ҳдо ба Устод Абдуҷаббор Шоҳаҳмади СУРУШ, ба ифтихори фархундазодрӯзиашон)

Сароғоз:

«Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» – навиштаи Абдуҷаббори Шоҳаҳмад (А. Суруш), адиб ва донишманди тоҷик, дар шарҳу тафсири калимот, таъбирот ва баъзе аз абёти душвори ашъори Камоли Хуҷандӣ. Дар адаби форсу тоҷик ягона қомусе пиромуни шарҳу тавзеҳи осори Камоли Хуҷандӣ. Тартиби он мутобиқи алифбои кириллии тоҷикӣ ва ҳар луғату таркибу истилоҳи ашъори Хоҷа Камолуддин ба тартиби ин алифбост, мадхалҳо бо ҳуруфи форсӣ низ сабт шудаанд. Ҳамроҳи ҳар луғат, таркиб ё истилоҳ намунаҳое аз шеъри орифи баландноми Хуҷанд ба унвони мисоли шоҳид ироя гардидааст.

Бо мутолаъаи пешгуфтори ин асари арзишманд, бидуни ихтиёр ба ёдам пайкори нависандаи «Ғиёсу-л-луғот» – Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ, раҳмати Худованд бар равони поки эшон, расид, ки дар дусад соли пеш, пас аз 14-соли заҳмат, «Ғиёсу-л-луғот»-и машҳури худро (ҳовии ҳабдаҳуним ҳазор мақолаи луғавӣ) ёдгори мо гузоштанд. Адибу донишманди зубдаи мо, Абдуҷаббори Суруш низ, бинобар ёддошти ӯ, 22 соли умри азизро сарфи таълифу тадвини чунин қомусе намудааст, то саранҷом, алҳамдулиллоҳ, бори муроди худоро ба саломату саъодат ба манзили мақсуд бирасонад ва дастранҷи ин заҳамоти шабонарӯзию бевақфаи хешро манзури ҳаводорони адабу каломи ноб бинумояд.

Зоҳиран, ки муаллиф ишора кардааст, устод Суруш дар ибтидо қасд дошта, ки «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»-ро дар се ҷилд тадвин бикунад. Аммо як бахши он (шомили ҳуруфи А то М) соли 1996 мунташир шуда, сипас бо сабабҳои гуногун, чопи баъдӣ ба таъхир меуфтад. Ва соли 2015 ин асар ба таври ҷомеъ, дар ҳаҷми бузург (60х84/8), 731 сафҳа, бо теъдоди як ҳазор нусха аз чоп баромад.

Табъан, фоли неке будааст, ки дояи рӯзгор Абдуҷҷаббори Сурушро пас аз хатми дабиристон ба маҳди донише ҳамчун Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд мекашад, то ба фазли истеъдоди ӯву файзи дониши муфассиру андешаманди барҷастае ба мисли Абдуманнони Насруддин, модари фарҳанги форсӣ оббистани чунин қомус гардад. Дар ростои таҳсил донишу завқу салиқаву истеъдоди Суруши навраси донишҷӯ аз назари соҳибназарон ниҳон намемонад ва раҳмат бод бар бинишу ҳиммати олии ду соҳибфазли бо номи айём – устодони шаҳир Лоиқи Шераливу Абдуманнони Насруддин, ки бо камоли эътимоду ихлос ин шогирди соҳибистеъдоди хешро илқо мекунанд, ки барои адаби форсу тоҷик Фарҳанги Камоли Ҳуҷандиро таҳийя бинамояд.

Абдуҷаббори Суруш, ки хатмкардаи ин донишкада ва аз шогирдони намунаи устод Абдуманнон Насруддини равоншод аст, ин ҳамаро дар сароғози китоб бо самимийяту сипос менависад, ки маҳз бо дастуру роҳнумоии устоди донишмандаш, Абдуманнони Насруддин ба нигориши ин фарҳанг пардохт; вироиши дастхатту мошинчопи онро худи устод Насруддин анҷом дод. Ҳамчунин, дигар иршодгари беминнати ин амри хайр – устод Лоиқ Шералиро низ, ки бо таъкиди муаккад Абдуҷаббори Сурушро дар таснифу таҳияи чунин қомусе ҷомеъ ташвиқ кардаанд, барои «тасҳеҳи мӯшикофона» изҳори сипос кардааст.

Муҳтаво ва сохтори «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»

Ин фарҳанг шомили чаҳор бахш аст, ки аз сарсухан ва дебочаи нависандаи он (бо ду хат – ҳам кириллӣ ва ҳам форсӣ) оғоз шудааст. Дар бахши дувум, барои ошноии хонанда, ба таври фишурда аз сохтори фарҳанги мазбур ва равиши кори муъаллиф маълумот омадааст; ҳамчунин, китобномаи муаллиф дарҷ ёфтааст, ки ӯ беш аз 20 маъхаз, аз ҷумла, аз ҳашт девони Камоли Хуҷандӣ, чопҳои Тоҷикистону Эрон, дастнависҳо, фарҳангҳои муътамади форсӣ ва чанд асари дигар баҳра бурдааст ва зимни тафсиру ташреҳ саросари куллиёти Шайх Камолро (ҳудуди 8150 байт) ғавр кардааст.

Бахши севум, қисмати умдаи ин асар, ҳовии луғоти машруҳа мебошад. Дар бахши чаҳорум – «Охирсухан», ки низ бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ омадааст, Абдуҷаббори Шоҳаҳмад бо сипос аз Офаридгор, нигоштааст, ки пас аз 22 соли ранҷи бедорхобию хастагӣ, кори таълиф ба поён расид.

«Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» беш аз 16 ҳазор вожаву таъбирро аз ашъори Камол, бо шарҳу тафсираш фаро гирифтааст бо чунин сохтор: 1- тамоми вожаву таъбирҳои тавзеҳӣ ба тартиби алифбо ва бо ҳарфи бузург чоп шудаанд;

2- ваҷҳи тасмия ва мансубияти забонии вожаҳо оварда шудааст;

3- алфози дар навишт ҳамгун (омонимҳо) ҳар яке ба шакли ҷудо, бо рақамоҳи румӣ ишора ва маънидод шудаанд;

4- исмҳои хосс ва ашхоси таърихӣ дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба гунаи муфассал шарҳ ёфтаанд;

5- феълҳо дар шакли масдар оварда шудаанд;

6- шаклҳои ҷамъи форсӣ ва ҳам ҷамъи арабӣ ба чанд шева шарҳу маънидод шудаанд;

7- дар мисолҳо вожаҳое, ки бо иҳом ба кор бурда шудаанд, ба маънои наздик ва маънои дур ташреҳ ёфтаанд;

8- Абдуҷаббори Шоҳаҳмад, бо сабки Муҳаммади Муъин, дар нигориш поси амонатро риъоят кардааст, чунончи «АНДАКВАФО , андакмеҳр, камвафо, тунукмеҳр (таъбири Устод Лоиқ Шералӣ);…»;

9- бар иловаи тавзеҳот, нигоранда дар такмили маънову мафҳуми моддаҳои луғавӣ гоҳе ҳам «Тавзеҳ», «Ташреҳ» ё «Эзоҳ» меоварад, бад-ин гуна:

«ВАСЛА а. пораи матоъ, ки ба ҷои даридаи либос медӯзанд, пина, дарбеҳ. Тавзеҳ: Байти шоҳид аз нусхаи нодиру қадимаи дастхати девони Камоли Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи шахсии ҳофизи зиндаёд Маъруфхоҷа Баҳодури Румонӣ маҳфуз буд ва камина дар ҳузури эшон чанд рӯз онро мутолиа ва тафовутҳои баъзе ғазалҳоро рӯнавис кардам (тобистони соли 1993), ҳамчун шоҳид истифода шуд, зеро дар дигар нусхаҳои хаттиву чопӣ ба ҷои «васла» «пора» омада ва ягона шоҳид барои вожаи мавриди шарҳ ҳамин як байт аз як нусхаи қадимист. Андеша мекунам, ки шакли аввалин ва саҳеҳи байт шояд мисоли зерин бошад (А. Суруш).

Гар аз он доман бад-ин дарвеш васле мерасид,

Васлае медӯхтам ин ҷони порапораро».

«Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» аз рӯйи сохт ва сабки нигориш ба ду қомус, навиштаҳои Амон Нуров – «Фарҳанги осори Ҷомӣ» ва «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» наздик аст, аммо бо ин вижагиҳояш аз ин ду фарҳанг тафовут дорад:

1- «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» бо сабки содаву фасеҳ ва бо риъояти меъёри форсии адабӣ нигориш шудааст ва аҳли китоби форсӣ дар ҳар ҷое метавонанд аз он бо суҳулат бархурдор шаванд;

2- ин асар дар «маърифати ашъори Хоҷа Камолуддин низ созгор аст», зеро дар радифи шарҳи калимоту таъбирот, абёти душворфаҳми ашъори Хоҷа Камолуддин низ шарҳ ёфтаанд;

3- Камоли Хуҷандӣ аз шоирони мутасаввиф ва бештари ашъораш орифона аст, бар ин бино, дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» бештар аз 500 истилоҳи маъруфи ирфонӣ, ки дар осори Хоҷа Камолуддин омадааст, бо чандин байти орифонаи шоир шарҳ ёфтааст;

4- вожаҳое ки дар қолиби аруз дугона меоянд (ба мисли рӯй-руй, мӯй-муй, сӯй-суй, бӯстон-бустон, рӯфтан-руфтан, дурри маънӣ-дури маънӣ ва ғ.), дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» бар мабнои алифбои кириллии тоҷикӣ, ҳоли дугоники онҳо дар назар гирифта шудааст. Чунончи:

Дӯшам зи қибла рӯй сӯи осмонаш буд;

Ашкам зи дида сӯи дарат ҳам равона буд;

5- муаллиф шеваи луғатнависиро бо сабки шарҳнигорӣ ба ҳам омезиш додааст, яъне аз сӯе агар ба шарҳу тавзеҳи алфоз пардозад, гоҳе ҳам таваҷҷуҳи хонандаашро ба шарҳи абёт ҷалб кардааст.

Дар тавзеҳу ташреҳи муаллиф ҳамчунин беш аз сесад байти Камол, ки дар девони шоир пас аз баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ рух додаанд, ислоҳ ва ба шакли саҳеҳ манзур шудааст. Чунончи (аз китоби «Камоли Хуҷандӣ. Девон». Д., 1983) ин байт:

Қиёмат аст ба хубӣ рухат, ки дар вай зулф,

Ба ҷурм зери паре номаи сияҳ дорад.

Дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» ин гуна тасҳеҳ ёфтааст:

Қиёмат аст ба хубӣ рухат, ки дар вай зулф,

Ба ҷурми зербурӣ номаи сияҳ дорад.

Ё ки:

Дар кунҳи ту хотири яқин ҷӯй,(?)

Худро аҷамитар аз гумон ёфт.

(китоби «Камоли Хуҷандӣ. Девон». Д., 1983)

Гунаи ислоҳшудаи он дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»:

Дар кунҳи ту хотири яқинҷӯй,

Худро аҷамитар аз гумон ёфт.

Дар баъзе мавридҳо маъниҳои абёти мушкилфаҳми девони шоир ба тариқи фишурда, пеш аз байти шоҳид шарҳ ёфтаанд. Ҳамчунин калимаву табъбирҳое, ки дар онҳо иҳом ба назар мерасад, бо тамоми тобишҳои маъноияшон баррасӣ ва тавзеҳ шудаанд. Ҷумла, вожаву таъбирҳое, ки Шайх Камол онҳоро бо тобишҳои гуногуни маъноӣ ба кор бурдааст, дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» фароҳам омадаанд; бисёре аз ин алфоз аз сохтаҳои хосси худи шоир ба шумор меоянд: «мулавванҳавошӣ», «парвонаваш», «кабутарвор», «бастабархуд», «барсарӣ»,«сариаспӣ» ва ё таъбирҳои «пиёдаҳои сиришк», «чеҳраи шамъӣ», «шаҳи оҷӣ», «моҳиёнаи чашм», «об додани сӯзанҳои мижгон» ва ғ.

Қисмате аз «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» соли 1996 дар Тоҷикистон, ба истиқболи 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар Душанбе чоп шуд. Абдуҷаббори Шоҳаҳмад дар миёнаи солҳои 1999-2014, ҳамзамон, дар ростои таълифи «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ», ҳамчунин, аз миёни чандин нусхаи муътабар, тавонист, ки нусхаи нисбатан комилу камхатои Девони Шайх Камолуддинро ҷамъ оварда, мутобиқи сохтори девоннигории куҳан ва шомили куллиёти осори Камоли Хуҷандӣ, мураттаб созад, ки он зери унвони «Девони Камоли Хуҷандӣ» (соли 2015) бо ду хат – форсӣ ва кириллӣ чоп шуд. «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» бо ин муҳтавою банду басти илмиву адабӣ, ки аслан дар силки луғат ва гоҳе ҳам бо риволи донишномаӣ тасниф ёфтааст, ҳамчун як қомуси ҷомеъи муъосир дар таълифу таҳияи фарҳангҳои ашъори дигар адибон ё барои таҳияи фарҳангҳои вижае дар доираи ашъори Камоли Хуҷандӣ аз манбаъҳои хуби таълифу таҳия ба шумор меравад.

Ба ҷойи поённома

«Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» бо дастгирии раиси онвақтаи устони Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Қодирӣ мунташир шудааст (с. 2015). Аммо ин қомуси муътабар дар доираҳои илмию адабию маърифатии чӣ устони Суғд ва шаҳри Хуҷанд – зодгоҳи Хоҷа Камолуддин ва чӣ пойтахт – Душанбешаҳр, то имрӯз мавриди арзёбии томму тамом нашудааст. Дар ҳоле ки воҷиб аст, АМИ Тоҷикистон, вазоратҳои муътабари кишвар – Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин асари арзишманду нодир бевосита таваҷҷуҳ мекарданд ва онро ба таври муносиб баҳои сазовор медоданд. Дар ҳоле, ки Аддуҷаббори Суруш – адибу олими мо, бидуни ҳич иддио, ба посдории равони поки Хоҷа Камолуддини Хуҷанд, бо лаббайк ба пешниҳоди устодонаш Лоиқ Шераливу Абдуманнони Насруддин иҷрои ин амали хайрро воҷиб дониста ва шойиста ба шаъни яке аз бузургтарин адиби барҷастаи адабиёти шукуҳманди форсу тоҷик, Хоҷа Камолуддини Хуҷанд ба анҷом расонидааст.

Пайки Хоҷа ва паёми Суруш

Хоҷа Камолуддин, раҳмати Ҳаққ ба равони эшон, ин гуна мефармоянд:

Азбаски дӯш бар дари ту дида дур (р) фишонд,

Бастем ҳалқа гирди дарат аз дури дарӣ!

Ва Абдуҷаббори Суруш мисле дар посух ба ин пайки фаррух, қомуси худро бо ин паём ҳусни анҷом бахшида: «Ин фарҳанг моликияти зеҳнии мардуми тоҷику афғонистонию эронист ва тамоми форсизабонон ба он ҳуқуқи яксон доранд. Аз ин ҷост, ки дар ҷараёни нигориши фарҳанг камина аз забони сода ва ба ҳамаи форсизабонон фаҳмо истифода кардам, то дар Афғонистону Эрон низ дар интишори он мушкилот падид наояд.

Умедворам, ки кори ин хоксор дар роҳи шинохтани шеъри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва фаҳмиши ашъори шоирони гузаштаи мо ба аҳли забон, андаке ҳам бошад, ба кор меояд.

Худованд забони биҳиштии моро неруманд, шево ва зинда нигаҳ дорад! Омин!» («Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ», саҳ. 731).

Обидҷон ШАКУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь