Расонаҳои амрикоӣ фаҳмиданд, ки президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп дар масъалаи канали Панама ва Гренландия, ки қаблан дар бораи нақшаҳои ба даст овардани онҳо сухан гуфта буд, қатъӣ аст.
Президенти мунтахаби ШМА Доналд Трамп ният дорад, ки масъалаи ба даст овардани Гренландия ва ба ихтиёри Иёлоти Муттаҳида баргардонидани канали Панамаро ба таври ҷиддӣ ҳал кунад, менависад New York Post бо истинод ба манбаъҳои худ дар байни ёварон ва тарафдорони Трамп. Яке аз ҳамсӯҳбатони нашрия қайд кард: «Президент сад дарсад ҷиддӣ аст».
Ба гуфтаи як манбаи дигар, Трамп муътақид аст, ки империяҳое, ки тавсеа намекунанд, дучори таназзул мешаванд. Вай таърихро фаъолона меомӯзад ва ба ин нуқтаи назар бовар дорад.
Нашрия таъкид мекунад, ки агар Трамп дар ба даст овардани Гренландия муваффақ шавад, он бузургтарин хариди ҳудудӣ дар таърихи ИМА хоҳад шуд. Ҳатто аз хариди Луизиана дар соли 1803, ки андозаи он кишварро дучанд кард, назаррастар аст. Трамп қаблан гуфта буд, ки барои таъмини амнияти миллӣ ва озодӣ дар саросари ҷаҳон, таҳти назорат гирифтани Гренландия барои Иёлоти Муттаҳида “комилан зарур аст”. Ба он сарвазири ҷазираи ба Дания тааллуқдошта Муте Эгеде ҷавоб дод, ки Гренландия фурӯшӣ нест ва ҳеч гоҳ ба фурӯш гузошта намешавад.