Ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Гафуров

 Аз назаре, ки ҳама чиз дар олам эътибор ба таърих дорад, чун таърих саргузашт аст ва вақте дар ҳолати таъғир аст, аз вазъе ба вазъе ва аз ҳолате ба ҳолате таъғир меёбад, ки маънои ҳам саргузашт доштан ва ҳам маънои таърих доштан аст. Ҳама таърих натиҷаи сабаб аст, зеро тамоми ҳодисаҳои бузург ва муҳими таърихӣ бо иллати ҷузъӣ ба вуҷуд меоянд. Маҳз сабаби ба вуҷуд омадани таърих, арзиши таърих аст, ки бо ду мавзӯъ баррасӣ мегардад, яке таърих дар маънои саргузашт аст, яъне арзиши таърих аст, ки шинохти саргузашти қавм аст. Масъалаи дигар, дар ин партав таърихнависӣ аст, ки чи гуна таърихнигор таърих менависад, аз чӣ теъдод осори хаттии эътирофшуда, аз чӣ гуна назарияҳо, луғатҳо ва китобҳо, ки чанд асар қабл навишта шудаанд, маъхаз гирифтааст.

Дар таърихнигории Бобоҷон Ғафуров тоҷик дар либоси худаш аст, ки манзури хос дорад. «Тоҷикон»-и ӯ, ки сиришт дорад, ҳамеша мероси он рӯ ба ҷилва гирифтан аст. Бобоҷон Ғафуров дар пояи таърихи замонаш таърихи тоҷикро бо ранги миллӣ ва ранги башарӣ эҷод кардааст, яъне ки собит сохтааст, ки таърихи қавмаш ҳамон рӯҳи миллаташ аст ва рӯҳаш ҳамон таърих аст. Ин миллат мудом таърихаш боқӣ аст ва агар таърихаш аз байн равад, ӯ дигар аз байн рафтааст ва ин аст, ки барои он ки миллатеро аз байн баранд, аввал таърихашро аз ӯ мегиранд ва вақте таърих аз ӯ гирифтанд, рӯҳашро аз ӯ мегиранд ва вақте рӯҳашро аз ӯ бигиранд дигар ӯ мурда аст. Таърихи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ихтирооти бузург аст, ки муаллифаш дар таърихнигории тоҷик нобиға аст, зеро ӯ бо ҳунараш таърихро шинохт ва худашро бо ин таърих ҳамоҳанг сохт. Аслан нобиғааш дар ин аст, ки таърихи тоҷикро беҳтар аз дигарон шинохт ва беҳтар аз дигарон навишт ва худашро ба таърихи қавм ҳамқисмат кард, зеро мегӯянд: «қоил ба марди бузург бояд буд, зеро ӯ дар замонаш ирода дошт, ки он амалро кард. Амали чунин фард ҷон ва зоти асри ӯст».

Бинобар ин, бо таҷдиди хотираи Бобоҷон Ғафуров, мо ба худамон бармегардем, дубора ба худ назар мекунем ва таърихи худро аз нав мавриди арзёбӣ қарор медиҳем ва меандешем, ки имрӯз куҷо нишастаем ва ба кадом сӯ равонем. Бобоҷон Ғафуров чӣ касе буд, ки таърихи миллатро чӣ гуна дастгирӣ кард ва чаро дастгирӣ кард? Аммо, далели ибрат аст аз ин, ки мо дар рӯзгоре ба сар мебарем, ки ба шиддат муҳтоҷи баррасӣ ва шустушӯи андеша ҳастем. Ин аз ихтисосоти ҷамъи Истиқлол аст, ки ҳамвора онро Бобоҷон Ғафуров бо ҳама арзишмандиаш тарҳрезӣ карда буд, бо нияти он, ки китоби орои ӯ баҳри давлатсозӣ ниёз дорад, зеро мегӯянд: «пардохтан ва нигоҳ кардан ба берун аз худ ва аз берун ба худ ниёз дорад». Ин танҳо ҷасорати шахсияте аст, ки худ андешамандии ҳавзаи таърихӣ аст, ки метавонад, аз берун ҷомеаи хеш ва маърифати хеш назар дошта бошад ва дар мақоми роҳбарии миллӣ-фарҳангии миллат мақом дошта бошад. Мақоми Бобоҷон Ғафуров дар таҷлили китоби «Тоҷикон» мақоми равшанфикрии миллӣ аст, ва ин коре аст, ки дар водии таърихи қавм гом мениҳад ва бо шуҷоат ин китоб бо чашмаҳои таърихи тоҷик нигориш медиҳад ва дилҳоро сӯи давлатсозӣ мебарад. Китоби Бобоҷон Ғафуров ҳофизаи муқаддаси таърихи ориёиро гувоҳӣ дод, ки миллат муштоқи он буд. Дар китоби ӯ ваҳдати миллиро аз забони таърих шунидем, шахсиятҳои миллиро на оинаи дигарон, балки дар оинаи таърихи хеш дидем. Ин ҷасорат ва ин шуҷоат дархури ҳар касе нест ва ҳамчунон, ки гуфтем, фосила гирифтан аз хештан ва аз дур дар худ нигаристан, вале дар ғурбат намондан ва дубора ин фосиларо паймудан ва ба худ пайвастан ва хештани хешро фаромӯш накардан, кори нодире аст, ки қудрату тавоноӣ талаб дорад ва қудрати дур шудан аз шахсияти хештан мисли Бобоҷон Ғафуров дар айни наздик ба хештан дорад. Ва ин иқдоме буд, ки ӯ мехост бикунад ва кард. Агар имрӯз, бихоҳем китоби Бобоҷон Ғафуровро донем, ки андешаҳои накӯи таърихии бисёр дорад, ки ҳамаи онҳо барои мо омӯхтанӣ аст ва мо имрӯз ба он мӯҳтоҷем. Бобоҷон Ғафуров нобиғаи фикри як қавм ва як насл нест, балки нобиға барои асрҳо ва наслҳои қавм аст.

Имрӯз барои ояндаамон фикр мекунем ва омода ҳастем ва ба ин далел мо имсол дар бораи шахсияте чун Бобоҷон Ғафуров, ки имсол 115-умин солгарди таваллуди ӯ аст, дар бораи он бузургӣ ва таърихи ӯ сухан мегӯем.

Бобоҷон Ғафуров то иншои китобаш фақат сухан ба лаб дошт, дард ҳам дар дил дошт, ишқи миллат дар ҷон дошт, сармоя ҳам дар зеҳн ва замир дошт ва ба хубӣ медонист, ки таърих ҳамон ашёи ҷамоли зебо ва хитобаҳо дорад, ки агар мӯҳтавои вокуниш дошта бошад, чи ҷои он даврае, ки Бобоҷон Ғафуров дар он мезист, ки пеш аз ҳар чизе бо андешаҳои сареҳ, воқеӣ ва пурмӯҳтавои қавм муҳтоҷ буд. Ӯ китоби тоҷикро баҳри шоистагӣ ва маърифатнамоӣ, бо далели заифу маълум буданаш, ба миллат наздик биншонид, ба рӯи боми Истиқлол баргузор кард. Ӯ ниёгонро бозшиносӣ кард ва пояи бузург чунин гузошт, ки пайравони худшиносиро афзун кард. Бобоҷон Ғафуров бо ин китоб худро чунон муаррифӣ кард, ки ҳеҷ қавм наметавонад, ин шахси миллиро дар ин марзи миллӣ ихтисос кунад.

Бобоҷон Ғафуров то он ҷое, ки китоби ӯ ба мо нишон медиҳад, дар мақоми шинохт далер буд ва аз ин ҷиҳат пардаҳо ва ҳиҷобҳо бо ҳам, бо шуҷоати тамом бар худ медарид ва иҷоза намедод, ки бехабариҳои таърих ба ӯ чира шаванд ва дардшиносиҳо ҷои дардшиносиро бигиранд ва ҳеҷ вақт парвои онро надошт, ки фалон шинохтани таърих иллати ногувор барои миллат пеш хоҳад овард. Ҳастанд касоне, ки донишро сарфан ба мулоҳизаи натоиҷе, ки доранд, аз ибтидо фурӯъ мегузоранд, метарсанд то, ки бифаҳманд, чун метарсанд, ки мабодо агар фаҳманд масъулияте ба души онҳо биояд, ки баъзан ҷасорат ва шинохт баровардан ва иддаи он масъулиятро надошта бошанд, аммо ҳеҷ соҳибрисолате наметавонад аз шуҷоат бебаҳра бошад.

Ин хуршеди ба сират ва маъруф Бобоҷон Ғафуров аст, ки ба ӯ толеъ шуд, ки таърихи миллат мунтазири ӯ буд. Ӯ дар мақоми амали таърихнигорӣ соҳиби шуҷоат буд ва ҳама касоне, ки аз нуқтаи назар кӯтоҳӣ доранд, дар мақоми дида ҳам дучори дудилагӣ ва тарадуданд. Он касе, ки аҳли яқини илм нест, аҳли шуҷоат ҳам нест. Бо ин ҳама, мо барои шӯҳрати китоби Бобоҷон Ғафуров барои миллат арзиш медиҳем, на барои ҳаёҳуй ҳастанд касоне, ки ҳама қувва доранд, аммо фаҳми қавӣ амри ихтиёрӣ онҳо нест. Имрӯз ба ин нобиғаи таърих таҳсин мегӯем, ӯро таҷлил мекунем, зеро ҳофизаи таърихии ӯ бисёр қавӣ аст, ин ҳам амри худододӣ аст ва ба ҳама ваҷҳ далели ёдоварӣ аст. Агар ин ҷо аз Бобоҷон Ғафуров таҷлил мекунем, ба хотири худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ ихтиёр мекунем, ки ба қалами ӯ иҷро шудааст, ин ҳуввият ба хотири шахсияте аст, ки атояш китоби «Тоҷикон» аст. Он чи ки мо ба таҳсини ӯ мепардозем, иборат аст аз он, ки ӯ ихтиёр кард ва накӯӣ кард, метавонист ин китобро иншо накунад, зеро садҳо монеаҳо, садҳо душманон дар роҳи анҷоми ин китоб буданд, ки нашри онро мавқуф мегузоштанд, вале ӯ ба ҳадафи покаш гом ниҳод ва душманони қавиро рӯ биниҳод ва ҳомияташ барои ояндаи миллат аз сармашқи таърих огоҳӣ дод.

Бобоҷон Ғафуров пеш аз ҳар ҳодисаи таърихӣ дар умри тоҷик, дар вазъе афтода буд, ки чӣ гуна онро дар таърихи худ матраҳ намояд. Ӯ тавонист даъвои тоҷикро мустақим бо акси амали сареҳ дар таърихи худ таҳқиқ намояд ва ватандӯстии тоҷикро аз ноҳияи минтақа ба водии башар барад ва ӯро аз олудагиҳои қавмӣ раҳо намояд. Ишқи шадиди Бобоҷон Ғафуров ба ҳусну зиннати миллат, ватанпаймоии тоҷик аст, ки маъвои таҳлилӣ ва на маънои ҳаёҳуй дорад, ки ин иқтибос мазҳаби тоҷикро бо ҳуввият, бо номи арзиш созгар месозад ва созтар бо мисоли фарҳангӣ буданаш ба башар ошно месозад.

Бобоҷон Ғафуров бо ақли худ, ба андешаҳои торикиро роҷеъ ба таърихи арзандаи миллат нафрин ва нафрат фиристод, зеро ӯ касе буд, ки дар миёни гароишҳои марксизм, низоми пурангези материализм, ки рӯ ба рӯ буданд (аз таҳлили «Тоҷикон» бар меояд, ки Бобоҷон Ғафуров донишманде аст, ки чун аҳли диққат аз рӯҳ ва воқеаҳои сиёсии замон огоҳ аст), ба саволи чӣ гуна таърихи тоҷик ва бо кадом тараф пажӯҳиш дода шавадро пай бурд ва таърихи тоҷикро ба тарафе бурд, ки ҳоло маъво ва даъвои ватанпарастиро касб кардааст. Бобоҷон Ғафуров пеш аз он ки ҳар чизеро роҷеъ ба таърихи қавм ранҷ барад, ки таърих дар замони ӯ дар вазъе афтода буд, ки аз як қавм берун монда буд. Ӯ дар замони марксизм, ки меросхӯри ӯ монизм буд ва ба манзалати як идеология ва оташи фикрӣ буданд, таърихи тоҷикро аз назари ахлоқӣ, фалсафа, сиёсат ва дар мақоми илму фарҳанг таҳлил намуд. Бобоҷон Ғафуров роҳи таърихнигории тоҷикро оғоз бахшид ва чеҳраи мактаби таърихи қавмашро, бо чеҳраи кушодаш ва бо тамоми рисолаташ раҳоӣ бахшид.

Барои Бобоҷон Ғафуров масъалаи асосӣ ин буд, ки чӣ гуна метавонад, таърихсозии миллатро бунёд намояд, ба шакле, ки тавоноӣ ва сарфарозӣ, кофӣ ва воқеӣ бошад. Таърихе бошад, ки дар миёни таърихҳо рақиби нерӯманд бошад, барои тамоми башар пурарзиш бошад, зеро таърихи миллат то замони ӯ дар зулму зулмат соя дошт ва ҳам таҳти таърихнигоре буд, ки эҳёи таърихро намехостанд ва ҳам аз лиҳози фикрӣ мубадал ба торикӣ буд, ки роҳи худашро намедонист ва масири худашро ба хубӣ намедид ва намешинохт, бо ҳамин далел, Бобоҷон Ғафуров бо муҳимтарин иқдомаш дар он хулоса мешавад, ки таърихи тоҷикро ба манзалаи як мактаби тавоно иншо намояд. Аммо барои тавоно кардани ин таърих, муаллифи он зиёда аз сӣ сол корҳои зиёдеро анҷом дод. Инро мегӯем, то решаи таъинҳо, ки Бобоҷон Ғафуров ба таърихи хеш ворид намуд, мо даъвои даст доштан ба таърихи куҳани худ надоштем ва ҳоло мегӯем, мо лоиқи ду чизем; тавоноии таърих мехоҳем ва ҳам мактаби таърихӣ мехоҳем, барои башарият дар мақоми таҳқиқ бошем, ки бо чашму ҳуш дида шавад ва ҳеҷ таърих аз ӯ пеш набошад ва ҳам мехоҳем, дар айни тавоноии Истиқлол, маҷмӯи таърихи худро ҳифз намоем, зеро ҳоло ҳам қавмҳое ҳастанд, ки нигаронанд, ки мабодо шигифтагӣ пеши таърихи мо бошад, ки мо исботи тавоноии фикри таърих дар худ надошта бошем. Ҳоло ҳам тираҳо ва ғазоҳо парҳез накарданд, ҳол он ки таърих ба раҳгузарон мансуб нест. Гуфтем, ҳифзи таърих зариф ва эҳсосӣ аст, аз ҳар ҷо ҳарчӣ мегиранд, то нерӯманд шаванд, вале дар авзои меросдуздӣ покон ҳам шарманда мешаванд. Ҳифзи марзи таърих, шахсияти мо ва умри мо аст, ки шинохти он ҳам, дар айни замон муҳим аст. Яъне, ҳамон сарнавишт сӯе, ки зарбхурда дар пеши мо аст ва ҳатто илму фалсафаи мо бегона шуда буданд, бояд муроот шавад. Ин зеҳн дар зеҳни миллате аст, ки тавоно аст ва мактаби худшиносиро дорад, то ҳар навъ тағзияро барои он пайкор шуморад, аз таърих пайкару пайкор бисозад ва ноҳияи худогоҳиро аз ҳуввияти асли хеш бидонад.

Ҷомеаи муосири мо муштоқ ва шомили он аст, ки дар ҳаққи таърихи худ сухани ҳақ бигӯяд ва аз ин ҷиҳат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро, бо тафсироташ бидонад ва маънояшро бишносад, зеро водии ин таърих водии шинохти миллӣ аст ва мӯҳтавои ин китоб дар ҷомеа манзалат дорад. Бобоҷон Ғафуров бо таърихаш нишон дод, ки ошноии кофӣ ва воқеӣ ба гузаштаи қавм, маротиби худро дорад ва кори худро мекунад ва вазифаи худро мегузорад ва барои насл арзиш дорад. Манзалати китоби Бобоҷон Ғафуров он аст, ки мисли чароғ дар баланди аст, то роҳи миллатро равшан кунад. Китоби ӯ на водии тақлид, аст, ки таърих аз назари шинохту пазируфтани миллат масофа надорад.

Дар мавриди ин бозшиносӣ ва бозсозӣ мо метавонем ҳарчи бештар саҳми Бобоҷон Ғафуровро дар эҳёи таърихи тоҷик бишносем. Биравем, суроғи китоби ӯ, ки ӯ сухани бозшиносӣ мегуфт, ки манзураш азнавсозии дидгоҳи тафаккури миллӣ аст, ки мо метавонем онро аз нав бисозем, зеро маҳфуми бозсозӣ ва навсозии тафаккур эҳёи ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва баҳра аз он доштан аст.

Китоби «Тоҷикон»-ро боз мекунем дар ҳамон ибтидо ва дар муқаддима Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки ин китобро барои чӣ навиштааст. Ӯ, ки дар давраи равнақи сотсиализм ва шукуфоии фарҳанги марксизм мезист, ки ба гузаштаи таърихи худ назар намудааст ва чун ӯ дар асри худ буд ва асрҳои баъд аз асри худашро намедид ва муқоисаи асри худро ба асри мо масир набуд, вале мо ки ҳоло на асри дигаро ҳам дидаем, ки фарҳанг ва тамаддуни миллӣ чӣ гуна будааст, имруз бо шарофати таърихи Бобоҷон Ғафуров беҳтар метавонем онро қазоват кунем.

«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, эҳёи таърихи тоҷик, ороиши зебои ба қавм аст, яъне чизеро, ки дигарон муфт гирифта буданд ва онро ба андозае «даруни ҳақ» оварда буданд, бозсозии таърихи тоҷик аст. Яъне, ҳамон чизе, ки мо гум карда будем, аз мо буданд, ба он тафаккури хешро бозсозӣ мекунем. Мегӯянд: «усулан, аз берун нигоҳ кардан ба хеш шӯъла надорад ва аз дарун назар кардан шӯъла дорад». Ин монанди он аст, ки инсон дар хонае зиндагӣ мекунад, он ҳандаса дорад. Ҳамин манзил ва маскане, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, андешаи тоза пеши ӯ аст, ки аз фикри бозсозӣ иборат аст, яъне инсон ҳамеша дар фикр аст, ки аз кадом масолеҳ беҳтар хона бисозад. Мебинем, вақте, ки ба як шеър ё ашъори як шоир ошно ҳастем, чӣ қадар шеър медонем? Агар шеъри дигар ва ашъори дигарро бихонем, ҳамон шеъри қаблиро дар таври дигар мебинем. Ин фақат далели он аст, ки мо шеър ва шоирони дигарро мебинем, ки бо ҳамин масолеҳ шеъри дигар гуфтаанд. Масолеҳи ҳама билохира ҳамон забони тоҷикӣ аст. Шоирон имрӯз луғати тоза ва вазни шеъри тоза ихтироъ накардаанд, азвон ва калимот ҳам ҳамон аст, аммо шеърҳо аз замин то осмон фарқ мекунанд, ин он чизе аст, ки гуфтем «фаҳми ҳандасаи бино», ё худ касе, ки рӯи пушти бом истодааст, ҳандасаи онро дар қиёс бо соири бомҳо дармеёбад. Муҳаммад Иқбол гуфтааст: «Бозсозӣ ин маҳсули маърифат ба ҳандасаи маърифат ва равобити узвҳои дарунии он ва таҳаввули таърих ва маъориф аст. Додани таърифи тоза аз макотиб дар миёни ҷуғрофиёи соири макотиб, фаҳми макотиб аст ва ниҳоди он аст дар миёни ҳама маърифатҳои дигари одамӣ бо доштани маълумоти тоза ва саволоти тоза ва интизороти тоза, низоми кӯҳанро шакли тоза мефаҳмад ва ҳамин фаҳми тоза аст, ки асоси бозсозӣ аст». Ин нуқтаи мулоими таърифи бозсозӣ дар маҳзари ин аср ҳузур дорад, доштани рисолати фикриро тақозо менамояд, ки мабодо мо дар мақоми дастгириҳо ва роҳнамоиҳои фикрӣ ба дом биафтем. Ҷаҳони афкори ҷаҳон аҷиб аст, инъикосҳое, ки рӯ ба рӯи якдигар доранд, гоҳе хеле бомурод менамоянд, вале таъсири худашро ба ҷо мегузорад, яъне ҳамеша бояд интизори ин андешаҳо набошем. Аслан ин тарз фикр накунем, мо бояд онро бипазирем, ки дар кадом бозор афтодаем ва куҷо мева дорад? Инро бояд мутмаин бошем, ки Бобоҷон Ғафуров касе буд дар асри XX-ум, дар бозори сотсиализм меваи таърихи тоҷикро чинд ва намедонист, ки баъди 50 сол таърихи тоҷик замини худашро пайдо мекунад ва дар он ҷо обурӯ мегирад ва бо таърихи ӯ насл тарбия карда мешавад. Ӯ мисли нотиқе буд, ки ҷӯй меканд, то ба асри мо обе расад. Мо ин ҷӯйро бозсозӣ мекунем, намедонем оберо, ки дар ин ҷӯй равон мекунем, баъзеҳо чӣ сарзаминҳоро тароват хоҳад бахшид ва чи гулистонҳо хоҳад офарид.

Мо ҳанӯз корамон ҷӯй кандан аст ва равон кардани об ва бардоштани санг аз пеши чашма ва дигар бақияаш ба наслҳои оянда аст. Мо оинаем дар баробари Истиқлол ва оинаамонро дар инъикоси Ватан дарёфтем. Хуршеди таърихи мо дар оинаи китоби Бобоҷон Ғафуров падид ёфт. Паёми таърихи ӯ дар сарзамини худ он тавр омӯхта шуд, ки дар асри ӯ чунин омӯхта нашуд.

Бобоҷон Ғафуров дар сарзамини худаш ороста аст, зеро қудрати паёми таърихи ӯ беҳтарин бонги муборак ва падидаш сарзамини ориёӣ аст. Ӯ мукотиби ростини таърихи тоҷик аст ва сипоси мо ба ӯ арзишмандтарин иқдом аст, ки ба мо маънои бозсозии кишварро ҳидоят мекунад. Гуфтем, одамӣ метавонад танҳо бозсоз иро бо чашмҳои тоза бингарад ва фаҳми тоза аз он биёбад, зеро бозсозӣ бозфаҳмии чизи дигар нест, нуқтаи муҳиме аст, агар мулоим зикр кунем мо Бобоҷон Ғафуровро аз рӯи аъмоли ихтиёраш мешиносем, арҷ мегузорем ва барои шинохт ва арҷ ва қадр, ки ӯ олиме аст, ки ба саволҳои печидаи таърих посух додааст, эҳтиром мегузорем. Бобоҷон Ғафуров саволҳои таърихи тоҷикро матраҳ кардааст, на аз рӯи ҷавобҳое, ки ба саволҳо медиҳанд, қадр менамоем. Мо ҳанӯз одати баде дорем, ки ин одатро бояд тағйир диҳем, он одат ин аст, ки мо олимонро аз рӯи ҷавобҳо ба саволҳо медиҳанд, мешиносем дар ҳоле, ки баръакс аст, олимонро аз рӯи саволҳое, ки матраҳ кардаанд, бояд шиносем, зеро ҷавобҳо паҳлӯи дигаре доранд, на ин ки муҳим набошанд, вале муҳимтар аз посух, матраҳи савол аст. Муҳим он аст, ки олим таваҷҷӯҳи моро қонеъ карда бошад, аз ин лиҳоз Бобоҷон Ғафуров олимест, ки фикри худро сарфи саволҳои беҳудаи зиндагии беҳосил накард, ӯ таърихи тоҷик эҷод кард, оташе афрӯхт, ки ҳама ҷунбиш ба дасти миллат сомон гирифт.

Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» ба таърих, ки бо миллат ва мероси фарҳангӣ вуҷуд дорад, тавзеҳ ва тазаккур медиҳад, ки таърихи тоҷик дорои аносир ва маънии хос аст. Таърихи тоҷикони Бобоҷон Ғафуров дар тавзеҳи луғат бо маънии вақтшиносӣ аст ва дар истилоҳ тайини вақт аст, зеро «Тоҷикон»-и ӯ ҳол ва ояндаи миллатро нисбат медиҳад. Мегӯянд: «таърихшиносӣ вақт аст, лафзи таърих тоҷикӣ аст, ки пешниҳоди ҳар шеър аст». Бо ҳамин маънӣ, таърихи машҳури тоҷик ба фунун, миллат ва нажоди ориёӣ хос аст. Таърихи тоҷик, ки сукут дошт, аз фан баҳра меҷӯст, ки дурустӣ ва нодурустии воқеияти ҳодисот танҳо тариқи шеваи дурусти таърих ба даст омад ва агар ноқили таърихи ӯ маҷрӯҳ ва маъноӣ бошад, воқеа носаҳеҳ қаламдод карда мешавад. Пас, талоши муаррихи таърихнигор он аст, ки воқеае, ки ӯ нақл менамояд, маҷрӯҳ ва заиф набошад. Таърихи Бобоҷон Ғафуров таърихи устувор ва мустаҳкам аст, ки арзиши миллӣ дорад. Таърихе аст, ки ба нақди аснод, мадорик ва силсилаи санади ҳодисаҳо ва воқеаҳо такя дорад, ки имрӯз мавриди эътироф ва эътиқод қарор гирифтааст. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар зоҳири таърих қарор надорад ва маънояш зоҳиророии миллат нест. Ӯ мадҳу ситоиши таърихи тоҷикро ба роҳбарӣ нагирифтааст, ба таърихи қавмаш сатҳӣ напардохтааст ва таърихи хешро ба хотири худогоҳӣ ифтихор аз илму фарҳанги бостонӣ тадвин кардааст.

Таърихи гузашта аз зуҳурӣ ҳодисаҳо ва воқеа иборат аст, илми ақлӣ аст, зеро дар ботин таърих ҷустуҷӯи дақиқ барои дарёфти иллати ин ҳодисаҳо ва воқеаҳо аст. Аз ин муҳтаво, таърихи Бобоҷон Ғафуров илмест, ки дар бораи кайфият, воқеият, мавҷудият ва олами ҳақиқии онҳо ҳидоят медиҳад: таърих, ки аз ҳикмат сарчашма мегирад, пас дониши он шумурда мешавад.

Миллати фарр – фараҳманди тоҷик бо хираду дониш тезҳуш аст, дарёфт ҳар чизро бо сурати тамом меҷӯяд, бо орои фарҳангиаш мардонагии бо далериву некхӯӣ дорад. Қавме аст, ки зулмро намеписандад, адолат мехоҳад, нажоде ҳаст, ки кушодасту пайванд ба дӯстӣ аст, таҳаммулмадоро аст, ки онро дар тадбири корҳо ҷой медиҳад, китоб бештар мехонад, ватанхоҳ аст ва давлатдории пешинагонро қадр менамояд, зеро гуфтаанд: «Ин ҷаҳон боқимондаи давлати пешинагон аст, ки ҳукмронӣ карданду бирафтанд ва ҳар кас ба номи хеш ёдгоре монданду ганҷи дуруст, яке инҷаҳонӣ номи накӯст андар миёни мардумон ва ганҷи онҷаҳонӣ кордорӣ ӯст». Оре, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳол ва ояндаи миллат аст, зеро нақди таърих аст. Китоби ӯ, дар ин маънӣ, фан ва ҳунар набуда, балки илме аст, ки соири илмҳо, мавзӯҳо, равишҳо ва вижагиҳои миллатро дар тӯли таърих дар худ гирифтааст. Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров дар таълифи китоби «Тоҷикон» он буд, ки таърих ва шеваи таърихи миллатро чун як дониши муштарак арзёбӣ намояд, ки дорои замон ва макони хос аст, марбут ба як аср ва давра хос набуда, хос ба як қавм аст, ки дар як сарзамин, ки Тоҷикистон аст иттифоқ афтодааст. Китоби Бобоҷон Ғафуров – ганҷи таърихи тоҷик аст, ки ному исмашро ба накӯӣ ёдгор мондааст.

Дар марҳилаи истиқлоли кишвар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки саргузашти тоҷик дар мовараи замонҳо ва таърихҳо аст мисли офоқ рӯ ба густариш ва дар шароити вақт ҷиҳати бозёбӣ ва бозтобӣ аст. Истиқлоли кишвар, ки дар маънии такомул аст маънои огоҳӣ ва худогоҳӣ аст, зеро «огоҳии инсон ба огоҳии худаш ба маънои огоҳии нақд аст». Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров маҳз рӯ ба огоҳӣ ва худогоҳӣ аст, ки дар шароити истиқлоли кишвар шакл мегирад. Огоҳӣ нисбат ба таърих барои нуфуз доштан дар таърих аст. Агар бо нигоҳи чашм таърихро шиносем ва дар таърих нуфуз дошта бошем, бо қавлу ақли худ ҷаҳонро мешиносем, огоҳӣ аз саргузашти миллат, дар ин ҷаҳон рушд дар таърих ба маънои рушд дар худогоҳӣ аст.

 Каримҷон Қодиров,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь