Воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки беэҳтиромӣ нисбат ба таърихи худ ва зуҳуроти табъиз бо таъсири Ғарб метавонад на танҳо ба фоҷеаи умумимиллӣ, балки ба бӯҳрони ҷаҳонӣ низ оварда расонад. Дар Тоҷикистон оё чунин тамоюл ба назар мерасад?
Тоҷикистон дар таърихи худ воқеаҳои сиёсии зиёдеро аз сар гузаронидааст ва сулҳи имрӯза низ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин сулҳ аз бисёр ҷиҳат муносибати тоҷикони имрӯзаро ба муноқишаҳои дохилии кишвар ва аҳаммияти ваҳдати миллӣ муайян кард.
Имрӯзаҳо дар рӯзномаҳо дар бораи падидаи босмачигарӣ кам мехонем. Онҳо дар ибтидои асри XX солҳои зиёд халқҳои Осиёи Миёнаро террор мекарданд. Босмачиён қариб 20 сол ба муқобили коммунистон мубориза бурда ва то соли 1932, яъне то замоне, ки роҳбари онҳо Иброҳим-бек дастгир ва парронда шуд, ҳаракати мукаммали партизанӣ ташкил карда буданд.
Босмачӣ – аз калимаи туркии «басмак» гирифта шуда, маънояш “ҳамла кардан”, “фаро гирифтан” аст. Босмачиёни Осиёи Миёна аз соли 1917 то соли 1932 фаъолона амал мекарданд.
Далелҳои зиёди мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки босмачиён аз ҷониби Англияю Амрико дастгирӣ меёфтанд, яъне аз онҳо ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷониби ташкилотҳои ҳарбии хориҷӣ кӯмак мегирифтанд. Мудохилаи ҳарбии Британияи Кабир ба Осиёи Миёна – як қисми нақшаҳои Антанта оид ба барҳам додани Республикаи Советӣ буд.
«Босмачиён ҳимоятгари дин нестанд, барои озодӣ мубориза намебаранд, онҳо меншевик не, балки дузду ғоратгар ва хунхорҳо мебошанд» – нависандаи халқии тоҷик Садриддин Айнӣ.
Ин ҷунбиш дар минтақаи собиқ Хонигарии Қӯқанд ба вуҷуд омада, бо мурури замон отрядҳои онҳо, ки шумораашон аз даҳ то чанд ҳазор нафарро ташкил медод, дар тамоми минтақа фаъолият мекарданд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани ҳокимияти Шӯравӣ, барқарор намудани Аморати Бухоро ва баргардонидани амир буд. Ин яғмогарон ҳамаи онҳоеро, ки ҳукумати навро дастгирӣ мекарданд, бераҳмона несту нобуд менамуданд. Босмачиён киҳо буданд? Дар байни онҳо амалдорони Аморати Бухоро низ буданд, ки мехостанд аз нав ба сари ҳокимият биёянд. Онҳо аз вазъияти душвори иқтисодии меҳнаткашон, бесаводии сиёсӣ, диндорӣ ва мутеъият дар назди роҳбарони қавму қабилаҳо истифода бурда, табақаҳои қафомондаи аҳолиро ба босмачигарӣ ҷалб мекарданд.
“Барои онҳое, ки мехоҳанд, дар кишвари мо ҳаёти кӯҳнаи замони аморат нигоҳ дошта шавад, босмачиён каҳрамонанд. Барои шахсе, мисли ман, ки мехоҳад ҳаёти озоду демократӣ дошта бошад, онҳо душмани халқи мо мебошанд” – доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов.
Босмачиён аҳолии бегуноҳро ғорат карда, мардумро, аз ҷумла занони ҳомиладор ва кӯдаконро бераҳмона ва ваҳшиёна ба қатл мерасонданд. Чунин рафтор, аз як тараф, мардумро маҷбур мекард, ки аз тарс онҳоро тарафдорӣ кунанд ва бо онҳо ҳамроҳ шаванд, аз тарафи дигар, бераҳмии бемислу монанди босмачиён ва надонистани усулҳои мубориза ба он оварда расонид, ки онҳо дастгирии ҳамқабилаҳои худро, ки аз ҷинояту хиёнаташон бохабар шуданд, аз даст доданд.
Ҳамчунин, маълум карда шуд, ки болшевикон бар хилофи босмачиён барои аҳолӣ имкониятҳои иҷтимоӣ муҳайё карда метавонанд. «Ҳокимияти Советӣ ба онҳо замин, барқ, маълумот, нигаҳдории тандурустӣ ва ба занҳо озодӣ дод. Иброҳим-бек бошад, танҳо кинаю адоват (нафрат) ва бадӣ мекошт», — мегӯяд муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов. Дар миёнаҳои солҳои 20-ум қисми зиёди босмачиён ба тарафи ҳокимияти Советӣ гузаштанд, ки он як падидаи муқаррарӣ гардид ва дар натиҷа бо кӯмаки Аскарони сурх заминҳои Тоҷикистон аз ин роҳзанҳо тоза карда шуданд.
Босмачиҳо худро муҷоҳид меномиданд, яъне иштирокчиёни ҷиҳод – ҷанги муқаддаси мусалмонон бар зидди кофирон.
Мавзӯи босмачигарӣ ва оқибатҳои ҳалокатовари ин ҷунбиш дар эҷодиёти адибони тоҷик, аз ҷумла дар навиштаҳои Садриддин Айнӣ, шеърҳои Лутфӣ ва Ҷавҳарӣ, романҳои Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Саттор Турсун, Ҳаким Карим ва бисёри дигарон ба таври васеъ ва амиқ тасвир ёфтааст. Далелҳои раднопазир дар бораи босмачиён на танҳо дар тадқиқотҳои олимони тоҷик, балки дар тадқиқоти олимони рус, ӯзбек, туркман ва англис низ оварда шудаанд.
Сарфи назар аз ин, пас аз пошхӯрии ИҶШС ва дар аввали солҳои 2000-ум баъзе ходимони ҷамъиятӣ кӯшиш карданд, ки босмачигариро ҳамчун як ҷунбиши қаҳрамононаи миллӣ-озодихоҳӣ ва Иброҳим-бекро ҳамчун муборизи роҳи истиқлолият нишон диҳанд, вале ин кӯшишҳо барбод рафта ва маълум гардид, ки андешаи азнавбаҳодиҳии ҳодисаҳои солҳои бист ва сиюми асри гузашта дар Тоҷикистон маъмул нест.
– Мақсади босмачиён барҳам додани Ҳокимияти Советии коммунистӣ дар тамоми қаламрави Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон буд, — мегӯяд доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов: “Онҳо мехостанд бо тарзи ақибмонда зиндагӣ кунанд, мо бошем аллакай ба марҳилаи тамоман нави тараққиёт ворид шуда будем. Дар замони аморат дар Тоҷикистон дар давоми ҳазор сол на ягон корхона, на як купрук, на як километр роҳ сохта нашудааст. Дар 50—60 соли Ҳокимияти Советӣ бошад, давлати нав барпо кардем. Бинобар ин, барои мо ин сохти давлатдорӣ муҳим аст ва мо онро дӯст медорем. Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯза – ин муқобилгузорӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ нест, балки идомаи он дар симои нав аст. Аз ин рӯ, барои мо босмачӣ, дар фаҳмиши иҷтимоии ин калима, ҳамеша душмани халқи тоҷик мемонад.
Дар фаҳмиши миллӣ бошад, ҳеч гоҳ босмачигарӣ бо тоҷикон ягон умумияте надошт. Роҳбарони босмачиён асосан намояндагони халқҳои туркзабон буданд. Бале, баъзе аз тоҷикони мо ба онҳо ҳамроҳ шуда буданд, вале ҳадафи аслии босмачиён таъсиси давлати туркӣ буд ва маркази онҳо берун аз Тоҷикистон қарор дошт. Пас, дар фаҳмиши миллӣ ин ҷунбиш бо мо ягон умумият ва ягон арзише ҳам надорад.
Ба назари ман, ҳамин гуна симоро ҷунбиши «Толибон», ки ҳокимиятро дар Афғонистон ғасб кард, дорад. Аз нигоҳи миллӣ онҳо асосан паштунҳо ҳастанд, дар фаҳмиши иҷтимоӣ бошад, ин ҷунбиш мавқеъи рӯҳониёнро ифода мекунад, на шаҳрвандиро. Босмачиён низ шиорҳои маънавӣ-динӣ доштанд, яъне гӯё динро ҳимоя мекарданд, вале дар асл қудратро ҳимоя мекарданд».
«Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби доираҳои хориҷӣ бо истифода аз қувваҳои гумроҳи дохилӣ ба сари кишвар таҳмил шуда буд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор сокинони кишвар, инчунин, фирор ва муҳоҷирати беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардид. Мо зери хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва фурӯпошии миллати тоҷик қарор доштем» – президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин бора нависандаи тоҷик Атахон Сайфуллоев низ чунин навиштааст: «Наход онҳое, ки босмачиёнро ба пояи қаҳрамонӣ мебардоранд, воқеан аз пайравони онҳо – муҷоҳидони солҳои 90-уми асри ХХ қаҳрамонҳои миллӣ созанд?». Воқеан ба назар аҷиб мерасад. Агар мо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки онро босмачиҳои навбаромад оғоз карда буданд, ба назар гирем, беш аз 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар маҷбур шуданд аз кишвар ҳиҷрат кунанд. Ҳамчунин, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, даҳҳо ҳазор хона вайрону валангор гардида ва зарари моддию молиявӣ қариб 8 миллиард долларро ташкил дод.
Хушбахтона, мардуми тоҷик ба шарофати кӯмаки Русия ва дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ташкили музокироти сулҳ миёни ҷонибҳо тавонист ба ҷанги бародаркушӣ хотима бахшад. Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон беназиртарин рӯйдод дар таърихи дипломатия ба ҳисоб меравад ва ин ҷанг бо гузашти даҳсолаҳо барои мардуми тоҷик, ки талош дорад, ба такроршавии ин ҳодисаҳо роҳ надиҳад, як фоҷиаи бузург боқӣ мемонад.
Мақомот ва аҳолии Тоҷикистон зуҳуроти табъиз, шовинизм ва натсизмро таҳаммул намекунанд. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ қонун бар зидди табъиз бар асоси миллӣ қабул карда шуд.
Имрӯз давлатҳои Ғарб кӯшишҳои зиёд доранд, боз як қабати таърихро, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои тамоми ҷаҳон муҳим аст, яъне таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро ба таври дигар бинависанд. Сохтакории рӯйдодҳо дар сатҳи давлатӣ як ҷузъи муборизаи геополитикӣ шудааст. ИҶШС-ро ба оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ айбдор мекунанд, инчунин, дар бораи нақши дувумдараҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ бар фашизм ҳарф мезананд ва дар китобҳои дарсии мактабҳои Ҷопон ҳатто навиштаанд, ки ИМА не, балки ИҶШС ба Хиросима ва Нагасаки бомбаҳои атомӣ партофтааст. Имрӯзҳо бошад дар кишварҳои назди Балтика ва Украина фашистон фаъолона амал карда, ёдгориҳоро мебанданд, ҳайкалҳои ҷанговарони советӣ – озодкунандагони Аврупоро вайрон мекунанд ва баръакс, ба шарафи дӯстони фашистон ҳайкалҳои ёдгорӣ мегузоранд.
Ғафур Шерматов мегӯяд: «Чӣ тавр таърихи худро нобуд кардан мумкин аст? Хоҳ бад бошад ё хуб, онро ҳамеша бояд ҳифз кард, зеро аввалин нишонаи ваҳшигарӣ – ин вайрон кардани ёдгориҳост. Новобаста аз он, ки бо кадом мақсаду нияти нек онҳо ин корро мекунанд — ҳамаи ин дар муқоиса бо хотираи инсон ва шукргузорӣ ҳеч аст. Онҳое, ки ин муҷассамаҳоро гузошта буданд, аз ҷумла сокинони кишварҳои назди Балтика, маҳз бо азми (нияти) нек амал мекарданд».
Соли 2022 Русия қатъномаеро дар бораи мубориза бо ситоиши фашизм ба Маҷмаи умумии СММ пешниҳод кард, ки дар он роҳ надодан ба тағйир додани натиҷаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва инкор кардани ҷиноятҳои зидди башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ тақозо гардидааст. Муаллифони қатъномаи мазкур ҳамчунин, истифодаи маводҳои таълимие, ки нажодпарастӣ, табъиз, нафрат ва хушунат бар асоси мансубияти этникӣ, миллат, мазҳаб ва эътиқодро таблиғ мекунанд, маҳкум менамоянд. Аз рӯи натиҷаҳои раъйдиҳӣ, 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба тарафдории ин қатънома раъй доданд.
Аҳолӣ ва Ҳукумати кишвар таърих ва хотираи ниёгони худро эҳтиром мекунанд ва корнамоиҳои каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро қадр менамоянд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 20 маҷмааи ёдгорӣ бахшида ба корнамоиҳои сарбозони шӯравӣ вуҷуд дорад ва рӯзи 9-уми май ба ҷуз аз маъракаҳои тантанавӣ дар қабристонҳо ва макони дафни сарбозон шанбегӣ гузаронида мешавад. Нигоҳубини қабрҳои ҷанговаронро дар саросари Тоҷикистон созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба ӯҳда доранд. Дар байни онҳо гурӯҳи «Хотира-201» дар назди Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо роҳбарии муаррихи низомии тоҷик Ғафур Шерматов низ ҳаст. Ӯ якҷоя бо ихтиёриён, ки дар байни онҳо аскарони рус, донишҷӯён, мактаббачагон ва дигар хоҳишмандон ҳастанд, дар давоми 10 сол ба ҷустуҷӯи ҷойи дафни сарбозони советӣ ва таъмири он машғуланд.
«Бо назардошти он, ки Душанбе шаҳре буд, ки шӯҳрати тиббии ҳарбӣ дошт (дар ин ҷо шумораи зиёди шифохонаҳои тахлиявӣ ҷойгир шуда буданд), барои ман пайдо кардани тамоми қабрҳои он сарбозоне, ки солҳои ҷанг дар ин ҷо дафн шуда буданд, хеле муҳим аст», – мегӯяд Ғафур Шерматов: “Эҳтимол, ин чиз дар мо аз таваллуд ба таври генетикӣ гузаштааст. Маро падарам ҷангида буд, дигареро бобову бобокалонаш, аз ин рӯ, хоҳиши беҳтару обод кардани ин хотира ва идома додани ин анъана дар хуни мо ҳаст, махсусан, дар одамони шӯравӣ. Фикр мекунам, ин хислат дар ҷавонони имрӯза низ ҳаст — яқин, бисёриҳо агар қабри ноободи сарбозеро бубинанд, ҳатман ягон коре мекунанд».
“Вазифаи асосии мо – ин нигоҳ доштани хотирот дар бораи корнамоиҳои қаҳрамононе, ки дар шароити хеле душвор ғалаба бар фашизм намуда, ба мо сулҳу осоиш, озодӣ ва истиқлолият оварданд” – роҳбари гурӯҳи “Хотира-201”, муаррих Ғафур Шерматов.
Таърихи Тоҷикистон аз воқеаву қаҳрамониҳо ғанӣ буда, ваҳдати миллии имрӯза бо роҳи душвор ба даст омадааст. Аз ин рӯ, дар кишвар анъанаҳо ва муҳаббат ба фарҳанги худ ҳамеша устуворанд. Вале кушодагии сиёсати хориҷии кишвар онро дар назди таъсири кайфият, фарҳанг ва арзишҳои ғарбӣ, ки барои тоҷикон комилан бегонаанд, осебпазир мегардонад. Кишварҳои ғарбӣ дар паи манфиатҳои худ талош доранд, нуфузи худро дар Тоҷикистон таҳким бахшанд, арзишҳои худро таҳмил кунанд ва рӯҳияи русофобиро ба вуҷуд оранд, ки ин дар минтақа хатари бесуботӣ дорад.
«Фикр мекунам, ки рӯҳияи зиддидавлатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Русия хеле заифтар аст. Зеро Русия чанд қадам пештар аз мо ба Аврупо наздик шудааст. Замоне буд, ки дар давраи ҳокимияти Горбачёву Елтсин дар Русия ба тамоюлҳои Ғарб ошкоро пайравӣ мекарданд ва таъсири ин иқдоми нодурусти зиддирусӣ то ҳол дар Русия эҳсос мешавад. Яке аз душвориҳои бузургтарин дар таърихи Русияи муосир он аст, ки рӯҳияи замони «Горбачев» ва «Елтсин» ҳоло ҳам давом дорад. Ва бо дидани он, ки роҳбарияти Русия барои озодии халқи рус, муттаҳид шудани тамоми халқу сарзамини рус мубориза мебарад, барандагони он рӯҳия ба ин кор ё халал мерасонанд, ё имконият намедиҳанд, ки ин ба амал ояд. Мо чунин рӯҳия надорем, гарчанде мо низ душманони зиёд дорем, вале онҳо барои дар ҷамъияти мо чизеро тағйир додан қудрати кофӣ надоранд” – мегӯяд профессор Иброҳим Усмонов.
Матлубаи Қодирзод