Дар аҳди Ҳахоманишиҳо (550 – 330 п.м.) чун низоми давлатдорӣ дар заминаи санади муайяни ҳуқуқӣ ба мисоли эъломияи ҳуқуқии Куруши Кабир шакл гирифта буд, занон дар қатори мардон ҳуқуқи баробар доштанд. Гузашта аз ин, аксари ҷомеа, ки пайравӣ ба оини инсонпарваронаи зурдуштӣ доштанд ба зан чун як инсони барбарҳуқуқ бо мардон муносибат менамуданд.

Дар аҳди бостон, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ҷашне бо номи Спандармадрӯз (рӯзи панҷум)-и моҳи Спандармад (Исфанд) миёни ориёиҳо таҷлил мешудааст. Бинобар маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ ин ҷашн вижаи занон будааст ва дар он аз шавҳарони хеш ҳадя дарёфт мекардаанд ва аз ин рӯ, онро ҷашни Муждагирон  (ё муздгирон) низ мехондаанд. Бояд қайд намуд, ки Спандармад ё Исфанд номи моҳи дувоздаҳуми солшумории ҳиҷрии шамсӣ (мутобиқи ҳут) аст, ки ба 21 феврал-21 март рост меояд. Бо такя ба ин, метавон гуфт, ки 8 март ҳамчун рӯзи байналхалқии занон агарчӣ расман таърихи пайдоишаш ба дигар ҳодиса иртибот дошта бошад ҳам, аммо ба ин монанд, мо қабл аз марудми Амрикову Аврупо ҷашне доштаем.

Санаи 6 марти соли ҷорӣ, муносибати Иди Модар дар як нишасти илмю адабӣ, ки дар китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии пойтахт баргузор гардид, камина ин ҳарфҳоро манзури аҳли нишаст намудам. Паҳлӯям як адибе нишаста буд, ки унвони баланди “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро дошт аз ин ҳарфҳои ман як навъ эътироз намуда аз ҷой боло шуд ва аз ман талаб кард то чунин тавзеҳот доир ба таърихи ҷашни занон надиҳам. Бинобар сабаби солмандию шахси иззатманд буданашон, бо эшон зиёд баҳс накардам, аммо дар тааҷҷуб мондам, ки чаро баъзе ба ном мағзҳои миллати мо (Албатта, на ҳамаашон. Мо дар ин миён зиёд адибони мутафаккир дорем, ки ифтихори миллатанд) то ҳанӯз чунин меандешанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нерӯҳое талош доранд аз саҳифаҳои ноби таъриху адабиёти миллати мо барои худ чизе бисозанд. Аммо ингуна афрод бошанд, бо ду дасти адаб намехоҳанд қабул кунанд, ки мо дар гузашта чунин ҷашнҳое доштем, ки нишонаи хиради волои ҷадди мост…

Бо мақсади боз ҳам маълумоти бештар атрофи мақоми зан дар таъриқи қадимаи мо ин ҷо руҷуъ мекунем ба мақоми зан дар замони Ҳахоманишиҳо.

Зани оқилаю фазилатпешаи дарбори Модҳо Мондоно буд. Ӯ духтари охирин шоҳи давлати Мод – Ихтивайгу (Астияг, Остоник) ва модари бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён – Куруши Кабир (550 – 530 п.м) мебошад. Мувофиқи навиштаи Ҳеродот, шоҳ Ихтивайгу шабе хобе мебинад, ки аз духтараш Мондоно оби бисёре ҷорӣ шудаю мамлакат ғарқ мешавад. Муғон таъбири хобро ба шоҳ чунин баён карданд, ки аз Мондоно дар оянда фарзанде меояд, ки тахти шоҳро вожгун месозад. Аз бими ин, шоҳ духтарашро ба ҳеҷ ашрофзодаи дарбор нею ба як марди порсӣ бо исми Камбуҷиё медиҳад. Пас аз ин издивоҷ, тибқи навиштаи Ҳеродот боз Ихтивайгу хоб мебинад, ки духтараш токи ангуре таваллуд мекунад. Он ниҳол калон шуда шоху баргҳояш тамоми мамлакаташро фаро мегирад. Муғону муннаҷимони дарбор ин навбат низ хобро ҳамонгуна таъбир карданд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳодиса шоҳ духтари ҳомиладорашро ба пойтахт шаҳри Ҳамадон даъват намуда, ҳабс кард. Мондоно он ҷо писар таваллуд мекунад.

