Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз фарзандони баруманди миллати тоҷик аст, ки дар меъмори давлати тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ саҳми босазо гузоштааст. Замони аввали зуҳур кардани собиқ ИҶШС неруҳое буданд, ки барои ташкили давлати тоҷикон дар дохили Шуравӣ монеа эҷод менамуданд.

Аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мавҷудияти сиёсӣ пайдо кардани пантуркистон хатаре барои ташкили давлати миллии мо буд. Шириншоҳ Шоҳтемур бо чанд нафар фаъолони сиёсии точик, дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо буд, масъалаи миллӣ-ташкили ҷумҳурии мустақилро ба миён гузошта буд. Дар ин шароит, ки мутаассифона, қисми зиёди равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш – пантуркизм сару ҳисобашонро гум карда буданданд, бисёр душвор буд. Лекин дар мавқеаш бисёр қавӣ буд ва дар баромадҳояш чунин қайд мекард «Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо, яъне тоҷикон  ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

Шириншоҳ Шоҳтемур зодаи Бадахшон буду  дар раҳи ҳифзи манофеи миллӣ ва хизмат ба ватан мисли куҳҳои Помир устувор буд. Ба ҳамин ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита бароварда кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати тоҷикро соҳибватан гардониданд. Аз ин рӯ, ҳар як қадами гузошта ва ҳар як хидмати ин абармарди майдони сиёсат дар масири таъсиси давлати миллӣ, бароварда кардани орзуи деринаи мардуми тоҷик, ҳастии худро қурбони эҳёи миллат намудан, бунёд гузоштан ба маорифи миллӣ ва таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ на танҳо шоистаи таҳсину офарин аст.

Оғози нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» дар  замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд.

Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳо чоп мекард, ин ҳолат ба
роҳбарони онвақта, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул набуд ва рӯзномаро бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.

Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.  Волидонаш ба ғаллакорӣ машғул буданд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте ки Шириншоҳ 8-9 сола буд, онҳо аз олам гузаштанд. Шириншоҳ то дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурд. Аз ин вақт сар карда (соли 1911) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол таҳсил намуд.  Соли 1914 дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда барои идома таҳсил ба шаҳри Тошканд сафар кардааст.  Фаъолияти мехнатии худашро ӯ дар синни наврасӣ дар рохи оҳани шаҳри Тошканд оғоз кардааст. Тахсилоти олиро дар донишкадаи Тошканд гирифтааст. Соли 1917 Инқилоби Октябрро дар шаҳри Тошканд пешвоз гирифт. То ин вақт дар бораи сосиализм, муборизаи синфӣ  тасаввурот надошт. Баъдан моҳи январи соли 1921 узви ҳизби коммунист интихоб шуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1921 бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ба  ҳайси узви Сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ барои таъсис ва бунёди кумитаҳои инқилобӣ (аввалин нишонаҳои Ҳокимияти нави Шӯроӣ) ба Помир омада буд. Соли 1922 қаламрави Помир расман ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон шомил гашт. Муддати ду соли фаъолият дар гӯшаву канори ин сарзамини кӯҳистон, дар баробари ифшои ҳазорон мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии сокинони маҳаллӣ Ш.Шоҳтемур ба хулосае омад, ки ба зиндагии мардум қабл аз ҳама вуҷуд надоштани  ягон навъи воситаи хабарпаҳнкунӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хизматҳои шоён кардааст.

Хушбахтона соли 1924  ҶМШС Тоҷикистон  ва соли 1929 ҶШС Тоҷикистон ташкил мешавад, ки дар қатори дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Ш.Шоҳтемур саҳми беандоза дошт. Шириншоҳ Шоҳтемур замони дар вазифаи котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии ҶМШС Тоҷикистон, котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва Раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон кор карданаш,  барои  ҳалли масоили муҳими миллӣ ҳаргиз донишу қувва ва имконоташро дареғ намедошт ва барои ободию гулгулшукуфии диёраш-Тоҷикистон хизматҳои беназир кардааст.

Душманони миллати тоҷик мехостанд Шириншоҳ Шоҳтемурро ба тарафи худ моил кунанд, аммо ӯ, ки ахлоқи баланди инсонию касбӣ доштанд ва дилашон барои миллату кишвари худ месӯхт, ҳеҷ вақт бо онҳо ҳамкорӣ накарданд ва виҷдону обруи хешро қурбони пулу моли насохтанд. Мутаассифона миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва кордонии Шириншоҳ Шоҳтемур ба  бадхоҳони миллати тоҷик маъқул наафтод ва бо маълумотҳои дурӯғу туҳматангез ин тоҷики асилро бо ҷурми хиёнат ба Ватан гунаҳгор карданд. Санаи 21 октябри соли 1937  Мақомоти судии олии СССР барои хукми қатли ӯ имзо гузошата,  27-уми октябри соли 1937 бо тариқи тирпаронӣ Шириншоҳ Шоҳтемурро ба қатл расонида, дар кабристони Донскойи шаҳри Москва ба хок супориданд. Баъдан Шириншоҳ Шоҳтемур сафед карда шуд.

Хизматҳои шоёни ин фарзанди фарзонаи миллатро  ба назар гирифта 27-уми июни соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шириншоҳ Шоҳтемур Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ин марди хирад гузошта шуд.

Номи неки Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷасурию қавииродагӣ  дар  дилу дидаи миллати тоҷик ҷой гирифта, номаш ҳамеша вирди забонҳост ва корнамоиҳои ӯ барои ҳар фарди огоҳу бедор ва миллатдӯсту меҳанпараст дарси бузургест.

Гулмамадова Фазила, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь