Эпикур яке аз маъруфтарин ҳакимони Юнони Бостон буда, дар соли 341-270 т.м. қабл аз мелод дар Самос ба дунё омадааст.

Дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои замонаш машғул шуда, таҳсилро дар мактаби Аристип, ки шогирди мустақими Суқрот буд, ба поён расонид. Дар солҳои 326 т.м ба Афина рафта, дар он ҷо боғеро харидорӣ намуда, мактаби худро таъсис дод.

Эпикур бо танқиди назарияи мусули Афлотун баромад намуда, таъкид кардааст, ки мақсади ниҳоии ҳаёти инсонӣ, лаззатгароӣ, яъне набудани машаққат (ранҷу азоб), худро дур гирифтан аз ранҷу азоб мебошад. Ҳаёти ахлоқии инсонро на маишат, балки ақл (хирад, оқилӣ) идора менамояд. Ақл дорои қобилияти интихоб кардани амалҳое мебошад, ки инсонро воқеан, ба хушбахтӣ расонида, ба рӯҳи ӯ оромӣ ва осудагӣ мебахшад.

Аз ин рӯ, Эпикур тафоввути миёни лаззатҳои тану нафсро ба миён гузошт, ки инсон бояд на ба лаҳзаҳои даргузар, балки ба ҳолатҳое афзалият медод, ки ба нафс бештар оромӣ ва таскин бахшида, ҳолати устувору пойдори хушбахтиро ба вуҷуд оварда метавонанд. Хушбахтиро ӯ дар мавриди ранҷу машаққат қарор надодани тан ва нафс, вуҷуд надоштани тарсу ҳарос аз сарнавишту марг медид. Фалсафа инсонро қабл аз ҳама аз бими тарси тақдиру марг, ки аз дағалию нодонӣ сар мезанад, раҳо менамояд. Ба даст овардани ҳолати таскину оромии нафс чизи муҳим аст, зеро дар ин ҳолат инсон аз хоҳишу орзӯҳои ҳарисонаю шаҳватона комилан озод мешавад. Эпикур, ба эҳсоси дӯстӣ ва ҳаловатҳои рӯҳонӣ баҳои баланд додааст, аз ин рӯ, ӯро аксаран намояндаи машҳури гедонизм (юнонӣ. hedone – лаззату ҳаловат) мешуморанд.

Аз Эпикур якчанд осоре боқӣ мондааст, ки муҳимтарини онҳо «Ҳикмат» ва «Навиштаҷоти фалсафӣ» мебошанд. Осори Эпикур 3 мавзӯи асосиро дар бар гирифтаанд: мантиқ, коинот ва ахлоқ (мувофиқи баъзе андешаҳо ӯ зиёда аз 300 рисола эҷод намудааст).

Эпикур пайрави фалсафаи материалистӣ буда, материя (моддиёт)-ро ибтидои коинотро медонист. Ӯ пайрави Демокрит буд, яъне кулли мавҷудотро иборат аз атом ва заррачаҳои хурди мутаҳаррики табиӣ (биззот) медонист. Ба андешаи Эпикур мавҷудоте, ки мо онҳоро арвоҳу худоён меномем, ба монанди дигар ҷисмҳо аз зарраҳои атомӣ таркиб ёфта, зарраҳои таркиби онҳо аз зарраҳои таркибии соири ҷисмҳо шафофтар ва латифтаранд. Азбаски пайдоиши ҷисмҳо натиҷаи интиқоли зарраҳо ва тасоддуму иттисолӣ онҳо ба якдигар аст, пас худоёнро на дар офариниши коинот ва на дар идораи ҳодисаҳои олам таъсире нест. Онҳо ҳеҷ гуна таъсир дар неку бадии олам надоранд. Аз ин рӯ, набояд ба хайри онҳо умед баст ва на аз шарри онҳо ба ҳарос омад ва ё ин ки аз тарси азоб ва ё ба умеди савоб онҳоро ибодат кард. Гуноҳу савоби ухравӣ аз ин маншаъ мегирад, яъне накӯкор аз аъмоли некаш хушҳол ва гунаҳкор аз ёдоварии гуноҳҳояш ғамгин мешавад. Рӯҳи инсон бошад, пас аз марги инсон бо ӯ мемирад ва монанди худи ҷисм ба заррачаҳои хурд мубаддал шуда, зарраҳояш дар таркиби ҷисмҳои дигар маҳлул мегарданд.

Ба андешаи Эпикур, маърифат ба 3 тарз ҳосил мешавад: эҳсос, истинбот ва ба тариқи асар.

1) инсон ҳодисаҳои ҷузъиро ба воситаи мушоҳида ва эҳсос дарк менамояд;

2) мафҳумҳои куллиро ба воситаи таҷриба ва такрори мушоҳида (тасаввур) ва ба хотир овардани чанд идроки мушобеҳ (монанд) истинбот мекунанд ва лаззату дардро аз осоре, ки дар нафс зоҳир мешавад, дармеёбад;

Эпикур андеша дошт, ки беҳтарини машғулиятҳо ҳикмат аст, вале ҳикмат бинафси (худ ба худ) ҳеҷ арзиш надорад, магар ки он воситаи таълим додани хушбахтӣ бошад. Хушбахтӣ низ ғайр аз дарки лаззату ҳаловат чизи дигаре нест ва он ҳам дар сояи оромии хотир ва осоиштагии қавм ҳосил мешавад;

Лаззат аз ду қисм иборат аст:

1) лаззати зудгузару олӣ. Ба монанди нафс, лаззати шаҳвонӣ (ки баъдан инсонро ранҷуру нотавон мекунад);

2) лаззати боқӣ (пойдор) ва устувор. Ба монанди лаззати рӯҳонӣ, ки доимӣ ва ҳам ба осонӣ ба даст меояд. Вазифаи ҳикмат бошад, дарки лаззати руҳонӣ аст. Он чизе, ки оромии хотир, яъне лаззатро аз байн мебарад, боварӣ ба мавҷудияти худоҳо ва арвоҳои бад аст. Пас, агар фалсафа инсонҳоро мутмаин созад, ки ба ғайр аз олами ҷисмонӣ олами дигаре нест ва дар он дунё такдире вуҷуд надорад, ки инсонҳоро маҳкум ба бадбахтӣ кунад ва инсон пас аз марг барои аъмоли худ ҳисобот намедиҳад ва азобу уқубате ӯро дар пеш интизор нест, пас хотирҳо оромиш ёфта, ба дарки лаззати рӯҳонӣ, ки дорои охирати саодатманд аст, ноил мегардад.

Фалсафа баёнгари ахлоқӣ ҳамида аст ва бояд муқаддимаи дарёфти лаззати воқеӣ бошад. Агар фалсафа дорои чунин хусусият набошад, монанди тиббест, ки аз беҳдошти саломатӣ ҷудо аст.

Ба ақидаи Эпикур, шуҷоат аз он хотир хуб аст, ки ба мо қудрати таҳаммули ранҷ ва бархурдорӣ медиҳад. Тақво аз он ҷиҳат нек аст, ки моро аз иртиқоб ба айшу ишрат (маноҳӣ) ва лаззати олӣ, ки дар охир дорои ранҷу азоб аст, боз медорад. Адолат низ аз он ҷихат нек аст, ки моро водор месозад, ки ба лаззати дигарон монеъ ва дигарон низ ба лаззати моро халалдор насозанд.

Хуллас, чун ҳақиқати пояи зиндагӣ ва некии олӣ лаззату ҳаловат аст, пас бояд лаззат меъёру мизони неку бад бошад. Яъне ҳар амале, ки моро ба сӯи лаззат роҳнамоӣ мекунад, фазилат аст ва баръакси он разилат ба ҳисоб меравад.

Ҳамин гуна, ки фалсафаи Эпикур лаззатро меъёру мизони неку бадӣ ахлоқи одамӣ қарор дода буд ва мардуми оммӣ гумон мекарданд, ки муроди Эпикур аз лаззат – лаззати шаҳвонӣ аст ва ногузир фисқу фасодро дар миёни онҳо ҷорӣ месозад. Аммо шогирдони ӯ медонистанд, ки мақсади Эпикур аз лаззат – лаззати рӯҳониву маънавӣ буда, назария ва андешаҳои ӯро дар шакли умумӣхулоса карда даст ба даст гардонида, онҳоро ҷиддан анҷом медоданд.

Шогирдонаш ба ифтихори ӯ ҳар моҳ ҷашн ороста, ҳар сол маҷлиси бузурге ба хотири ӯ барпо намуда, рафта-рафта ӯро ба дараҷаи худоӣ бардоштанд. Эпикур ба дӯстиву муҳаббати инсонҳо диққати ҷиддӣ медод. Аз хотири он, ки дӯстӣ сабаби муҳаббати байни одамон гардида, онҳоро барои ҳарчӣ бештар аз лаззат баҳраманд гардидан, равона месохт.

Эпикур пеш аз марг васият намуд, ки новобаста аз он сатҳи ахлоқи пасте, ки дар табақаи ғуломон дида мешавад, бояд нисбат ба онҳо меҳру муҳаббат зоҳир намуда, онҳоро гиромӣ доранд. Худи ӯ низ то охири умр бо ғуломон ҳамеша хушмуомила буд. Эпикур дар соли 270 то мелод дар сини 71 солагӣ аз бемории санги масона аз олам чашм пӯшид. Барои намуна чанде аз суханони ӯ оварда мешавад:

1) Худро бишносед ва дар зиндагии рӯҳии худ дар бораи лаззат биандешед ва аз дарду ғам дурӣ ҷӯед.

2) Чунон зиндагӣ кунед, ки аз тарс фориғ бошед.

3) Хирадманд касест, ки бикӯшад барои пайдо накардани душманон гумном зиндагӣ кунад.

4) Лаззате, ки дар бахшидан аст, дар ситондани он вуҷуд надорад.

5) Пас аз марги дӯстон онҳоро набояд фаромӯш кард.

6) Аз сиёсат, ишқ ва ҳар гуна фаъолияти шадид бипарҳезед.

Зиёева З.И.,

ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь