Таърихи башарият ҳаводиси хунину даҳшатбору даҳшатзоеро дар саҳфаҳои худ фарогир аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҷумлаи чунин фоҷеабортарини ҳаводисҳои даҳшатзо маҳсуб меёбад. Дар он давраи барои Иттиҳоди Шӯравӣ вазнинтарин дар деҳот масъулияти аз ҳама вазнин дар оқибгоҳ ба души роҳбарияти мақомоти гуногун аз ҷумла, советҳо (сафарбаркунии аҳоли ба фронт) ва раисони колхоз (таъмини фронт бо озуқа) гузошта шуда буд. Дар ин гузориш мо дар бораи рӯзгори деҳотиёни Дарғу Каздон ва хоса, яке аз он фарзандони нангбардори болооби Зарафшон – Сайидмирову ҳаммаслаконашон, ки бо тамоми масъулият дар оқибгоҳ миссияи шаҳрвандияшро сарбаландона, садоқтмандона ба анҷом расонидаанд, таваққуф намоем.
Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.
(Соиб)
Дарғ яке аз қадимтарин деҳаҳои Бутамони миёна (Бутамон номи қадимаи води Зарафшон аст, ки он шакли тағйирхурдаи номи зодаи ин водӣ – пайёбар Зардушт Ашуи Испитамон (Бутамон-Испитамон) манша мегирад), маҳсуб меёбад. Ба қадима будани ин мавзеъ мавҷудияти сангкатибаҳои бо петроглифҳо, хати паҳлавию мехӣ, хатти форсии дар тахтасангҳо ҳаккокишуда, номҳои қадимаи куҳу дараҳо бозгӯянд. Ҳамзамон, ба ин оташкадаҳои валангоршуда фарози Миёнтудаю, Гардани масҷид, ки то омадани арабҳо аз деҳаҳои атроф ҳар ҳафта мардум бо ҳам омада, оинҳои дини бобоиро ба анҷом мерасониданд, гувоҳи медиҳанд.
Мавқеи ҷуғрофии Дарғу Каздон имкон медоданд, ки тавассути пайроҳаҳои чаҳор ағбаи ин куҳандиёр: ағбаи Фарзод, ағбаи Мунҷг, ағбаи Такапар ва ағбаи Каздон тоҷирон аз шаҳрҳои Суғдмарз ва хоса, Истаравшану Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои води Фарғонаю Намангон, ба марказҳои тиҷоратии бахши ҷануби мамлакат Водии Ҳисору Хатлону Вахшу Қӯбодиён ва бо ин васила, то ба Хуросону (Афғонистон) Ҳиндустон сафариён тиҷорати хешро раҳандозӣ менамуданд. Дарғиён табиатан, аҷнабиёнро қабул надоштанд ва ҳамеша ба ҳама гуна ҷунбишҳои алайҳи аҷнабитаборон нигаронидашударо дастгири мекарданд ва бар зидди онҳо қиём мекарданд. Ба ин дасхатҳои дар пӯстлохи бед ҳаккокишуда, мавзеи Мадми ноҳияи Айнӣ бозгӯянд, ки замоне, Деваштичи азим алайҳи аҳдшикании арабҳо (арабҳо зимни омадан ваъда карда буданд, ки баъди 100 сол, мераванд) муқовимат оғоз намуд, дарғиён ин амали қаҳрамононаю ҷавонмардонаро пурра дастгирӣ намуданд. Онҳо барои дастгирии Деваштич на ин ки фарзандони худро сафарбар менамуданд, балки галаи аспон, маводҳои ғалладонаю чорвои худро низ пайгирона мефиристоданд.
Ин дафъа низ замоне, ки Германияи фашистӣ алайҳи давлати СССР аҳдшиканона ҳуҷум намуд, дарғиён на ин ки яккаписарҳои худро ба ҳимояи модар- ватан сафарбар намуданд, балки барои бо маводи ғизогию пӯшока таъмин намудани фронт ҳамарӯза заҳмат мекашиданд. Дар ин марҳилаи ниҳояд вазнин роҳбарии заҳматкашони Дарғи Бутамонро Сайидмиров ном коммунист (маркисист-ленинчӣ) бар душ доштанд.
Саидмируф соли 1909 дар хонадони авлоди нуфузманде қадам ба олами ҳасти ниҳодаанд. Номбурда ба мисли падару бобоҳои худ марди чашми кордону ташкилотчии нотакрор ба камол расиданд. Қобилияти фавқулоддаи ташкилотчигӣ, ҷасурию меҳнатдӯстии Нарзулло, ки баъдтар бо фамилияи Сайидмиров дар болооби Зарафшон эътироф шуда буданд, аз давраи ҷавониашон маълум буд. Ӯ соли 1929 ба сафи Ҳизби Комунистӣ дохил шуда, тобистони соли 1933 бо фармони партия таҳти роҳбарии ӯ шонздаҳ нафар асилмардони Дарғ: Муло Шодӣ, Устошариф, Сафари Одина, Арбобсафар, Раҷаби Устонадир ва ғайраҳоро барои сохтмони канали Чубейк ба води Хатлон сафарбар шуданд.
Партия ва ҳукумати Шӯравӣ ба роҳбари ин гӯрӯҳи шонздаҳнафара Сайидмировро бо ифтихорномаи Президуми Шӯрои Олӣ қадршиносӣ намуд. Ин ифтихорномаро ҳайати 16 нафараи дарғиён бо роҳбарии Сайидмиров зимни бозгашт ба зодгоҳ ба идораи райком пешниҳод намуданд, ин асосе барои минбаъд дар корҳои роҳбарикунанда аз тарафи ҳукумати Заҳмадобод пешниҳод намудани Сайидмиров асос гардид.
Қаблан дар деҳаи Дарғ бошад (аз соли 1933) ҷамъияти рафиқонаи коркарди замин дар ҳузури 8 нафар: Азизи Боқӣ, Каримов Расул, Шайхов Муродина, Гули Надир, Хуҷаи Ниёз, Сафаров Бадал, Қурбонов Устонадир ва Сайидмиров Нарзулло ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Соли 1936 ин ҷамъият ба хоҷагии коллективӣ (колхоз) табдил шуда, роҳбарии он ба уҳдаи Сафаров Бадал ном комунист гузошта шуд. Баъзе аз қавмгароён (ба вижа Қурбони Восе) бинобар решапайвандӣ бо Сафаров Бадал матни китоби Ҷ. Ҳасан “Қомуси диёри мардуми сарбаланд” ва Китоби Б. Аюбов “Таърихи таъсиси мактаби Дарғ” бо салоҳдиди худ барқастона дигар карда, қимати ҳар ду асарро коҳиш додаст. Ӯ Бадалро асосгузори сохти колхозӣ номидааст, ки ин андеша бар хилофи низоми “хоҷагии коллективӣ” буда. Асосгузори сохти колхозӣ на як кас, балки ҳамаи он нафароне, ки дар боло зикри номашонро раво дидем, маҳсуб меёбанд!
Бо пешниҳоду дасгирии кули коммунистон номзадии Сайидмиров ба вазифаи раиси пешбарӣ гардид. Дар ибтидо Сайидмиров пешниҳодро рад намуда, таклиф намуданд, ки ба ин вазифа марди чашми кордон Муродинаи Шайх интихоб карда шаванд. Аммо Муродинаи Шайх, Одини Шариф, Хуҷамурод, Саъиду дигарон зимни суханрониашон зикр намуданд, ки мо “мутмаинем, ки дар ҳоли ҳозир дар ин вазифа танҳо Сайидмиров аз уҳдаи раисӣ мебарояду халос”. Ахиран, дар натиҷаи машварату гуфтугӯиҳои зиёде ва якмаромии ҳамаи комммунистон ва ширкаткунандагони маҷлис рафиқ Сайидмиров Нарзулло раис колхоз интихоб мешаванд. Ба боварии комунистон сазовор гаштани Сайидмиров амали тасодуфӣ набуд. Ӯ марди дорои як чанд хислатҳои неки инсонӣ: ҷонсӯзи молу мулки ҷамъиятӣ, меҳнатдӯстӣ, фурутанӣ, ҳалолкорӣ, раиятпарварӣ, принсипнокӣ, марди сахтгиру ҳамзамон бисёр раҳмдил, пуштибони сағираву беваву бечора ва аҳли заҳмат, соҳиби ору номуси баланди диёрдориву ватандорӣ ва аз ҳама мӯҳим марди бар нафси худ ғолиб будаанд. Номбурда бар зидди амалкарди мансабдорони қабли, ки заминҳои фуқароро аз худ намуда, аз ҳисоби боғоташон барои худ кошона бунёд намуда буданд, қабул надошт ва ҳайёташон дар кулбаи фақиронаи бобоӣ, ки дар сари ҷари селроҳаи деҳа воқеъ гашта буд, паси сар намуда буд. Эшон аз ашъори уламою удабои форсу тоҷик бархурдор буда, аз ҳикмати бузургони сухани форсу тоҷик бахусус Саъдӣ, ки барҳақ фармуда: “Агар сарвар донаи гандумеро аз хазина бо сӯистифода аз вазифа аз худ кунад, зердастон хазинаро ба ғорат хоҳанд бурд”андарзи ҳайётӣ бардошта буд. Панду насиҳатҳои падару тағояшон- Маҳадшариф дар ҷодаи ҳалолкорӣ, покзамирию раиятпарварӣ дар ниҳоди Сайидмиров маъво гирифтаю ҳамсафари якумраи ӯ гардида буданд.
Дере нагузашта, дар маҷлиси якҷояи колхози “Аскари сурх”-и Каздон ва “Милитсияи сурх”- и Дарғ якҷоя карда шуда, Сайидмиров бо дасраси ба раъйи 100% – и аҳли заҳмат раиси колхоз интихоб шуданд.
Дар маҷлиси муштараки заҳматкашони ду деҳа ба ҳайати роҳбарӣ Гули Шодӣ (муовини раис), Давлати Ҷуназар (муовини раис), Хуҷаи Ниёз (раиси шӯрои ҷамоати Рарз-мушовир), Сайидов Сайидмурод (сарбухгалтер), Сафаров Бадал (раиси комиссияи тавтишотӣ), Каримов Юнус (суратҳисобчӣ), Одинаи Шариф (раиси хоҷагии ҷангали ноҳия-мушовир), Сафари Одина (бригадирии гузари седодарон), Ҳусейни Сафар (бригадири гузари Пордар), Қудрати Мирзошариф (бригадири гузари Ҳавлии миёна), Обиди Ниёзбоқӣ (бригадири Боло), Шодии Дилшод (бригадери Каздон), Зубайдов Наҷот (ҳамчунин, бригадери Каздон), Қурбони Мирзо (раиси хошок), Устораҳими Назар (мудири фермаи чорвои шохдор), Одини Шодӣ (мудири фермаи чорвои майда) – интихоб шуданд. Ин ҳайат масъулияти баландтарини хоҷагидориро бар душ дошта, барои бунёди ҷамъияти коммунистӣ бо тамоми ҳасти ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аммо оғози ҷанг ба нақшаҳои тарҳрезанамудаи ин гуруҳ зарбаи ҷонкоҳ зад. Ба аҳли заҳматкашони деҳа ва хоса роҳбарияти колхоз зарурат пеш омад, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи меҳнатӣ, рӯзи кори 14-16 соата гузаранд. Зеро ҷанг қонуниятҳои худро дошта, шиор: “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба”, барои тамоми мардумӣ Шӯравӣ ва ҳамчунин, дарғиён дар мадди аввал меистод.
Аз шӯъбаи корҳои дохилӣ ноҳия Бобоев корманди милитсия ба ҳайси шахси масъули намояндаи корҳои дохилӣ сафарбар шуда буд, ки хабарномаи комиссириати ҳарбиро ба шахсони даъватӣ расонда, онҳоро оҷилан ба хизмати ҳарбӣ равона менамуд.
Агар имрӯз ба Дарғ гузоратон афтад, бо чашми сар мебинед, ки тамоми кӯҳу дара, ва тамоми мавзеи нисбатан хокрез, қитъаҳои ниҳояд сершумори заминҳои лалмӣ пеши назар меоянд, ки ҳамаи ин қитъаҳои заминҳои лалмӣ (ҳазорҳо гектар) аслан аз соли 1940 то 1946 ва қисман солҳои паси ҷанг, кушодаю аз худ карда шуда, кишт мешуданд. Имрӯз боварии кас намеояд, ки сокинони ин ду деҳа тавассути меҳнати дастӣ чунин мавзеҳои қаблан даснорасро истифода намудаанд.
Ана дар ҳамин давраи ниҳояд вазнин барои нигоҳдории маводҳои ғалладонагӣ дар Дарғ ва Каздон анборҳои махсус ва ҳамчунин, чунин иншоотҳо дар мавзеи Ғазза, Фарзод низ бунёд карда шуданд. Агар дар давраи раисии Бадал сохтмони як анбор шурӯъ гардида, дар заминҳои Мумин комплекси гараҷҳои нигоҳубини чорво (аспон ва барзаговҳо) бунёд шуда буданд. Дар давраи раисии Сайидмиров ҳудуди сад адад, иншоотҳои гуногун барои нигаҳдории хошок ва биноҳо (аз ҷумла, дар Дашт, Муртун, Сиёғун, Ремак, Ғазаи поёну боло, Дашти девӣ, Потувет, Қарғоб, Искидарғ, Хаволи Офторӯю соярӯ, Ғудиф мавзеи тобистонаи ниғоҳубини чорвои ширдеҳ дар Неҳун, Фарзод ва дар Каздон дар худи деҳа, мавзеи Даҳанаи ҷар, Себеда, кандаи Асптоз, даҳанаи Пунвир ва овулҷои Лулиюн) барои нигоҳдории чорвои шохдору майда, маркабхонаю (70 сар) Аспхонаҳо дар давраҳои гуногуни мавсимӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шуда буданд.
Дар бунёди ин иншоотҳо саҳми устоҳои чубдаст: бахусус, Усто Сафару усто Шариф, Устои Ғаффуру Мирзои Мулошариф, Мулонадиру Сафар Авезов ва дигарон ниҳояд калон буд. Дар сохтмони ин биноҳо саҳми Давлату Ҷумъаи Сафар, Давлати Раҷабу, Қурбони сағира, бобои Надирбоқию Бобои Озода, Муло Бердию, Шарифи Ҳофиз, Шарипов Ҳамдаму Авези Сангин, Одинаи Азизу Наврӯзи Ниёз, Шодӣ Мирёқибу Муло Ҳочӣ, Ҷураю Давлати Мирзораҳим, Мулошодию, Давлати Сафар, Сафари Мусофиру Муло Болту, Мулоалию Сайидаҳмат, Раҷаби Устонадиру Ёри Қурбон ва даҳҳо дигарон (ёдашон бахайр бод) бағоят азим буд. Ҳамаи ин иншоотҳо бо қувваю ғайрати дарғиёну каздониён сохтаю ба истифода дода шуда буданд.
Аз колхози Аскари Сурх танҳо солҳои 1941-1945 ба фронт наздикии 1000 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 2 тонна ғулинг, 6 тонна равғани зағир, 32 тонна гӯшт, ҳудуди 1 тонна равғани чорво, 6 тонна пашм, 700 дона пӯсти гову гусфанду буз ва 60 тонна сабзию картошка ва ғайра ба давлат маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ супорида шуданд. Ба мушкилоти набудани роҳ нигоҳ накарда, ҳамаи дастранҷҳои меҳнатиро то ба Зоосун расонида мешуданд.
Бинобар ба ҷанг даъвату сафарбар шудани ҷавонон, масъулияти истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба зиммаи муйсафедону модарону модаркалонҳои Дарғу Каздон уфтода буд, ки ба ин ҷумла: Фотимаи зани Холи Раҳим, Ойбикои зани Сафари Аваз, Ашӯрбико, Розиямо, Бибиҷун, Зулайхо, Сарватхун, Сокинамо, Зайнабмоҳ, Кампири Фолмастун, Зиннатой, Бибикалон, Иззатмо, Наврӯзмо, Умриой, Зиёдамо, Розиямо, Оистуну Сангинмо, Ниёзбико, Фотимаю Азизмо, Сайидмо, Бадалмо, Ойқизой, Зубайдахотун, Зани Мулло Бобо, Ағобибӣ, Раҷабмоҳ, Зайнаббибӣ, Гулбибию, Ҷунбибӣ, Бибинигор, Ойбибӣ, Шарифа Авезова, Сафурой, Бибианор, Сайидхуним, Майдамо, Ойимҷун, Бибиҳоҷар, Ситорамоҳ, Обидамоҳ, Ниёзбикои духтари Партов, Норбибии Ниёз, Шарифамои Ҷумъа, Шоҳзодаи муло Ҳусейн, Раҷабова Азизмо, Холназарова Норбибӣ, Ҷумъаева Норбибӣ ва даҳҳои дигар модарон заҳмат ба харҷ медоданд, ки хонаи охираташонро офаридагор мунаввар намояд.
Барои поси хотири иштирокчиёни ҷанг дар давраи директории Нӯрмаҳмади Муллоҳусейн ва раиси Совет Одинаев Махсум бар фарози Миёнтуда дар ҷои зеркурсии эҳтимолии оташкада ва иншооти астрономӣ, ки барои муайян намудани фарорасии Наврӯз истифода мешуд, лавҳаи хотиравие бунёд карда шудааст, ки дар он ному насаби иштирокчиёни ҶБВ аз Дарғу Каздон дар мармари сафед сабт гардида буданд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин мавзеъ бозсозию ободтар гардад. Дар қисмати шарқии ин ёдгорӣ месазад, ки барои хотирмонии ному насаби фидоиёни оқибгоҳ сабти ном шаванд. Зимни сӯҳбат бо директории мактаб Абдусалом Муллоев, ки мавзеи Миёнтуда ба мактаб таалуқ дорад сӯҳбате доштем ва номбурда гуфтанд, ки аз назди мактаб то назди лавҳаи ёдгорӣ бунёди зинаи бетоние дар назар аст, ки чунин иқдом шоистаи дастгирист. Бамавриду ба мавқеъ мебуд, ки зимни маъракаҳои хонаободии ҷавонон онҳо оғози зиндагиро аз гулгузорӣ зери лавҳаи ин ёдгорӣ шурӯъ намоянд.
Маҳз ҳалолкориву бенафсониятии раис, яке аз сабабҳои асосии обрумандии ӯ миёни мардуми диёр сабаб гардид. Дар бораи ҳалолкории номбурда, боре шодравон сарбухгалтери колхоз Юнусов Юсуф дар нишасте пурнуфузе арза доштанд, ки: “Таи солҳои фаъолияти меҳнатӣ бо раисони зиёде ҳамкорӣ доштам. Аммо дар бенафсониятию, покизагию ҳалолкорӣ ягон нафареро дар радифи Сайидмиров ҳалолкору бенафсонияту боинсоф надидаам. Шодравон бисёр марди тақводору ҳаққу боинсоф буданд”.
Раис заҳматқарин Сайидмиров дар сини 87 солагӣ аз олам риҳлат намуданд. Дар маросими видоъ раиси Исполкоми ноҳия Холиқов, собиқ райкомҳои ноҳия рафиқон Мирзо Бадалов, Қурбон Тураев, раиси овозадори колхози Тоҷикистон Барот Султонов, раиси колхози Энглис Қори Каримов, раисони колхоз ва совети ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, раиси Совет Махсум Одинаев ва ҳамкори раис Юнусов Юсуф ва дигарон аз фидокориҳои Сайидмиров ва ҳаммаслакони эшон дар давраи барои ватан аз ҳама вазнинтарин-ҶБВ бо ҳарорат изҳори андеша намуданд, ки матлабашонро аз пораи шеъри Шайх Саъдӣ возеҳ метавон дарёфт, ки фармуда:
Наёмад кас андар ҷаҳон к-ӯ бимонд,
Магар он, к-аз ӯ номи некӯ бимонд.
Мирҳусен НАРЗИЕВ,
ходими калони илмии пажуҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