Профессор Ҳайдаршо Пирумшоев, яке аз таърихшиносони варзидаест, ки ба масъалаҳое аз ҷониби олимони хориҷӣ омӯхта шудани таърихи халқи тоҷик машғул шуда, дар замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назарӣ ва амалиро ба анҷом расондааст.

Профессор Ҳайдаршо Пирумшоев 30-юми декабри соли 1944 дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Пирумшо Роҳатов яке аз аввалин рӯзноманигорони маҳаллӣ, солҳои чилуми асри гузашта, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ванҷ «Ҳақиқати Ванҷ» буданд. Таълими мактаби 7-соларо дар зодгоҳ, синфи 8-ро дар маркази ноҳия гирифта, солҳои 1960-1963 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм (шаҳрчаи Навобод) таҳсил кардааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ соли 1963 ба факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуд. Баъди хатми бомуваффақияти таҳсил соли 1970 ба тавсияи роҳбарияти факулта ва донишкада бо қарори комиссияи давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон Пирумшоевро ба ҳайси ассистенти кафедраи Таърихи иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (СССР) ба кор гирифтанд. Дар назди ҳамин кафедра солҳои 1972-1975 аз аспирантура гузашта, соли 1975-1976 аз нав ба сифати ассистент ва солҳои 1976-1985 ба ҳайси муаллими калони кафедраи номбурда кору фаъолият мекард. Соли 1979 дар Институти шарқшиносии ба номи А. Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Отражение истории городов и городской жизни Восточной Бухары конца XIX- начала ХХ века в трудах русских дореволюционных исследователей» («Инъикоси таъриху ҳаёти шаҳрҳои Бухорои Шарқии охири асри XIX – ибтидои асри XX дар асарҳои тадқиқотчиёни тоинқилобии рус») рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Соли 1985 ба вазифаи дотсенти кафедра интихоб шуд. Солҳои 1985-1991 декани факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айниро ба уҳда дошт. Ба мушкилиҳои замони бозсозии М. Горбачёвӣ, пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, нафақат пояи қавии моддӣ ва таълимии факулта нигоҳ дошта шуд, балки ҳайати донишҷӯён афзуда, шуъбаҳои нав ва кафедраи нави тахассусӣ, аз ҷумла кафедраи ҳуқуқ, таърихи Ватан, ки баъдтар чун кафедраи таърихи халқҳои Тоҷикистон тағйири ном намуда, таъсис ёфтанд. Соли 1996 дар Шӯрои дифоии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муносибатҳои Россия ва Осиёи Миёна дар қарнҳои XVI – XIX дар таърихнигории рус» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Роҳбарияти Институти мазкур Пирумшоевро ба ҳайси мудирии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав ба кор даъват намуд. Ҳамзамон дар вазифаи мудири кафедраи Таърихи Ватан (баъд таърихи халқи тоҷик) кор кардааст. Ҳайдаршо Пирумшоев муаллифи бештар аз 250 кори илмӣ, аз ҷумла 30 рисолаю китобҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.

Китобҳои таълиф намудааш «Тадқиқотчиёни тоинқилобии рус оиди шаҳрҳои Бухорои Шарқии охири асри XIX – ибтидои асри XX». (Душанбе, 1992 130 саҳ) «Тадқиқотчиёни тоинқилобии рус оиди сиёсати Русия дар Осиёи Миёна дар асри XVIII». (Душанбе 1996-110 саҳ). «Таърихи омӯзиши шӯриши Восеъ» (Душанбе 1998-140 с.) «Муносибатҳои байни Россия ва Осиёи Миёна дар асрҳои XVI – миёнаи XIX дар таърихнигории рус» (Душанбе 2000-338с) «Ҷовидон дар ёдҳо» – Бахшида ба 90-солагии академиии М. Эркаев, «Ванҷ – Очерки илмӣ оммавӣ», «Таърихи шаҳри Душанбе аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо» (Душанбе-296 с дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷ.1 (Душанбе 2005-494 саҳ) «Таърихи Дарвоз» (Душанбе, Ирфон, 703 саҳ), «Таърихъи халқи тоҷик, Китоби дарсӣ барои факултетҳои таърихи макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Бозсозӣ: сохтем ё бохтем?» (Душанбе 2008-112 саҳ) Россия-Тоҷикистон. Таърихи муносибатҳои тарафайн» (Душанбе 2009-688 саҳ.). «Файзи истиқлол дар «Боми Ҷаҳон» (дар ҳаммуаллифӣ бо академик Р. Масов) ва ғайра аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Бо қарори маҷлиси умумии АИПИ аз 27 апрели соли 2007 узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия интихоб шуд. Борҳо дар симпозиуми конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда аз минбари онҳо оиди умдатарин масоили таърихӣ сухан кардааст. Алҳол зери роҳбариаш 6 рисолаи докторӣ ва 12 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст. Ҳайдаршо Пирумшоев аввалин шуда таърихи муносибатҳои байни Россияю Осиёи Миёнаро аз замонҳои қадим то ба Россия ҳамроҳ кардани он» бо тамоми ҷузъиёташ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш намудааст.

Дар байни муаррихони тоҷик аввалин шуда, санади шӯриши Восеъро, ки соли 1888 гузаштааст, муайян намудааст. Дар адабиёти Ватанӣ соли 1885 муайян карда буданд. Намунаи назарраси татқиқотҳои Ҳайдаршо Пирумшоев дар асоси таърихи аниқи илмӣ муайян намудани давраи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илмӣ таърих ҳисоб меёбад, ки дар бисёр мақолаҳояш хеле барҷаста пешниҳод шудааст. Ӯ аз байни олимони тоҷик ба масоили кишваршиносӣ пештар даст задаву ба муваффақият ноил гаштааст. Ин иқдоми олимро мо дар очерки таърихии Ванҷ, таърихи Дарвоз ва ғайра возеҳ мебинем.

Мо ин олими шинохтаро ба 80-солагиашон муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ, умри дарози бобаракат ва дар фаъолияти илмиашон комёбиҳо хоҳонем.

Оламгул Амонбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь