Ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров
Сухан гуфтан дар бораи китоб далел овардан барои офтоб аст, бахусус аз китоби ҷамъи таърихи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров. Офтоби ин китоб барои насл худсозӣ ва бузургтарин шиораш «бихон» ва сипас ифтихор намудан аз таърихи гузаштаи миллат аст. Нахустин ояи китоби мазкур, пайғом аз таърихи кӯҳан ва ғании қавм аст, ки бо таслим ва таносуби зебоии илмӣ, гиромӣ ва гувоҳӣ аз анҷумани таърихи тоҷик ҳикоят мекунад ва нақш ва арзиши он аз василаи интиқоли меросҳои илмӣ ва фарҳангии гузашта ба оянда аст, ки барои насл парвариши зеҳн, фикр ва густариши илми таърихро дар рисолати худшиносии миллӣ, ки имрӯз барои «шудан» ва «будан» андеша доштан аст, ҳидоят мекунад.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров айёми Истиқлол мисли мураббие аст, ки наслро аз ҳар таъсир раҳнамоӣ ва аз ҳар гуна биниши носолим ҳифз менамояд, зеро ҳар гуна таъсир ва ҳар гуна раҳёбӣ ба оянда, ба миллат, ба фарҳанг ва ба сиёсат осон нест. Барои фардо, барои иҷтимоъ ва ҳатто барои зиндагӣ, ки ҳар гуна равияву мазҳабҳо мехоҳанд раҳнамои воҳид бошанд, ки эҳё ва ҳидояти таърихи гузашта беҳбудтар аст.
Тавзеҳи хитоб ба «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шароити кунунии давлатсозӣ ба суханварӣ ва ба таълим ниёзманд аст. Бояд бидонем, ки имтиёзи асри бистуякум ин аст, ки дар асри бистум равия ва мазҳабҳои асиркунандаи мазҳабӣ-сиёсӣ афзуданд ва гурӯҳе ба худ онро пазируфтанд, ки ниятҳои мухталифи сиёсӣ-мазҳабӣ доранд. Баъзе аз ин равия ва мазҳабҳо дар ин аср ба куллӣ маҳв шуданд ва баъзеҳо ҳанӯз ба ҳаёташон идома медиҳанд.
Ният ва ормон дар ин вазъи кишвар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои худшиносии миллӣ аст, ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бахусус бо арзишмандтарин иқдом, баҳри қадрдонии шахсиятҳои илмиву таърихӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро, ройгон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим намуд ва таъкид кард: «Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корномаҳои фарзандони боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад».
Оре, ҳар гоҳе, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро варақ мезанем, сарнавишти миллатро мебинем, ки дар ҳар замон, дар ҳар мавҷи азим бо илму фарҳангу тамаддун дар ҷаҳон таҷдид кардааст ва аз ним бештар сарзамини ободро аз даст додааст ва осору асаре, ҳатто лафзи хешро ҳам дар он сарзамин аз худ боқӣ гузоштааст, ки ҳеҷ ҷустуҷӯи минбаъдаи таърих наметавонад азамату шукӯҳу таъсири онро нодида гирад. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд: «Аз сад ҳазорон хат яктояшро набошад қавӣ, ки аз рӯи он бо ҳисоби сода, як миллат тамоми нерӯҳояшро дар роҳи таҳқиқу ормону аҳдофаш муттаҳид мекунад ва дар сохтани кишвари обод ва мустақил ҳеҷ гуна кӯшишро дареғ намедорад, метавонад дар гирдоби тӯфони ҳаводиси рӯзгор рӯи пояш бошад ва ситораи иқболаш ҳамвора дар торикӣ бидурахшад». Чунин миллат қодир аст, ки пурҷамътарин миллати ҷаҳон бошад, агар доираи ҳадафи муштарак ва ҳамбастагии комил дошта бошад. Ба таври қотеъ, омили муҳими пирӯзии ин миллат, ки ӯ фотеҳ дар таърих аст, вуҷуди аслии худро метавонад ба башар муаррифӣ намояд. Истиқлоли кишвар, ки нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад, маҳз доманзадани авроқи таърихро нерӯ мебахшад, ҷомеаи тоҷикро бедор месозад ва ӯро бо эътиқоду қудрати саршори гузаштаи миллат ошно менамояд. Бобоҷон Ғафуров вақте, ки таърихи тоҷикро эҳё кард дар он низому саҳм ва нақши боризро ҷо кард ва дар як калимаи бунёдӣ насру назм, моликият ва рӯҳонияти тоҷикро бо ҳам бофт ва дилу димоғи миллатро дар ҳуввият бино сохт, ки ин миллат ҳар лаҳза талош меварзид, ки давлати муттарақиву муттаҳид, дар маънову маъвои ватандорӣ бисозад, бо ваҳдату пайвастагӣ, худогоҳӣ ва масъулияти худофаринӣ, дар ҳаракату такмил ва рушди худогоҳӣ ва дар рисолати таъини моҳияти хеш пойдор бимонад. Аксари давлати дар арсаи таърих бунёд намудаи қавми тоҷик ҳамеша бо иллати нотавониҳои сиёсӣ, фориғболиҳо ва бесарусомониҳо аз байн рафтааст. Бобоҷон Ғафуров муқаррар кардааст, ки «… усули мутаносиби идораи давлат, ки Сомониён ба вуҷуд оварда буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз марказияти қатъи пайдо кардани ин давлат шаҳодат намедиҳад. Саркардагони турк гоҳе худашонро дар вилоятҳо мустақил эълон мекарданд ва тамоми оидоти вилоятҳоро ба хазинаи худ мегузоштанд…», ки ин аҳволи давлатдориро низ Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин зикр намудаанд: «Албатта, талх аст ба ёд овардани шикасту таназзули давлату миллат. Лекин аз рӯйдодҳои воқеии таърихӣ низ чашм пӯшида наметавонем. Бояд онҳоро биомӯзем, бидонем ва баҳри сарнавишти давлату истиқлол муроду номуродиҳо таърихи миллатро омӯзем, дар ин ҷода, эҳсоси худогоҳӣ, ҳушёрии миллӣ ва худшиносӣ дошта бошем ва аз гузаштаи тақдири миллату давлат ибрат бигирем».
Мо, ки имрӯз ҳастем ва давлат бунёд мекунем бояд ин дарси таърихиро биомӯзем, дар такя ба арзишҳо ва ниёзҳои миллӣ, дар сиёсати мутмаъин ватан бисозем ва бо эҳтиром ва ҳурмати Истиқлол ин насиҳатҳои пайванд ба таърих доштаи хешро ташхис намоем. Оре, мо миллате ҳастем, ки орои таърих дорем, ки арзиши миллӣ дорад, ахлоқӣ ҳасту маънии гиромиву инсонӣ дорад, ки ҳамеша хирад такяи асл ва арзиши он аст. Бояд бо мантиқу таваҷҷӯҳ марз бишносем, зеро дар ин ҷаҳон танҳо чизе, ки ба «будан» ва «зистан» маънӣ медиҳад, таърих доштан аст. Танҳо таърих доштан арзи зистан, ҳар чи бештар аз зиндагӣ лаззат бурдан аст, яъне таърих аст, ки забону адабиёт меофарад, рӯҳу имонро эҳё мекунад, афрӯхтани меҳрро ба миллат афзун менамояд, шохаҳои шикастаи огоҳиву адолат ва озодиро пайванд месозад, бозгаштро ба рисолати қадру арзиш, ишқ ба ҳаёту талош ба мактаби давлатдорӣ ҳидоят мекунад.
Имрӯз, ки мо шодиву сурур аз бузургтарин ҳадя – Истиқлол покубӣ дорем, бо шукуфтагӣ ва бо шукуҳмандӣ онро арҷ медорем, ки ин интизории манзуршуда масъулият металабад, ҳамин масъулият аст, ки мо дар пояи таърихи арҷмандамон таърихи навини миллат месозем. Маҳз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров барои мо огоҳӣ ва амалу ҳидоят ва даъват ба масъулият аст, ки ҷиҳати ормонхоҳии мо ба худогоҳӣ, интихоб, равшаниву равшангарии худсозӣ ва замонасозӣ ва камолҷӯӣ аст. Мӯҳтавои ин шоҳасар бозгашт ба амалгоҳи нангу номус, хештаншиносӣ, созандагӣ, даъват ба сӯи «чӣ гуна зистан?», «чӣ гуна тафаккур доштан?» ва «чӣ гуна масъулият доштан» аст. Оре, танҳо эътиқод ва боварӣ – рисолати огоҳӣ, адолат, рушди миллатро боз мекунад, усули ҳамоҳангии миллатро соз мебахшад.
Замони Бобоҷон Ғафуров замоне буд, ки марксизм аз се ҷузъ, ҷузъи фалсафӣ, ҷузъи иқтисодӣ ва ҷузъи иҷтимоӣ тақсим мешуд ва Маркс фалсафаро аз Олмон, ҷомеашиносиро аз Фаронса ва иқтисодиётро аз Англия гирифта буд, ки афгори сотсиалистӣ доштанд ва таърихи тоҷик, ҳарчанд, ки марксизм умедбахшӣ – фалсафаи умед буд, ки бо иллати миёни миллат ва сарчашмаҳо ва миёни ҳандақи амиқ фалсафа андохта буд, аммо дарахте буд, ки решаҳои амиқаш таърихи хештанро дошт. Маҳз ҳавои Истиқлол борони абрҳои «фарогири он»-ро офоқ бахшид ва хоки ҳосилхези таърих, ки дар тули давраҳои бисёр қуввату ғизоёфта буд, равишаш табии, ҳаёту хуррамӣ ва бо роҳу равиши худ, дар зери тешаву табаре, ки душманонаш борон фуруд оварда буданд, осебҳои фикрӣ, омезишҳои фарҳангӣ аз ноҷинсҳои носолим, амрозҳои решадор ва ҷоҳилият гирифта буд, дар хатти захмхӯрда офтобзада буд ва таҷрибаҳои қавмии таърихро қатъ карда буд, танҳо аллома Бобоҷон Ғафуров сарпӯши тангу торики беравзанаи онро сар ба осмон кашид, ки ба зудӣ равшан кард ва ба сарвати дарахти миллаташ пайванд кард, ки бозгашт ва шаҳодат гирифт. Бобоҷон Ғафуров дарахти таърихи тоҷик сохт, ки решаҳояш дар қалби таърих, мисли гулдоне аст, ки дар Истиқлол ҳамон қолабаш, ҳамон қолаби лафзиаш қолаб гирифтааст. Гули он ҷавлона дорад, ки дар шохаи гул шукуфтааст ва маънои нигоҳ кун! Воқеъбин бош! Ҳақиқатро эътироф кун! Бо биниши амалӣ, равшан ва мушоҳидаҳои айнӣ ва таҷрибаҳои ҳис ин падидаро бишносро дорад, яъне:
Ҳамон барг ҳамон бор,
Ҳамон шева ва рафтор.
Ҳамон барги сапед мисли жола-жола,
Ба мисли ашки накунисор.
«Тоҷикон» навбаҳори бозомада, эҳёи таърихи як миллати ҷаҳон, ба номи тоҷик аст, ки моро бо миллат наздиктар ва бо худамон ошнотар ва бо як пажуҳиши ҷовидонагӣ, мавқеи тоҷик аз бинои навбунёди китоби Бобоҷон Ғафуров бо фарҳангу фикру илм зодаи парваридашуда, ки ранги «бӯстони таърих»-ро дорад, дар ранги миллат дар қолабҳои таърих, бо дурахши илму фарҳанг, тамаддун ва пешрафт месозад.
Бобоҷон Ғафуров бо даст доштан ба ҳақиқат ва дониш, як фазилат дар бораи қавмаш дар шинохти таърих ва таҳлили илмии таърих, ки дақиқи ошноӣ дошт, дар ҳукми илмӣ ва фалсафии худ, таърихи безаволи тоҷикро чунон таҳлил кард, ки тасмими равшангарӣ гирифт ва қоматашро аз қазовати фалсафӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ рост намуд. Таърихро чунон навишт, ки такяи такя дорад ва аз воқеият мавҷ мегирад, зеро дар таҷрибаи таърих равшан аст, ки аҷнабиён рафтанд, тамаддун боз омад, пас ин аҷнабӣ аст, ки фарҳанг мекунад, ки ҳеҷ ниёз ба ҳеҷ тамаддун надорад, осиёӣ нашуданд, осёзада шуданд, ки танҳо худнамоии тамаддун доштан аст. Бобоҷон Ғафуров агарчӣ аз муҳтавои материализми таърихӣ, ки танҳо як бардошти иқтисодӣ аз таърих аст, яъне таърих аз гунаи иқтисод тафсир мегардад, ба ҳамон маъно аст, ки иқтисод зербинои таърих аст ва рӯҳи таърих қувваи ҳаракати таърих аз иқтисод аст, вале бо мазмун мавзӯи билингвизиро ҳамчун раванди ҳар халқият таъкид намудааст: «Шакке нест, ки никоҳи байни халқҳо ва дурага шудани мардум ҷой дошт…, вале мардуми асосии Осиёи Миёна ба як нажод – ба нажоди мовароуннаҳрӣ мансуб мебошад. Ин яке аз калонтарин шохаҳои нажоди аврупоӣ аст… Ин типи антропологӣ чунин нишонаву аломатҳо дорад: тарҳи рӯй паҳн набуда, балки каме ба пеш барҷаҳида аст ва хеле сермӯй мебошад. Устухони рухсораҳо айён нест ва худи рӯй ҳам рафидашакл намебошад, андозаи бинӣ на калону на хурд, теғдори хуштарҳ. Ранги чашмҳо, асосан сиёҳ, вале дигар рангҳо ҳам ҳаст… Ба нажоди мовароуннаҳрӣ тоҷикон, тозатарин намуди зоҳирии нажоди онҳо дар симои тоҷикон… боқӣ мондааст».
Дар низоми таърихи вуҷуди тоҷик, ки имрӯз бо рамзҳои вуҷуд пайваста аст ва ҳар се бо ҳам намояндаанд ва мӯҳтоҷи ҳеҷ шарҳ нестанд, бо ҳама асрҳо, ки ҳам тавлид ва ҳам дурахшидан аст, дар се маънӣ як калима як мавҷуд хуршед аст. Бобоҷон Ғафуров бо шахсияти таърихиаш ва нақши миллиаш ва бо тавсияву шаҳодати таърихиаш, бо таҳлили судманд ва бо арзишаш, аз ҳарими офату хилват таърихро ба ҳарими ҳурмат гузашт, розҳои дил ва ниёзҳои рӯҳи мавҷудаи онрӯзаи ҳақро ва ҳам тохтутозҳои аҷнабиёнро сари қавми тоҷик, бо адл ва тоби дил, бо чашмаи илҳом, оташи рӯҳ ва хешовандӣ аз дурудҳои беқарори таърих бо завқу шӯрҳо, бо ҳам пайванд, таҳлил кард. Бо ҳамин тариқ, ӯ зиндагӣ, одоб ва фарҳанги тоҷикро бо андеша ва эҳсос, бо ҳама завқу зебоӣ, бо ҳунари илмии хеш, ба мо шавқ бахшид, ҳаёту ҳаракати худшиносиро хориҷ аз олудагиҳо тақвият бахшид ва ин сарзамини аҷдодиро бо табиати зебо ва миллати доно, бо гармӣ ва рӯҳ ва билохира дар ишқ рӯҳ бахшид.
Бад-ин гуна, пеш аз он ки ҷомеаи тоҷик, ки аз ҳаёт ва ҳаракат истода буд, ба хоб рафта буд ва таърихи шӯраш, рӯҳаш ва сармояаш ба шумор мерафт, дар сурати маҷмӯа дар қолаби суннатӣ ва нохудогоҳӣ буд ва танҳо зеҳну зоҳираш чун расм мӯҳтаво дошт ва эҳтиёҷаш чун тақлид шакл гирифта буд, бо ҳошиянависиву такрор хулоса шуда буд, илми ақлиаш низ ба илми нақлӣ бадал гашта буд ва иттиҳодаш низ тақлид дар навои ҷабру зур хазида буд ва қисмати низом ва рисолат надошт, аммо илм ва рӯҳи моддӣ дар даст дошт, ниёзи пажуҳиши ҳамақолабӣ дошт, маҳз дар китоби Бобоҷон Ғафуров ҳама вобастагӣ, хама суннатҳо ва рисолатҳо, ишқҳо, имонҳову ниёзҳо ва қайдҳои таърихиро ба даст гирифт ва бо ин ҳама зуҳур ёфт, толеъ ба даст гирифт ва иловаи ҷовидонӣ гирифт, ки акнун метавон қудратҳои таърихро чун арзиши миллӣ дар хизмати Ватан ҷо ба ҷо гузошт. Акнун метавон бо равшанӣ фаҳмид ва бо тамоми вуҷуд ҳис кард, ки фарҳанги бозорӣ ва забони савдогарии қавмҳои аҷнабӣ чӣ маъно доранд? Ин гуна фарҳанг ва ин гуна забон, ки танҳо моддипарастӣ ва иқтисодӣ аст, дар занҷири ҷабр «тавлид» меёбад, ки ҳеҷ гуна арзиши маънавӣ, ангезаи ҳақиқат, зебоиву хайр, камол, фазилат, озодӣ ва вуҷуди миллӣ, ормон, талош дар раҳои аз он чи ҳаст ва даст ёфтан ба он чи бояд бошад, надорад. Дар он кашфи розҳо, оташҳо, даст ёфтан ба маънои баланд, худогоҳӣ, даст доштан ба вораи ишқ ва билохира ҳамбастагӣ ва виҷдон барои фаҳми ғояҳои асл, пайдо кардан, ҳамоҳанги кардани хеш ба номус, бегона аст. Аз ин лиҳоз, мегӯянд: «қонуни ҷангал», танҳо зери бинои мутлақи ҳаёт ва қонуни асосӣ, режими табиат аст. Ҳар муттафакире, ки илмӣ меандешад ва биниши реалистӣ дорад ва фалсафаашро меозмояд ва айнияту ақидаашро аз тариқи таҷриба, мушоҳидаи айнӣ ва бо равиши ҳиссӣ ва дар асоси қавонини табиат ва манбаи илмӣ эҷод мекунад, инсонро бо падидаҳои моддӣ ва озодиҳои табии мебинад, таърихро зербинои асли ҷаҳонбинии илмӣ, инсоншиносии илмӣ ва ҷомеашиносии илмӣ эътироф мекунад. Танҳо ин ҳамбастагӣ эҳё шудан, рушди худсозӣ, воқеанигории таърих, масъулият ва эътиқоди рӯҳӣ мебахшад».
Бобоҷон Ғафуров бо гароишҳои отифӣ, арзишҳои маънавӣ, ҷиҳат-гириҳои иҷтимоӣ ва бо масъулияти қавмӣ, мактабҳои сиёсӣ ва тарҳи иқтисодии тоҷикро на бо ҳар «боист» ва «шоист», ки дар он мутлақияти таърихӣ эҳсос намегардад, балки бо интихоби шоистаи таърих, ки дар ин дидгоҳ бунёдаш дар бедорӣ аст ва дар низоми Истиқлол шоиста аст, пажуҳиш додааст, аз ҷумла ӯ ривояти хело қадимеро, ки Зардушт дар Баҳдӣ (Бохтар) зистааст ва «Готҳо» маҳз ин ҷо офарида шудааст ва дар асоси «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ташаккули меъёрҳои асосии забони хаттии суғдиро таъкид намудааст ва либоси махсус ва камари заррин доштани деҳқони тоҷикро васф намудааст, маъонӣ он аст, миллате, ки таърих дорад ва саҳнаҳои таърихро шинохта аст, қудрат ва ғурури миллӣ дорад (ҳар кӣ зураш бештар аст, ҳарфаш ҳисобитар аст) ва таърихаш дар фарҳанг авҷ ёфтааст. Ҳар миллате, ки шоистагиаш, табиати сарчашмаи асли сарнавиштащ сармояи таърих дар ихтиёр дорад, миллати қайду банд аст, пешорӯи нерӯҳои пештоз ҷаҳишу ҷунбиш дорад, ватанашро аз эҳтиёҷи мардум ибтикор медиҳад ва мардум дар интихоби касбу қудрат чун сарват дониста мешавад. Миллате, ки як ҷавҳари муштарак ва ҳақиқати мусовӣ дар ҳама тули таърихаш соҳиб аст ва мехоҳад давлат бисозад, давлате, ки Истиқлол меҷӯяд, бо забони миллаташ сухан мегӯяд, забоне, ки зеҳну эҳсос дорад ва аз тамоми падидаҳо маслиҳат дорад, низоми сиёсии силсиламаротиб дорад ва билохира онро мешиносанд.
Бобоҷон Ғафуров ба қисмҳои асосии таърихи тоҷик нуқта гузошт,
қомати хами тоҷикро рост кард, ҳақиқат ва чароғи тағйирдиҳандаи қавмӣ, фитратро тавсиа кард, таърихи миллатро рӯҳи худогоҳӣ насб кард, бо тамкин дар баробари ҷабри таърих ниҳод. Фароғату роҳати дарунии таърих, ки дар «утоқи интизорӣ» сар мебурд, маънии ҳастӣ дод, ки ҳеҷ гуна миллатгароӣ ва афзунталабӣ берун аз арзишҳои ахлоқӣ чун ганҷинаи маънавӣ вуҷуд надорад.
Миллате, ки ин ганҷинаи маънавиро мероси наслҳо, асрҳо ва умрҳо мегузорад, миллатро қолабрезӣ мекунад ва зиндагиро масрафи нур мекунад, аз ҳар мӯҳтавояш, аз ҳар маъниаш сарзаминашро арҷ мегузорад, ки ганҷи фалсафӣ дорад, намунае аст, ки ба қоматаш мезебад ва ба пайкараш ҳидоят мепошад ва ҳама ҷузъиёташ ҳарфҳо, ишқҳо ва дардҳову ниёзҳо, рафторҳо ва хаёлоту ақоид ва иттифоқ меорад ва билохира ормонҳои баланд ва талошҳои зиндагиро каромат мебахшад.
Бобоҷон Ғафуров бо меҳру фикраш аз тамаддун ва саодати зиндагӣ, бо таърихи рангинаш, воқеияту масъулияти миллатро, бо огоҳӣ ба мо ҳидоят намуд, дар «бемориҳои» замона, дар чашмбандиҳои сиёсӣ тоҷикро саҳму сифат кард, бо забони ғурури миллӣ ва истиқболи айнӣ, аз ин марз, ба он марз, аз ин қутб ба он қутб, асари хеш навишт. Дар баробари чунин низоми таърихнависӣ ҳаққи таърих гирифт ва ҳақиқати миллии тоҷикро муайян намуд ва тамоми арзишҳои таърихии миллатро бо олитарин эҳсосҳо ва рӯҳи қавмӣ нумӯъ кард. Ҳама таърихи тоҷикро ҷо ба ҷо кард ва таърих аҳли миллат шуд, аҳли сурур гардид ва таърих дар хизмати миллат шуд ва нақши сиёсӣ гирифт ва ватану ватандориро аз дуртарин нуқтаҳо, дуриҳо, оҳангҳо, шӯрҳои таърих гирифт. Бобоҷон Ғафуров шӯри таърихро дар қофилае, ки дар тӯли таърихи ҳама асрҳо хати сурх дошт, қавми тоҷикро пешопеши он гузошт.
Бобоҷон Ғафуров дар пояи марксизм, ки фалсафаи моддигароӣ, ки ҷанбаи материализм дорад ва ҷаҳонбиниаш ҷаҳонбинии моддӣ аст, ҳамон кореро, ки мехост анҷом дод, таърихи тоҷикро, ки таҷаллии ишқ, парастиш, ҷӯстуҷӯи камол ва маънии ҳақиқати ниҳоии миллат аст, такягоҳашро дар арзиши таърихӣ ба иқбол кашонид ва дар натиҷа таърихе, ки рисолаташ ихлос, аммо вуҷудаш асири бегонагон буд, раҳоӣ дод. Ба душманони таърихи миллаташ, рӯҳи адолатхоҳиро маънӣ дод, бо таҳқиқаш тоҷикро аз худбегонагӣ ҷудо намуд ва билохира бинои низоми таърихшиносиро чун такомули маънавӣ ва раҳоӣ ба хидмати миллат ҳидоят намуд, ки инсон худашро нисбати Ватан медонад, ватанро манзури ақл медонад ва ватанро танҳо манзури олии худаш мешуморад, билохира бинои низоми таърихнависиро чун такомули маънавӣ ба хизмати Ватан ҳидоят намуд. Ба қавли ҳамватани мо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Дар замини дигарон хона макун,
Кори худ кун кори бегона макун.
Кист бегона тан хоки ту,
К-аз барои ӯст ғамнокии ту.
Бо ин маънӣ, хона доштан, лаззат бурдан ва бо тариқи китоб қудрат доштан таърихро донистан аст. Яъне, Бобоҷон Ғафуров таърихе эҷод кард, ки аз ҷиҳати аҳкоми иҷтимоӣ дар худдорӣ аз дастранҷи ҳалолаш буд, ки дар низомҳои бунёдии миллат ироа шудааст, ба гунаи ҷамъи рангоранг – ҳақиқати мутлақ ва муқаддас, подошҳои ҳунарӣ ва истеъдодҳо, ҳидоятҳои асил ва решадор ва табдили инсонҳо бо меҳрҳои қолабӣ ва мавҷудҳои бунёдӣ ва оҳангҳои шарофатдор дорад.
Илми таърих дар китоби Бобоҷон Ғафуров мақом ва мавқеи муҳим дар салтанати инсон дар ҷаҳон аст. Тасодуфӣ нест, ки миллати тоҷик бо муборизаҳои доманадори истиқлолталабиаш аз саҳна ва матни ҷомеа ва қолабҳои таърихӣ канор гузошта шуда буд, аммо бо ин ҳама илмро ба оғӯш мегирифт ва бо озодии илмомӯзӣ ва мустақилияти ақлӣ фарҳанг меофарид ва баҳри миллӣ шудани омӯзиш ва мантиқӣ шудани ахлоқ саъю талош меварзид. Тоҷикон, дар тӯли таърих аз тохтутозҳои аҷнабиён ва бераҳмии онҳо ва аз шиорҳои фиребдиҳанда ва афсунҳои шӯрангези онҳо аз назари фарҳанг ва ҳам аз назари тамаддун қурбонӣ доданд (медонем, ки Искандари Мақдунӣ китобҳои пурарзиши миллатро, ки дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов навишта шуда буданд, сӯзонидааст, ки то ҳол аз онҳо сабке ҳам боқӣ намондааст), дар асрҳои таърих таҳаввулоти мадиди паёмовари фикрӣ, мактабҳои илмиву адабӣ, тамаддуну сиёсат, низоми иҷтимоӣ ва системаи ахлоқӣ офариданд, ки мушахассоти он фалсафӣ ва ахлоқӣ аст ва гароишҳои реалистӣ дорад, бо маънавиёту илмгароӣ, зидди зулму истибдод аст ва эътиқоди миллӣ дорад ва такя қудратталабӣ дар маънавиётҷӯӣ дорад, манфиат (суд) дар баробари фазилат (арзиш) ва маслиҳат аст, пешрафт дар баробари усули ҳақталабӣ, чигунагии зиндагӣ дар баробари чарои зиндагӣ ва баҳри ҳалли ибтикорот ва талошҳои миллӣ, илму омӯзишу ҳунар дар масири лаззат ва қудрат ва афзунталабӣ ва иқтисодгароиву иҷтимоисозӣ дар муқобили ҳамаи ниёзҳо ва сарнавиштҳо, арзишҳо, ҳақпарастиҳо, ормон-гароиҳо, ишқҳо ва зебоиҳои инсонӣ, ки маънии зиндагӣ дар ҳамешагии фитрат, виҷдон ва дар ҷӯстуҷӯи адолат аст. Яъне, тоҷикон дар масири таърихи хеш то аз марзи зиндагӣ ва то ба марҳилаи огоҳӣ ва такомул дар ҷаҳон пойи таърих ниҳоданд, ва бо ҷӯстуҷӯгароиҳо ва ишқпарастиҳои зиндагӣ таърихи ҷаҳонӣ офариданд, зеро мегӯянд: «омили ҳаракати таърих ишқ ва меҳр ба таърих, шахсиятҳо ва масъулиятҳо аст, зеро ишқпарастӣ ва эҳсос ва тақлиди он, дар чӣ гуна будан, чӣ гуна андешидан ва чӣ кардан дар қиболи ӯ ганҷҳо меофарад».
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун симои асосии пешрафти илми таърих, дар талош дар тафсиру таҳлили таърихи тоҷикон тамаддунҳои офаридаи он қавми бумиро тамаддунҳои рӯҳонӣ ва навиддиҳанда тазаккур додааст, аз ин нуқтаи назар китоби ӯ, дар асл тамаддуни таърих аст, зеро мӯҳтаво дар воқеиятҳо таҳқиқ ёфтааст ва дар бораи тамаддуни оянда нишонаҳои бисёре дорад. Тамаддуне, ки бо як ибрози сода нақш намегирад, манзур арзишҳое ҳаст, ки барои инсоният, нақш дар ташкили вуҷуди инсонӣ дорад, зеро тамаддун таъмини ниёзҳои зиндагӣ аст. Ҷомеае (миллате), тамаддуне, ки танҳо иқтисодиётро ормони инсонӣ ва ғоёти талаққикунанда ва фалсафаи зиндагӣ, маънӣ, ҳақиқати ниҳоӣ, ҷавҳари арзиш ва билохира посухҷӯи умру моҳият ва масъулияту ахлоқ ва имону умед, фикру фарҳангу таърих медонад, кофӣ нест. Тамаддун офаридан, ин маънои – ман, хонавода ва ҷомеа (миллат) пайванди инсоният ва «инсон ва вуҷуд» ва ҳама дар имон, идеал, азамат, зебоӣ, хайр, ҳақиқат ва арзиш фурӯ меоянд, ки инсон аз мояҳо худбинӣ, нерӯҳои ахлоқӣ, арзиш ва тобиши зиндагӣ, рӯҳ ба фарҳанги зебоиву ямиқ, рӯшноӣ ва гудохтагиро ба бадани маънӣ ва бо ҷаҳон мӯҳтаво мебахшад, зеро мегӯянд: «зиндагие, ки хушк, қолабӣ, берӯҳ, холӣ аз шӯру шавқ ва интизориву дардҳо аст, қолабҳояш рехтанӣ аст, посухҳо ва ҳисобу китоб надорад, зеро ҳудуду марзҳо пешбинӣ нашудаанд». Барои ҳеҷ гуна ҷомеа (миллат) ин зиндагӣ тамаддун намеофарад, танҳо хаёл аст, зеро тамаддун ҷонишини таърих аст, насими таърих, ки фалсафа, ҳатмияти моддии таърих аст ва аз рӯи «ибрози тавлид» танҳо аз гузашта ба оянда хабар медиҳад ва он дар пешонии ҳар миллат (ҷомеа) навишта шудааст, ки пешбинӣ мекунад, саргузашти миллатро аз оғози ҳилқат то охир ғайбгӯӣ менамояд.
Имрӯз ҳатто онҳое, ки ба масоили илми таърих ва робитаи он ба иҷтимоиёт огоҳӣ надоранд, рӯҳи ҳоким ба таърих надоранд, бо сарнавишти эҳсосиашон наметавонанд беҳтарин сарнавиштҳои таърихиро монанди Бобоҷон Ғафуров ҳикоят намоянд. Мегӯянд: «тамаддуне, ки қудрати худро сарфи илм кардааст ва зиндагиро суруда аст, мардумаш қомати барпошуда дорад». Тамаддун фазилате аст, посухи инсониро аз ҳама хастагиҳо эмин медорад. Яъне «биношудан» – шабе анҷом меёбад ва субҳ тибқи маъмул, дар сафи тӯлонӣ, талаб дар интизор ва навбат мешавад: Имрӯз ҳам ба суи умед рафтан манзур аз офтоби зиндагӣ аст. Мегӯянд: «агар зиндагӣ карда наметавонед офтобро надоред».
Таърих аз инсон шурӯъ мешавад, баъди он ки мусаллас ба вуҷуд омад, марҳилаи инсон ҳамон марҳилаи сохтани таърих аст. Пас, инсон аст, ки таърих сохтааст. Инсон созандаи таърих ва сохташудаи таърих аст. Миллате, ки таърих дорад, ташаккул меёбад ва рӯ ба камол аст ва ҳар марҳиларо пушти сар мегузорад, ба як марҳилаи болотар мерасад. Ин аст, ки талоши мо дар муаррифии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров як талоше аст, мисоли талоши касоне, ки ҳар қадам, ки мераванд, нишоташон афзун мегардад. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сармақолаашон ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар марҳилаи бунёди давлати миллӣ, пешниҳод намудаанд: «… зарур аст, ки давраҳои таърихи рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор намоем, таърих, забон ва фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем». Оре, мо ба василаи ин ҳидоят худро мешиносем ва мо бо ин шинохт ифтихор менамоем, бо ин қадршиносӣ бо таърихамон иртиботи амалӣ пайдо мекунем, таърихамон, ки фарҳанги миллӣ аст ифтихор мекунем, ки истифодаи амалии он дар ин айёми таърихии давлатсозӣ, дар ин замони пурталотум ногузир аст. Мегӯянд: «таърих ҳамеша нерӯҳои ҷадиди худашро мегирад, ҳар чӣ мегирад, ҷадид аст. Ҳамеша аз як тараф омодагӣ барои пазириш аст ва аз тарафи дигар изофа барои додан аст». Яъне, мо ба марҳилае расидем, ки бояд замонро чунон тасвир кунем, ки худамонро намунае аз он замон бидонем, зеро замон тақсимнашуданӣ аст ва бо ҳамин далел, замон таърих меҷӯяд, зеро таърих дар интиҳо қарор нагирифтааст.
Каримҷон ҚОДИРОВ,
профессор