Ихтивайгу аз тарси он, ки наберааш тахтро дар оянда соҳиб нашавад ҳанӯз дар айёми тифлӣ фармони қатли ӯро медиҳад. Ва иҷрои ин ҳукмро ба ӯҳдаи вазир Ғурпаг (Ҳорпок) вомегузорад. Ин марҳилаи бадтарини зндагии Мондоно мебошад. Тақдири минбаъдаи зиндагии вай чандон равшан нест.

Вазир аз шоҳ пинҳонӣ кӯдаки навзоди Мондоноро бо кӯдаки мурдаи чӯпон Митродот иваз карда, бо ин роҳ шоҳро мефиребад. Набераи шоҳ, яъне Курушро чӯпон ва завҷааш Спак калон мекунанд. Дар тарбияи Куруш зани чӯпон – Спак нақши муайян гузоштааст. Оқибат Куруш баъди ба воя расидан асли воқеаро фаҳмида, бобояшро сарнагун намуда, ҳокимиятро соҳиб мешавад.

Дар дарбори Куруш нақши завҷаи ӯ Косондон кам набуд. Косондон духтари яке аз ашрофзодагони Ҳахоманишӣ – Франаспес ва завҷаи қонунии шоҳ Куруши Кабир мебошад. Малика Косондон дар баробари шоҳ дар дарбор нақш ва мақоми зиёд дошт. Ӯ зани хело хирадманду дурандеш ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки дар усули давлатдории Куруш бештар комёбию муваффақият танинандоз мегашт. Ин ҷо сухани зебои Саъдии бузургвор пеши назар меояд, ки гуфтааст:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Ё худ донишманди аврупоӣ Шиллер чунин менависад: «Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомаене ӯро ҳамроҳӣ кардааст». Косондон аз зумраи чунин бонувон буду ва дар оянда беҳтарин фарзандонро тарбия намуд, ки ворисони арзандаи падар шуданд.

Дар идораи давлати Ҳахоманишиён дар аҳди Дориюши Кабир (522 – 486 пм) яке аз заноне, ки ба шоҳ чун мушовиру ёвар хидмат мекард ин зани ӯ Отсо буд. Отсо аслан духтари Куруш буда, ҳанӯз то замон ба шавҳар баромадан, азбаски дар хонадони шоҳ ба воя расида буд, аллакай аз усули давлатдорӣ хуб огоҳӣ дошт. Аз ин рӯ, ӯ ба шавҳари худ дар идораи давлат кӯмак мекард. Доро Отсоро баъди ба сари қудрат омадан ба никоҳи худ даровард. Агарчанде Отсо зани дуюми шоҳ бошад ҳам (зани аввалааш духтари Габриёс буд) дар тарбияи фарзандон муваффақ шуд. Маҳз писари ӯ Ҳушёршоҳи 35 сола вориси падар шуда, баъди вафоти вай дар соли 486 то милод ҳокимиятро ба даст гирифт.

Завҷаи Ҳушёршоҳ Оместрис ном дошт ва насабаш ба яке аз ҳафт авлоди муътабари дарбори Ҳахоманишиҳо мерасид. Волидайни ин зан аз ҳуқуқҳои махсус дар назди шоҳаншоҳ бархурдор буданд ва ба ин васила аз муҳити дарбор огоҳӣ доштанд. Оместрис низ аллакай бо чунин фазо наздик буд ва дар аҳди подшоҳии шавҳари хеш дар тарбияи фарзандон нақши калон гузошт. Ҳамин буд, ки фарзанди ӯ Ардашери I (465 – 424 п.м) таи давраи ҳукмронии хеш тавонист амну осудагиро дар қаламрави паҳновари шоҳаншоҳӣ таъмин намояд. Маликаи дарбор Домоспиё завҷаи қонунии шоҳ ба шумор мерафт. Аз ин сабаб, фарзанди вай Хашёршоҳи II вориси асосии шоҳ шинохта шуд. Муддати кӯтоҳе дар соли 424 ҳукмронӣ кард, аммо завҷи ғайриникоҳии Ардашер – Олугуна бо писараш Суғд эътироз намуданду шоҳро қатл карданд. Суғд (424 – 423 п.м) ҳоло чандон ҳукмронӣ накарда буд, ки бародараш Ахас, писари дигари Олугуна қудтрати сиёсиро ба даст гирифт. Дар таърих Ахас бо исми Дорои II (423 – 404 п.м) маълум аст. Зикри ин нукта ба маврид аст, ки дар иваз шудани қудтратҳо нақши бонувони Ҳахоманишӣ ҳам хело калон буд. Зеро дар аҳди қариб ҳама шоҳони Ҳахоманишӣ мушоҳида мешавад, ки занони дарбор баъзан ба ҳайси мушовир баромад мекунанд.

Аз рӯи навиштаи муаррихи тоҷик Ҳамза Камол дар сарчашмаҳои юнонӣ, бинобар сабаби фарзанди ғайриникоҳӣ будани Ардашер, Дорои дуюмро Нотос, яъне ҳаромзода лақаб додаанд.

Завҷи ӯ гӯё холааш Поризотис (Паризод) будааст. Ҷои дигар гуфта мешавад, ки хоҳараш аст. Ба гумони ғолиб, ин нигошта нисбати Доро ҳақиқат надорад. Зеро бештари муаррихон ба Доро чун ҳаромзод муносибат намуда, кӯшидаанд шахсият ва аҳди ӯро касиф арзёбӣ намоянд. Ба ҳар сурат, Паризод дар дарбори нуфузи зиёд дошт. Пас аз марги шавҳар фарзанди ӯ Куруш бо мақсади ба даст овардани ҳокимият бо Аршак ном шахс, ки худро дар Посоргод шоҳ эълон карда буд дар ҳарб шуда шикаст хӯрд. Куруш ҳукми қатли ӯро баровард, аммо Паризод бо ба оғӯш гирифтани фарзанд вайро аз марг раҳонид.

Бо вуҷуди чунин ранг гирифтани кор, фарзанди дигари Паризод – Ардашери II (404 – 358 п.м) подшоҳ мешавад. Ҳамин тариқ, ин айём давраи таназзулёбии империяи Ҳахоманишиҳо фаро мерасад ва мо аз таърих медонем, ки бо ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ дар соли 331 – 330 п.м., шоҳигарӣ аз байн меравад.

Искандар моту мафтуни фарҳанг ва низоми давлатдории ориёиҳо шуда буд. Зиёд мехост наслаш бо хуни ориёиҳо омехта шавад. Аз ин сабаб, теъдоди зиёди занону духтарони дарборро асир гирифту ба никоҳи худ ё пайвандону сарлашкаронаш даровард. Дар миёни ин асирон духтари шоҳ Ардашери III (358 – 337 п.м) – Парушот ва духтарони Дорои III (336 – 330 п.м) – Сататира (Ситора) ва хоҳараш ҳам буданд. Искандар онҳоро чун аз табори олӣ ба никоҳи худ медарорад. Инчунин, ҳангоми тасхири шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо Искандар чанде аз дигар духтарони ашрофзодагони Форсро ба дигар сарлашкаронаш медиҳад.

Шоҳи тарсу Доро натавонист аз қаламрав ва аҳлу оилаи хеш дар рӯ ба рӯи душман ҳимоят кунад. Тибқи нигоштаҳои олимон Доро ҳанӯз ҳангоми шикаст дар муҳорибаи Тир дар соли 332 п.м., духтари худ Статираро чун барои бақои минбаъдаи ҳокимияти хеш ба Искандари Мақдунӣ барои занӣ пешкаш намудааст. Аммо Искандар инро рад мекнунад.

Дар баробари занони дарбор боз заноне буданд, ки чун сарлашкару пешво маъруфият доштанд. Яке аз ингуна занони машҳури таърих Томарис мебошад. Номи Томарис аслан пас аз набардаш бо Куруш бештар маълум гардид.

Аз рӯи маълумоти адабиёти таърихӣ, охирин ҷанги Куруш дар Осиёи Миёна бо массагетҳо буд. Куруши Бузург бо мақсади бунёди як давлати мутамаркази ориёӣ талош дошт тамоми паҳнои ин сарзаминро муттаҳид намояд. Бо ин ният, соли 530 п.м., ба ҳуҳудҳои зисти қабилаҳои ориёии массагетҳо ҳуҷум намуд. Зеро онҳо аз итоати Куруш берун буданд. Куруш, ки он замон тасмими ҳуҷум ба Мисрро дошт, онро мавқуф гузошта, тобеъ намудани ҳудуди зисти массагетҳоро афзалтар шуморид.

Аз рӯи навиштаи Ҳеродот массагетҳо дар миёнаҳои баҳри Хазар (Каспӣ) ва Хоразм (Арал) зиндагӣ мекарданд. Таърихнависони Юнони қадим, аз ҷумла Ҳеродот ва Юстин ҷараёни ин ҳарбро тахминан бо мазмуни зайл баён медоранд: Куруш бо лашкараш аз дарёи Аракс (Амударё) гузашта, ба сарзамини массагетҳо дохил мешавад. Массагетҳо бо сардории шоҳбонуи худ Томирис ба дарунтари даштҳо қафо мераванд. Куруш барои ба ҷанг кашидани онҳо макру ҳиларо ба кор мебарад. Ӯ дар лашкаргоҳ ҷанговарони камшуморро бо шароби зиёд гузошта, қафонишиниро вонамуд мекунад. Томарис аз ин огоҳ шуда, ба он лашкари худро бо сарварии писараш Спаргапис мефиристад.  Ҷавони аз таҷрибаҳои ҷангӣ камозмуда майли шароб ва базму тараб намуда, машғули кайфият гардид. Чун Куруш аз ин огаҳ гашт, бо лашкари асосиаш баргашта шабохун зад ва массагетҳоро торумор намуд. Дар ин ҷанг писари Томирис – Спаргапис ва чандин сарбозони массагетҳо ба ҳалокат расиданд. Томирис аз ин ҳодиса огоҳ шуда, қасам ёд мекунад, ки қасоси хуни писарашро аз Куруш хоҳад гирифт. Массагетҳо низ макру ҳиларо ба кор бурда, камин мегиранд ва  лашкари форсро ба дом афтонда, несту нобуд мекунанд. Дар ин муҳориба Куруши Кабир захм вазнин бардошта ба ҳалокат мерасад. Ин задухӯрд дар резишгоҳи Сирдарё дар соли 530 п.м., рух дода буд.

Ривоят мекунанд, ки Томирис амр мекунад то сари Курушро аз танаш ҷудо карда назди ӯ оранд. Тибқи маълумоти муаррих Юстин пасон Томирис бифармуд, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ».

Доир ба ин ривоят имрӯзҳо миёни донишмандон баҳсҳои гуногун боло мегирад, ки бархеҳо дар рафти чунин муҳокимарониҳо Куруш ва чанде дигарон, ҳатто ба шахсияти Томирис иснод оварда, ӯро маҳкум мекунанд, ки ба назари мо ҳарду ҷониб бо ин шева адолати таърихиро таъмин намуда натавонистаанд.

Саволи аввале, ки ин ҷо пайдо мешавад ин аст, ки чаро муаррихони Юнони қадим ин моҷароро бо оҳанги тамасхур, ва тира нишон додани мавқеи Куруш баррасӣ карданд?

Аз таърих маълум аст, ки дар асрҳои VI – V п.м., шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ҳамчун нерумандтарин қудрати сиёсии ҷаҳон баромад мекарданд. Он бо ҳашамати худ мавқеи Юнони бузургро коҳиш дод ва бештар аз як аср тоҷирони юнонӣ бинобар сабабе, ки тариқи роҳҳои форсҳо ҳаракат мекарданд ба онҳо хироҷ пардохт менамуданд. Яке аз рашку ҳасади юнониҳо ин буд ва эшон кӯшиданд, бо ҳар роҳу усул мавқеи чеҳраҳои намоёни Ҳахоманишиҳо, аз ҷумла Куруши Бузургро паст зананд. Ҷангҳои баъдинае, ки миёни Форсу Юнон рух дод бори дигар ин андешаро тақвият мебахшад.

Дигар ин, ки қабилаҳои ғолибомадаи массагетҳо пас аз шикасти қӯшуни Куруш аз сари эҳсосоту хурсандӣ ҳаргуна ривоятҳое, ки ба мақоми ин давлати пуриқтидор ва шоҳаншоҳи он латма мезад ба таври худ бофтаю овоза намуданд. Муаррихони юнонӣ низ танҳо ба ингуна ривоятҳо такя зада, ҳаводиси рухдодаро он тавре, ки гуфтем равиштанд.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, чун талаботи идеологияи вақт чунин буд, ки мебоист таърихнигорон таърихи халқҳои тобеъро чунон ба қалам диҳанд, ки ҳамеша дар он табақаи ҳукумрон золиму истисморгар ифода ёбанд. Бинобар ин олимони таърихшинос ҳангоми навиштани таърих ин шеваро фаромӯш намекарданд. Аз ин ҷост, ки дар аксари асарҳои таърихии ба аҳди қадим бахшидаи олимони Шуравӣ чунин ривоятҳои овардаи олимони Юнони қадим, ки ба хостаҳои давлати вақт созгор буд, мавриди истифода қарор мегирифт. Бо ҳамин, дар давоми солҳои мавҷудияти давлати Шуравӣ мо ҳамеша Курушро ғосибу истисморгар медонистему аз кардаи Томирис ифтихор доштем.

Бо вуҷуди ин, академик Бобоҷон Ғафуров ягона муаррихе мебошад, ки ҳангоми баррасии ин мавзуъ агарчӣ чунин талаботи замонро, махсусан дар китобҳои «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан» (дар ҳаммуаллифӣ бо Н. Прохоров, с 1944), «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (с. 1947) ва «История таджикского народа» (г. 1949, 1952, 1955) риоя намуда бошад ҳам, аммо хело нозукона дар асари бунёдии хеш «Тоҷикон» доир ба шахсияти Куруш, чунин хулосагирӣ намудааст: «Чунон ки М.М.Дяконов менависад: «Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд». Ин, бешубҳа, ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ, ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоюлҳои пешқадами замони худ баромад мекард».

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем дар асоси манбаҳои таърихӣ ба таърихи миллати хеш нигоҳи нав намуда, дар ин замина консепсияи нави таърихи миллатро таҳия намоем. Дар ин самт, асарҳои таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра, нақши марказӣ доранд. Бо туфайли ин, имрӯз дар фазои давлатдории миллии мо чеҳраҳое ба мисли Куруши Бузург чун намоди ифтихор ва ибрат шинохта мешаванду ба корномаашон арҷ гузошта мешавад. Боиси сарфарозист, ки дар барнома ва китобҳои таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои ҳам зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  (синфи 5) ва ҳам зинаи таҳсилоти олии касбӣ мақоми давлати Ҳахоманишиҳо ва махсусан ҷойгоҳи Куруши Кабир аз диди нав ва ҳамчун саҳифаҳои дурахшону ифтихоромези таърихи миллат матраҳ мешавад.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе аз олимони мо аз Курушу дудмони ӯ ҳарфи носазо, чун тафаккури замони гузашта, мегӯянду менависанд. Инро метавон дар навиштаҳои олимони зиёде дар замони соҳибистиқлолӣ мушоҳида намуд.

Зимни ибрози ин ҳарфҳо нисбат ба Куруш хоҳ нохоҳ дар зеҳни хонанда суоле пайдо мешавад, ки пас Томирис кист? Қаҳрамон ё душман? Дар ҳоле, ки муқобили Куруш барин як чеҳраи номовар размидааст, пас ӯро ба ҳайси ки бишносем?

Тавре дар боло ҳам ишора намудем, Томирис пешвои қабилаҳои массагетҳо буд. Массагетҳо ҳам мисли Курушу хонадонаш эронӣ ва ё ориёӣ буданд. Албатта, ин як навъ низоъи байни ориёиҳо буд. Он замон ба ҷуз аз массагетҳо боз дигар халқҳои ориёитаборе буданд, ки Куруш онҳоро тобеъи шоҳаншоҳии хеш гардонид.

Мувофиқи маълумоти муаррихи Юнони қадим Ктесий, Куруш ҳанӯз қабл аз маргаш ҳокимони Порт, Бохтар ва Хоразмро таъин карда буд. Аз ин ахбор маълум мегардад, ки Куруш то ҷанг бо массагетҳо тамоми вилоятҳои дигари Осиёи Миёнаро то сарҳади шимолӣ ва шарқии он ишғол карда ба давлати худ ҳамроҳ намуда будааст. Киропол (Курушкада) ном доштани пойтахти Уструшанаи қадим низ далели дурустии ин фикр аст. Куркати имрӯза бо эҳтимоли зиёд шакли кӯтоҳшудаи Курушкадаи қадим мебошад.

Ворид намудану муттаҳид кардан ва ҳамқадам гардонидани массагетҳои парокандарро ба раванди пешрафти таърихӣ аз ҳар ҷиҳат барои худи ҳамин қабилаҳо ва умуман барои давлатдории ориёиҳо муҳим буд. Ҳамин нуктаро профессор А. Ҳақназаров хело ба маврид таҳлил намуда, чунин хулоса кардааст: «Набояд аз эътибор соқит кард, ки муттаҳидгардонию ба прогреси таърихӣ ҳамқадам гардонидани қабилаҳои парокандаи саҳрогард моҳияти якҷонибаи қаттолию ғоратгарӣ дошта ба ҳисоб намеравад».

Омӯзиш ва таҷриби давлатдории Куруш нишон дод, ки ҷангҳои ӯ дар Осиёи Миёна ба маънои томаш истилогарона набуда, бештар хусусияти ҷангҳои дохилиро доштанд. Тавре дар боло ҳам зикр намудем, мақсади асосии ин ҷангҳо дар ҳайати як давлат муттаҳид кардани халқҳои эронӣ буд. Куруши бузург ин мақсадро амалӣ кард ва он, тавре ки маълумаст, самараи хуб ҳам ба бор овард.

Воқеан, массагетҳо, ки дар шакли парокандаю берун аз тартиботи муайяне, ба мисли давлатдорӣ ҳаёт ба сар мебурданд табиист, ки мутеъ буданро дар як ҳудудаи ориёӣ қабул надоштанд. Сатҳи ҷаҳонбинию дарк то онҷое набуд, ки имрӯз мо фикр мекунем. Томирис, ки пас аз марги шавҳараш пешвои массагетҳо шуда буд дар доираи ҳамин фаҳмиш ба муқобили лашкари Куруш бархост. Ин ҷо моро танҳо ҷасорати Томирис ба худ ҷалб мекунад. Яъне, як зан шуҷоат нишон дода ба муқобили ҳамин гуна як шоҳаншоҳи пуриқтидор бархост ва тасодуфро бубинед, ки оқибат ба шикасти Куруш кор анҷом ёфт.

Болотар ишора намудем, ки ҷои нигаронӣ аст, ки ҳангоми таҳлили ҳамин мавзуъ баъзеҳо ба шахсияти Томирис низ мерасанд, ки аз адолат нест. Масалан устод Зафари Мирзоён ҳаноми таҳлили ҳамин муаммо, дар асари хеш «Се шикасти ориёиҳо» (с. 2024) массагетҳоро, ки воқеан  ба иттиҳоди қабилаҳои турҳои ориёӣ дохил мешаванд, бо такя ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чунин менависад: «Ва бесабаб нест, ки Фирдавсии бузург онҳоро девзод хонда, бар ин поя турониёни ориёинажодро «турки хунхорамаст», «турки Чин» номидааст. Девзод номидани онҳо бар он поя устувор аст, ки чуноне аз навиштаи падари таърихнигории аврупоӣ, Ҳеродот бармеояд, масагетҳо ойине доштаанд, ки аз рӯйи он падару модари пирсоли худро кушта, гӯшташонро мехӯрдаанд: «Номи мардуми одамхор ишора ба мардуми масагет аст, ки пирмарду пирзанонро кушта мехӯрданд, ки аз он дар «Таърих» – и Ҳеродот ёд шудааст». Аҷиб аст, ки нигоштаҳои Ҳеродоти юнониро дар мавриди ин моҷаро донишманди азизи мо дурӯғу бепоя хондааст, (воқеан чунин аст) аммо ин ҷо барои паст задани турониҳо ин иқтибосро аз ӯ чун ҳақиқати таърихӣ истифода кардааст.

Таҳлили он, ки чаро Ҳаким Фирдавсӣ турҳоро чунин гуфтааст аз доираи мавзуи таҳлилии мо берун аст, аммо танҳо ҳаминро метавон қайд намуд, ки турк хондани турҳо аз тарафи ӯ маҳсули дарки замони худи Фирдавсист на аҳди бостон…

Бо вуҷуди ин, наметавон гуфт, ки донишманди тоҷик Зафари Мирзоён ба масъалаи мавриди назари мо ҷавоби дилхоҳ надодааст. Дар ҳақиқат бо овардаи далелҳои қотеъ бепояву дурӯғ будани ривоятҳои қатли Куруш аз тарафи Томирисро муаллиф дар асари зикршуда собит намудааст. Иқтибоси зер намунае аз он аст: «Нигорандаи дилу забон пур аз заҳр – Юстин (450 – 527 м.) гумон накардааст, ки бофтори дурӯғаш пас аз ҳазорсолаҳо низ рӯйи об баромада ӯро шарманда менамоёнад. Дар китобҳои таърихии худи ҳамон юнониён, аз ҷумла Ксенофонт ( 430 п.м. – 354 п.м.) омадааст, ки Куруши Бузург аз масофаи дур тир мехӯрад ва писараш пайкари захмии ӯро рӯйи гардуна то Посоргод мебарад ва пас аз марг вайро дар дахма гӯронда, дари онро бо санги гарони хоро мепӯшонад». Баъдан дар роҳ рӯи ароба вафот мекунад. Яъне, Куруш дар майдони ҷанг нею дар роҳ ба самти Посоргод вафот меканад.

Куруш то марг барои фарзандаш васиятномае навишта ӯро ба беҳтарин хислатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд. Порае аз ин ҳидоятҳорое дар зер мехонем: «Тавсияи дигари ман ба ту ин аст, ки ҳаргиз дурӯғгӯ ва хушомадгӯро ба худ роҳ надеҳ, чун ҳар дуи онҳо офати салтанатанд ва бидуни тарраҳум дурӯғгӯро аз худ бирон. Ҳамвора ҳомии кеши яздонпарастӣ бош, аммо ҳеҷ қавмеро маҷбур накун, ки аз кеши ту пайравӣ намояд ва пайваставу ҳамеша дар хотир дошта бош, ки ҳар касе бояд озод бошад, то аз ҳар кеше пайравӣ кунад. Ва дуо мекунад: Худовандо! Сарзамини маро аз ҳамлаи бегона, хушксолӣ ва дурӯғ дар амон бидор!».

Бинобар маълумотҳои дигар сарчашмаҳои таърихӣ, Куруш воқеан дар ҷараёни муҳориба тир хӯрда захмин мешавад ва ҳамон ҷо ҳалок мегардад. Писараш Камбуҷиё пас аз гузашти як сол ҷасади падарашро бо нархи гарон мехарад ва ба пойтахт – шаҳри Посоргод оварда мегӯронад. То ҳанӯз мақбараи Куруш он ҷо пойбарҷост. Албатта, ба ҳеҷ ваҷҳ Камбуҷиё ҷисми бесари падарро намехарид ва ё бо гузашти як сол ҳатман ҷисми бесар шинохта намешуд…

Ба ҳар сурат далелҳои овардашуда дур аз ҳақиқат будани ривояти Ҳеродот ва Юстинро дар мавриди бо дасти Томирис қатл шудани Курушро инкор мекунанд.  Воқеият ин аст, ки агарчӣ лашкари Куруш дар ин муҳориба шикаст хӯрда бошад ҳам, аммо худи Куруш захмин шуда, пасон ҳалок гардидааст.

Ба ҳамин ҳодиса наздик, воқеаи дигаре низ дар аҳди Куруш рух додааст, ки диловарии занонро ифода мекунад. Инро муаррихи аҳди қадим Ктесий нақл мекунад. Мувофиқи навиштаи ӯ, Аморге (шояд тарзи талафузи юнонӣ гирифта бошад) пешвои қабилаҳои сакоӣ ба дасти Куруш асир меафтад. Завҷаи вай Сфарейтра лашкари зиёд, иборат аз 300 ҳазор мард ва 200 ҳазор зан ҷамъ намуда, зидди Куруш тохт ва шавҳарашро озод намуд. Агарчӣ дар ин ривоят низ аз ҷониби муаллиф баъзе зиёдаравиҳо ба назар расанд ҳам, аммо дар марказ диловарии зани ориёӣ меистад, ки шоистаи таҳсин мебошад.

Дар замони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳо, ки солҳои 550 – 330 то мелодро дар бар мегирад дар қаламрави сатрапияҳои шарқии мамлакат, аз ҷумла Суғду Бохтар ва Хоразму Порт бештар занон дар кори майдондорӣ маъруф буданд. Ҳамин буд, ки бо ҳуҷуми юнону мақдуниҳо қӯшунҳои алоҳидаи занон бо душман дар набард шуданд.

Занони замони давлатдории Ҳахоманишиҳо чун занони ориёиҳои озодагон дар баробари мардон дорои ҳуқуқу имтиёзҳои махсус буданд. Баробари мардон дар корҳои давлатӣ саҳм мегузоштанду ҳатто маош мегирифтанд. Муҳити кории зану мард муштарак буд.

Дар муносибатҳои оиладорӣ, бо такя ба таълимоти зардуштия қонунҳои муайяне роиҷ буд. Дар асоси омӯзиши маводҳои аз харобаҳои Тахти Ҷамшед (Персополис) дастрас гардида бармеояд, ки мардон барои занони фарзанддор худ шароитҳои муфид фароҳам меоварданд. Занон ҳақ доштанд, ки нопурра (нисби кори мардон) интихоб намоянд то тавонанд коре, ки дар хона барояш чун ӯҳдадорӣ боқӣ мондааст, иҷро кунанд. Дар айёми ҳомиладорӣ ва тавлиди кӯдак аз тарафи давлат идрорпулӣ мегирифтанд. Ин анъана дар Аврупо дар асри ХХ ҷорӣ гардид.

Занони бордор панҷ моҳ аз кор озод буданд. Навзодонро дар вақти кори модарон, Ла-лаҳо (боғчаҳои бачагонаи имрӯза) парасторӣ менамуданд. Аслан ба ҳайси Ла-лаҳо бештар пиразанон баромад мекарданд, зеро эшон таҷрибаи рӯзгор доштанд ва метавонистанд ба кӯдак тарбияи хуб диҳанд. Истилоҳи “алла”, ки суруди модарон дар сари гаҳвора мебошад ба эҳтимоли зиёд аз ҳамин ҷо баромадааст. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки гӯё ин истилоҳ шакли дигаршудаи ҳамон калимаи арабии “Аллоҳ” аст ба гумонам чандон ба воқеият рост намеояд. Ҳоло, ки дар забони гуфтугӯии баъзе аз мардумони мо калимаи “ло-ло” (ё “лолоӣ”, “лай – лай”) ба маънои меҳрубонӣ нисбати кӯдакон истифода мешаваду бо меҳр нафари гӯянда, бо дастон сари кӯдаконро навозиш мекунанд, бо калимаҳои “ла-ла” ва “алла” ҳамреша ҳастанд.

Агар зане шавҳари худро дӯст медошту болои ин шавҳараш хиёнат карда ба зани дигаре оила барпо мекард он шавҳар гунаҳгор дониста мешуд. Агар шавҳар вафот мекард зани бо хоҳиши худ метавонист бо марди дигар оила бунёд намояд. Ин гуна мардҳо бо номи “годор” ё дӯсти мард номида мешуданд.

Аз ин бармеояд, ки занон аз озодии махсус бархурдор буда, дар ҷомеаи ориёиҳои аҳди Ҳахоманишиҳо нақши муайян доштанд.

Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгорони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь