Дар адабиёти асотирии юнонӣ, оид ба сарзамине гуфта шудааст, ки бошандагонаш ҳама занони шамшерзани разманда – «амазонзанон» (амазонки) буда, мардон ба он ҷо роҳ надошта будаанд. Амазонзанон бо мардоне, ки дар ҷанг аз онҳо шикаст хӯрдаанд, омезиш пайдо карда танҳо фарзандони духтарро дар шаҳри худ нигаҳ медоштанд, аммо фарзанди писарро аз шаҳрашон берун мекарданд, ба падаронашон месупориданд, ё аз байн мебурданд. Ҳамчунин онҳо синаи рости* духтаронро низ дар кӯдакӣ мебуриданд, то ки битавонанд моҳирона тирандозӣ кунанд. Дар бораи шаҳри занон ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад, ки аз миёни онҳо се ривоят – яке асотири юнонӣ, ки дар осори хаттӣ, аз ҷумла дар ҳамосаи Ҳомер «Одиссея» (Odysseia), асарҳои сураткаши бостон Микон ва тандисҳои пайкартарошон Фидий ва Поликлет бозтоб шудааст, дуввум дар китобҳои торихии Ҳеродот, Эврипид, Плутарх ва севвум бозтоби амазонзанон дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошанд.

Масъалаи заминаи воқеъӣ доштани достони амазонзанон то ҳанӯз ҳам дақиқ нашудааст, аммо аз ин ки занони силаҳшӯру разманда, бошандагони кишвар, ё шаҳри бемард, дар сарчашмаҳои асотирӣ ва торихӣ ба таври фаровон бозгӯ шудаанд, гузаштаи торихӣ доштани фарзияи ёдшударо наметавон ба пуррагӣ инкор кард. Ба вижа, ҳангоме ки падари торихнигории ҷаҳон Ҳеродот он занони ҷанговарро (бо унвони antianeirai) дар китоби худ ёдовар шудааст. Ба пиндори бархе пажуҳишгарони торихи бостон, қавме вуҷуд доштааст бо номи сарматҳо, ки дар он ҷо занон ҳукуматрон буда, лашкариёну руҳониёнашон занон будаанд. Ҳамин аст, ки онҳо амазонзанонро бозмондагони сарматҳо донистаанд. Равшан аст, ки сарматҳо туронӣ буда, дар шимоли шарқи баҳри Хазар, дар савоҳили рӯди Волга зиндагӣ доштанд. Ҳеродот низ таъйид кардааст, ки сарматҳо аз насли амазонҳо ва скитҳо (сакоиҳо) мебошанд. Ба ривояти дигаре, ҳангоми дар Суғд будани Искандари Макдунӣ, фармондори Хоразм мақдуниҳоро ташвиқ мекунад, ки сарзамини занони ҷангандаи амазонро, ки дар ҳамсоягии суғдиҳо зиндагӣ мекунанд, ишғол кунанд.** Ин нуктаро низ мебояд фаромӯш накард, ки чуноне борҳо дар навишторҳои худ ёдовар шудаем, мутаассифона бо навишторҳои зиёди донишпажуҳони кишвари Озарбойҷон (ва Ӯзбекистон низ) ҳамвора дучор меоем, ки дар навиштаҳои илмигунаашон барои ҳувияттарошии миллати худ ҳеҷ марзеро напазируфта, аз бунёдгузорони нахустини созҳои мусиқии тор, то бозии чавгон ва ватани офариниши китоби «Авасто»-ро мехоҳанд дар марзҳои имрӯзаи Озарбойҷон бубинанд. Ҳамон гуна ки Гейбуллаев, Гияседдин Аскер оглы мепиндорад, «амазонзанон ҳамоне буданд, ки малика Томирис, раҳбарии сакоиёни туркро низ дар даст дошта, Куруши бузургро гирифтор кард ва кушт». Ба ҳамин маънӣ дар ҷои дигар мехонем, ки «Малика Томирис, ки ба ривояте духтари Афросиёб ва ба ривояте аз наводагони ӯ буд, дар раъси як артиши бузурги сакоӣ – амазонӣ ба муқобилаи Куруши Кабир шитофт ва тайи ҷанге махуф сипоҳиёни Курушро торумор ва худи ӯро асир кард. Ба дастури малика сари Курушро дар таште бурида ва онро дар миёни ташти хун андохтанд…»*** Албатта ин ҳамон достони бофтаи дурӯғини туркзодагон дар пиромуни ба осонӣ куштани шоҳаншаҳ Куруши Бузург аст, ки бо вуҷуди амазонзанонро ба он пайвастан, аҳли таҳлил онро ҳарзахонӣ донистааст. Чун мавзӯи тахмин задани ҷойгоҳи аслии амазонзанон ҷустори алоҳидаеро мехоҳад, дар ин ҷо ба ҷузъиёти он рӯ наоварда, ба решаи пайдоиши вожаи «амазон» нигоҳи гузаро менамоем.
Бисёре аз торихшиносони русу аврупоӣ решаи вожаи «амазон»-ро форсӣ дарёфтаанд. (Шояд МАЗОН, ба маънии на зан бошад. Ба ёд меоварем ин сатрҳоро: «Агар нек будӣ зану қавли зан, Занонро мазан ном будӣ на зан».) Дар шабакаи интернетии Википедия низ ин вожаро форсӣ арзёбӣ намудаанд: «Название «амазонки» происходит от иранского слова «ha-mazan»-женщина-воин. Ещё один вариант – от слова «a masso» – неприкосновенные (для мужчин).»**** (Яъне номи «амазонка» баргирифта аз вожаи иронии «ha-mazan» – зан – размовар мебошад. Гунаи дигари пайдоиши он чунин аст, ки аз калимаи «a masso» баргирифта шудааст, ба маънии ба мардон дастнорас. ) Бархеи дигар ба он гумонанд, ки ин вожа аз забони юнонӣ amazoi баргирифта шуда, ба маънии «бепистон», ишора ба афсонаест, ки онҳо пистони самти рости духтаронро аз ҷавониашон мебуриданд, то ба камонкашиашон халал наоварад.
Ҷонибдорони воқеъият доштани достони амазонзанон бар онанд, ки ёдоварии охирин дар бораи он занони силаҳшӯр, ба замони Искандари Макдунӣ рост меояд. Ва дар ривоятҳои торихӣ ёдкарде вуҷуд дорад, ки охирин каси ба он сарзамин расида, Искандари Мақдунӣ будааст. Аз рӯи он достонҳо шаҳбонуи амазонзанон, Искандари Макдуниро даъват мекунад, ки ба сарзамини онҳо омада, ӯро ба ҳамсарӣ бипазирад.***** Гарчи сарчашмаҳои торихии аврупоиён аз шоҳкори адабиёти форс-тоҷик, «Шоҳнома» – и Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар нашаванд ҳам, ин устура дар сатрҳои заррини он бо шакли дигар, вале хеле зебову заминӣ бозгӯ шудааст. Дар номаи бостон паёмбари аслу насаби порсӣ аз шаҳри занони ҷанговаре ёдовар шудааст, ки он Ҳарум ном дошта, Искандар пас аз чирамандӣ бар кишварҳо, аз пайи тасхири он мегардад:
Ҳаме рафт бо номдорони Рум,
Бад – он шорсоне, ки хонӣ Ҳарум.
Ки он шаҳр яксар занон доштанд,
Касе бар дари шаҳр нагзоштанд.******
Искандар ба шаҳри занон наздик шуда, чун дар бораи далериву хирадмандии занони он бохабар шуда буд, ҷуръати ворид шудан ба шаҳр накарда, эҳтиёт пеша мекунад ва бо дасти файласуфе пайғом мефиристад, бар маънии азми ҷанг надоштану танҳо орзӯи дидани шаҳри онҳоро доштан:
Бифармуд то файласуфе зи Рум,
Барад нома наздики шаҳри Ҳарум.
Чу доно ба наздики эшон расид,
Ҳама шаҳр зан диду марде надид.
Чу он нома бархонд донои шаҳр,
Зи райъи дили шоҳ бардошт баҳр.
Нишастанду посух навиштанд боз,
Ки доим бизӣ шоду гарданфароз.
…..
Чу бо ростӣ бошиву мардумӣ,
Набинӣ ҷуз аз хубиву хуррамӣ.
Ва гар ҷуз бар ин бошӣ эй, шаҳриёр,
Бипечӣ зи мо дар сафи корзор.
Ба пеши ту орем чандон сипоҳ,
Ки тира шавад рӯи хуршеду моҳ.
Зани номбардор нома бидод,
Паёми далерон ҳаме кард ёд.*******
Номаи шаҳрбонуи Ҳарум ба Искандар мерасад ва ӯ донишу хирад ва растагориву далерии ононро таҳсин мекунад ва тайи номаи дигар дубора манзури худро, ки фақат дидани шаҳри занон аст, бозгӯ мекунад ва бо арҷгузориву эҳтиёт аз онҳо мехоҳад, ки ӯро ба шаҳрашон роҳ диҳанд. Шаҳрбонуи шаҳри занон ба ростии гуфтаи Искандар бовар мекунад, ба ӯ иҷоза медиҳад, ки шаҳрро бо чашми худ бубинад ва пас аз фаҳмидани рози занони силаҳшӯр ва дидани ободии марзу буми Ҳарум, ба назди лашкариёни худ бармегардад. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Искандарнома» ин шаҳрро Бардаъ (вожаи арабӣ) ва шаҳрдорашро Нӯшоба хондааст.
Ба назар мерасад, ки Ҳакими Тӯс дар ин қисмати достони бахшида ба Искандари силаҳшӯру ҷаҳонгир, хостааст бифаҳмонад, ки кореро мебояд мардон барои дифои марзу бум ва зану фарзанди худ анҷом диҳанд, на ҳама вақт онро уҳда карда тавонистаанд, аммо занон аз роҳи бунёди кишвари вижаи бедуни мард, барои аз теғи хуношоми Искандари кишваркушо наҷот додани мардум, тавоноии хешро нишон додаанд. Гузашта аз ин Искандари худкома, чун иттиҳод ва нерӯи ватанпарварии занонро эҳсос мекунад, ҷуръату тавон намеёбад, то ба шаҳри занони ҷанговар, Ҳарум бо зӯру силоҳ ворид шавад.
Бад – ин тартиб яке аз ангезаҳои асосии нигориши «Шоҳнома» масъалаи ҳуввияти ориёӣ (тоҷикиву эронӣ) будааст, ки ҳакими бузургвор хостааст то озодзодагон гузаштаи торихии худро чунин бояд бубинанд. Дар он замони дури фароторихӣ, ки қавмҳои дигар, чун тозиён занро узви ҷомеа надониста, ба маҳрумиятҳо гирифтораш карда буданд, ин мардум бо фарҳанги волои худ ҳуқуқи занонро баробар бо мардон дониста буданд. Дар достону устураҳои худ ва бовариҳои динии фароторихии худ гиромидошти худобонувонеро чун Чисто, Ҳастиё, Аноҳито дар миён доштанд. Боясти донист Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и бемарги худро дар замоне сурудааст, ки фарҳанги биёбонгардони тозӣ ҷойи фарҳанги шашҳазорсолаи ориёиро гирифта буд ва ишғолгарон бо баҳонаи дингустарӣ, мақому мартабаи занро дар ҷомеа фуруд оварда буданд.
Дар пиромуни шигифтангез будани саргузашти амазонзанон, ба нигар мерасад, ки ин достон бигзор воқеъияти торихӣ ҳам надошта бошад, аммо ба гунаи худ ишора ба муборизаи занон аз нобаробарии занону мардон ҳанӯз дар замони бостон дорад. Яъне дар достони «Дидани Сикандар шигифтиҳо ба шаҳри Ҳарум», худованди «Шоҳнома» ишора бар он доштааст, ки мардҳо натавонистанд кишвари худро аз ҳамлаи бегонагон, куштори садҳо ҳазорон занону кӯдакони бепаноҳ нигаҳбонӣ намоянд, вале Искандари Мақдунӣ дар назди хирадмандиву диловарӣ, суханварӣ ва иродтамандиву меҳанпарварии занони силаҳшӯр, ки аз камҳавсалагии мардон шаҳри ҷудогона бунёд кардаанд, худро нотавон дида, даст аз ҳамла ба зистгоҳи онҳо бармедорад.
Ва дар рӯзгори мо, яъне садсолаи кайҳоншиносӣ ва кашфи сайёраҳои навин танҳо мардумони кишварҳое комёбу комраво хоҳанд буд, ки ҷойгоҳи занонро бо мардҳо дар як радиф дида, онҳоро сарчашмаи фарҳанг дар зиндагии имрӯзу фардояшон медонанд.

Зафар Мирзоён

*Дар «Шоҳнома» омадааст, ки синаи чапи духатронро дар кӯдакӣ мебуриданд.
**Дьяконов И. М. «К методике исследований по этнической истории (“киммерийцы”). Дар китоби Этнические проблемы истории Центральной Азии в древности (II тысячелетие до н. э.). М., 1981, с. 90 – 100
***К этногенезу азербайджанцев: – https://books.google.com/books
****Ниг. ба ru.wikipedia.org/wiki/Амазонки
*****ru.wikipedia.org/wiki/Амазонки
******«Шоҳнома», ҷ. VII, Душанбе Адиб, с. 1989, саҳ.110
*******«Шоҳнома», Душанбе Адиб,ҷ. VII, с. 1989, саҳ.111 – 114

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь