Моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон воқеаи барои халқи мо ниҳоят муҳим ҷашн гирифта мешавад: расо 100 сол пеш дар харитаи ҷаҳон Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон пайдо шуд — маҳз ҳамон вақт тоҷикон аввалин бор соҳиби давлат гардиданд. Дар бораи он, ки ин барои халқи мо чӣ аҳамият дошт ва зимни пайдоиш дар Тоҷикистон кадом заминаҳо гузошта шуданд, бо доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов суҳбат кардем.
Муқимиҳои Осиёи Миёна
«То солҳои 20-уми асри ХХ тоҷикон дар ҳудуди чанд давлат зиндагӣ мекарданд, давлати алоҳидаи тоҷикон вуҷуд надошт. Ҳатто як дипломати англис дар асри XIX навишта буд, ки тоҷикон дар саросари Осиё зиндагӣ мекунанд ва мисли ҷазираҳои ҷудогона дар уқёнуси бузург парокандаанд: онҳо бо ҳамдигар робитае надоштанд, зеро давлат ва миллати муайян надоштанд – танҳо халқи тоҷик вуҷуд дошту халос. Пеш аз Инқилоби Октябр тоҷикон дар ҳудуди Эрон, Афғонистон, Бухоро, Туркистон, Хитой зиндагӣ мекарданд, инҳо низ давлати тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд, яъне заминҳои таърихии тоҷикон буданд, дар он ҷо аҷдодони мо зиндагӣ мекарданд. Вале мо давлатдории худро надоштем.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия ва қонунгузорӣ, парчам ва суруди миллии худ гардида, мақомотҳои ҳукуматӣ ва дастгоҳи давлатӣ таъсис дода шуданд.
Аз ҳамаи ин ҷазираҳо танҳо аз як қисми хурди ду давлат (Туркистон ва Бухоро) Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ташкил ёфт. Баъзеҳо бо тамасхур мегуфтанд – наход ки дар кӯҳистони дастнорас ҷумҳурие барпо кардан мумкин бошад, вале мо чунин давлатро сохтем. Аммо дар аввал ҳамин ҳам набуд. Сараввал гап дар бораи таъсиси 3 давлат – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамчун мухторият дар ҳайати Русия мерафт. Ҷумҳурии Туркистон конститутсияи худро қабул кард, ки тибқи он қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо халқҳои бумии Осиёи Миёна ва тоҷикон ҳамчун муқимиҳои Осиёи Миёна эътироф карда шуданд. Дар бораи таъсиси давлати тоҷикон умуман гап набуд, вале баъдан Бухоро ва Туркманистон бо тасмими таъсис додани Вилояти Мухтори Тоҷик муроҷиат карданд, вале Маскав тасмим гирифт, ки вилоят не, балки ҷумҳури ташкил кунад. Ва ман фикр мекунам, ки дар ин тасмим хизмати (саҳми) олимони бузурги рус, аз ҷумла академик Бартов, профессорон Андреев ва Семёнов, ва бисьёр олимони дигар бузург аст. Онҳо таърихи халқи тоҷикро омӯхта, тавонистанд ҳукуматдорони маҳаллиро ба зарурати таъсис додани давлати алоҳидаи тоҷикон бовар кунониданд. Агар ин назари таҳлилии олимони рус намебуд ва агар онҳо ҳақ будани худро ба инқилобчиён собит карда наметавонистанд, пас бузургтарин аҳолии мусулмони Осиёи Миёна – яъне тоҷикон бе давлат мемонданд».
Дар солҳои Шӯравӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия ва қонунгузорӣ, парчам ва суруди миллии худ гардида, мақомотҳои ҳукуматӣ ва дастгоҳи давлатӣ таъсис дода шуданд.
Метавон зиндагии хуб кард
Бояд дарк, ки Ҳокимияти Советӣ барои тоҷикон на танҳо давлат барпо кард, балки барои тараққиёти он замина гузошт, ки ба шарофати он ҷумҳурии қафомонда ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил ёфт.
«Соли 1910 китоб бо номи «Тӯҳфа ба бухороиён» аз ҷониби публитсисти тоҷик, муҳаққиқи бухороӣ, намояндаи буржуазияи Бухоро Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки дар ибтидои асри ХХ аз Бухоро ба Фарғона ҳиҷрат карда буд, ба нашр баромад. Он замон Фарғона ба ҳайати Русия, вилояти Туркистон шомил буд. Вақте Мирзо Сироҷи Ҳаким ба Фарғона омад ва зиндагии хуби мардумро дид, дар ҳайрат монд: дар шаҳр трамвай, мошинҳо, қатораҳо ҳаракат мекарданд, кӯчаҳо чароғон буданд, заводу фабрикаҳо кор мекарданд. Ва ин ҳайрату мафтунӣ ӯро водор кард, ки саёҳати худро давом диҳад. Ӯ як сол дар Аврупо саёҳат карда, боварӣ ҳосил кард, ки бухороиён аз тамоми ҷаҳон ақиб мондаанд.
Бо барпо шудани Ҳокимияти Советӣ Фарғона сарвати тамоми Осиёи Миёна гардид — беморхонаҳо, мактабҳо, роҳҳо сохта шуданд, заминҳо коркард карда шуда, корхонаҳои саноатӣ бунёд карда шуданд. Мардумро муттаҳид карда, давлатро барпо намуданд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаҳои калони саноатӣ дар бахши электротехника, гидроэнергетика, химия, мошинсозии нафтӣ ва дигар соҳаҳо бунёд карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар он давра ба тараққиёти Тоҷикистон зиёда аз 400 миллиард доллар сармоягузорӣ шуда буд.
Барои дарк кардани он, ки Ҳокимияти Советӣ дар солҳои аввал чӣ дод ва то чӣ андоза ин зарур буд, як мисол меорам: моҳи декабри соли 1924 дар шаҳри Тошканд маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи ташкил намудани Республикаи (Ҷумҳурии) Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Гуфта буданд, ки баҳори соли 1925 ба пойтахт, яъне ба Душанбе меравем, зеро аз Бухоро то Душанбе умуман ягон роҳ набуд, фақат то Тирмиз қатораи туркистонӣ ҳаракат мекард, аз он ҷо дигар роҳе набуд. Тасмим гирифта шуд, ки аз Тирмиз то Ғарм барои гузаштани аққалан фойтунҳо ба масофаи қариб 300 километр роҳ сохта шавад, ва дар тӯли 3 моҳ ин роҳро то Душанбе баранд. Яъне онҳо ният доштанд, ки дар съезди деҳқонони Тоҷикистон, ки бояд моҳи марти соли 1925 баргузор мегардид, дар бораи пойтахти Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе ва минбаъд дар он ҷо фаъолият кардани ҳукумати ҷумҳурӣ расман эълон кунанд.
Тасаввур кунед, ки мо аз чӣ сар кардем ва бо чӣ ба истиқлолият расидем, яъне тавре мебинем, маҳз дар замони шӯравӣ барои рушди давлат замина гузошта шуда буд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаҳои калони саноатӣ дар бахши электротехника, гидроэнергетика, химия, мошинсозии нафтӣ ва дигар соҳаҳо бунёд карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар он давра ба тараққиёти Тоҷикистон зиёда аз 400 миллиард доллар сармоягузорӣ шуда буд.
Яке аз масъалаҳои муҳим -муҳоҷирати сокинони минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон ба водӣ, яъне масъалаи азхудкунии водии Вахш буд, зеро ояндаи Тоҷикистон аз ин масъала вобастагии сахт дошт. Ин минтақаро бо коргарони аз Қаротегину Кӯлоб, Фарғона, аз вилояти Суғди имрӯза, аз Самарканду Бухоро омада пур карданд. Тасаввур кунед, ки дар солҳои 20-ум дар маркази Душанбе касе зиндагӣ намекард: он солҳо на муассисаҳои таълимӣ, на тиббӣ, на идораҳои хоҷагидорӣ, на мутахассису кадрҳо надоштем.
Он солҳо раиси якуми Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, зодаи Бухоро Муҳиддинов ҳамроҳи худ 400 оиларо аз Бухоро, аз ҷумла хешу табор ва дӯстони наздикашро ба Душанбе овард. Баъдтар дар ин ҷо намояндагони тамоми халқиятҳои тоҷикзабон, ки қаблан аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ мекарданд, ҷамъ омаданд: тоҷикони Туркистон, Бухоро, Қаротегин, Кӯлоб. Таърих нишон медиҳад, ки дар замони амири Бухоро вилоятҳои алоҳида гарчанде расман тобеъи аморати Бухоро (Ховалинг, Дарвоз) буданд, вале амалан мустақилона зиндагӣ мекарданд, онҳоро муттаҳид ва ба ҳам наздик кардан лозим буд. Ва дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ин мардумро муттаҳид карданд, дар тамоми соҳаҳои зиндагии онҳо муҳити (фазои) тоҷикӣ эҷод карданд.
Соли 1982 дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 1 миллион хонандагон, дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва техникумҳо зиёда аз 77 ҳазор нафар, дар мактабҳои олӣ қариб 60 ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Умуман дар ҶШС Тоҷикистон 11 мактаби олӣ фаъолият мекард.
Аҳамияти ислоҳоти он давра дар он аст, ки дар Тоҷикистон саноат пайдо шуд. Дар Туркистон саноат пеш аз инқилоб низ вуҷуд дошт, вале дар Бухоро саноат тамоман набуд. Фабрикаю коргоҳҳои хурд ташкил карда шуданд. Заминҳо коркард карда шуда, таҷҳизотҳо ва техникаи хоҷагии қишлоқ, аввалин тракторҳои оддӣ ворид карда шуданд. Инчунин роҳҳо бунёд карда шуданд: он солҳо байни вилоятҳо иртибот вуҷуд надошт, мардум аз Кӯлоб то Душанбе давоми ду рӯз мерафтанд.
То соли 1937 дар Тоҷикистон аллакай бесаводӣ барҳам дода шуда буд, яъне ҳама ҳадди ақал хонда метавонистанд — ин вазифаи аввалиндараҷа буд. Дар солҳои 30-юм аллакай ба сохтмони шаҳри дорои меъмории муайян шурӯъ карданд: муассисаҳои тиббӣ, мактабҳои духтарона пайдо шуданд — қабл аз ин занону духтарон умуман таҳсил намекарданд. Аввалин мактабҳои олӣ, донишкадаи педагогӣ, техникуми тиббӣ, театрҳо пайдо шуданд. Тоҷикон тадриҷан ба равиши хоси ҷаҳони муосир ворид мешуданд, яъне халқи тоҷик аз давлати феодалию ҷудогона дур шуда, дар сафи давлатҳои Иттифоқи Советӣ қадам мезад.
Соли 1982 дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 1 миллион хонандагон, дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва техникумҳо зиёда аз 77 ҳазор нафар, дар мактабҳои олӣ қариб 60 ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Умуман дар ҶШС Тоҷикистон 11 мактаби олӣ фаъолият мекард.
Соли 1930 Иттифоқи Советӣ эълон кард, ки ҳар сол дар ҷумҳуриҳои Иттиҳод бо навбат ҷашнвораи фарҳангӣ баргузор карда мешавад. Моҳи апрели соли 1941 дар Москва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардиданд, ин маънои онро дорад, ки мо аллакай он солҳо фарҳанги худро нишон дода метавонистем. Барои баргузории ин чорабинӣ аз Маскав даҳҳо нафар мутахассисон ва ходимони соҳаи фарҳанг ба Тоҷикистон омада, бархе аз онҳо дар ин ҷо монда, кору фаъолияти худро давом доданд.
Аллакай дар солҳои 30-юм Тоҷикистон ба як давлати муқаррарии дорои нишондиҳандаҳои баланд дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф, тиб ва кадрҳои баландихтисос табдил ёфта буд. Яъне орзу ва мақсаде, ки дар назди ҷумҳурии мо гузошта шуда буд, чомаи амал пӯшид».
Мероси советиро ҳифз менамоем
Тавре профессор қайд мекунад, мо имрӯз низ аз мероси шӯравӣ, ки хусусияти тоҷикӣ гирифта, ба ободии кишварамон мусоидат мекунад, истифода мебарем.
«Вазъи ичтимоию фарҳангии имрӯзаи Тоҷикистон – ин идомаи бевоситаи он дастовардҳое (чизҳое) мебошад, ки дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба даст оварда будем. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо бисьёр чизҳоро талаф додем, яъне бо сабаби ҷанги бародаркуш тараққиёти кишвар боз дошта шуд. Истеҳсолот қариб ки катъ гардид. Ин душвориҳо боиси аз дигарон 10—15 сол ақиб мондани ҷумҳурии мо гардиданд. Вале пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва истиқрори сулҳ истеҳсолот, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар самтҳо рушд карданд. Симои пойтахт куллан таъғир ёфт. Ин, албатта, ба ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва сифати зиндагии онҳо таъсир расонд.
Имрӯз дар кишвар мактабҳои зиёд сохта шудаанд ва мо системаи маорифи советиро бо назардошти воқеияти муосир давом медиҳем. Ба шарофати он, ки системаи маорифи мо хусусиятҳои беҳтарини он замонро нигоҳ дошта тавонистааст, имрӯз дар кишвар соҳаи маориф ва мактабҳо ба таври мӯътадил рушд мекунанд. Дар аксари мактабҳои шаҳрҳо забони русӣ яке аз фанҳои ҳатмӣ мебошад. Ин бисёр муҳим аст, зеро робитаи моро бо Русия наздиктар мекунад. Русия барои Тоҷикистон шарики наздиктарин мебошад.
Забони русӣ дар азхудкунии илм аз ҳар ҷиҳат мусоидат (кӯмак) мекунад, зеро тамоми илмро ба забони модарӣ тарҷума кардан имконнопазир аст — аз 6 забони бузурги ҷаҳон мо забони русиро интихоб кардем ва дар азхудкунӣ ва пешбурди илм ба он такья мекунем. Ба илми тоҷик дар солҳои Шӯравӣ замина гузошта шуда буд ва пас аз соҳибистиқлолӣ он хусусияти хоси худро пайдо кард, яъне соҳаи илми мо дар ҳоли рушд аст ва мо дар ин соҳа ба комёбиҳои муайян ноил гаштаем, вале наметавон гуфт, ки он дар сатҳи баланд аст. Дар солҳои Иттифоқи Советӣ тибби мо қадр карда мешуд, зеро олимону устодон ва мутахассисони хеле хуб доштем. Мутаассифона, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як қисми ин мутахассисонро аз даст додем, вале дар 5-6 соли охир нуфузи илми тиб дар Тоҷикистон барқарор гардида истодааст, майлу рағбат ба илми тиб меафзояд ва мо имрӯз на танҳо барои кишвари худ, балки барои дигар кишварҳо низ мутахассисонро тайёр мекунем.
Дар Тоҷикистони советӣ касалиҳои вабо, нағзак, трахома ва дигар бемориҳои хавфнок нест карда шуданд. Дар соли 1913 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 беморхона бо 40 рахти хоб, 11 амбулаторияҳо ва 19 духтур амал мекарданд, дар зарфи 60 сол ин нишондиҳандаҳо сад баробар афзудаанд.
Дар Тоҷикистони советӣ вабо, касалиҳои вабо, нағзак, трахома ва дигар бемориҳои хавфнок нест карда шуданд. Дар соли 1913 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 беморхона бо 40 рахти хоб, 11 амбулаторияҳо ва 19 духтур амал мекарданд, дар зарфи 60 сол ин нишондиҳандаҳо сад баробар афзудаанд.
Барои ман масъалаи ҳаёти иҷтимоӣ бисёр муҳим аст – мо дар ин замина мушкилоти зиёд доштем, дар солҳои 90-ум беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон оилаҳои камбизоат буданд, вале ҳоло дар ин замина дигаргуниҳои ҷиддӣ ба нафъи беҳбудии зиндагии мардум ба амал меоянд. Ва ҳамаи ин ба он вобаста аст, ки мақсади тараққиёти ҷамъияти мо чӣ аст. Ман фикр мекунам, мақсади мо – барпо намудани ҷомеаи одилона аст, ки дар он ҳар як одами меҳнаткаш зиндагии хуб дошта бошад. Ин идомаи шиори даврони советӣ аст: сотсиализм — ин меҳнат аст. Мо сотсиализм намесозем, зеро ин аллакай давраи гузаштаи ҳаёт аст. Вале меҳнатдустӣ, хизмати софдилона дар дилхоҳ соҳа ва ба манфиати умум истифода бурдани натиҷаҳои меҳнат яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлати мост”, — мегӯяд дар хотима профессор.
Матлубаи Қ.