Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар ҳар давру замон сулолаҳои мухталиф дар дигаргун сохтани як ҷомеа саҳми калон гузошта, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва мадании на танҳо як халқият, балки дигар қавмиятҳо низ нақши муҳимро мебозанд. Ин гуна хонадон ва сулола, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ бо илму фарҳанг ва ба майдон баровардани донишмандони оламшумул, олимони забардаст, нобиғаҳои бузург, шоирони нотакрор хизмати шоён намудааст, хонадони оли Сомон мебошад. Ин хонадон бо бунёди давлати хеш бо номи Сомониён дар масири пуртакомули таърих миллати мутамаддини тоҷикро аз зулму асорати арабҳо озод намуда, онҳоро дар як ҳудуди муайян муттаҳид гардонид ва тавассути ин миллати некном тамаддунеро офарид, ки мислаш назир надорад ва бо туфайли онон илму фарҳанг, адабиёт, санъат, мусиқӣ ва ғайра ба авҷи баланди худ рушд намуда, ба тамаддуни ислом ранги хоса бахшиданд ва ҷаҳониён имрӯз аз ин сулола ифтихорманданд. Дар ин маврид яке аз донишмандони аврупоӣ Бил Дюрант чунин изҳори баён менамояд: “Давлати Сомониён тамаддуни исломро ба авҷи аъло расонид. Аврупо аз кишварҳои исломӣ ва бештар аз давлати Сомониён рушди ҳаёт, ахлоқ, адабиёт, тиб ва фалсафа, тарзи омада намудани ғизо, доруву даво, низоми хонаводагӣ, адабу фарҳанг ва саноату тиҷоратро омӯхтааст. Донишмандони аҳди Сомонӣ дар бахши риёзиёт, нуҷум, кимиё ва улуми табиӣ пешрав буданд ва онҳоро ба дараҷаи баланди рушд расониданд. Онҳо таълимоти Арастуро дастраси Аврупо намуданд. Андешаҳои Пури Сино ва ибни Рушд, ки зодаи Машриқзаминанд, бо нури хирад Аврупоро мунаввар карданд”.
Қобили зикр аст, ки хонадони оли Сомон, ки имрӯз ифтихори мо тоҷикон аст, тамоми сарзаминҳое, ки дар он миллати тоҷик мустақар буданд, дар атрофи як марказ муттаҳид гардонида, хизмате арзандаеро дар ҳаққи ин миллати соҳибнасаб анҷом доданд. Амирони ботадбиру дурандеши ин сулола, аз қабили Исмоили Сомонию Наср ибни Аҳамад барои беҳбудии халқ ва муҳофизати кишвар тамоми тадбирҳои оқилонаро андешиданд ва бад-ин кор муваффақ низ шуданд. Ҳатто Низомулмулк дар хусуси як хислати неки Исмоили Сомонӣ дар асари хеш “Сиёсатнома” чунин нигоштааст, ки касро ба ҳайрат меорад: “Ва ҳамин Исмоилро одат чунон будааст, рӯзе сармои сахт буду барф меборид, танҳо дар болои асп нишаста ба майдони шаҳр меомад ва то пешин меистод. Ва мегуфт: “Мазлуме, ки шояд хона надошта бошад ва ба узри сармою барф маро дар хона бинад ва ба ман расидани ӯ душвор бошад ва чун бубинад, ки дар ин ҷо ташриф дорем, ҳоҷати худ бигуяд”. Аз ин гуфтаҳо бармало маълум мегардад, ки дар шахсияти Исмоил беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ нуҳуфтааст. Бояд гуфт, ки профессор Усмонҷон Ғафоров дар яке аз асарҳои худ ҳамаи кору пайкори Исмоили Сомониро бо академик Бобоҷон Ғафуров қиёс намуда, онҳоро монанд арзёбӣ мекунад, аммо бояд қайд сохт, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, тарзи оқилонаи давлатдорӣ, хизматҳои шоён баҳри ободии кишвару ғамхориҳои зиёди нисбат ба мардум анҷомдодаи ин ду чеҳраи фурӯзони миллат, имрӯз дар кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармало мушоҳида мешавад.
Қобили зикр аст, ки бешубҳа яке аз сабабҳои аслии нек ва ҷовидон мондани номи хонадони Сомониён дар масири пурпечу фарози таърих маҳз ба туфайли нақши арзанда гузоштани ин сулола дар таъриху тамаддуни халқҳои Шарқ маҳсуб меёбад. Чи тавре ки донишманди бузурги эронӣ Саид Нафисӣ барҳақ, қайд месозад: “Силсилаи маъруфи Сомониён, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр салтанат карданд, давраи шукӯҳу азамати ин сарзаминҳоро оғоз бахшиданд. То кунун мисли ин силсилаи хирадпарвар ҳеч хонаводае ба шаҳриёрӣ нарасидааст, ки монанди Оли Сомон сиёсати нажодиву миллӣ дошта бошад”. Дар воқеъ, сиёсати оқилона ва хирадмандонаи сулола оид ба озодиҳои фикрӣ ва муносибати начандон тезу тунди онон бо дигар мазҳабҳову ҷараёнҳои динӣ боиси рушди инкишофи илму адаб гардида буд, ки дар ин маврид олими забардасти Эрон Забеҳулло Сафо чунин таъкид намудааст: “…дар дарбори шоҳони Сомонӣ афроде аз мазоҳиби гуногун монанди мазҳаби аҳли суннат, шиъа, дини зардуштӣ, исавӣ бо ниҳоят озодии ақида ва масъуният зиндагӣ ва кор мекарданд ва ҳеч кас аз ҳайси ақоиди илмӣ, динӣ ва мазҳаби дучори тазйиқоте (фишору таъқибот- С.М.), ки дар давраи Ғазнавӣ ва Салчуқӣ пеш омад, набудааст ва ин амр чунон ки медонем аз муҳимтарин асвоби ривоҷи илм… ва улуми ақли метавонад бошад ва аз ин ҷост, ки метавон гуфт давраи Сомонӣ давраи равнақи адаб ва илм ва асри озодии афкор ва камоли тамаддуни исломӣ дар Эрон (Хуросону Мовароуннаҳр-С.М.) аст”.
Сомониён ба дарбор шоирону насрнависон ва олимонро ҷалб карда, ба онҳо имтиёзҳо медоданд ва маҳфилҳои илмиву адабӣ, ба мисли “Ихвон – ус – сафо” ташкил мекарданд, ки бешак дар инкишофи илму адаб нақши муассирро мебозид. Бо туфайли ҳамин гуна шахсиятҳои илмдӯст асри IX-X давраи нашъунамо ва гулгулшукуфои маданияти халқи тоҷик гардид. Аз ҳар гушаву канорҳои кишварҳои Шарқи мусулмонӣ олимону адибон ва умуман, арбобони намоёни илму фарҳанг сӯи Мовароуннаҳру Хуросон мешифотанд, зеро дар ин ҷо барои кори эҷодии онҳо шароит муҳайё гардида шуда буд. Дар баробари ин, мавҷудият ва фаъолияти китобхонаи “Савонеҳ – ул- ҳикмат”, ки дар ин ҷо нодиртарин китобҳо нигоҳдорӣ карда мешуд, аз бузургиву азамати Оли Сомон гувоҳӣ медиҳад. Ҳатто Абӯалӣ ибни Сино дар хусуси ин китобхона нигоштааст, ки “Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт… ва ман феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ҳатто, номи он бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунин ҷамъомади китобҳоро дар ҳеч ҷой надидам”. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар ҳақиқат нодиртарину ноёбтарин китобҳо дар ин китобхона маҳфуз будааст.
Сомониён дар таърихи халқи тоҷик хизмати бузурге намудаанд. Бо туфайли онон забони форсӣ – тоҷикӣ ба забон давлатӣ табдил ёфт ва акнун шоирону адибон ва олимону донишмандон метавонистанд бо ин забон асарҳо офаранд. Ба забони тоҷикӣ назм хеле тараққӣ кард, ки инро дар мисоли эҷодиёти асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ метавон мушоҳида намуд.
Бояд қайд намуд, ки инкишофи босуръати илм ва ба камол расидани олимони забардаст дар даврони Сомониён халқи тоҷик ба ҷаҳониён олимони энсиклопедистро дод, ки дар инкишофи тамоми риштаҳои илмҳои замони худ нақши барҷастаеро бозидаанд. Аз қабили инҳо Абунасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ мебошанд, ки аз ҳар яки онҳо ҷаҳониён меболанд.
Ҳамин тариқ, бояд зикр намуд, ки дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён Мовароуннаҳру Хуросон ба марказҳои муҳими илму фарҳангӣ табдил ёфта буд. Илму фарҳанги тоҷикон тавассути он бузургони тоҷик дар тамоми Машриқу Мағриб густариш ёфта, дар ҳаёти халқиятҳои мухталиф, хосатан Аврупоиҳо мақому мартабаи баландро соҳиб гашт. Дар ин давра шоирони бузурге, ба мисли Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқию Робиаи Балхӣ ва дигарон ба майдон баромаданд, ки назм ва забони форсӣ – тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтанд. Бо супориши амирони хирадманд ва вазирони донишманди сомонӣ осори гаронмояи таърихию адабӣ ва фарҳангии миллати қадимаи тоҷик, ки бо забонҳои паҳлавию форсии қадим навишта шуда буданд, ба забони форсӣ – тоҷикӣ баргардон шуданд ва онҳоро аз вартаи нестшавӣ наҷот доданд. Бо туфайлии онон миллати тоҷик муттаҳид гашта, забони форсӣ – тоҷикӣ забони расмӣ – давлатӣ гардид ва бояд тоҷикон имрӯз аз ин хонадон ифтихор кунанд ва ба онҳо арҷгузор бошанд, зеро ки тоҷикон, чи тавре ки профессор Иброҳим Усмонов иброз медорад: “…бо шарофати хонадони Сомониён ба ҳам расиданд ва ин ба ҳамрасӣ чун ба ҳамрасии офтобу замин накҳату ниҳолҳоро руёнд, ки он боғро чун чамани пурфайз машҳури атрофу акноф кард ва самари ин райҳону дарахтон ашъору осори адибон ва олимони бузург, эҷоди расомону ромишгарон буд” ва бо туфайли хизматҳои шоёни ин сулола бешак тоҷикро, ки дар гузашта бо номи сарзаминҳояшон суғдию бохтарӣ, хоразмию сакоӣ ва дигару дигар мегуфтанд, дар асл тоҷик кард.
Хулосаи калом, он аст, ки хонадони Оли Сомон дар таърихи халқи тоҷик бо тамоми тадбирҳои дурандешона ва оқилонаи хеш нақши муҳимро аз худ барҷой гузошт ва имрӯз ҳам баъзе кору пайкори онҳо, хусусан тарзи оқилонаи давлатдории онҳо дар идоракунии давлатдории миллии мо тоҷикон ба назар мерасад. Миллати кӯҳанбунёду тамадуннофари тоҷик бояд имрӯз аз ин гузаштагони худ ифтихор намоянд ва ҳарчӣ бештар таърихи пурғановати хешро омӯзанд ва ба он арҷ гузоранд, зеро чи тавре академик Бобоҷон Ғафуров иброз медорад: “Таърихи пурғановат, ки пурпури қаҳрамониву муборизаҳои беамон бо истилогарони аҷнабию асоратгарон аст, рӯҳи халқро ба бадбинии сӯзанда даъват ва тарбият менамояд, ӯро ба сӯӣ садоқати бепоён ба Ватан, омодагӣ ба ҳар нав азхудгузорӣ барои ҳимояи вай ва ҳатто фидосозии ҷони азизи худ барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлол, раҳнамуд мегардонад”.
Бояд гуфт, ки барои боз ҳам ҷовидона мондани номи хонадон Оли Сомон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтани онҳо соли 1999 бо ташаббуси Ҳукумати кишвар, хосатан бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1100-солагии давлати Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд ва миллати тоҷик ҳамчун соҳибони ин давлат ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Самандар МАҲМАДАМИНОВ,
донишҷӯи ДМТ