Соли равон аҳли илму адаби Тоҷикистон 100-умин солгарди мавлуди олим ва адиби барҷастаи тоҷик, академик, ходими шинохтаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, аълочии маорифи халқ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раҷаб Амоновро, 1 августи соли равон қайд мекунанд. Олими забардаст дар рушду камоли бисёр соҳаҳои илму фарҳанги тоҷик ва мактабу маорифи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳар касе ки бо китоб сару кор дорад, илму дониш, таълиму тарбия ва бо эҷодиёти бадеии халқ алоқаманд буда, барои илму фаъолият ва корнамоиҳои Академик Раҷаб Амонов дар роҳи ҷамъоварӣ ва таҳқиқи осори бадеии халқ шинос аст. Банда ҳам бо устод аз моҳи августи соли 1962 шинос ҳастам ва ҳангоми ба Истаравшан барои аёдати модару хешон меомаданд, хизматашонро ба ҷо меовардам.

Бо ако Раҷаббой бори аввал дар ҳавлии аммаам Меҳринисо шинос шуда будам. Он рӯз дар ҳавлӣ кадом як маракае доштанд, ки дӯстони писарашон академик Аҳрор Мухторов, олимони забардаст, ходимони илму дониш Раҷаб Амонов, Ҳазратқул Файзиев, Саидхоҷа Эшонов ва дигарон ҷамъ омада буданд. Меҳмонон баробари вориди ҳавлӣ шудан, ман барои дастшӯии онҳо ба даст офтобаю сачоқ (дастпоккунак) гирифта истода будам. Меҳмонон маро дида ба сӯям омаданд ва ба дасташон об рехтаму сачоқро (дастпокунро) дароз кардам. Вақте ба акаи Раҷаббой навбат расид, ман салом дода, ба дасташон об рехтам. Ҳамин вақт устод аз ман пурсиданд. Имтиҳонҳои қабулро супоридед. Шуморо ба ман Аҳрорҳӯҷа гуфта буданд.

– Ҳа, 4 имтиҳонро бо баҳои хуб супорида, аз мандат ҳам гузаштам. Маро ба донишҷӯй қабул карданд. Ба кадом ихтисос имтиҳон супоридед, боз пурсиданд устод.

– Ба факултети филологияи тоҷик,-ҷавоб додам ба устод. Нағз хонед, беҳуда нагардед, илм омӯзед,-гуфта ба ман насиҳат карданд ва гуфтанд, ба назди мо ҳам оед, сӯҳбат мекунем.- Хуб шудааст, гуфтам. Аз ин суханони он кас хеле шод ва хурсанд гаштам. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) як китоби устодро бо номи «Дар домани кӯҳҳои кабуд»-ро хонда будам ва орзу мекардам, ки ҳамин муаллифи китобро як бор бинам. Ана дар шаҳри Душанбе на танҳо дидам, балки ба дасташон об рехта, хизматашонро ба ҷо овардам.

Чор соли таҳсил ҳам ба охир расид. Маро барои кор ба кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намуданд. Хеле шод гаштам ва рӯзи дигар акои Раҷаббойро дида мондам ва гуфтам, ки маро барои кор ба кумитаи радио тавсия доданд. Хеле хуб шудааст, акнун метавонед назди мо тез-тез омада истед ва кори илми гиред,-гуфтанд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба шаҳри Уротеппа рафта, дар вазифаҳои гуногун кор кардам. То даме ки устод дар ҳаёт буданд, он кас ба Уротеппа (Истаравшан) рафту омад менамуданд.

Мехоҳам як воқеаро нақл кунам: Ҳангоми дар вазифаи котиби масъули ҷамъияти «Дониш» кор карданам акои Раҷаб аз Душанбе занг зада, пурсиданд, ки ман фардо меравам. Шумо дар ҷои кор шавед. Албатта, Шуморо интизор мешавам. Агар ба Уротеппа (Истаравшан) омаданӣ шаванд, пеш аз ҳама маро огоҳ мекарданд, ки ман фалон рӯз ба Уротеппа меравам. Мо он шахсро истиқбол мегирифтем ва куҷое дилашон хоҳад бо нақлиёти сабукрави худ бурда меовардам.  Он шахс бештар бо аҳли адаб ва шогирдонашон чӣ дар Уротеппаю Ғончӣ, Кӯлобу Конибодом, Хуҷанду Исфара хабар гирифта, асарҳояшонро таҳлил мекарданд, аз ҳолу аҳволи оилаашон хабар мегирифтанд.

Яке аз шогирдони вафодорашон Сангин Норматов,- сокини деҳаи Метки имрӯза ноҳияи Деваштич буда, дар китоби «Анбори ситораи Суҳайлӣ» навиштааст: «Дар рӯи замин ҳар рӯз миллионҳо одамон ба дунё омада, дар домони модар тарбия мегиранд, ба воя мерасанд ва камол меёбанд. Баъд ҳар кадоме аз онҳо ба расму оини хеш, барои ватани хеш хизмат менамоянд. Аммо номи ҳама дар қалбҳо ҷой намегирад вирди забонҳо қарор намегирад».

… Агар банда гӯям, ки устодам академик ва нависанда Раҷаб Амонов ба чунин сифатҳо арзанда ва соҳиб буданд муболиға нахоҳад шуд. Зеро муаллими ман ба хотири рушду камоли илму фарҳанги тоҷик ҷонашонро дареғ намедоштанд. Агар худашон барои табобат ба истироҳатгоҳҳо раванд ҳам, аз он ҷо низ ба шогирд мактуб карда, чизҳои навиштаи шогирдонро таҳлил мекарданд.

Дар яке аз мактубҳояшон навиштаанд: Рафиқ Норматов очеркатонро журнали «Шарқи Сурх» гардонида додааст. Хафа нашавед. Фикри редаксия нодуруст. Ба фикри ман шумо ба пагоҳи оянда нигоҳ накарда ба газетаи «Маориф ва маданият» диҳед ҳам мешавад. Дар онҷо бояд чоп кунанд. Очерки хуб аст, чоп шуданаш лозим. Имзои Р. Амонов. ш.Москва.

Ҳамингуна ғамхории устод ба нависанда Қаюм Карим ҳам эҳсос шудааст. Боре устод ба Уротеппа омаданд ва гуфтанд маро ба ҳавлии нависанда Қаюм Карим барам. Нависанда Қаюм Карим бо устод робитаи дӯсти доштанд. Дар ин ҷо овардани як мактуби устод ба Қаюм Карим ёдовар мешавем.

«Дӯсти азиз Абдуқаюм, ҳикояи «Як каф хоки қабр»-ро хонда барои чоп ба журнали «Занони Тоҷикистон» фиристода аз Алӣ Бобоҷон хоҳиш кардам, ки онро чоп кунанд. Аз ин пештар дар ҳамин маҷалла очерки «Мушти хок»-ро хондам. Очерки дигаратон ба чоп тайёр, дар шумораҳои наздик чоп мешавад. Моҳи оянда «Полвон» ном ҳикоятонро таҳрир карда, ба «Шарқи Сурх» месупорам. Бояд чоп кунад. Нависед, ба чӣ кор машғулед? Чӣ ниятҳо доред? Умуман ноумед нашуда навиштан гиред, бенатиҷа намемонад. Шод бошед! Раҷаб Амонов 19-уми январи соли 1984» ш. Душанбе.

Бинед устод ба серкории худ нигоҳ накарда, навиштаҳои шогирдашонро таҳрир карда, ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ месупориданд, агар чоп шавад баробари муаллиф хурсандӣ мекарданд.

Боре устодро ба ҳавлии Қаюм Карим, ки дар деҳаи хушманзараи Сӯфӣ- Ориф буд, мебурдам. Ногоҳ кадом қисми «Москвич»-ам садо баровард, устод пурсиданд.

– Мулло Сайфулло! Мошинатон чӣ мегӯяд? Устод, наход гапи мошинамро нафаҳмида бошед? Ба ман мегӯяд, ки шахси дар паҳлӯятон нишаста олими забардаст ҳастанд ва агар таъмири маро бар ӯҳда гиранд ман ҳам ором мераваму устод роҳат мекунанд.

– Э, мулло Сайфулло, мошини Шумо гап ҳам мезадаст-дия-гӯед, ҳамин нолишаш ба гӯш форам аст, бигзор нолишкунон маро ба манзил расонад.

Соли 1984 дар Истаравшан дар як вақт 60- солагии академикон Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов ва нависандаи ҷангоманавис Ҳазратқул Файзиев дар Қасри фарҳанги ба номи Абдураҳмон Мақсудов ботантана қайд карда шуд. Он ҷо дар бораи зиндагиномаи ин алломаҳои илму фарҳанг суханони бисёре гуфта шуд. Баъди он мулоқоти ошкоро баргузор гардид. Яке аз иштирокчиён, ки мехостанд донанд, ки Раҷаб Амонов калон ё Аҳрор Мухторов. Ако Раҷаббой бо табассум аз ҷой бархоста гуфтанд. Ман аз Аҳрорхӯҷа 5-6 моҳ калонтар.

Умуман устод хеле сермаҳсул буда, аз худ асарҳои зиёде аз қабили «Аз паси хизмати халқ», «Афсонаи сеҳазорсола», «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд», «Лирикаи халқи тоҷик» ва даҳҳо асарҳои дигарро пешкаши хонандагон гардонидаанд. Хислати дигари устод он буд, ки ба мисли устод Бобоҷон Ғафуров доимо дар сар тоқӣ пӯшида мегаштанд ва он ба худашон хеле мезебид.

Ногуфта намонад, ки ҳар як китобе ки аз чоп мебаромад ба нависандаи асарҳо устод тақдим мекарданд. Албатта, бо соядаст медоданд. Дар ин ҷо ба хотир овардани як соядаст нишона аз соядастони дигар мебошад.

«Ба мулло Сайфулло бо эҳтироми зиёд аз Раҷаб Амонов» Душанбе 04.10.76.

Сайфулло Маҳкамов,

рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи А. Лоҳутӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь