Ба пешвози 1050-солагии алломаи овозадори форс-тоҷик Абурайҳони Берунӣ

Воқеан бузургонро бузургон зинда медоранд. Дар қароргоҳ (штаб-квартира)-и СММ дар шаҳри Венаи Австрия аз шумораи зиёди донишмандони оламшумули форс-тоҷик муҷассамаи чаҳор нафарашон дар як ёдгории хеле зебо бисёр ҳадафрас ҳаккокӣ шудааст. Инҳо Шайхурраис ва Шарафулмулк Абӯалии Сино ва нобиғагони дигар Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Умари Хайём мебошанд.

Имсол, дар арафаи ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зодрӯзи Абу Райҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Косии Хоразмӣ (08.09.973, Кос – 17.12.1048, Ғазна) 1050 сол пур мешавад. Ба ин муносибат муассисаҳои илмию таълимии кишвар ҳанӯз шурӯъ аз соли гузашта конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, мизи мудаввару семинарҳои илмӣ баргузорӣ доранд.

Дар Берунишиносии ҷаҳонӣ, бо арзи эҳтироми хоса бояд иқрор шуд, ки муҳаққиқони бегона аз нажоди Берунӣ дар роҳи омӯзишу пажӯҳиши осораш аз муҳаққиқони ҳамнажоди ӯ бештар заҳмат кашидаанд, ки мо ҷаҳони сипос арза медорем. Албатта, заҳмати донишмандони Эрону Тоҷикистонро аз қабили Акбари Доносиришт, Маҳдии Муҳаққиқ, Бохтар Музаффарзода, Абулқосим Қурбонӣ, Муҳаммади Осимӣ, Ҳошим Содиқов, Алиқул Девонақулов, Ҷаҳоноро Мамедова, Гадойбой Собиров, Муҳаммадраҳими Исо, Меҳримоҳ Бақо, Аҳмад Ҳоҷизодаи Мадрушкатӣ, Мирзо Ҳасани Султон, Юсуфҷон Бобоев, Диловар Маҷидов, Фарзона Саидова ва дигарон қобили таҳсин аст ва ба ҳеч ваҷҳ фаромӯшшуданӣ нест. Аммо аз рӯи зарбулмасали “Каҷ шину рост гӯй” ва баҳри музаффарияти адолат бояд гуфт, ки саҳми донишмандони зерин, ки ҳеҷ кадом аз онҳо ба монанди тоҷикону эрониён ҳамнажоди Берунӣ нестанд, дар Берунишиносии ҷаҳонӣ хеле арзанда ва қобили таҳсину шоёни офарин аст:

Михаэл Ян де Гуе (1836 – 1909) – таърихшинос ва шарқшинос (арабшинос)-и маъруфи нидерландӣ, муҳаққиқи осори Истахрӣ, Ибни Ҳайқал, Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Руста, Берунӣ, сарвари гурӯҳи арабшиносони аврупоӣ дар таҳия ва тарҷумаи “Таърихи Табарӣ”; Карл Эдвард Захау (1845 – 1930) – шарқшиноси маъруфи олмонӣ, профессори забонҳои сомӣ дар Вена ва Берлин; Ҳенрих Зутер (1848 – 1922) – донишманди швейтсариягӣ, яке аз маъруфтарин мутахассиси таърихи илми исломӣ (таърихи математика, физика ва астрономия); Эйлгард Видеман (1852 – 1928) физикдони маъруфи олмонӣ, рисолаи докториаш “қутбиши байзавии (поляризатсияи эллиптикии) нур ва иртиботи он бо рангҳои сатҳи ҷисмҳо” ва мутахассиси бузурги таърихи илмҳои риёзиву табиии олами ислом; Юлиус Фердинанд Руска (1867 – 1949) – педагог ва шарқшиноси маъруфи олмонӣ, мутахассиси таърихи илм (таърихи химия)-и олами ислом; Элиэзер Паул Краус (1902 – 1944) – шарқшиноси маъруфи яҳудиасос, донандаи забонҳои ибрӣ, арабӣ, оромӣ, амхарӣ (эфиопӣ), аккадӣ, юнонӣ, лотинӣ ва форсӣ; Эдвард Стюарт Кеннеди (03.01.1912, Мексика – 04.05.2009, ИМА) – риёзидон, шарқшинос ва мутахассиси таърихи математика, тарҷумон ва шарҳдиҳандаи осори Абурайҳони Берунӣ ва Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ ба забони англисӣ; Михаил Александрович Салйе (1899 – 1961), Юрий Николаевич Завадовский (16.10.1909, Варшава – 03.01.1979, Москва), Анас Бакиевич Халидов (25.02.1925, Черки-Кошаковоо, Тотористон – 01.12.2001, Қазон), Борис Абрамович Розенфелд (30.08.1917, Петроград – 05.04.2008, Пенсилвания), Мариам Михайловна Рожанская (25.07.1928 – 28.11.2014), Галина Павловна Матвиевская (тав. 30.07.1930, Днепропетровск), Павел Григорйевич Булгаков (07.07.1927, Тошканд – 28.10.1993, Тошканд), Убайдулло Исроилович Каримов (01.04.1920, Тошканд – 11.10.1997, Тошканд), Анвар Ҷуманиёзович Шарипов ва дигарон.

Дар мақолаи мазкур дар бораи зиндагиномаи пурфоҷиаи як нафар аз муҳаққиқони Абубакри Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ бо номи Паул Краус ба таври мухтасар маълумот хоҳем дод.

Ба шарофати Элиэзер Паул Краус ягона нусхаи хаттии “Рисола Берунӣ фӣ феҳраст кутуб Муҳаммад бин Закариё ар-Розӣ” (Рисолаи Берунӣ дар номгӯи китобҳои Муҳаммад писари Закариёи Розӣ), ки дар китобхонаи шаҳри Лейдени кишвари Нидерландия боқӣ мондааст, пажӯҳиш ва бознашрӣ ёфтааст. Асари мазкур ба забони арабӣ таълиф гардида, бо шарофати пажӯҳишгарони осори Берунӣ ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, узбакӣ тарҷума шуда, мутаассифона ҳеҷ муҳаққиқи тоҷикистонӣ ба тарҷумаи комили он даст назадааст.

Рисолаи “Номгӯи китобҳои Муҳаммад писари Закариёи Розӣ”-и Абурайҳони Беруниро Паул Краус ба ғайр аз омӯзишу пажӯҳиш, соли 1936 дар Париж дар шакли аввала ба забони арабӣ ба табъ расонида буд, ки нусхае аз он дар “Китобхонаи ба номи Ленин”-и шаҳри Маскав маҳфуз аст. Хушбахтона, ба камина муяссар гардид, ки солҳои таҷрибаомӯзиам (1987-1989) дар Институти таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи АИ СССР (ҳоло РФ) барои омӯзиши физикаи Абубакри Розӣ онро нусхабардорӣ кунам, ки ҳоло дар китобхонаи шахсиам маҳфуз аст. Нусхаҳои дигарро аз ҳамон нусха ихтиёран ба устоди зиндаёд Мӯсо Диноршоев ва бо хоҳиши забоншиноси шинохтаи тоҷик Мирзо Ҳасани Султон ба эшон низ эҳдо карда будам.

Рисолаи мазкур барои омӯзиши осори ҳам Абубакри Розӣ ва ҳам худи Абурайҳони Берунӣ воқеан яке аз муҳимтарин ва дақиқтарин сарчашма ба шумор меравад.

Элиэзер Паул Краус (Eliezer Paul Kraus) – яке аз пажӯҳишгарони варзидаи ниёгони форс-тоҷик буда, осори Абубакри Розӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, Абунасри Форобӣ ва Абурайҳони Беруниро тарҷума ва тааҳқиқ кардааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе 11 декабри соли 1902, дар шаҳри Прага дар хонаводаи яҳудӣ ба дунё омадааст.

Элиэзер Паул Краус маълумоти ибтидоиро дар Прага омӯхта, барои омӯзиши бештар ва комил кардани донишаш ба шаҳрҳои Берлин ва Париж сафар кардааст. Ҳангоми таҳсилаш дар Берлин бо Беттин ном духтаре шинос шуда буд, ки баъди солҳои зиёди ҷаҳонгардӣ, таъқиб, таҳқиқ, масхара ва омаду ноомади рӯзгор билохира бо ӯ издивоҷ кардааст, ки поёнтар дар он бора ҳарф хоҳем зад. Солҳои бистуми асри XX барои ӯ соли пурбор буд, соли 1929 дар шаҳри Париж сазовори дараҷаи илмии доктор Ph. D (номзади илм) гардид.

Ҳангоми таҳсилаш дар Берлин ба ӯ муяссар гардид, ки шогирди донишманди маъруфи замон Юлиус Фердинанд Руска (Julius Ferdinand Ruska, 09.02.1867, Бюл – 11.01.1949, Шрамберг) гардад.

Соли 1925 ӯ ҳамчун мутахассиси ҷавони сионист ба Фаластин сафар карда, баъд аз як соли фаъолияташ дар Фаластин, барои омӯзиши бештар ба муддати як сол дар Байтулмуқаддас ба Донишгоҳи яҳудӣ, ки тозаасос буд, фаъолият кардааст. Дар ин соли 1926 ӯ як муддати кӯтоҳ оиладор шуда, зуд аз завҷааш ҷудо шудааст, ки яке аз ноомадиҳои ҳаёташ буд. Охирҳои соли 1926 ӯ тарки Байтулмуқаддас карда, бо мақсади таҳқиқот ба Лубнон ва Туркия сафар карда, баъдан бо мақсади таҳсили бештар боз ба Берлин сафар кардааст.

Солҳои 1930 миллатгароии немисӣ дар Олмон бисёр тараққӣ карда буд ва ин ҳолати сиёсӣ ӯро маҷбур кард, ки тарки Олмон кунад. Бад-ин сабаб, ӯ аввал ба Париж, баъдан ба Қоҳира кӯч бастааст.

Соли 1933 вақте ки дар Олмон миллатгароёни фашиститақлид ба сари қудрат меоянд, бисёре аз яҳудиён аз кор маҳрум мегарданд. Дар ин замон Паул Краус бо мақсади таҳсил ва илмомӯзӣ аз шарқшиноси маъруфи фаронсавӣ Луи Массинйон аз Берлин ба Париж мекӯчад ва дар он ҷой 3 сол зиндагӣ кардааст.

Соли 1935 ӯ аввалин маротиба тарҷумаи фаронсавии “Зиндагии фалсафӣ”-и Абубакри Розиро чоп кардааст. Баъд аз як сол, яъне соли 1936 рисолаи докториаш Doctor of Sciences (доктори илм)-ро бо номи “Андар фаъолият ва муҳимияти Ҷобир ибни Ҳайён” чоп карда буд. Дар ин рисолаи худ ӯ аввалин маротиба номи Ҷобирро дар шакли лотинии Гебер (Geber) дар илми химия нишон додааст. Гузориши ӯ дар рисолааш эҳтимолиятеро ба вуҷуд овард, ки шахсе бо номи Гебер ҳеч гоҳе вуҷуд надоштааст ва ҳатто агар буда бошад ҳам, асли китоб баъд аз даҳ соли вафоти ӯ аз ҷониби шогирдонаш навишта шудааст.

Соли 1936 се донишгоҳҳои зерин ӯро ба кор даъват кардаанд: Донишгоҳи муқаддаси мусулмонии Ҳиндустон; Донишгоҳи яҳудии Байтулмуқаддас; Донишгоҳи Қоҳира. Ӯ даъвати Қоҳираро пазируфт ва соли 1937 ба он ҷо кӯчид. Элиэзер Паул Краус дар Қоҳира дар ду муассиса фаъолият мекард. Дар Донишгоҳи Қоҳира “нақди матнӣ” ва забонҳои сомиро дарс медод ва ҳамчунин дар Институти бостоншиносии фаронсавии Қоҳира фаъолияти илмӣ дошт.

Соли 1938 Паул Краус дар китобхонаи Истамбул дастхати асари Абунасри Форобӣ “Фалсафаи Афлотун ва Арасту ва Шарҳи қонунҳо”-ро пайдо карда, дар ин бора ба додарарӯси ояндаи худ профессор Лео Штраус хабар дода буд.

Ҳарду – ҳам Паул Краус ва ҳам Лео Штраус аз дастхати бозёфта ва таҳқиқи ҷолиби Абунасри Форобӣ хеле хурсанд буданд ва тасмим гирифтанд, ки соли 1939 бо дастгирии кишвари Туркия дар бораи Абунасри Форобӣ конференсияе баргузор созанд. Аммо бо сабаби сар задани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нақшаи онҳо амалӣ нагардид.

Бинобар маълумоти шарҳиҳолии ӯ ба забони чехӣ, ҳангоми сафараш ба Байтулмуқаддас дар соли 1939, Паул Краус афсӯс хӯрдааст, ки дар вақташ даъвати ин донишгоҳро напазируфта буд. Зеро мушоҳида кардааст, ки вазъи илмии академӣ дар ин донишгоҳ аз он замоне, ки ӯ аввалин маротиба соли 1926 дар он ҷо буд, хеле пеш рафтааст ва муҳаққиқони беҳтарин дар он ҷо ҷамъ омадаанд.

Паул Краус соли 1941 бо ҳамон духтаре, ки солҳои 20 дар Берлин шинос шуда буду Беттина ном дошт, дар синни 39-солагиаш оиладор мегардад. Беттина Штраус хоҳари профессор Лео Штраус буда, расман дуюмин завҷаи Паул Краус буд.

Онҳо якдигарро хуб мешинохтанд ва солҳои 1920 барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ якҷоя ба Туркия, Лубнон, Фаластин ва Миср сафарҳои илмӣ ҳам карда буданд.

Хурсандии ӯ дер давом намекунад ва як сол пас, соли 1942 дар зиндагиаш фоҷиаи дигар пайдо мегардад, ки Беттина Штраус ҳангоми таваллуди духтарчааш, ки баъдан Ҷенни Энн ном гузоштаанд, вафот кардааст.

Соли 1943, баъди марги завҷаи дуюмаш Беттина Штраус, ӯ ҳамроҳи духтарчаи яксолааш ба Иерусалим кӯчида, дар он ҷо бо Дроти Метлитский ном донишмандзани шинохта, асосгузори Донишгоҳи яҳудӣ бори дигар оиладор мешавад, ки Дроти Метлитский завҷаи сеюми Паул Крауси шӯридабахт буд.

Дар он замон ӯро ба мубоҳисаҳои расмӣ дар Донишгоҳи яҳудӣ даъват мекарданд. Паул Краус дар мубоҳисаҳо аз назарияи худаш дифоъ мекард, ки бинобар ақидаи ӯ Таврот бо як қатор лирика алоқамандӣ дошта, эҳтимол ҳамчун анъанаи шифоҳӣ низ дорад, дар матнҳо такрор ва баъзан номувофиқиҳо дучор меоянд. Чунин андешаронӣ ва рафтори Паул Краус дар мубоҳисаҳо ӯро ҳамчун «аҷибу ғариб» тавсиф мекард. Бисёре аз муосиронаш назарияи ӯро масхара мекарданд ва аз суҳбат бо ӯ дурӣ меҷустанд, ки ин ҳолат ӯро ба бемории асаб рӯ ба рӯ сохт ва фишордиҳиҳои рӯзгор рӯзафзун мегардид.

Баъд аз мубоҳисаҳои тезу тунд ва таъсирбахши вазъи рӯҳиаш, ӯ дигарбора тарки Байтулмуқаддас карда, боз ба Қоҳира, вале худаш танҳо безавҷаву духтарчааш, бармегардад. Бар бахти бади Паул Краус завҷааш Дроти Метлитский бо бемории вазнин дар бемористони Байтулмуқаддас бистарӣ мегардад. Ба бахти ӯ вазъи сиёсӣ ҳам дар Қоҳира бад мегардад ва роҳбарону дастгирони Паул Краус аз Донишгоҳи Қоҳира сабукдӯш мегарданд. Маълум мегардад, ки дар Қоҳира ӯ оянда надорад, бар замми он дар Байтулмуқаддас ҳам барои ӯ дарҳо баста буданд. Ҳуҷраи ӯ дар хонаи иҷорагирифтааш ба ду донишҷӯи лубнонӣ – Алберт Хуранӣ ва бародари ӯ Сесилу Хуранӣ, ки ҳарду бародарон оянда донишмандони шинохтаи замони худ мегарданд, вогузор карда мешавад. Алберт ва Сесилу мушоҳида карда буданд, ки Паул Краус баъди бозгашт аз Иерусали ба Қоҳира ба бемории шайдоии озор ва шиканҷа гирифтор шуда буд. Илова бар ин, дар он солҳои барояш наҳс, ки бехонаву дар, зану фарзанд буда, бар замми ин ба бемории шайдоӣ гирифтор буд, дар Донишгоҳи Қоҳира маблағи муайяне, ки барои харидории китобҳои китобхона ҷудо гардида буд, гум мешавад ва Паул Крауси шайдоиву афсурда ва бемору бахтбаргаштаро ба он ҳодиса эҳтимолан (бо гумон) гунаҳкор мекунанд…

Баъд аз чанд моҳи ин ҳолат, 12 октябри соли 1944 Паул Краусро дар ҳаммоми хонаи Алберт Хуранӣ пайдо мекунанд, ки ба дор овехта шуда буд. Политсияи Миср ҳукм мебарорад, ки Паул Краус худкушӣ кардааст, аммо хешовандони ӯ муътақид буданд ва далел доштанд, ки вайро бинобар яҳудӣ буданаш ва алоқааш бо ҷамъияти сионистӣ амдан ба қатл расонидаанд.

Духтарчаи ӯ Ҷенниро, ки он вақт чорсола буд, додарарӯсаш профессор Лео Штраус ба духтарӣ мепазирад. Ҳуҷҷатҳои Паул Краус, ки дар Институти фаронсавии Қоҳира нигаҳдорӣ мешуд, аз тарафи дигар донишмандон ба ғорат дучор гардида, дар ниҳояти кор тавассути духтараш ба ИМА бурда мешавад ва ба ганҷинаи махсуси Донишгоҳи Чикаго эҳдо мегардад.

Элиэзер Паул Краус муалллифи як қатор таҳқиқоти бунёдӣ оид ба фалсафаи арабӣ, махсусан ба химия ва алхимия буда, баъзе аз таълифоти ӯ дар ин соҳа то ҳанӯз роҳнамои умумиэътироф ба шумор мераванд. Ӯ дар сафҳаи таърихи тамаддуни форс-тоҷик аз донишмандони саҳмгузоре маҳсуб мегардад.

Ҳамин тариқ, дар синни 42-солагӣ, дар айни ҷӯшу хурӯши фаъолияти илмиаш риштаи умри Элиэзер Паул Краус – яке аз муҳаққиқони тавонои осори донишмандони асримиёнагии олами ислом ба таври фоҷиавӣ канда мегардад.

Абдулҳай КОМИЛӢ, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь