Сол ба сол дар кишвар сафи устоҳои созтароши асбобҳои мусиқии миллии тоҷик кам мешавад. Устоҳои таъмиргару мукаммалгардони созҳо низ, қариб, ки намондаанд. Тасаллои дил ин мавҷудияти коргоҳи созтарошии «Армуғон»-и пойтахт аст, ки он бо усто Дона побарҷост. Ин аз садоқат ба пеша, ташаббуси ӯ ва чанде аз шогирдонаш мебошад…

Ин раҳ сухани алоҳида, аслан, аз боби устоҳои таъмиргару мукаммалсози асбобҳои мусиқии миллӣ меравад. Алҳол дар шаҳри дилорои Душанбе ду танро медонем. Аввалӣ, усто Зокир (72-сола) дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, дувумӣ, усто Қаюми ургутӣ (Раҷабови 69-сола), ки дар Мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ (минбаъд мактаби З. Шаҳидӣ) масъулият доранд, мебошанд.

Усто Қаюм дар мақоми хеш ҳамто надорад. Номбурда тамоми созҳои миллии тоҷикиро таъмиру тармим мекунад. Ҳамчунон, навозанда ва созтароши муҳтарам низ ҳаст… Аммо усто Зокир иқрор меояд, ки таъмири танбӯр кори ман нест…

Озмоишгоҳи истеҳсол, таъмир ва…

Ба қавли усто Қаюм, дар аҳди шӯравӣ, дар шаҳри Душанбе лабораторияе амал мекард, ки барои тарбияи насли наврас мақоми шоиста дошт. Он коргоҳ – озмоишгоҳи истеҳсол, таъмир ва мукаммалгардонии созҳои мусиқии миллӣ (лаборатория по изготовлению, реконструкции и усовершенствовании национальных музыкальных инструментов) таҳти роҳбарии педагоги машҳур, композитори шинохта Маҳмадалӣ Холиқов амал мекард. Дар кружокҳои ин муассиса хонандагон аз синфи якум шомил шуда, нозукиҳои созҳои мусиқии миллиро меандӯхтанд. Баъди хатм, ҳиссае аз шогирдон ба созтарошӣ, таъмир ва мукаммалгардонии созҳои мусиқӣ гом мебардоштанд.

Роҳбари мактаб Маҳмадалӣ Холиқов соз метарошид, асбобҳои нави мусиқӣ меофарид. Муаллим созҳои мусиқии помирӣ-бадахширо мепарастид.

Он овон дар ин озмоишгоҳ мактаббачаҳои зиёде ҳунар меомӯхтанд. М. Холиқов, ҳатто дар ин даргоҳи ҳунар дастаи ҳаваскорони санъат низ созмон дода, барномаи ҳунарии онро низ, худ мураттаб сохта буд. Соли 1970 даста таҳти роҳбарии Маҳмадалӣ Холиқов дар шаҳри Москва, дар Даҳаи мактаббачаҳои ҳунарманд байни ҷумҳуриҳои умумииттифоқ иштирок ва ҷойи 1-умро соҳиб шуд.

Имрӯз ин озмоишгоҳи мактаб вуҷуд надорад. Шумораи кам дарками талабаҳои онрӯза дар қайди ҳаётанд. Аксари шогирдони устод пешаи дигар гирифтанд. Ба андешаи усто Қаюм, танҳо се-чор нафар ба раҳи устоди хеш рафтанду халос. Ба қавли ҳолдонҳо, имрӯз дар шаҳри Душанбе танҳо як нафар аз шогирдони ин мактаб – усто Қаюм Раҷабов ба таъмиру тармими созҳои миллии тоҷикӣ машғул асту халос.

Дар суроғи усто Қаюм

Огаҳӣ ёфтам, ки усто Қаюм, қатъи назар аз пиронсолӣ, ҳоло ҳам дар кадом мактабе кор мекунад. Аз танбӯрнавози ошно, номзади илмҳои санъатшиносӣ Муродҷон Эшонқулов усторо пурсон гаштам. Гуфт: «Ташвиш накашед, ҳунаркешро нағз мешиносам».

Мақсад аз ин дидор бо усто Қаюм огаҳии бештаре ёфтан аз озмоишгоҳи болозикр ва роҳбари он Маҳмадалӣ Холиқов буд. Бо танбӯрии мумтоз Муродҷон 13 июни соли 2022, рӯзи душанбе, озими мактаби Зиёдулло Шаҳидӣ шудем. Саҳни ҳавлии мактаб тозаву озода буд. Чанд тан аз устодонро машғули шинондани гулҳои мавсимӣ дарёфтем. Аз мо чанд қадам он тарафтар муаллимони калонсол болои нишастгоҳе машғули суҳбат буданд. Марди миёнақади солманди калтарише бо табассум ба истиқболамон бархост. Ӯ худро муаррифӣ кард: «Усто Қаюми ургутӣ…».

Устои бе устохона

Сӯйи бинои таълимӣ раҳ гирифтем. Хаёлам дар ошёнаи якуми бино ба устохонаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои дуредгарӣ ворид мешавему ана баъд, аммо усто Қаюм якбора сӯйи поғундаи канори роҳрав тоб хӯрд. Андешидам, мумкин дар қабати дуюм бошад. Бинам, усто аз раҳ намонд. Дар ошёнаи 3-юм, дар гӯшаи чапи бино, назди ҳуҷрае қарор гирифт. Пушти дар хондам: профессор Рауф Сангинов (ғижакӣ, яке аз шогирдони қобили Маҳмадалӣ Холиқов – У. Ш.).

Дар ҳуҷра ду мизи борики корӣ ва чанд курсӣ ба назар намуд. Болои мизи пастаке`10-15 тубак бо гулҳои ҳархела саф ороста буданд, аммо ягон асбобу ускунаи дуредгарӣ наметофт. Усто Қаюм хандида гуфт: «Ман иҷоранишини дӯсти қадрдон, профессор Сангинов мебошам…».

Усто аз таҳи миз халтаеро бардошт ва аз он теша, исканҷа ва косахонаи сози сатои нотайёреро берун овард. Дар косахона нақши зебое наҷҷорӣ шуда буд, аммо ранги чӯб бароям аҷиб тофт. Пурсидам, ки косахонаи хомаки соз аз кадом дарахт аст? Усто гуфт: «Фаҳмидам, ки бӯ бурдед, ин соз аз дарахти нок аст. Аз чӯби дарахти нок асбоби мусиқӣ бедарак хуб мебарояд, садои соз мулоим ва ширин мешавад…

Ҳайрон ҷӯё шудам, ки шумо чӣ хел ва дар кадом дастгоҳ созҳои шикастаро таъмир мекунед? Гуфт: «Сабукашро ҳамин ҷо, вазнинтарашро дар ҷузвдон гирифта, аз шафати собиқ кинотолори «Тоҷикистон» то хоҷагии «Россия» – и ноҳияи Рӯдакӣ, бо маршруткаи №26 пуштора хона мебарам».

Гуфтам, усулан, устохонаҳо дар қабати`якуми биноҳо воқеанд, шумо чаро ба ошёнаи 3-юм баромадед. Усто бо андуҳи гарон гуфт, ки дар ошёнаи якуми мактаб замоне устохонаи кори калон доштам. Соли 2006 роҳбари нави мактаб, шахси бомаърифати хушбурут (N) аввал маро, бо собиқаи 28 соли корӣ дар як муассиса бо «ду дасти адаб» ва суханони «басо хуш» гуселонду баъд дар фаъолияти «рекордӣ» – и роҳбариаш (як сол) устохонаи мактабро ҳазм намуд…

Соли 2018 бо дархости директори нави мактаб, мутахассиси кордон Қосим Маллаев ба коргоҳ баргашт…

Суҳбат нимкола монд. Муродҷон раҳ ба раҳ фаҳмонд, ки усто Қаюм барои пешбурди зиндагӣ, ҳамчунин, дар ҳудуди хоҷагии «Россия» бачаҳои гӯрканро маслиҳатгар аст…

Қаюм Раҷабов

24 январи соли 1953 дар маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Сталинобод, кӯчаи Болничная (баъд Репина, ҳоло ба номи Хайрулло Мирзоев), дар оилаи косиб таваллуд шудааст.  Падараш Нарзӣ Раҷабов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюби гурӯҳи 1, марди саропо ҳунарманд, бобояш Абдулмуъмин чармгар буданд. Падараш бофандагӣ мекард, беқасаб, адрас, саллаворӣ мебофт. Баъди ҷанг сех кушода наздикону ҳамсояҳоро ба кор ҷалб намуд.

Қаюм дар мактаби миёнаи №15-и ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и пойтахт мехонд. Он айём дар хонаи пионерони пойтахт, кружокҳои зиёде амал мекард. Ӯ дар қатори 40 нафар талабаҳои синфҳои поёнӣ, аз синфи якум шомили кружоки ҳунармандӣ шуд. Стансияи кӯдаконаи техникҳои ҷавон болотараки бозори «Зелёный» (ҳоло нест) воқеъ буд…

Аз он ҳайат ба ҷуз се-чор кас, боқӣ шуғлҳои дигарро пеша карданд. Озмоишгоҳи истеҳсол, таъмир ва мукаммалгардонии созҳои мусиқии миллӣ солҳо таҳти роҳбарии марди саропо ҳунар, композитори маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Холиқов Маҳмадалӣ Юсуфович амал мекард.

Ба гуфтаи усто Қаюм, устодаш Маҳмадалӣ Холиқов ҳамроҳи устодони бузурги «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов бо даъвати котиби якуми ПК РСС Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва раёсати санъати Тоҷикистон, солҳои 40-ум аз Ӯзбекистон ба Сталинобод омада буд…

Қаюм Раҷабов то хатми синфи даҳум пайваста ва бетаъхир дар озмоишгоҳ касбу ҳунар андӯхта, соли 1974 бо дуои устодаш Маҳмадалӣ Холиқов ба Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд.

Солҳои 1971-1973 адои хизмати ҳарбӣ намуд. Шогирди ҳунарвар муносибаташро бо хонаводаи мураббиаш нагусаст. Ҳамсари устод Кутузова Вера Александровна (корманди Тоҷик ТА) Қаюмро чун фарзанд азиз медонист.

Сози усто Қаюм дар Амрико

Он овони хушу ёдмон бачаҳои озмоишгоҳ баробари корҳои таъмири созҳои мусиқӣ, хониши назариявӣ, навозандагӣ, мукаммалгардонӣ бо иҷозаи устод сози мусиқӣ низ, метарошиданд. Маҳмадалӣ Холиқов худ ин ҳунарро ба шогирдон меомӯхт. Чун аз усто Қаюм дар ин хусус пурсидем, гуфт: «Устод инсони шариф буданд. Иҷозат медоданд, ки шогирдон ягон соз тарошида, онро фурӯхта ба худ сарулибос, ғизо ё ба ягон камбуди хона масраф намоянд…».

Қаюм Раҷабов ҳанӯз дар синфи ҳафтум хондан, сози якуми худро мустақилона тарошида буд. Мегӯяд, бафурҷа кор мекардам, майдакор будам. Дар ин давра як тор сохтам, ҷонон, аз аввал то анҷом 6 моҳро дар бар гирифт. Ҳамсабақон ба ҳолам механдиданд, барои бафурҷакорӣ, аммо Маҳмадалӣ Холиқов аз кор ва маҳорати устогиам қоил буданд.

Тори садафкории сохтаамро бо нархи ҳамондавраина, ба 3,5 ҳазор рубли советӣ ба ҳофизи Ансамбли давлатии рақсии «Лола» Ҷӯрабек Бобоёров фурӯхтам (солҳои 1967-1968). Баъд фаҳмидам, ки Ҷӯрабек тори сохтаи маро ба кадом ҳофизи яҳудӣ фурӯхтааст…

Соли 1978 Рафик Бангиеви душанбегӣ, аккордеоннавози бомаҳорат, ба ИМА меравад. Ҳини диду боздиди яҳудиҳои бухороии душанбегӣ, дар дасти навозандаи гурӯҳи Авраам Толмасов тори садафкории зебоеро дар Лос-Анҷелес дида ба гуфтае ҳуш аз сараш мепарад. Онро озмуда, устои созтарошро меситояд: «Дар ҳақиқат устоҳои озарӣ торҳои қашанг месозанд…». Соҳиби тор мегӯяд, ки номи усто дар симқапаки тор навишта шуда. Рафик торро бардошта мехонад: «Амали усто Қаюми ургутӣ».

Усто Қаюм ин лаҳзаи фараҳбахшро пеши назар оварда, хандаи дилнишине карда, афзуд: «Машғули кор ворид шудани Рафикро ба устохона нафаҳмидам. Бангиев ду даст тори сар бардошта садо дардод: «Қаюмҷон, ман ба ҳунари шумо қоил, таслим, таслим…».

Бангиев дидаву шунидаашро бо обуранги зиёд қисса карда, ниҳоят сохтани чунин торро фармоиш дод…

Таваҷҷӯҳи Бобоҷон Ғафуров

Дар бойгонии усто Қаюм афиша – нишонии озмоишгоҳ, мақолаҳо аз рӯзномаҳо, аксҳои хотирмоне маҳфузанд ва ӯ қисмеро бо худ оварда буд. Диққати маро як акси хурдакаки копишудаи сиёҳсафеди мӯйсафеди калтарише ҷалб кард. Кӣ будани эшонро пурсон шудам. Гуфт, ин кас усто Тоҳир – танбӯрчии бухороӣ (Тоҳир Маҳмудов), устоди муаллими ман Маҳмадалӣ Холиқов мебошанд ва пас, қисса кард:

– Баъдан бо даъвати Бобоҷон Ғафуров устодони «Шашмақом» Б.Файзуллоев, Ф.Шаҳобов, Ш.Соҳибов ва устои созҳои миллӣ Маҳмадалӣ Холиқов ба Сталинобод омаданд. Онҳо барои ба ифоқа овардани асбобҳои мусиқии миллии тоҷик – дастаи мақомчиён (мутрибону ҳофизон) шуданд ва маслиҳат карда, аз Бобоҷон Ғафуров хоҳиш намуданд, ки аз Бухоро устои забардаст Тоҳири танбӯрчиро, ақаллан, яксола ба Душанбе биёранд.

Усто Тоҳир ду шарт гузошт: якум, нафақаи шахсии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва манзил – ҳавлии истиқоматӣ. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар ду хоҳиши пири ҳунарро пазируфт ва ҳамин хел, Тоҳир Маҳмудов ба Душанбе омад. Ҳини омаданаш, усто Тоҳири танбӯрчӣ қариб 80-сола буд. Ба қавли мусоҳибам усто Тоҳир, ин пири забардаст, воқеан, устои чирадасте маҳсуб меёфт. Созтароши дараҷаи олӣ бо истеъдоди худододӣ – танбӯр, сато, дутор, тор, ғиҷак ва ғайра месохтанд. Ба ҷуз ин, дар тармим ва мукаммалгардонии созҳои миллии тоҷикӣ баҳо надоштанд…

Ганҷина

Дар гардише аз он муколама аз усто Қаюм ҷӯё шудам. Ҳар як созтарош, мутриб ва ё ҳофизи соҳибэҳтиром дар хазинаи худ ганҷе – сози нозанине маҳфуз медорад, дуруст ва ё на? Усто Қаюм хандаи осмонкафе зада, гуфтанд:

– Шумо одами чатоқ (ба маънии пайгир – кунҷков) будаед. Ман ҳамчун устои асили созтароши асбобҳои мусиқии миллии тоҷик сози гаронбаҳоро дар бағал дорам. Дар дасти ман танбӯри олиҷанобест, ки онро усто Тоҳири танбӯрчии бухороӣ сохтааст. Артисти халқии РСС Тоҷикистон Нериё Аминов, қабл аз ҳиҷрат ба ИМА, танбӯрашонро оварданд, то таъмир кунам. Танбӯри сарояндаи машҳурро тармим кардам. Ҳини хайрбод Нериё Аминов бо исрор дархост намуданд:

– Бачем, танбӯратонро (ҳамон танбӯри усто Тоҳир дар назар аст – У. Ш.) фурӯшед, доллар медиҳам, доллар!…

Усто Қаюм бо қотеият хотири сарояндаи яҳудитаборро ҷамъ кард: «Ин танбӯр фурӯшӣ нест!».

Орзуи бахокрафта

Бори дувум 26 июни соли равон барои идомаи суҳбат ба маҷмааи «Шарқи озод» омад. Гуфт, суҳбати аввал нимкола монд, омадам то биафзоям. Саломатии усто Қаюм хуб набуд. Аз суратгири номошно Комрон Сафар, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» хоҳиш намудам, то устои забардастро дар боғчаи сарсабзу зебои пешорӯи нашриёт сурат бигирад. Усторо болои сабзаву рӯйи хараки таҳи тути сершоху барги боғча шинонда, акс бардоштем. Ҳамчунин, ба хотири ёдгор бо ҳам сурат гирифтем. Пас, идомаи суҳбат ба дарозо рафт.

Он рӯз аз устоди хеш Маҳмадалӣ Холиқов ёд кард. Гуфтанд, устод 24 сол кӯшиш ба харҷ доданд, то дар шаҳри Душанбе як муассиса (институт ё хайр) лабораторияи муқтадири мукаммалгардонии созҳои миллии тоҷикиро созмон диҳанд, бо тамоми қонуну қоидаҳои замони муосир, мисли Тошканд. Смета тартиб дода, онро ба Вазорати маданияти ҷумҳурӣ бурданд. Вазорат пешниҳоди устодро қобили қабул донист. Маҳмадалӣ Холиқови забардаст, ҳамчунон, дар ин бора номаи муфассале ба номи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов навишта буданд. Ин корҳо панҷ сол қабл аз вафоташон (М. Холиқов) буд. Ҳамин тавр, орзуяшонро ба хок бурданд. Ҷаббор Расулов ва Маҳмадалӣ Холиқов пайи ҳам аз дунё гузаштанд…

Дигар касе ба ин масъала рӯ наовард. Охири солҳои 80-ум ба лаҳни устодам «не до этого было». Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд. Солҳои ноамнӣ доман густурд ва ин масъала ба умқи фаромӯшӣ сарозер рафт.

Усто Қаюм дар охири суҳбат афзуд: «Додарам, имрӯз дигар касе ҳаваси кори моро намекунад. Касабаи мо дар варта аст (ин гуфта ба созтарошон иртибот надорад), ман ҳамон озмоишгоҳи устодамро дар назар дорам. Ягона писарам – ғижакии бомаҳорат аз ин пешаи сангин даст кашид, зеро бо маблағи ин касаба зистан вазнин аст. Кори моро ҷавонон хуш надоранд, зеро суди зиёд намеорад. Дар ин роҳ танҳо мисли мо барин, ба таъбири халқ, содаҳо – ҷонфидоҳои касб шуғл меварзанду халос…

Имрӯз мутрибони мумтоз созҳои ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқро мекобанд. Дуторҳои хушрӯ дар мо ҳам сохта мешаванд (ба иззати нафси устоҳо расиданӣ нестам), аммо мутрибони сатҳи олӣ дуторҳо (парда) – и тошкандиро хуш мекунанд. Аккордеон, моли хубаш дар Олмон истеҳсол мешавад…

Умарҷон, Худо нишон надиҳад он рӯзеро, ки танбӯрии тоҷике созашро барои тармим ва мукаммалгардонӣ ба назди устое, ба Тошканд роҳ бубарад. Ман низ хоҳони амалӣ гаштани орзуи деринаи устоди зиндаёди хеш Маҳмадалӣ Холиқов, сарсупурдаи санъатам. Он муассиса – институти тадқиқотӣ ё лабораторияро Ҳукумати Тоҷикистон, ҳатман, дар шаҳри Душанбе асос гузорад.

– Метарсам, ки орзу ба хок мебарам, чун вазъи саломатиам хуб нест, – гуфт ҳини худоҳофизӣ усто Қаюм.

Бо ҳазл гуфтам: – Усто бобо, қабрканӣ одамро бефара мекунад, саломатиро нигоҳ доред…

Гуфт: – Додарам, зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, – гуфтанҳо бе дарак набудааст. Ман танҳо болои сари бачаҳо истода, тарзи дуруст кандани гӯрро нишон медиҳам. Раҳи ҳамаи мо он сӯст…

Суҳбат боқӣ гуфту рафт…

  1. PS. Ҳамин хел, устод бедарак шуд. Рӯзе Муродҷон занг зада гуфт, ки  усто Қаюм аз дунё гузашт.

Умари ШЕРХОН

22.12.2022

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь