Дар тамоми давраҳои зиндагӣ ба расму оини тоҷикон таваҷҷӯҳ доштам. Ростӣ, урфу одати халқи бузургворам ҳанӯз дар рустои Негноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент маро ба ваҷд меовард ва мафтун карда буд. Дар ин деҳа базму сурур доимо ҳукмфармо буд, шабонгоҳон суруди “Ман доғ” -и даравгарон гӯё кӯдаконро алла мегуфт. Рақсҳои устодонаи Ғиёси Ортуқ гирди оташ, мухаммасхониҳои Сангинбойи Носир ва Бибисаидаи Мулло Рустам дар қади домоду арӯс ҳеҷ гоҳ фаромӯшам намешавад. Бо тақдири замон Помир, Хатлон, Кӯлоб, Ҳисор, Хуҷанд ва тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азизро гаштам. Ҳар ҷо расму одобу урфу одати худро дорад. Вале ростӣ, як чиз маро хело осуда месозад. Хайри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро диҳад, ки ба анъанаҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ҳангоми сафарҳои корияшон ба гӯшаю канори диёр бештар ба урфу одат, таом, хӯрду хӯроки мардум таваҷҷӯҳ мекунанд…

Ҳоло ҳам меравам ба рустоҳои гуногун. Аммо акнун суруди марди хирманкӯб, ман доғи шабдарав, садои найи чӯпон дар кӯҳистон шунида намешавад. Кӯҳистон хомӯш аст. Ҳоло тӯю сурро наметавон аз маъракаҳои дигар фарқ кард. Чаро мо одати бобоиро фаромӯш карда истодаем? Замоне дар деҳот бо як ҷома чандин нафар шаҳ мешуд, бо як курта чандин  нафар арӯс, аммо садои фалаку шашмақом то дуриҳои дур паҳн мешуд…

Мегӯянд, рӯҳи одамизод туфайли мусиқӣ ба қолаб даромадааст, аз ин рӯ, инсон бе садои чангу рубоб зиста наметавонад…

Зарафшониён бояд базми Зарафшон, Хатлониён базми Хатлонро баргардонанду ба ояндагон мерос гузоранд. Рақси асп барои Помириён мероси ниёгон аст ва онро пос бояд дошт. Урфу оин ва расму русуми халқро  нигоҳ  доштан, ин шарафи миллатро нигоҳ доштан аст.

Солиёни 90 – уми қарни 20-ум ба хотирам меояд. Аз беҳисобии давр ва демократияи дурӯғини Горбачёв  истифода бурда, навтоҷикон моликияти колхозу совхозҳо, идораю корхонаҳо, мактабу маорифро ғорат мекарданд. Агарчи расми тоҷикон парҳезкорӣ буд, аммо навтоҷикон аз ғоратгарӣ парҳез накарданд ва ҷомеаро муфлис намуда, номи бизнесмен ва соҳибкорро ба худ касб карданд. Чаро ин тавр, чунки дар ҷомеа тоғию ёғӣ обрӯю эътибор пайдо кард…

Миллати тоҷикро  лозим меояд, имрӯз барои  ҷаҳониён  исбот кунад, ки аслан асилзода аст ва бисёр миллатҳоро аз ҷабру ҷафои таърих наҷот додааст. Меҳмонпарастӣ, меҳмондӯстӣ, ободонӣ ва офариниш хоси тоҷик аст. Саҳронишинону кӯчиён аз тоҷикон ҳама чизро омӯхтанд ва хоса одаму одамгариро.. Ба маънои томаш, тоҷик ашрофзода аст ва ҳамин хислаташро ба ҷаҳониён паҳн кард. Солиёни донишҷӯӣ, агар ба деҳа меомадем, моро дар ба дар таклиф карда, меҳмондорӣ мекарданд ва кулли деҳ бо аёдати мо меомаданд. Ин расму оин  аз ҳама бештар дар вилояти собиқ Кӯлоб ривоҷу равнвқ дошт. То солиёни охир устоди зиндаёд Ашӯр Сафар ва ҳоло устод Ҳақназар Ғоиб ин анъанаи  кӯлобиёнро давом дода истодаанд. Зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ бештари вақти хешро дар Кӯлоб мегузарониданд ва инҷо истироҳат мекарданд, ба мардуми Кӯлоб меҳри махсус дошта, оиди расму оини ин минтақа ҳар куҷо хушгӯйӣ мекарданд. Моро  имрӯз аз ҳама бештар лозим меояд, расму  оини нек  ва шоистаи халқамонро ба ояндагон мерос гузорем, чунки урфу одати ниёгон моро тарбият кард ва он набояд чун базми Зарафшон аз миён раваду анъана, урфу одат бояд шоистаи қабули ояндагон гардад. Расму оини нек шарафи миллат аст.

 Холмурод Сафарзода,

узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь