Кӯш то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ.
(Абдураҳмони Ҷомӣ)
Дар бораи фаъолияти илмии доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншинос, муаррих, фарҳангшинос, авестошинос-устод Юсуфшоҳ Яъқубов борҳо мақолаву очеркҳо доир ба фаъолияти илмӣ ва мавлудашон навиштаанду ба нашр расонидаанд. Ном ва корнамоиҳои ин шахси бузургро чандин бор тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион хондаву шунидаам, хушбахтона, имсол насиб гардид, ки аз наздикӣ бо устод шинос шавам. Устод аз фанни “Кашфиётҳои бузурги чаҳон” ба мо таълим медиҳанд. Устод Юсуфшоҳ Яъқубов воқеан тарзе дарс мегузаранд, ки донишҷӯ гузаштани вақтро ҳис намекунад. Ба хотири хуб дарк намудани моҳияти мавзӯи дарсӣ аз китобхонаи шахсии худ китобҳову маҷаллаҳои гуногун, аксҳои мавзеъҳои таърихӣ ва ҳамчунин аз лаҳзаҳои таҷрибаи кории худ ба мо мисолҳо меоваранд.
Устод Ю.Яъқубов табиатан инсони ботамкин, фурӯтан, хоксор, ҳақҷӯву ҳақгӯ, роҳбари оқилу доно ва дурандеш мебошанд ва аз зумраи онҳое ҳастанд, ки вазифаи ба зимма доштаи хешро бо амри виҷдон содиқона анҷом медиҳанд. Имсол устод 80-сола мешаванд, лек устод ба гузашти синну сол аҳамият надода, бо шӯру шавқи ҷавонӣ ва меҳри касб, то ҳол ба ҷустуҷӯ ва эҷод машғуланд. Ин гуфтаҳоро фаъолияти илмии соли гузаштаашон собит месозад, ки 18 кори илмӣ навиштаанд. Айни ҳол ҳам хосттори навиштан, кофтуков ва гузаронидани экспедитсия ҳастанд. Ин олими обрӯмандро, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ бо кашфиётҳои нодираш мешиносанд ва эътирофу эҳтиром мекунанд.
Устод Юсуфшоҳ Яъқубов 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Ровнови ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадаанд. Соли 1945 ба мактаби ибтидоии деҳа мераванд. Вале баъдан таҳсилро дар мактаб-интернати рустои Саричашма ва Кангурти ноҳияи Данғара давом медиҳанд. Дар аввали солҳои 50-ум, оилаи устод ба шаҳри Кӯлоб мекӯчанд ва дар соли 1955 устод мактаби миёнаро бо медали тилло хатм мекунанд. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешаванд. Кори дипломиро зери роҳбарии Т.Р.Каримова дар мавзӯи “Анҷумани дуюми Шӯроҳо” ҳимоя намудаанд. Баъд аз хатми донишгоҳ аз рӯйи тақсимот устод Яъқубовро ба Институти таърихи Академияи Илмҳои РСС Точикистон мефиристанд. Ҷойи холӣ танҳо дар шуъбаи бостоншиносӣ буд, ки роҳбариашро Б.А.Литвинский ба уҳда дошт. Ю.Яъқубов ба кор дар шуъба розӣ шуда, ба сифати лаборанти калон ба базаи бостоншиносии Панҷакент сафарбар карда шуданд. Дар экспедитсияи Панҷакент бо бостоншиносони бузург, А.М.Беленитский, М.М. Дяконов, В.А.Лившис, Б.Я.Ставиский шиносоиву дӯстӣ пайдо мекунанд. Ю.Яқъубов дар базаи бостоншиносии Панҷакент кор карда, таҳкурсии фаъолияти бостоншиносиро аз худ мекунанд.
Таҷрибаи мактабҳои гуногун ва таълими аз устодони хеш гирифта, он касро ҳамчун бостоншинос ва олим тарбия ва ба камол расонида, ки фикру ақоиди хешро мустақилона оид ба ҳалли масъалаҳо, пешниҳод намудани назарияи илми худ ва гузаронидани ҳафриёт бо усули махсуси хеш ба вуҷуд овард.
Соли 1960 бо ҳамроҳии А.Исҳоқӣ дар дар шаҳри Панҷакенти қадим дар объекти 7 ҳафриёт гузарониданд. Аввалин маротиба солҳои 1961-1963 устод Ю.Яъқубов дар объекти 16 мустақилона ҳафриёт гузаронидаанд.
Соли 1963 устод ҳуҷҷатҳои худро ба аспирантураи шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон супорида, аспирант гардиданд.
Барои баланд бардоштани таҷрибаи корҳои археологӣ бо ҳамроҳии Э. Ғуломова солҳои 1960-1962 дар ёдгории таърихии Ҳулбук ҳафриёт гузаронидаанд. Солҳои 1961-1964 дар корҳои отряди бостоншиносии Шаҳринав иштирок карда, дар мавзеи Чилдухтарон, Ӯртақӯрғон, Қаҳ-Қаҳа 1, Чилҳуҷра, Шаҳристон ва Хонайлов дар Оқтангӣ ҳафриётҳо анҷом додаанд. Соли 1962 дар ҳафриёти Аҷинатеппа иштирок намуда, дар таҳқиқи шаҳраки Куҳнашаҳр ташаббуси назаррас анҷом доданд.
Дар ҳайати гуруҳи Аштии Экспедитсияи комплекси археологии шимоли Тоҷикистон буда, солҳои 1963-1964 бо ҳамроҳии Е.Д.Салтовский низ кор намудаанд. Соли 1963 экспедитсияи мазкур барои таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносии гирду атрофи қалъаи куҳи Муғ ба ноҳияи Айнӣ фиристода мешавад. Ҳафриёт то соли 1981 давом ёфта, гоҳо дар Гардани Ҳисор, гоҳо дар Қум гузаронида мешуд, ки роҳбариашро то соли 1970 Б. Я.Ставиский ба уҳда дошт ва аз соли 1970 шогирди вай устод Ю. Яъқубов ба зимма мегиранд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ҳафриёти чандинсола маълум шуд, ки Қум қароргоҳи охирин ихшиди Суғд Деваштич будааст.
Баъд аз хатми аспирантура, соли 1966 дар лабораторияи нигоҳдорӣ ва барқарорсозӣ ва аз соли 1968 дар шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии АИ РСС Тоҷикистон ба ҳайси корманди хурди илмӣ таъйин мешаванд.
Солҳои 1967-1968 бо ёрии моддии комбинати куҳии Ҷиҷигрӯди ноҳияи Айнӣ, таҳти роҳбарии Ю.Яъқубов қалъаи Сарвода пурра омӯхта шуд. Соли 1968 устод роҳбари отряди Колхозобод буданд, дар қалъаи Кофирқалъа, ки ҳанӯз солҳои 1966-1967 Х.Ю.Муҳиддинов таҳқиқро оғоз карда буд, ҳафриёт гузарониданд.
Пас аз бомуваффақ ҳимоя намудани диссертатсияи номзадӣ дар Иститути шарқшиносии АИ ИҶШС дар шаҳри Маскав, соли 1970 Ю. Яъқубов ба вазифаи корманди калони илмии шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон таъйин карда шуданд. Солҳои 1971-1972 отряди бостоншиносии Норакро роҳбарӣ намуда, дар ёдгориҳои теппаи Муборакхоҷа дар Норак ва Даштиобод дар Орҷоникидзеобод (ш.Ваҳдат) ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронидаанд.
Соли 1975 отряди Зарафшон дар ёдгориҳои совхози Марғедар (ҳоло ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ) ва инчунин гирду атрофи рӯди Киштӯд таҳқиқ гузарониданд. Бисёрии ёдгориҳои Киштут, Амондара, Ёрӣ, Мингдона, Вешист, Ревад ва Зарвон бори аввал таҳқиқ ва муайян шуда буданд. Ҳафриётҳо дар ёдгориҳои ҷудогонаи ин манотиқ, маводи нодир пешкаш намуданд, ки таъриху зиндагонии аҳолии Суғди қадим ва асри миёнаро аз ҳар ҷиҳат муайян карданд.
Ҳангоми сардори отряди Қаротегин будан, устод солҳои 1977-1980 дар қурғонҳои Оқсой, Лахш 1, Лахш 2 ва шаҳраки Чоргул тафтишоти бостоншиносӣ ва ҳафриёт гузарониданд.
Дар солҳои 1984-1986 отряди болооби Зарафшон зери роҳбарии Ю. Яъқубов ба ҳафриёти деҳаи Наврӯзшоҳ, ки дар Панҷакент ҷойгир аст шуруъ менамоянд. Дар натиҷаи ҳафриёт, маъбади оташи мустаҳкамкардашуда ёфт шуд, ки мутаассифона на ҳамаи хонаҳои он боқӣ монда буданд.
Устод Ю.Яъқубов соли 1986 ба вазифаи корманди илмии шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ РСС Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Отряди бостоншиносии Роғун солҳои 1986-1989 бо роҳбарии Ю.Яъқубов омӯзиши қӯрғонҳои замони кӯшонии деҳи Сичароғ, шаҳраки Дарбанд, Қалъаи Имлок, Қалъаи Ботурхон дар деҳаи Новдонак, Ялапокӣ дар Навобод ва шаҳраки Тавилдараро гузаронид.
Ю.Яъқубов соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов диссертатсияи докториро дар мавзӯи “Деҳаҳои ибтидои асри миёнаи куҳистони Суғд” бомуваффақона ҳимоя кардаанд. Соли 1989 Ю. Яъқубов мудири шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ РСС Тоҷикистон таъйин мешаванд.
Ҳангоми сардори отряди Кӯлоб будан, соли 1991 дар шаҳраки Қалъаи Мир ҳафриёт гузаронида, дар асоси девори тоза кардашуда, ки аз онҷо сафоли замони кӯшониён ёфт шуда буд Кӯлобро ба замони кӯшониён мансуб донистанд.
Солҳои 1997-1998 дар ҳайати экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Олмон фаъолият карданд. Дар ҳамин асно, дар конҳои қадимаи Мушистон ва Фондарё бо лоиҳаи “Истихроҷи қалъагии то исломӣ дар Осиёи Миёна” таҳқиқот бурдаанд. Дар Мушистон аз тарафи Ю.Яқъубов маскани асри биринҷӣ кашф карда шуд.
Ҳангоми сардори экспедитсияи бостоншиносии муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия ва Институти давлатии илмӣ-тадқиқотӣ, барқароркунӣ буданашон, солҳои 1998-1999, ки роҳбари илмиро Б.Я.Ставиский ба уҳда дошт, дар шаҳраки Ҳисораки Мастчоҳи Куҳӣ ва шаҳраки Наврӯзшоҳ 3 ва 4 дар шаҳри Панҷакент кофтукови бостоншиносӣ гузарониданд.
Аз соли 2001 то соли 2006 бо роҳбарии Ю.Яъқубов дар Қалъаи Чармгарони поён ҳафриёт гузарониданд, ки ба асрҳои 3-и пеш аз мелод ва 4-и мелодӣ тааллуқ дорад. Соли 2003-2006 дар шаҳраки Ҳулбук ва шаҳраки Нозкӯли ноҳияи Восеъ ҳафриёт гузарониданд. Ю.Яъқубов ташкилкунандаи осорхонаҳои Ҳулбук ва Кӯлоб мебошанд. Инчунин, мавсуф дар солҳои 2008-2009 дар шаҳраки Золизарди ноҳияи Фархор кофтукови бостоншиносӣ гузарониданд.
Бо ташаббуси сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, профессор Ш. Имомзода, солҳои 2012-2013 экспедитсияи Тоҷикистон бо сардории устод Ю.Яъқубов дар ёдгории Миси Айнак кофтукови бостоншиносӣ гузарониданд.
Устод дар муддати зиёда аз 55 соли фаъолияти кориашон беш аз 120 ёдгориҳои археологиро кашф намудаанд, ки дар миёни онҳо Гардани Ҳисор, Қум, шаҳраки Дарбанд нодиранд. Инчунин яке аз кашфиёти дигари бузурги устод, ин шаҳраки Карон-кашфиёти бузурги асри 21 мебошад. Дар шаҳраки Карон солҳои 2012-2016 устод ҳафриёт гузаронидаанд. Ҳамчунин устод дар тӯли фаъолияти хеш 20 рисола ва зиёда аз 700 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навишта, дар нашриётҳои гуногун ба табъ расонидаанд. Тобистони соли ҷорӣ устод дар Қалъаи Ямчун кор карданд.
Хизматҳои бузурги устодро дар инкишофи илми таърих ба назар гирифта, соли 1991 ӯро бо медали ЮНЕСКО сарфароз гардониданд. Устод соли 1991 аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Соли 1996 аъзои Ҷамъияти бостоншиносони Русия интихоб шуданд. Соли 1998 аъзо-корреспонденти Институти бостоншиносии Германия интихоб шуданд. Ҳамчунин, заҳматҳои ӯ соли 1999 бо унвони Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Тоҷикистон қадр карда шуд. Моҳи июли соли равон, устод Ю.Яъқубов академики Академияи Илмҳои Ҷумҳуруии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Устоди бузургворро бо ҷашни 80-солагиашон, аз номи устодон ва ҳамкурсон самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама тани сиҳату дили шод, рӯзгору хурраму обод ва боз ҳам комёбиҳои беназир дар корҳои тадқиқотиашон орзу менамоям. Бошад, ки ин марди пуркор солҳои зиёд дар пайи кашфиёт бошанд ва нодиртарин мавзеъҳои таърихии кишварро ба мо ошкор намоянд.
Зоҳид ҲОМИДОВ, донишҷӯи факултаи таърихи ДМТ