Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. Баъдан, дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаи иҷмолиро дар доираи мавзӯи “Устод Рӯдакӣ – поягузори шеъри ҳикматӣ” хидмати шумо – хонандагони гиромӣ манзур месозем:

Якум. Дарунмояи шеър ва каломи мавзунро ҳикмату фалсафа ташкил медиҳад. Бо он ки солҳо ва ҳатто асрҳо доира ва муҳитҳои адабӣ ва нависандагии форсии тоҷикӣ сари мавзӯи ҷанбаҳои ҳунарии мероси манзуму мансури адабӣ-бадеӣ тамаркуз баҳс карда, то имрӯз дар ин замина мунозироту мунозеот ҳамчунон идома доранд, ҳикмату фалсафа ҷавҳар ва ядрои шеър аст. Аз ин ҷост, ки моҳият ва ҷавҳари шеъри классикӣ ва муосир мавзӯъ ва масоили фалсафианд, чаро ки маҳз тавассути маъниҳои ҳикматӣ ууқдаю печидаҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буруз мекунанд ва имкони ҳал пайдо менамоянд. Гироидани шоирон ба ҳикмату фалсафа шароитро барои пайдо кардани уқдаю печидагиҳо ва фош сохтани мушкилот фароҳам меоварад. Дар ин масир устод Рӯдакӣ аз аввалинҳост.

Дуюм. Муҳит ва фазои сиёсӣ, фикрӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ҳар фарди эҷодкорро таҳти таъсир қарор медиҳад ва кайфияти эҷодии донишманду ҳунарманд ҳам ба чигунагии атмосфера бастагӣ дорад. Асри Х, ки давраи салтанати бузургтарин сулолаи миллӣ – Сомониён буд, асри ба ҳам омадани қувваҳои илмию эҷодӣ будааст. Маҳз дар ҳамин аср тавассути амирони хирадпарвари Сомонӣ фазои муътадили сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ созмон дода шуд ва аҳли илму фарҳанг аз гӯшаю канори ҷуғрофиёи паҳновари салтанатӣ ба пойтахт ва маркази илму тамаддуни миллӣ – Бухоро таваҷҷуҳ пайдо карданд. Ба ин тартиб, фазои солими фикрию фарҳангие, ки муассисаш амирони фарҳанггустари Сомонӣ буданд, ба дунёи маърифати башарӣ чеҳраҳои бузурги илму адабро эҳдо намуданд. Ин чеҳраҳои мондагор Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва амсоли онҳо буданд, ки дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ  мақоми баланд доранд. Донишманди иронӣ устод Саид Нафисӣ дар таҳқиқоти муфассали худ “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ” аз 100 донишманди ин давра ном мебарад, ки дар муҳити маънавии Хуросон ва қаламрави давлатдории Сомонӣ ба эҷод машғул будаанд.

Севум. Дар асоси мадорики таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ, ки дар заминаи пажӯҳиш, шинохт ва бозбинии андешаву мероси бузургони илму фарҳанги форсу тоҷик рӯйи кор омадаанд, метавон  ба устод Рӯдакӣ  унвони “файласуфи шеър”, ба Ҳаким Фирдавсӣ титули “файласуфи таърих” ва ба Абӯрайҳони Берунӣ мақоми “файласуфи фарҳанг”-ро ихтисос дод. Ин аст, ки тахсиси унвони “файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ” ба устод Рӯдакӣ бемаврид нест. Дар зимн, шоири файласуф касест, ки ба инсон, ҷомеа, табиат, ҷаҳон ва кайҳон бо дидаи вежа, ки саршори ангезаи отифату самимият ва балоғату нафосат аст, бархӯрд мекунад ва бо нигоҳи жарфу тозааш паёме ба мардум ироа медорад. Ба қавли донишманди фақиди эронӣ Аҳмади Касравӣ: “Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста ва он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад”.

Чаҳорум. Барои он ки мавзӯи мавриди назар – “Устод Рӯдакӣ ба унвони поягузори шеъри ҳикматӣ” дуруст пайгирӣ шавад, нахуст бояд сари мафҳуми “шеър” таваққуф намуд. Шеър вожаи арабӣ буда, дар маҷмӯъ, маънии сухани манзум, каломи манзум, сухани дорои вазну қофияро далолат мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. Таълифи Ҳасан Амид. Ҷилди дуввум. -Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. С.1555). Вожаи “шеър” дар навбати худ бо “шуур” ҳамреша буда, калимаи “шуур” маънои донистан, дарёфтан, ҳис кардан, фаҳму идрокро ифода мекунад. Мунтаҳо, шеър бо доноӣ, ҳушёрӣ ва огоҳӣ сари кор мегирад. Дар доираи мафҳуми шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ ғунҷонда шудаанд, ки  ҳамагӣ ҷараёни донишу биниши фалсафӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии инсонро ҳамчун мавҷуди зиндаю огоҳ таъйин ва танзим мекунанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки фалсафаи шеър фалсафаи хунар аст ва шеър ҳам мисли ҳунар гаризаи офаридгории инсон дар идомаи вуҷуд ва ҳар камбудеро, ки инсон дар олами вуҷуд эҳсос мекунад, бо фаҳму андешаи худ ҷуброн менамояд. Шоир, пеш аз ҳама, ҳунармандест, ки одаму оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андешаи зебояш рангоранг месозад, ҷомаҳои мунаққаш медӯзонад ва саранҷом маънои тоза мебахшад. Ба ин маъно, дар таърихи илму фарҳанги гузаштаи мо суханпарварӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ ҳунари асил ҳисобида мешуд ва адабу фарҳанг барои эронитаборони қадим шукуҳу таҷаммули хос ато мекардааст. Ин аст, ки шеър (адабиёт) ва андешамандию нуктапардозӣ (фалсафа) аз бомдоди таърихи фарҳанг ҳамқадами иронинажодон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии худ рангу маъно мебахшиданд. Ин суннати фикрӣ ба василаи таҳоҷуми аҷнабиёни юнонӣ, румӣ, арабӣ, туркӣ-муғулӣ аз байн бурда шуд. Вале амирони хирадпварвари Сомонӣ дар замони салтанати худ он суннати фавтидаро аз нав эҳё карда, барои эҷоди шеъру андешаи миллӣ ва тафаккури фалсафӣ  шароити мусоид фароҳам оварданд, ки ин имкон дод тухмаю нерӯҳои зеҳнӣ ба сабзиш дароянд ва ба гирду атроф мунташир гарданд. Яке аз ин гуна тухмаҳои фарҳангзо устоди шуарои форсу тоҷик устод Абуадуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Панҷум. Дар радифи унвонҳои расмиву ифтихорие, ки ба устод Рӯдакӣ  мутақаддимин ва мутааххирин  додаанд, унвони шарафманди “ҳаким” низ ҷой дорад. Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад. Ва Рӯдакӣ, ки ба унвони “ҳаким” низ мушарраф гардида буд, ба инсон ва ҷаҳон аз равзанаи хирад ва андешаи созанда дида дӯхта, бад-ин тартиб шеър офаридааст. Дар замони зиндагии устод Рӯдакӣ шоироне, ки ба унвони “ҳаким”  ёд мешуданд, кам набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ба унвони “ҳаким” ёд мешуданд. Муҳаққиқи варзидаи зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ таъкид мекунад, ки дар замони зиндагии шоир 350 нафар шоирону донишмандони муқтадир зиндагӣ ва эҷод мекарданд (ниг.: Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ.- Теҳрон, 1382. С.249-253). Мусаллам аст, ки аз миёни анбӯҳи шоирону донишмандони забардаст, ки муосири Рӯдакӣ буданд, шуҳрати тамом касб кардани устод Рӯдакӣ осон набуд. Муҳаммад Авфӣ аз ақлу заковати Рӯдакӣ сухан ба миён оварда, аз ҷумла навиштааст: “Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон ба тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат гашт” (ниг.: Авфӣ Муҳаммад. Лубоб-ул-албоб. Бо саъй ва эҳтимоми Э. Броун. Теҳрон, 1361. С.493). Дар байни шоирону донишмандони замони худ сохибэҳтиром гардидани устод  Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ, воқеан, шоири тавоно ва  ҳакими бузург будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирони шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда фармудааст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш тилви Нубост.

Шашум. Аз манобеи адабӣ бармеояд, ки  Рӯдакӣ аз улуми ақлӣ ва нақлии замонаш ба хубӣ огаҳӣ дошта, дар баъзе аз улум ба дараҷаи устодӣ расида будааст (ниг.: Шафақ Ризозода. Таърихи адабиёти Ирон.-Теҳрон, 1369. С. 28-29). Рӯдакӣ ба сифати файласуфи шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба тарҳи муҳимтарин масоили фалсафие даст задааст, ки муосиронаш онҳоро сарфи назар кардаанд ва ё дар баррасии онҳо заифу нотавонтар будаанд. Дар матраҳ сохтани мавзӯоти фалсафӣ устод Рӯдакӣ аз шеър мадад ҷуста, онро бо ҳикмат даромехтааст. Муҳимтарин нукот ва масоили фалсафие, ки устод Рӯдакӣ бо биниши ҳакимона ва сабки шоирона ба шарҳу баёни онхо пардохтааст, аз қарори зайланд:

а) Рӯдакӣ шоири зиндагист, яъне дар ашъораш, пеш аз ҳама, ба зиндагӣ арҷ гузоштааст. Дар зимн, мавзӯи баҳси ҳикмат ва фалсафа ҳам зиндагӣ ва марги инсон аст (пойинтар ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунем). Шоир зиндагиро устод ва раҳнамои ҷаҳони инсонӣ арзёбӣ карда, таҷрибаи рӯзгорро ба унвони роҳҳалли калидӣ аз тамоми мушкилоти башарӣ, аз ҷумла раҳоӣ ва дафъи балоҳо матраҳ намудааст:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

б) Рӯдакӣ шоири хирадварз аст, пайваста аз фарҳанг – аз ин гавҳари шариф, ки инсонро одамият, ҳувият ва шахсият мебахшад, тавсифу тамҷид намуда, мардумро ба ҷустуҷӯи ин ганҷи саодатбахш ҳидоят сохтааст:

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Шоир инсони хирадмандро ба дарё шабоҳат додааст:

Танат якеву ҷон якеву чандин дониш,

Эй аҷаб! Мардумӣ ту ё дарёӣ.

Бо чашми хирад нигаристани ҷаҳон ва бо некию накӯкорӣ обод кардани он ҳадафи аслии инсони хирадварз аст. Шоир ба ҷаҳон бо бинише   фалсафӣ назар меафканад ва ин тарзи бинишро ба дигарон низ тавсия медиҳад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Ба назари устод Рӯдакӣ, ҳангоми рӯ задани мушкилоту балоё дониш ва фазилати инсонӣ ба сифати муҳофизони тану ҷони ӯ ҳузур пайдо мекунанд ва ба ифодаи шоир, инсонро аз “балои сахт” наҷот мебахшанд. Ба ин маънӣ:

Андар балои сахт падид оранд,

Фазли бузург мардию солорӣ.

в) Муҳимтарин масъалаи фалсафие, ки дар асотири қадимаи ориёӣ ва таъолими зардуштӣ ҷойгоҳи устувор дошта, бо омадани адён ва сиёсатҳои аҷнабӣ аз байн рафта буд, масъалаи дуализми фалсафии инсон ва ҷаҳон (табиат) мебошад. Рӯдакӣ ҳамчун шоири миллӣ ва меросбардори фарҳанги гузашта, ин мавзӯи муҳимми фалсафиро аз нав эҳё кард ва бо биниши шоирона ва ҳакимона густариш дод:

Ин ҷаҳон пок хобу кирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст.

Рӯдакӣ бо овардани ин абёт нишон медиҳад, ки инсон дар баробари ҷаҳони бенизом қарор дорад ва шоир ба ӯ ( ба инсон) ҳушдор медиҳад, ки ба сеҳру ҷодуи он гирифтор нашуда, бо донишу хирад аз зиёну осебаш худро эмин дорад;

г) Мавзӯи дигари фалсафие, ки устод Рӯдакӣ ба он амиқ таваҷҷуҳ кардааст, маргу зиндагии инсонист. Масъалаи марг ва зиндагӣ (нестӣ ва ҳастӣ), ки дар фарҳанги гузаштаи мо собиқа дорад, дар шакли дуализм ё санавияти фалсафӣ баррасӣ мешавад. Зиндагӣ ҳамвора дар муқобили марг қарор дорад. Ин мавзӯъ низ дар ашъори Рӯдакӣ ҷойгоҳ дорад ва ин нукта шоири маргандеш будани ӯро таъйину тасдиқ мекунад. Ба қавли шоир инсон мисли саъва аст ва марг ҳамчун заған ӯро пайваста таҳдид мекунад ва ба доми нестӣ мекашонад:

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,

Мо чу саъва марг бар сони заған.

Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер,

Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

Рӯдакӣ ба зиндагӣ эҳтиром қоил буд ва огоҳона аз маргу мурдан ранҷ мебурд. Ӯ маргро мусибати инсонӣ дониста, бо сиёҳ кардани мӯйи худ ҳолати ранҷурии хешро ба намоиш мегузорад ва як навъ файласуфона маргандешӣ мекунад:

Ман  мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,

То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.

Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.       

ғ) Дар маркази таваҷҷуҳи устод Рӯдакӣ  инсони огаҳ, покдоман, наҷибу  шариф ва вораста аз қайду бандҳо қарор дорад ва ҳамаи ин сифоти инсониро шоир дар калидвожаи “озода” мунсаҷим месозад. Озодагон афродеанд, ки бо фазилат, ҷасорат, адолат, наҷобат ва шарофати худ аз дигарон фарқ мекунанд ва дар ҷомеа намунаи ибратанд. Озода фардест, ки ҷаҳону зиндагиро дар мизони ақлу дониш андозагирӣ мекунад. Шоири ҳаким чаҳор чиз (ҷисми солим, кирдори нек, номи нек ва хирад)-ро барои озодагон тавсия ва таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,

Ҳар он  кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.

Ин чаҳор чизе, ки Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму рӯҳи инсониро муқавво месозанд ва аз осебпазирӣ эмин медоранд.

д) Масъалаи шинохти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва қадр намудани онҳо дар фалсафаи шеъри Рӯдакӣ амиқ дарҷ ёфтааст. Шоир бо рағбати тамом аз адабиёту фарҳанги пеш аз исломӣ ва қадимаи Эрон бо ифтихор ёд мекунад. Ӯ ба «Авасто» ва «Занд» барин кутуби фарҳангии миллӣ, ки аз арзиши баланди динӣ ва фалсафӣ бархӯрдор буданд, эътиқоди самимӣ дошт ва ҳамчун ҷавҳари фарҳангӣ аз онҳо ёд мекард, то ҷое, ки мефармояд:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд;

е) Рӯдакӣ дар шинохти улуми исломӣ низ дасти тамом дошта, аз маърифати баланди исломӣ бархурдор буд. Шоир дар доираҳои исломии замонаш соҳибэҳтиром буд, аз мазоҳиб ва ҳикам ба хубӣ огаҳӣ дошта, дар ашъораш аз ин шукуҳу таҷаммули фикриаш ифтихормандона ёд мекунад:

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,

Чӣ об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?

ё) Устод Рӯдакӣ аз ҳикмату фалсафаи юнонӣ ва мабоҳиси фалсафие, ки дар замони зиндагии шоир мутадовил буданд, иттилои комил дошт. Масалан, дар абёти машҳури қасидаи “Пирӣ” устод Рӯдакӣ назариёти фалсафии “будан” (сокиту ором будани ҷаҳону ҳастӣ) ва “шудан” (дар сайру ҳаракат ва тағйиру таҳаввул будани олами ҳастӣ)-ро, ки аввалиро файласуфи Юнони бостон Парменид ва дувумиро ҳакими маъруфи юнонзамин Ҳераклид бунёд ниҳода буданд, дунбол мекунад ва дар қолиби каломи манзум шарҳу тавзеҳ медиҳад. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин, гиргардон буд.

Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,

Ва боз дард ҳамон, каз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳам он ки хулқон буд.

Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд,

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Зиёда аз ин, устод Рӯдакӣ баҳсҳои ҳикматии маволиди сегона (наботот, ҷамодот ва ҳайвонот), мазҳароти улвӣ (сайёроти нуҳгона, ситора ва ҷирмҳои самовӣ) ва аносири суфлӣ (аносири арзию заминӣ – обу хоку оташу бод)-ро дар доираи ашъори хеш идома медиҳад ва дар шумори нахустин шоирони форсии тоҷикист, ки калому сухани ҳикматиро ба сатҳи адабӣ-бадеӣ баровард ва мазомине инчуниниро дар шеър ҷо дод. Дар марсияи машҳури устод Рӯдакӣ, ки ба Муродии шоир бахшидааст, мавзӯот ва масоили умдаи фалсафӣ дар қолиби рамз-символҳои “Падару Модар” (фалакиёту суфлиёт) баён ёфтаанд (Мисраъҳои “Ҷони гиромӣ ба падар боздод, Колбади тира ба модар супурд” дар назар аст). Дигар ин ки аз тариқи порашеърҳои устод метавон ҳадс зад, ки ӯ бар улуми фалсафӣ мусаллат буда, аз  мабоҳиси ҳикматии замон огаҳӣ доштааст ва маҷмӯаи огаҳиҳои фалсафиро дар қолиби шеър ғунҷонидааст.

ж) Воқеан, устод Рӯдакӣ ба унвони ҳаким ва файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ аз дигарон болотар, рӯшантар ва амиқтар ҷомеаи инсонӣ, ҷаҳон ва кайҳонро тариқи каломи мавзуну мухайял ва муқаффо ба риштаи тасвир баркашидааст. Тавассути ибтикороти устод Рӯдакӣ минбаъд ашъори ҳикматӣ ва мазомини фалсафӣ дар шеъри форсии дарии тоҷикӣ мутадовил мешавад. Ба ин маъно месазад, ки устод Рӯдакиро дар мақоми поягузори шеъри қикматӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ шиносем ва муаррифӣ намоем.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь