо уҳдадоранд, ки дар муҳлати муайяншуда ба саволи журналист посух диҳанд, аммо на ҳамеша ин талаботи қонун риоя мешавад.

Фарзона Муродӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь