Воқеияти нави таърихӣ, ки замони истиқлияташ меномем, дар худ ҳодисаҳои нав, бархӯрду низоъҳои нав, қаҳрамони навро минбаъд ба миён меоварад. Ин равандҳо нафақат андеша ва таҳлилҳои фалсафӣ, сотсиологӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо менамояд, балки ба инъикосу баррасиҳои бадеию эстетикӣ низ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, суоле пеш мояд, ки оё ҳунари имрӯзаи тоҷик ҳамин қутбҳои зикршударо инъикос карда метавонад ё на?

Бо мақсади пайдо намудани ҷавоб ба ин суол, назаре меандозем ба намоишгоҳ ва ҷустуҷӯйҳои рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, ки гаҳ-гоҳ дар толори Осорхонаи миллӣ осори худро пешниҳоди бинандагону ҳаводорони санъати мусаввирӣ намудаву менамояд.

Номбурда дар намоишгоҳи нави худ се марҳилаи эҷодии хешро матраҳ кардааст. Вижагии ин рассоми ҷӯянда дар он аст, ки асарҳои тасвириашро ғолибан дар диптих, триптих ва полиптих пешниҳод мекунад, ки дар фаъолияти рассомони дигар, кам ба мушоҳида мерасад. Чунин тарзи пешниҳоди тасвирҳо ба рассом имкон медиҳад, ки “қиссаҳояшро” дар вазъи протсесс (такомул, раванд), муҳаррик ва рушдкунанда тасвир намояд ва “қиссаҳои” худро дар  шакли ҳаммосавӣ манзури бинанда созад. Ин сабк ҳатто дар жанри портрет низ бармало мушоҳида мешавад. Барои муқоиса  портретҳои “Темурмалик”,  “Орзуи Спитамен”, ки симои ин қаҳрамонҳо дар пасманзарҳои (фон) ҳаммосавӣ тасвир ёфтаанд, қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Яъне устод Сабзалӣ  дар муқоиса бо чанде аз ҳамкасбонаш, ки барои асарҳояшон пеш аз ҳама шакл меҷӯянд, баракс, аввал аз мазмун, аз муҳтаво шурӯъ намуда, баъд ба ҷустуҷӯи шакл мепардозад. Балки аниқтараш ҳам мазмуну ҳам шаклро тавъам эҷод мекунад. Вале дар вақти дидани асари комили эҷодшуда маълум аст, ки барои рассом пеш аз ҳама мазмун муҳим аст.

Дар намоишгоҳи зикршуда, марҳилаҳои раванди эҷодии рассом зина ба зина баррасӣ шудаанд. Мусаввир асарҳои худро тарзе пешниҳод кардааст, ки бинанда ба тариқи кӯтоҳу ихчам давраҳои мухталифи нигоргарро ба хотир биоварад.

Марҳилаи аввали эҷодиёти рассомро агар “реализми рамзӣ” гӯем хато намекунем. Дар ин давра муаллиф сабки академиро интихоб карда аст. Портрету сюжетҳо ба тариқи композитсия ва рангубори ғализу устувор, то андозае классикӣ баррасӣ шудаанд. (“Боғи анори бобом”, “Роғунзамин”). Бахусус, портрети устод С. Айнӣ дар мусаввара таҳти унвони “Ворисон дар соҳили кӯли нилгун” яке аз намунаҳои барҷастаи ин давра мебошад. Маҳз дар ҳамин давра яке аз хусусиятҳои муҳимми эҷодиёти рассом – ҳаммосанигорӣ ва монументализм рушд карда, пайваста қавӣ гардида аст. Дар пасманзари симои устод С. Айнӣ намунаҳои симболие тасвир шудаанд, ки ифодагари ҳаммосавии замони нави умедбахш ва шукуфоро ба тариқи ҳамоҳангӣ, силсиладор ва романтикӣ ифода кардаанд. Маҳз дар ҳамин давраи оғози фаъолияти эҷодии хеш рассом мавзӯъро дар ҳаракат, дар тазод, муборизаи ба ҳам зидҳо, драматизми оливу пуршиддат пешниҳод менамояд. Реализми онҳо пур аз рамзу маъниҳои фалсафист (“Гусели 1941”). Яъне “реализми” соддаву одӣ нест. Яке аз муҳаққиқони барҷастаи ҳунари рассомӣ шодравон Лутфия Айнӣ роҷеъ ба ин хусусияти реализми Сабзалӣ  чунин гуфта аст: «Гӯё бори нахуст дастонашро аз банд раҳо намуда, мағзу мафкураашро аз ҳамагуна аҳкоми нолозим озод сохта аст. Ва ӯ ба гӯиши хоси худ шурӯъ менамояд…

Оре, вай рассоми реалист аст… Аммо реализми ӯ зимнан бо хусусиятҳои мухталиф ҷилва менамояд – дар он ҳам маҳсули рӯъё ва тахайюл ҳаст, ҳам унсурҳои романтизму бадеъулҷамолӣ, бархӯрдҳои метафизикӣ, (аз инҷост симболизми олами тасвирии вай), яъне дар намои тасвирии ӯ ҳама гуна падидаҳое ҷилва мекунанд, ки дар маҷмӯъ ба олами реалистии ӯ оҳанги асрорангезӣ ва дилрабоии отифонаеро эҳдо менамоянд».

“Сиёҳ ва сафед”- марҳилаи дигари фаъолияти рассом аст, ки услуби тасвир комилан аз давраи “академӣ” фарқ мекунад. Бо вуҷуди драматизми баланд, рамзҳои фалсафӣ, таблоҳои замонӣ, “академӣ” дорои маъниҳои қонеъкунандаи талаботи иҷтимоии замон аст. Аз инҷост, ки устод Лутфия Айнӣ дар бораи оҳанги мутантани шакли гимн доштаи мусаввараҳои давраи классикии мусаввир ишора мекунад. Устод Сабзалӣ худаш дониста ва ё ба тарзи ҳадс мекӯшид асарҳоеро эҷод намояд, ки дар шаклу мазмун  пурмоя, ҷавобгӯи талаботи маънавии замонаш бошанд. Таблоҳои он давр, аз дидгоҳи муаллифи ин сатрҳо чандон тунду муҳаррик набуданд, унсури “вақт” дар ин марҳила хусусияти монументалӣ ва устуворро касб карда буд. Дар таблоҳои он давра унсурҳои миқёс ва фазои пурвусъат муҳимтар буданд, нисбат ба унсури вақт…

Дар марҳилаи “Сиёҳ ва сафед”, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дарак медиҳанд, тасвирҳо бештар аз ҳамосавӣ, гимнсароӣ, ба сӯӣ ифодаи таассурот ва андешаҳои инфиродӣ рафтаанд. Аммо ҳарчанд ин субъективизм ифодагари рӯҳияи худи рассом аст, бо вуҷуди ин ҳамвазъи равонии миллати азияткашида низ ҳаст. Яъне образҳояш ҷамъбастӣ аст, таъсирнокии онҳо маҳдуд нест. Қиссаҳо бо рангҳои тира ва муҳаррик ва бо рӯҳияи фоҷиабор, ҳазин  тасвир шудаанд. Сабабаш – инъикоси мавзӯъи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Маҳз аз ҳамин давра рассом услуби полиптихро бештар истифода мекардагӣ шуд. Намоҳо ҳарчи бештар характери симболиву рамзиро касб мекунанд. Мафҳуми “вақт” дар таблоҳои ин давра ба яке аз унсурҳои муҳими тазодӣ табдил ёфтааст. Асарҳои ин давра дар рамзи “вақт” сифат пайдо карда, гӯё баёнгари тӯфоне шуданд, ки аз як табло ба таблои дигар кӯчида, рӯҳияи фоҷиабори он замонро тунду сангин ифода мекард. Дар ин давра рассом аз таҳияи асарҳои маъмулӣ, академӣ даст мекашад…

Марҳилаҳои мухталифи раванди эҷодии Сабзалиро пеши назар оварда, кас ба хусусияти ин марҳилаҳо таваҷҷӯҳ мекунад. Якум, мебинем, ки рассом ба ҳеҷ як марҳилаи муҳимми миллаташ бетараф набудааст. Ҳар як марҳилаи эҷодиёти вай инъикосгари замони хоси таърихи миллат будааст, ки мусаввир мекӯшад таассуроти амиқ ва доғи хешро таҷассум намояд. Дуюм, рассом дар ин кор бо як ё ду табло қаноат намекунад. Ӯ ҳатман силсилаи таблоҳоро таҳия месозад. Ва ҳатто барои баррасии як мавзӯъ ва як қисса шакли диптиху полиптихро интихоб мекунад. Мақсад инҷо “пургӯӣ” нест. Мақсад – ба пуррагӣ ва дар ҳаракат ва рушду комил таҷассум кардани воқеияти шиддатбор аст. Бинанда ин силсиланамоҳоро дида, гумон мекунад, ки филм мебинад. Решаи чунин тарзи баёни рассомӣ, яъне истифодаи принсипҳои кинетикӣ, муҳаррикӣ ва пайдарҳам инкишоф ёфтани қиссаи тасвир аз куҷо нумуъ мегирад? Шояд сабаб дар он бошад, ки устод Сабзалӣ бо синамогарон ҳамкории зиёд дошт ва дорад, дар таҳияи филмҳо ширкат карда, худаш ҳам “филм” сохтааст?!

Намоишгоҳи «Рӯзи сафед» ҳамин хусусияти сабки устод Сабзалӣ Муродзодаи Шарифро собит месозад. Яке аз хусусиятҳои умда ва ҷадидии ин давраро ман дар баробари истифодаи полиптих (яъне якчанд намоҳои мазмунан ба хам пайваст) боз дар “иқтибос” мебинам. Дар асарҳои тозаэҷоди рассом иқтибоси композитсяҳои рассомони машҳури классикии хориҷӣ табиию хотирабарангез ва мондагор ворид мешаванд. Вале дар ин “иқтибос” нигоҳи нав, идеяи нав, паёми нав, эстетикаи нав дида мешавад. Ин “иқтибосҳо”на ба маънои аслӣ, балки маҷозӣ таҳия ва баррасӣ шудаанд. Таваҷҷуҳ кунед ба расми «Модар», “Ташвишҳои раҳрӯбон” (ва умуман ба силсилаи “Фариштаҳои заминӣ”) ё ба портрети «Орзуи Спитамен» – ҳамаи таблоҳои зикршуда сохту композитсияи асарҳои маъмули рассомони ҷаҳониро ба ёд меоранд. Масалан, таблои “Ташвишҳои раҳрӯбон” дар хаёли мани бинанда шабеҳи композитсияи асари машҳури “Троица” (“Се тан”)-и Андрей Рублевро дорад.

«Орзуи Спитамен» асари “Демон”-и Михаил Врубелро ба ёд меорад.

Баъзе аз шаккокон метавонанд устод Сабзалиро ба надоштани мустақилияти эҷодӣ гумонбар шаванд.

Аммо оё дар асл ҳамин тавр аст?

Силсилаи “Фариштаҳои заминӣ” ва хусусан “Ташвишҳои раҳрӯбон” ошкоро, қасдан ба “Троица” шабоҳат дорад. Мақсади рассом ҳам дар ҳамин аст, ки бинанда ба тариқи тахайюлӣ “Ташвишҳои раҳрӯбон”-ро бо асари Рублев қиёс намояд. “Троица” – уқнум (икона) аст ва маконаш ибодатгоҳ аст. “Ташвишҳои раҳрӯбон” уқнум нест, вале симои духтарони раҳрӯби тоҷик бо маъниҳои зиндагисозашон ба падидаҳои улвиятдошта мерасанд. Зебоию отифаҳои онҳо дили рассомро ба ваҷд овардаанд. Ва устод Сабзалӣ ба ин васила мехоҳад, ки мо низ нигоҳамонро ба ин раҳрӯбон дигар кунем, отифии онҳоро дарк намоему эҳтиром гузорем. Устод Сабзалӣ уқнуми русии “православи”-ро ба уқнуми тоҷикӣ табдил додааст, аммо на барои ибодат. Мақсади рассом боз кардани чашми бинанда ва ҳушдор додани зеҳни мо барои дарки зебоиҳои асили заминӣ аст. Уқнумҳои устод Сабзалӣ шеъргунаанд, балки шабеҳи шоҳбайте ҳастанд, ки кайфияти эстетикии асарҳои ӯро боло мебаранд.

Ногуфта намонад, ки ҳамон “нимб”-и рӯшание, ки дар гирди сари фариштаҳои заминии устод Сабзалӣ мебинем, на танҳо хоси уқнумҳои дини насронӣ аст, балки дар асл моли ҳиндуориёӣ буда, моли Эрони қадим низ ҳаст. Дар тамоми пайкараҳои Тахти Ҷамшед ва минбаъд дар нигораҳои рӯи деворҳои Панҷакенти қадим, дар миниатюраҳои асрҳои миёнаи эрониву тоҷикӣ мо ҳамин “нимб”-ро мебинем. Онро мутахассисин ба унвони “фарр” муаррифӣ мекунанд. Ҳамин фарр дар гирди сари аксарияти қаҳрамонони тозаэҷоди устод Сабзалӣ, хоҳ аз силсилаи “Шоҳнома” бошанд, хоҳ давраҳои пеш аз он ва ҳам давраи ҳозира, ҷило медиҳад. Бахусус симои модар, ки дар баробари фарр боз гӯё бол низ дорад ва образи воқеъии модари рассом низ ҳаст. Ҳарчанд ин образи шахси инфиродӣ аст, аммо дар пешниҳоди рассом ҳамчун гимни модарони ҷаҳон дида мешавад…

Аз давраи сирф классикии эҷодиёташ сабки рангубории рассом  дигар шуда, оҳариву нозук мешаванд ва гӯё ҳанӯз эскизанд; ба гуфтаи худи рассом “хомакианд”. Гумон мекунӣ баъди мудате мусаввир боз барои комилгардонии асар бармегардад. Гуё ӯ ин асарро базудӣ навиштааст, то ин ки ғоя ва эҳсоси ҳадсан омадаро аз даст надиҳад. Гумон мекунӣ, ки дигар рассом аз истифодаи рангҳои равғанину ғализ, ки ба асарҳояш камолу пухтагӣ эҳдо менамуданд, истифода намебарад. Гумон мекунӣ, ки баъзе аз асарҳояш бо истифодаи рангҳои нозук – темпера ва амсоли ин рангубор шудаанд. Вале маҳз бо ҳамин “эскизӣ”, “хомак” буданашон тамошобинро ин асарҳо ба худ ҷалб мекунанд, маҳз бо ҳамин гуфтаниҳои ногуфта, шиддати андешаи амиқ, вале бе пургӯии дилгиркунанда тахайюли бинандаро ором намегузоранд, тахайюли ӯро фаъол намуда, ӯро ба “ҳаммуаллифӣ” ҳидоят менамоянд.

Метавон гуфт, ки Сабзалӣ саҳифаи наверо дар эҷодиёташ боз кардааст. Дар замони шӯравӣ сабки классикӣ дошт, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рангҳо – ғализу рӯшан, пурихтилоф, пур аз чангу ғубори фоҷиабор. Акнун бошад,- асарҳояш дар маҷмӯъ рӯшан, дорои колорити тиллоранг, уқнумнамо, шеъргуна, фалсафию пандомез бештар ҷилва мекунанд. Пандгӯиҳояшон носеҳона, якзайлу якнаво нестанд. Печ дар печ, хаму куталҳои душворе доранд. Рассом панди рӯбарӯе дар гӯши бинанда ироа намекунад. Бинанда баъди дидану таҳлили асар аз ин пандҳо баҳравар мешавад, на аз онки рассом мегуфта бошад…

Кам дар кам рассомоне дорем, ки ба мисли устод Сабзалӣ Муродзодаи Шариф дар осорашон  – чунин диди нав, мавзӯъҳои нав, ғоя ва образҳои навро ҷойгоҳи  хосу воло дода бошанд…

Саъдулло Раҳимов,

фарҳангшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь