Таърихи ҳазорсолаи охири халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик пур аз ҳаводисҳо ва пур шебу фарозест, ки гоҳҳо соҳибдавлат будему бо нишот гоҳи дигар дар шикасту рехту бо азобу кулфат. Новобаста, аз ҳамаи ин нокомиҳо ва бурду бохтҳо тоҷикон тавонистанд, ки чун миллати мутамаддину фарҳангсолор мавҷудияти хешро нигоҳ доранд ва ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “бар зидди теғу шамшери забткорон бо шӯълаи ақлу бо қалами бурро мубориза бурда, қаламаш шамшери бегонагонро хам кард, сафшиканони истилогарро бо шеъру адабиёт, илму маърифати худ ошно намуд, аз гирдоби хунин ва ҳалокатбори ҳодисаҳо ба соҳили умеду орзуи ҳазорсола расид”. Дар ҳақиқат, пас аз пош хурдани давлати Сомониён шикасту бохтҳо бар сари миллати тоҷик оғоз гардид. Халқи тоҷик пароканда ва бидуни давлати ягонаи худ монд. Гарчанде ки аксари вазирони давлатҳои истилогар тоҷикон бошанд ҳам, аммо набудани давлати ягона ва миллии тоҷикон ин миллатро сарсону саргардон ва ба азобу ранҷҳои азим гирифтор намуд. Ҷангу хунрезиҳои истилогарон миёни худ шаҳрҳову марказҳои илмию адабии моро харобазор намуда, аҳли илму адаби тоҷикро дур аз Ватан намуд. Баъди ҳазор сол орзуи омоли ин халқи ранҷкашидаи таърих амалӣ гашт ва дар гушае аз қаламрави бузурги ниёгони худ бошад ҳам, мо соҳибдавлат шудем, ки имрӯз он охирин такягоҳ ва хонаи умеди кулли тоҷикон ҷаҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар замони имрӯза раванди ҷаҳонишавӣ сурат гирифта, хатарҳои нестшавии миллатҳоро ба вуҷуд оварда истодааст ва ҳамаи халқиятҳо мехоҳанд соҳибтамадунию бузургии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба василаи он мавҷудияти хешро нигоҳ доранд. Айни замон, ин гуна муборизаҳо бо роҳҳои гуногун анҷом гирифта истода, аз бетарафию бепарвогӣ ва асолатбохтагии қисми зиёде аз мо тоҷикон, ки арзишҳои маънавию фарҳангиро дуруст дарк карда наметавонанд, суйистифода бурда, туркнажодҳо мехоҳанд таърихро таҳриф намуда, тамаддуни нотакрору беназири моро моли худ кунанд ва моро қисме аз таърихи худ созанд ва ба қисме аз ин мақсади худ расида истодаанд.

Бояд гуфт, ки то омадани туркҳо ба сарзамини Осиёи Миёна тоҷикон-эрониён соҳиби империяву давлатҳои бузург ва тамаддуну фарҳанги нотакроре буданд, ки дар ҷаҳони онвақта назир надошт. Вуруди туркҳо ба минтақаи Тоҷикзамин аз миёнаҳои асри шаш оғоз гардид, аммо ҳамалоти арабҳо ин воридшавиро қатъ намуда, онҳоро аз ин минтақа пеш намуданд. Бори дуюм, ҳангоми шикасти туркҳо аз ҷониби Исмоили Сомонӣ ва асиру чун ғулом ба минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр ворид гардиданд ва аз сабабе, ки ҷангҷӯй буданд, тарбият ёфта, ба сафи лашкар ҷалб гардиданд, ки ин яке аз хатогиҳои бузурги гузаштагони мо буд ва онҳо иштибоҳоти замони пеш аз ниёгони худро такрор намуданд. Зеро ки тавре Закариёи Қазвинӣ ҷуғрофидони машҳури форс- тоҷик дар асари худ “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” менависад: “Худхоҳии ин қавм чунон аст, ки ҳар гоҳе яке аз онҳо асир шуда, дар ғуломи тарбият ёбад, ҳамин ки бузург шуд, ҳаваси сардори сипоҳи хоҷаи худ мекунад… мехоҳад бо вай мухолифат карда, дар ҷояш бишинад, ҳаққи тарбия ва инъоми гузаштаро комилан фаромӯш менамояд. Нафси туркон ба бадхоҳию фасод… моил мебошад”. Ҳамин аст, ки ҳамин асирафтагони турк ба ҳаққи некиҳо ва хизматҳои хоҷагони худ нарасида, бар зидди онҳо баромаданд ва Сомониёнро аз байн бурданд. Аммо, воқеияти дигар ин аст, ки мо тоҷикон аксар вақт иттифоқ набудем ва ҳамин омил сабаби шикасти мо дар масири таърих шуд.

Вуруди густурдаи туркҳо ба Осиёи Миёна аз асри даҳ оғоз гардид, аммо имрӯз онҳо даъво доранд, ки Осиёи Миёна сарзамини аҷдодияшон мебошад ва хоҳони ба иттифоқи ягонаи худ ворид намудани ин минтақа мебошанд. Туркҳо аҷдодони худро ба турҳои ориёӣ бурда расонида, Туронзаминро макони буду боши худ медонанд ва иртиботи турониёнро бо ориёиён рад мекунанд. Ба ҳама маълум аст, ки турҳо ориёиҳои кучманчӣ буда, ба туркҳо ҳеҷ робита надоранд ва ба қавли Забеҳулло Сафо моро мебояд, ки “нажоди тӯрониро шуъбае аз нажоди ориёни эронӣ бидонем ва хати батлон дар тамоми ишорате, ки… дар бораи турк донистани турониён шудааст, бикашем. Қавми эронӣ, ки… шаҳрнишин шуда буданд, қабилаҳои ориёни дигарро, ки ҳанӯз чодарнишинӣ мекарда ва ба сарзамини муҷовири худ дар талаби неъмат ҳуҷум меоварданд… ғайр аз худ мешумурданд” ва ҳақ ба ҷониби Эраҷ Баширист, ки турону Эронро ватани аслӣ ва таърихии ориёиён ва тоҷикон шумурда, қайд мекунад, ки “баҳсҳое, ки дар ин замина имрӯз вуҷуд дорад, бештар характери таассубомез дошта, аз ҳақиқати илмӣ дур мебошад”.

Воқеан, Хуросони Мовароуннаҳр сарзамини аслӣ ва хостгоҳи кулли мардуми ориёинажод мебошад ва донишманди тоҷик Иброҳим Умарзода ҳатто дар яке аз гуфтаҳои худ дар китоби “Таърих диди нав мехоҳад” қайд намуда, ки баромади баъзе аз халқҳои аврупоӣ низ аз Осиёи Миёна аст. Дар баробари ин, сарчашмаҳои асримиёнагии дигар низ тасдиқ мекунад, ки туркҳо то асри даҳ дар минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр набуданд ва берун аз ин минтақа дар ҳоли кучӣ зиста, аз фарҳангу маданият дур буданд. Аз ҷумла, ҷуғрофидон ва таърихнависи асри IX-X-и форс-тоҷик Ибни Фақеҳ дар китоби машҳури худ “Ал-булдон”, ки аз он қисмате то рӯзгори мо боқӣ монда, бо номи “Мухтасару-л-булдон” маълум аст, навишта, ки “ҳамсоягони хуросониён турконанд, ки аз ҳар душмане сарсахтаран… хуросониён дар баробари турк, барои дунёи Ислом, худ сипаранд. Ва гоҳу бегоҳ дар туркон афтанд ва сахту бисёр аз онон бикушанду бигиранду барбаранд”. Айнан, ба ҳамин мазмун ҷуғрофиёдон ва таърихнависи дигари форс-тоҷик Ибни Ҳавқал дар асари худ “Сурату-л-арз” қайд намудааст, ки “…барои мусалмонон ҷангҳое душвортар ва муҳимтар аз ҷангҳои турк нест ва мардуми Мовароуннаҳр дар баробари эшонанд ва билоди исломро аз хатари таҷовузи онон ҳифз мекунанд. Саросари Мовароуннаҳр марзҳои туркон аст, ки омодаи ҷанганд ва мардуми онҷоро субҳу шом таҳдид мекунанд”. Ҳамзамон, дар сарчашмаи дигари ҷуғрофии асримиёнагӣ “Ҳудуду-л-олам” низ сарзамин ва макони зисти қавмҳои турк берун аз ҳудуди Осиёи Миёна нишон дода шудааст. Аз ин ҷо возеҳ равшан мегардад, ки ин ҳама даъвоҳои туркон нисбат ба сарзамини аҷдодии мо ҷуз таҳрифи таърих чизе набуда, зери парда сиёсате ниҳон аст. Закариёи Қазвинӣ низ аз хислатҳои онҳо нигошта, иброз медорад, ки “Туркон миллати бузурганд ва аз дигар миллатҳо ба шуҷоату ҷалодат сангдилию монандӣ ба дарандагон фарқ мекунанд. Ситаму зурӣ ва хушунат бар табиати эшон ғолиб омадааст ба ҷиҳати дарандахӯӣ ҷуз зӯрӣ ҳеч чизро раво намебинанд” ва дар ҷойи дигар сурати онҳоро тасвир намуда, менависад, ки “Сурати эшон ба сурати дарандагон монанд буда, паҳнрӯву паҳнбинӣ, кулфатбозую тангхулқ, золим ва ғазабноку қаттол мебошанд… Зиндагонии онҳо танҳо аз ғоратгариву тохту тоз, шикори оҳуи ҳаросон ва парандаи парон иборат аст”. Ин ҷуғрофидони форс-тоҷик дар китоби худ доир ба қавму қабоили дигари турк ва хислаҳои бадхӯии онҳо навишта, ки овардани он ҳамаро лозим намешуморем. Дар баробари ин, дар сарчашмаи дигари таърихӣ “Маҷмалу-л-таворих ва-л-қасас” оиди пайдоиши туркҳо ва баъзе аз хислатҳои онҳо иттилооти зиёде оварда шудааст, ки зикри он ҳама шойиста намебошад. Аз ин навиштаҳо муаррихини асримиёнагӣ бар меояд, ки туркҳо аз маданияту фарҳанг ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дур буданд ва даъвои онҳо нисбат ба тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик асоси илмӣ надорад. Бар хилофи туркон бошад, дар сарчашмаҳои дар боло зикр гардида ва ҳамзамон дар “Масолику-л-мамолик”-и Истахрӣ, Муруҷу-з-заҳаб”-и Масъудӣ, “Таърихи Байҳақӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ ва даҳҳо сарчашмаҳои дигар аз хислатҳои неку ҳамидаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, яъне тоҷикон сухан рафтааст, ки касро ба ҳайрат меорад ва ҳақ низ ба ҷониби табиб ва мардумшиноси рус Шишов А. мебошад, ки чунин иброз намудааст: “Тавассути бартарияти маънавии худ тоҷикони мутеъ ва дар асоратмонда нисбат ба… истилогарон дар ахлоқ ва ақлу фаҳмиш пешдастию бартарӣ доштани худро нишон доданд ва золимону истилогарони худро маҷбур карданд, ки дини онҳо-исломро қабул кунанд”.

Бо пош хурдани давлати Сомониён сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти қавму қабоили турк гузашта, дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пайи худи бисёре аз шаҳрҳоямон хароб шуд. Ба хусус, Мовароуннаҳр, ки ба дасти Қарахониён афтод ва онон ба илму дониш чандон алоқаманд набуданд, илму фарҳанги тоҷик дар ин минтақа коста гардид. Дар Хуросон, ки тобеи Ғазнавиён шуданд, вазъ беҳтар буд. Ғазнавиҳо худро ҷойгузини Сомониҳо хонда, тақлид ба дарбори онҳо намуданд ва олимони зиёдеро аз гушаву канори ҷаҳони ислом ба дарбори худ даъват намуда, ба рушди илм саҳми худро гузоштанд. Саҳми Ғазнавиҳо дар густариши забони форсӣ-тоҷикӣ дар қисмати шимолии Ҳиндустон ба ғоят бузург аст ва мо тоҷикон танҳо аз ин хизмати онон минатпазирем. Сулолаҳои дигари туркӣ бошад, доимо дар ҷангҳо қарор доштанд ва ҳамон хислатҳои кучманчигии худро нигоҳ медоштанд. Ҳамалоти муғул ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон бошад, давраи аз ҳама мушкилтарин, хунинтарин, харобиовартарин ва пурфоҷиатарин барои миллати тоҷик буд. Ваҳшиёни истилогар, ки аз маданият садсолаҳо дур буданд шаҳрҳоро ба хок яксон намуда, мардумро аз дами теғ мегузарониданд ва ҳатто баъзе шаҳрҳо аз одам холи монд. Дар ин маврид муаррихони зиёде ба мисли Ҷувайнӣ, Ибни Асир, Рашидуддин Фазлуллоҳ, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, Муҳаммади Банокатӣ, Сайфии Ҳиравӣ, Муҳаммад Шабонкораӣ ва дигарон иттилоъ дақиқ медиҳанд. Ибни Баттута, пас аз садсоли ҳодисаи муғулҳо аз ин минтақаҳо дидан намуда, аз харобаҳои замони муғулҳо то ба замонаш боқӣ монда маълумоти ҷолибе додааст. Дар баробари ин, даҳҳо мисоли таърихиро аз сарчашмаҳои асил метавон гуфт, ки аз ваҳшоният ва бефарҳангии онҳо шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки гарчанде ки дар ҳамин давра ҳокимон турку муғул ва пасон узбекҳо бошанд ҳам, вале аксари вазирону дабирон тоҷик буданд ва мисоли равшани онҳо вазирону дабирони машҳуре чун Абулфатҳи Бустӣ, Абулаббоси Исфароинӣ, Аҳмад ибни Ҳасани Маймандӣ, Ҳасанак, Бусаҳли Ҳамдавӣ, Аҳмад Абдуссамади Шерозӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Хоҷа Низомулмулк, Ҷувайнӣ, Рашидуддин Фазлуллоҳ ва ҳазорҳо ашхосро метавон ном бурд, ки тоҷик буда, давлати аҷнабиёнро тавассути ақлу дониш ва хираду заковаташон идора мекарданд. Ҳамзамон, аксари мардуми минтақаро тоҷикон-эрониён ташкил медоданд, аз ин рӯ вақти он расидааст, ки давлатҳои мавҷударо бояд кишварҳои тоҷикӣ номем ва анъанаи он ки тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат буданд, барҳам диҳем. Миллати тоҷик, тӯли ҳазорсолаҳо мароми созандагию бунёдкориро пеша карда, ба қавли Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз онҳо “…низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштаанд”, ки имрӯз башарият аз он истифода мебаранд.

Мутаассифона, имрӯз ҳам ҳамон ақидаҳои пантуркистӣ, ки бар сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд оварда, тоҷикро аз ҳувияташ маҳрум сохта буд, идома дорад. Имрӯз онҳо бо роҳи таблиғ ба аз худ намудани мероси бузурги мо пардохта, “Авасто”-ро ки сирф бо забони қадимаи мост, Туронзамин ва давлати Сомониёнро, ки ҳазорҳо сарчашмаҳо аз ориёинажод ва тоҷик буданашон хабар медиҳанд, Форобию Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва ҳазорҳо бузургони моро аз они худ намуда истодаанд, ки комилан таҳрифи таърих буда, қобили пазириш намебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки он ҳама даъвоҳое, ки имрӯз туркон бар сарзамин ва фарҳангу тамаддуни мо намуда истодаанд, асоси воқеиву илмӣ надошта, қобили қабул намебошад. Мақсади мо дар ин ҷо миллатчигию миллатбадбинӣ набуда, танҳо мехоҳем, ки таърихи пурифтихори худро ба таври шойиста омӯхта, худшиносию ҳувияти миллии хешро боло бардорем. Мо бо узбекону дигар ақвоми турк тӯли садсолаҳо якҷоя зиста, ранҷу азияти замонро чашида будем. Фақат мехоҳем, ки онҳо таърихи миллионсолаи моро нодида нагирифта, моро чун халқи мутамаддин эътироф намоянд ва фарҳангу тамаддуни нотакрори моро бо ҳар васила аз худ накунанд. Ҷойи таассуф аст, ки дар муқобили ин гуна амалҳои онҳо аксари донишмандону зиёиёни тоҷик хомуширо ихтиёр намуда, аз асолату ҳувияти худ дифоъ намекунанд, ки воқеан ҷойи ташвиш ва нанговар аст. Дар воқеъ дар ин даврон, давроне, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо сурат гирифта истодааст ва омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст, сойири миллатҳоеро, ки дар сатҳи пасти тафаккури таърихию фарҳангӣ қарор доранд, ба худношиносию бегонапарасти бурда расонида, метавонад аз саҳнаи пурталотуми таърих берун созад. Маҳз, дар ҳамин замони басо пурҳасос, ки давлату миллати мо дар ҳалқаи бегонагон қарор дорад, ҳар як тоҷикеро, ки зарае ҳувияти миллияш боқӣ мондааст ва аз он дифоъ кардан мехоҳад, месазад, ки рӯй ба таърих оварда, аз шикасту рехтҳои таърих дарси ибрат андузад ва дар канори Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои дифоъ аз манфиатҳои миллию давлатӣ чун шери жаён ва таҳамтани замон истод гардида, сипари кишвар бошанд ва ҳар як зарраи хоки Ватанро муқаддас шумурда, барои пешрафту нумӯи он садоқатмандона талош варзанд ва насли ҳақиқӣ будани худро нишон диҳанд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва

навини кишварҳои хориҷӣ

Самандар МАҲМАДАМИНОВ,

донишҷӯи факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь