Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (1873-1934), ки бо тахаллуси адабии Мунзим дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик шинохта шудааст, яке аз чеҳраҳои мунири ҳаракати маорифпарварии тоҷик ба ҳисоб меравад.

Падари Абдулвоҳид камбағал набуд, вале барвақт вафот кард. Дере нагузашта ӯ аз модар низ бенасиб мемонад. Бинобар ин, яке аз дӯстони падараш ӯро ба хизматгории хонаи қозӣ Шарифҷон Махдуми Садри Зиё медиҳад. Ҳамин тавр, даврони наврасиву ҷавонии ӯ дар ин даргоҳ мегузарад. Чун дар хонаи Садри Зиё маҳфили муҳташами адабӣ баргузор мешуд, Мунзим дар ин муҳит ҳамчун шахси фарҳангӣ ва босавод ба воя мерасад. Ба китобхонаи қозӣ, ки ганҷинаи бузргеро мемонд, дастрасӣ пайдо карда, беҳтарин осори адабиву илмиро мутолиа мекунад. Маҳз дар ҳамин даргоҳ ӯ бо Садриддин Айнӣ шинос мешавад. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро китобат намуда, соли 1902 дар ду девон ашъори Ҳайратро ҷамъ овардааст.

Муҳити хонаводаи Садри Зиё ва ошноӣ бо зиёиёни Бухоро, ба рӯҳияи Мунзим бетаъсир намонд. Ҳамин аст, ки аз ҷавонӣ ба ҳаракатҳои бедорӣ ва маорифпараварӣ ҳамроҳ шуд. Пас аз хатми мадраса дар таъсиси мактабҳои усули нав ширкат варзида, соли 1908 ҳамроҳи Садриддин Айнӣ дар хонаи худ мактаби усули ҷадид кушод, «Раҳбари хат»-ном аввали н дастурамали дарсӣ тартиб дод. Соли 1917 ҳангоми шиддат гирифтани табаддулот ва таъқиб шудани озодихоҳону равшанфикрони Бухоро Мунзим ба Тошканд рафта, дар идораи рӯзномаҳои «Учқун» ва «Қутулиш» кор кард.

Пас аз ташкили Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро муовини раиси он ва чанд муддате вазири тандурустӣ буд. Соли 1922 Шӯрои вазирони ҶХШСБ ӯро ба Берлин барои ба хондан бурдани кӯдакон фиристод. «Холида ва қизбола»-и Садриддин Айниро соли 1924 дар Берлин бо алифбои арабиасос чоп кард. Аз Берлин баргашта, дар аввалин нашриёти тоҷикии шаҳри Самарқанд ба сифати ходими адабӣ кор кард. Соли 1927 ба Душанбе омад ва муовини раиси Комитети ҳуруфоти лотинӣ таъин шуд. Шеъри “Дар бораи алифбои наву кӯҳна” маҳсули ҳамон давра аст, ки чунин мисръҳо дорад:

Чун алифбои нав аз ҳарфи латинӣ шуд дуруст,

Зуд бозори алифбои араб гардид суст.

Дар раҳи илм ин алифбои нав аст аэруплон,

В-он алифбои араб бошад ҳимори нотавон.

Мунзим дар ин шеър душвории алифбои арабиро нишон доданӣ шуда, калимаҳои «кард»-у «курд», «кишт”-и “кушт», «сир»-у «сер», «дур»-у «давр», «мард»-у «мурд» ва монанди инҳоро мисол меорад, ки якхела навишта мешаванд.

Дар алифбои нав имкон нест гардад, «кард» – «курд»,

«Кишт» – «кушт»-у «сир» – «сер»-у «дур»-«давр»-у « мард» – « мурд».

Бо алифбои араб ҳамранг бошад «шир»-у «шер»,

Мерасад шакли забар андар назар монанди зер.

Шакли «оқил»-ро нависад дар хаташ «ғофил» араб,

Сурати «гул» бетафовут буданаш аз «гил», аҷаб.

Ва дар идомаи ин шеър чанд камбудии дигар алифбои арабро менависад, ки мутобиқ ба талаботи рӯз буд.

Вале садоқати самимӣ ба Инқилоб, дилбастагӣ ба ҳукумати нав ва Мунзим саодат наовард. Дар оғози солҳои 30, вақте чанд муддат муаллими омӯзишгоҳи занон ва ходими рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» буд, сиёҳкунии ӯ шуруъ гардид. Ӯро барои ҳамкорӣ бо “империалистон” гунаҳгор мекарданд. Ҳатто дар матбуот мақолаҳо нашр шуда, ӯро дар баробари Зеҳнӣ, Бектош, Сарвар Муинзода ва дигарон сиёҳ мекарданд.

Баъди чунин муносибат бемории вараҷаи Мунзим, ки қаблан ба он гирифтор шуда буд, авҷ мегирад. Илова бар ин, дар оғози соли 1934 ӯ ба бемории сил гирифтор шуда 4 март мефавтад. Нашрияти “Тоҷикистони сурх”, ки Мунзим он ҷо фаъолият мекард, дар таъзияи кӯтоҳе менависад: “Мунзим баъд аз андак касалӣ 4 марти соли 1934 дар беморхонаи шаҳри Сталинобод дар натиҷаи нохушии варами шуш вафот кард.”

Дар бори Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим муҳаққиқони зиёде навиштаанд. Садри Зиёву Садриддин Айнӣ, Возеҳу Муҳтарам дар тазкираҳо ва Роҷӣ дар баёзаш дар бораи ӯ маълумот ва намунаи ашъорашро дарҷ кардаанд. Дар даврони Шӯравӣ ва Истиқлоли Тоҷикистон ҳам муҳаққиқон З. Раҷабов, И. Усмонов, М. Бобохонов, М. Шакурӣ, Ш. Девонаев, Ю. Акбарзода, Х. Отахонова, П. Гулмуродзода, А. Азимов, М. Муродов, А. Ҳайзер ва дигарон доир ба паҳлӯҳои мухталифи осори Мунзим мақолаҳо навиштаанд ё дар таҳқиқоташон ба хизматҳои мондагори вай ишора кардаанд. Вале таҳқиқоти бунёдиро дар бораи Мунзим адабиётшиноси шинохтаи тоҷик аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Шуҳратиевич Табаров навиштааст. Ӯ солҳои 80-ум шуруъ карда дар давоми 20 сол дар бораи зиндагинома, фаъолияти марифпарварӣ, фаъолияти журналистӣ, ноширӣ, сиёсӣ ва андешаҳои адабиву публитсистии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим чанд мақолаву 4 китоб ба табъ мерасонад: “Мунзим” (Д.: Ирфон, 1991), “Мунзим. Беҳбудӣ” (Д.2002), «Мунзим – руковадитель общества джадидов и председатель партии младобухарцев» (Д., 2004), “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” (Д. 2009).

Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар баробари фаъолият дар таҷдиди мактабу маориф, фаъолиятҳои сиёсӣ ва журналистӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва тарҷума адиби эҷодкор ҳам буд. Аз ӯ то ба имрӯз беш аз 1000 мисраъ шеър ва чанд ҳикоя боқӣ мондааст, ки онҳо соли 1967 аз тарафи Шамсулло Девонаев ва Юсуф Акбаров маҷмӯаи осори Мунзим ва соли 1988 аз тарафи Хуршеда Отахонова манзумаи «Арзи ҳол»-и ӯ ба дасти хонанда расиданд. Албатта, теъдоди шеърҳои ӯзбекӣ ва дар саҳифаҳои матбуоти солҳои 20-уму 30-юм парокандаи адиб ба мо маълум нест.

Мунзим аввал шеърҳояшро дар маҳфилҳои адабӣ қироат мекард, баъдан онҳоро дар матбуот ба дасти чоп дод. Нахустин шеърҳои ӯ «То ба кай?” ва «Баёни ҳол» соли 1920 дар рӯзномаи «Қутулуш» бо унвонҳои чоп шуданд. Мунзим муаллифи достони «Инқилоби ҳоли деҳқонон – зафари пахтакории онон» низ мебошад.

Мантиқан метавон ашъори Мунзимро ба ду давра – то инқилоб ва баъди инқилоб ҷудо кард. Мунзим бештар дар қолаби ғазал эҷод кардааст, вале қитъа, рубоӣ, маснавӣ, фард, чаҳорпора ва тарона ҳам аз ӯ мерос мондааст. Шеърҳои давраи аввали Мунзим аслан дар пояи анъанаҳои суннтатии ғазалсароӣ эҷод шудаанд. Ӯ бештар ба шоирони лирик – Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ кардааст ва ба ғазалҳои ононон назира ҳам гуфтааст. Назираи ӯ ба ғазали “Гуфтам: -Ба чашм!” –и Камол ва тазмини вай ба ғазали машҳури Ҳофиз – “Агар он турки шерозӣ” далели гуфтаи болост. Маълум аст, ки дар асри 19 шеъри тоҷикӣ дар Бухоро бо пайравии кӯр-корона ба сабки Бедил ба бунбаст гирифтор шуда, боиси ташвиши адибон, аз ҷумла устод Аҳмади Донишу устод Айнӣ шуда буд. Вале шеъри Мунзим аз чунин муғлақбаёнӣ ва пайравии кӯр-кӯрона орӣ буда, хеле латифу дилчасп аст.

Ба ин пораи ғазали “Обу теғ”, таваҷҷуҳ кунед, ки чӣ қадар дилнишин ва зебо аст:

Намезанӣ ба дами теғи тезу мехоҳӣ,

Маро чу моҳии беоб изтироб диҳӣ.

Надода об, ба каф теғ, ташна хоҳӣ кушт,

Чӣ кардаам, ки маро инчунин азоб диҳӣ.

Шеъри Мунзим оҳанги баланди иҷтимоӣ ҳам дорад ва амалдорони бадкорро маҳкум мекунад. Барои мисол, Абдураҳимбек ном миршаби Бухоро ҳар шаб ба воситаи маъмурони худ ба дари хонаи мардумон рафта, наҷосат лемолид, субҳ онҳоро гунаҳгор карда, ба ҳабс гирифта ҷарима меситонид. Мунзим дар ҳаққи ӯ ин рубоиро гуфтааст:

Эмин ҳамаро ҳақ аз асас гардонад,

В-аз бӯи бади ӯ, ки нафас гардонад.

Гар ӯ набувад асас, чаро ин миқдор

Дарвозаи халқро наҷас гардонад.

Дар шеърҳои давраи дуюми Мунзим бештар мавзуъҳои рӯзмарра – ғалабаи инқилоб, баргаштан ба хати лотинӣ, мактабу маорифи нав, пахтачинӣ, ҳуқуқи занон ва ғ. инъикос шудааст. Як намунаи онро дар боло мисол овардем. Ӯ ҳанӯз соли 1930 “Ғаллатайёркунӣ” ном тарона навиштааст.

Ту агар кор кунӣ,

Кишти пурбор кунӣ,

Бахтро ёр кунӣ,

Хасмро хор кунӣ,

Пешаи хеш намо,

Ғалла тайёркунӣ…

Дар умум Мунзим шоире аст, ки ҳам дар сурудани шеъри суннатӣ ва ҳам дар навиштани шеъри нав муваффақ будааст. Гарчанде умри зиёд надиду маҳорати эҷодии хешро ба қадри тавон истифода бурда натавонист.

Дар зер ду ғазали Мунзимро пешкаши шумо мекунам, ки дар маҷмӯаи ӯ роҳ наёфтааст.

Эй, ёри дилозори ситамгари шакарлаб,

Моро зи ҷафоҳои ту ҷон омада бар лаб.

Оташ фитад аз сӯзи дарунам ба замона,

Дар шарҳи ғами ишқи ту бикшоям агар лаб.

Меҳри маҳи рухсори ту пайдост ба ҳар дил,

Такрори дуои ту мудом аст ба ҳар лаб.

Умрест, ки бе лаъли лаби бодапарасташ,

Олуда маро гашта ба хуноби ҷигар лаб.

Мунзим кунад аз меҳр дуои падарона,

Бикшода ба дашноми вай, он шӯхписар лаб.

***

Он парипайкар, ки ороми дилу ҷони ман аст,

Боиси дилҷамъии асбоби сомони ман аст.

Сабру ҳушамро ба яғмо дод сеҳри ғамзааш,

Гашта тороҷи нигоҳаш дину имони ман аст.

Мезанад захмеву мехонад, ки раҳме кардаам,

Медиҳад дашному мегӯяд, ки эҳсони ман аст.

Хоҳ мебахшад ба ҳолам, хоҳ зорам мекушад,

Ҳарчи хоҳад метавонад, з-он ки султони ман аст.

Донаи домест аз баҳри шикори мурғи дил,

Холи мушкине, ки бар рухсори ҷонони ман аст.

Одил Нозир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь